Хабари рӯз

Русия чӣ гуна пешгомии худро ҳифз мекунад?

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар, махсус барои "Сангар"

Русия бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки қасд надорад аз мавқеияти раҳбарии худ дар тавсеаи энержии ҳастаии сулҳомез даст бикашад.

Дар поёни марти 2024, маҷмаъи байналмилалии дурӯзаи Атомэкспо-2024 бо ҳимояти ширкати давлатии “Росатом” дар Сочи баргузор шуд. Ин сездаҳумин рӯйдоди байналмилалӣ буд, ки мақомоти давлатӣ, бузургтарин ширкатҳои саноати ҳастаии ҷаҳонӣ ва ҳамчунин коршиносони барҷастаи байналмилалиро дар як майдон гирди ҳам меоварад.

Мавзӯъи аслии ин анҷуман фановариҳои энержии ҳастаи насли чаҳоруми ҷадид буд.

Насли чаҳорум чист? Ин номест, ки ба реакторҳои нейтронии сареъ бо хунуккунандаи филизӣ дода шудааст. Ин як чархаи сӯхти ҳастаии баста аст, ки шомили истихроҷи плутоний аз сӯхти ҳастаии масрафшуда ва тавлиди сӯхти ҷадид барои реакторҳои сареъ аз он аст. Дар тӯли корзори сӯхт, ҳамон миқдор плутоний тавлид мешавад, ки месӯзад, аз ин хотир, силсиларо метавон тақрибан бепоён такрор кард - ин асосан як мошини ҳаракати абадӣ аст.

Фанновариҳои насли чаҳорум имкони ҷудосозии музиртарину хатарноктарин ҷузъи сӯхти масрафшуда, ба истилоҳ актинидҳои кӯчаку сӯзондани онҳоро дар реакторҳои сареъ фароҳам мекунад. Ин амр хатари тӯлонимуддати марбут ба захирасозии зуболаҳои радиоактиви тавлидшуда пас аз амалиёти реакиторро ҳазорон баробар коҳиш медиҳад. Ва муҳиммтар аз ҳама, насли чаҳорум мутлақ ғайримумкини балоёи ташаъшуъӣ аст, монанди он чӣ ки дар нерӯгоҳи ҳастаи Фукусима-1-и Япония рух дод.

Талоши Ғарб барои мунзавӣ сохтани Русия ин бор низ муваффақиятомез набуд, зеро ин чорабинӣ бо ҳузури ҳудуди 4.5 ҳазор намоянда аз 75 кишвари ҷаҳон баргузор шуд. Буркина Фасо, Малӣ, Нигер ва Ироқ барои аввалин бор дар ин маҷмаъ ширкат карданд.

Бо дарки аҳамияту чашмандози ҳамкорӣ дар заминаи истифода аз атоми сулҳомез, ин маҷмаъ бо ҳузури вазири равобити иқтисодии хориҷӣ ва умури хориҷаи Венгрия, Петер Сийарто, вазири энержӣ ва манобеъи табиии Туркия, Алпарслон Байрактар, Раиси Анҷумани ҷаҳони ҳастаӣ (WNA, World Nuclear Association) Сама Билбаоилеон, вазири энержии ҷумҳурии Белорус Виктор Коронкович, вазири беҳдошти ҷумҳурии Сербистон Данитса Груичич, раиси ҳайати мудира ва мудири омили ширкати Dp World Султон Аҳмад ибни Салим, мудири омили Гурӯҳи ширкати энержии атомии Африқои Ҷанубӣ Лоисо Тябаше баргузор шуд.

Аз ҷумлаи шарикони ҷадид Буркина-Фасоро махсус мешавад зикр кард. Тайи тамосҳои дуҷониба, нақшаи роҳ барои густариши ҳамкориҳо дар заминаи истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ таҳия шуд. Санади имзошуда дар ин маҷмаъ гомҳои мушаххасеро барои тавсеаи манобеъ инсонӣ ва зерсохтҳои ҳастаӣ дар Буркина-Фасоро ироа медиҳад ва ҳамчунин бо ҳадафи эҷоди афкори умумии мусбат дар мавриди энержии ҳастаӣ аст.

Ҷаласоти анҷуман ба мушкилоти тағйироти обуҳавоӣ, истифода аз манобеъи энержии ҷойгузин (аз ҷумла энержии ҳастаӣ) ва тавсеаи проектҳо дар заминаи пизишкии ҳастаӣ ихтисос дошт. Бавежа, “Росатом” бо Никарагуа ба тавофуқ расид то нақшаи роҳи проекти сохти маркази пизишкии ҳастаиро таҳия кунад. Маркази ҷадид дар ташхис ва дармони бемориҳои муҳимми иҷтимоӣ, аз ҷумла саратоншиносӣ тахассус хоҳад дошт. Ин тавофуқнома тавассути руасои фанновариҳои беҳдоштии “Росатом” ва вазорати беҳдошти Ҷумҳурии Никарагуа имзо шуд. Ҳамчунин дар ин маҷмаъ, маросиме барои имзои ёддошти тафоҳум бо шарикони чинӣ - ширкати Изотоп ва ташаъшуъи Чин (China Isotope & Radiation Corporation) ва ширкати санъати пизишкии CNNC (CNNC Medical Industry Co., Ltd) баргузор шуд.

Яке дигар аз рӯйдодҳои муҳим имзои тавофуқнома байни бахши энержии бодии ширкати давлатии “Росатом” ва вазорати энержии Ҷумҳурии Қирғизистон барои иҷрои як проекти сармоягузорӣ буд. Он тавсеаи зарфиятҳои тавлиди энержӣ бо истифода аз бодро фароҳам мекунад.

Шиори анҷуман: “Энержии пок. Эҷоди ояндаи муштарак”, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки Русия бар иҷрои, ба истилоҳ, “дастури кори сабз”, ки кишварҳои аврупоӣ бо шӯру шавқ онро тарвиҷ карданд, аммо акнун ба далели фарояндҳои печидае, ки дар иқтисоди онҳо дар пасзаминаи рӯёрӯии ошкор бар сари масъалаи Украина рух медиҳад, маҷбур ба тарк он ҳастанд, мутааҳид аст.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!