Ниёз ба истихдому истеъмоли афроди одӣ ба ҷосусӣ нест, балки ҷосусҳо маҳрами розу ниёзи хонаводаҳои раҳбарони сиёсиянд ва бар сари мизи ғизохӯрӣ субҳу шом бо эшон ҳамроҳанд.
Нависанда: доктор Фазлмануллоҳ Мумтоз, махсус барои “Сангар”
Фаъолиятҳои истихборотӣ яке аз печидатарин ва касифтарин бозиҳоест, ки дар ин масоҳати хурду кӯчак мумкин нест, то дар мавриди ҳама ҷонибҳои он баҳс намуд. Валекин ба таври мухтасару муфид ишороте дар робита ба издивоҷҳои истихборотии сиёсиёни Афғонистон медошта бошам.
Яке аз муҳимтарину мутаассиртарин дар соири бозиҳои истихборотӣ издивоҷ аст. Аз ин тариқ ба хонаводаи сиёсӣ роҳ пайдо мекунанд ва масири сиёсии як кишварро самту сӯ медиҳанд, яъне ҷосусро маҳрами розу ниёзи он хонаводаи сиёсӣ месозанд.
Таърихи муосиру қадими Афғонистон гувоҳи ҳамин бозиҳои касиф аст. Ба таври мисол: издивоҷи Ғанӣ, Халилзод, Амин Арсалон, Бибӣ Карзай, яъне модари Абдулаҳад Карзай (падари Ҳомид Карзай), як инглисдухтар, издивоҷи Атмар бо хонуми бритонёӣ, издивоҷи духтари Бабрак Кормал бо як покистонӣ, издивоҷи духтарони Сулаймон Лоиқ бо покистониҳо, издивоҷи Ҳамдуллоҳ Муҳиб бо хонуми англисӣ, издивоҷи Абдулаҳад Аҳадӣ бо масеҳии лубнонӣ, издивоҷи Қаюм Карзай бо хонуми амрикоӣ, издивоҷи писарону духтарони раҳбарони ҷиҳодӣ бо духтару писарони покистонӣ ва фаронсавӣ, издивоҷи писарони Буту бо духтарони ХОД, ки саранҷом ба қатли онҳо анҷомид... ин намунаҳое буд дар бахши фаъолиятҳои истихборотии хориҷӣ.
Ҳамчунон ин пайвандҳои хешовандӣ дар авосити хонаводаҳои сиёсии Афғонистон тавассути муллоҳои истихборотӣ ақд ва сафирҳои хориҷӣ хостгорӣ мегардад. Аҳёнан пайвандҳои хешовандӣ дар байни хонаводаҳои сиёсӣ ба воситаи хориҷиҳо сурат мегирад, аз ҷумла пайванди хонадони Амонуллохон ва ҳазратҳои Шӯрбозору Харобот, хонаводаи Сайид Каён ҳамаи инҳо писари хола ва аммаи ҳамдигаранд.
Ба таври мисол, Носиршоҳ Нодирӣ, писари бузурги Сайид Каён, ки дар вақти Зоҳиршоҳ, муовини дувуми парлумон буд, ба васотати сафири Инглис бо духтари Луи Хон, яъне Ношир, ки аз қавми харут буд, издивоҷ намуд, то робита байни ин ду хонадони сиёсӣ эҷод шавад. Сафири Инглис шахсан ба Қундуз омад ва дар маросими имзои санади ақди никоҳи онҳо ширкат кард. Дар он вақт қавми харут аз ҳама Афғонистон ҷамъ шуданд ва мухолифат карданд ва Ноширро аз қавм ихроҷ намуданд. Валекин Ношир ба сароҳат писарашон, ки сенатор буд, хонуми худ ва сафири Инглисро муқассир донист. Пас қавми харут аз эшон дархост намуд, ки хонуми худро талоқ бидиҳад ва писари худро оқ кунад, ки чунин ҳам шуд.
Шояд бархеҳо фикр намоянд, ки ин ҳама як робитаи иҷтимоӣ аст, рабте ба сиёсат надорад. Ба ҷавоби ин дӯстон бояд гуфт, ки Ҳомид Карзай ба ҳамин робита раисҷумҳур гардид, Ашраф Ғанӣ, Атмар, Арсалон, Муҳиб ва амсолаҳум ҳам ба асоси ҳамин издивоҷҳо ба мақомҳои олӣ расиданд. Ба ҳамин тартиб, афғононе, ки тавассути ҳамин ҷиҳатҳои истихборотӣ домод ва ё хусури вобастаи ягон истихборотиҳо гардиданд, дар постҳои муҳим ифои вазифа намуданд ва мекунанд.
Дар натиҷа, агар таҳқиқоти дурусту амиқ сурат гирад, ҳеҷ хонаводаи сиёсии Афғонистон холӣ аз арӯсу домоди австралӣ, амрикоӣ, англисӣ, эронӣ, покистонӣ, русӣ ва ғайра нест. Ин ҳам зарур нест, ки арӯс ва ё домоди яке ва ё ҳардуи он афғониюласл бошанд. Чунончи қаблан зикр шуд, бисёре аз онҳо тавассути муллоҳои истихбороти хориҷӣ никоҳашон ақд гардидааст ва маҳру масорифашон аз ҷониби онҳо пардохта шудааст, бахусус издивоҷҳое, ки дар айёми муҳоҷират дар Покистон дар байни фомилҳои раҳбарони сиёсӣ сурат гирифтааст.
Бинобарин, ниёз ба истихдому истеъмоли афроди одӣ ба ҷосусӣ нест, балки ҷосусҳо маҳрами роз ва ниёзи фомилҳои раҳбарони сиёсианд ва бар сари мизи ғизохӯрӣ субҳу шом бо эшон ташриф доранд. Бо ишора ба ин ки бо ашхосе, ки ишора гардид, ба таври намуна ва шоҳид буд, вагарна феҳристи онҳо хеле дурудароз аст.