34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард.
Ин аксҳо аз ҳузури даҳсолаи русҳо (1979-1989) дар Афғонистон ҳастанд, ки ривоят аз ҷанг, тафреҳ ва сохтусозҳои онҳо мекунад.
Мардуми Афғонистон алайҳи таҷовузи Шӯравӣ қаҳрамонона ҷангид ва беш аз 1,5 миллион нафарро қурбонӣ дод, аммо самари ин “ҷиҳоди муқаддас” – ро Амрико ва Ғарб гирифтанд. Он чӣ аз ҷиҳод боқӣ монда, ҳамон лошаҳои тонку тӯп ва харобаҳои даҳҳо бинову корхонаест, ки Шӯравӣ дар Афғонистон бунёд кард.
Афғонистон ҳанӯз месӯзад ва мардумаш ҳанӯз мемирад.
Аксҳо аз сафҳаи фейсбукии Холид Нур