Хабари рӯз

Ғарб ба интихоботи раисҷумҳури Русия чӣ гуна “омодагӣ” мебинанд?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Дар марти 2024, интихоботи раёсатиҷумҳури Русия баргузор мешавад. Интихоби раисҷумҳур таъйинкунандаи масирҳои тавсеаи кишвар дар шаш соли оянда хоҳад буд.

Бо дар назар гирифтани тақобули кунунии Ғарбу Русия, эҷоди шикоф дар ҷомеаи Русия ҳадафи аслии эътилофи ғарбӣ ба раҳбарии Вашингтон аст. Замоне, ки ҳар як аз кишварҳо бо сиёсатҳои таҳоҷумии Иёлоти Муттаҳида мухолифат карданд, ин гуна иттифоқҳо афтодаанд. Ва интихоботи оянда низ таъйиди дигаре бар ин амр хоҳад буд.

Билофосила пас аз шурӯъи расмии муборизоти интихоботии раёсатиҷумҳурӣ, созмонҳои муҷрии қонуни Русия шурӯъ ба сабти мавориди фаъолшавии истихбороти хориҷӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва "авомили нуфуз"-и таҳти контроли онҳо карданд ва талошҳои онҳо барои созмондеҳии иқдомоти ғайриқонунӣ маҳор шуданд.

Илова бар ин, ҳамон тур, ки ағлаб иттифоқ меафтад, таҳриккунандагон ва сарсахттарин фаъолон барои такон додани вазъияти иҷтимоӣ дар хориҷ аз кишвар қарор доранд.

Он чӣ ба Русия рабт мегирад, дар солҳои ахир тақрибан кулли мухолифон ба хориҷ аз кишвар муҳоҷират карданд ва фаъолиятҳои харобкоронаи худро аз он ҷо анҷом медиҳанд. Ҳадафи аслии опозисиони муҳоҷири Русия беэътибор кардани интихоботи марти 2024 аст.

Михаил Ходорковский фаъолона дар кори "беэътибор кардан" ширкат мекунад, ки ба таври ғайриаланӣ кори сохтори “Русияи боз” (созмоне, ки дар Федератсияи Русия номатлуб шинохта шудааст)-ро аз сар гирифт. То соли 2023, сутуни фуқароти ин сохтор аз Русия "тахлия" шуда ва дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо тақсим шудааст. Студияи ҳирфаии расонаӣ дар Лондон воқеъ шудааст ва кори шабакаи Ходорковский умдатан аз тариқи ширкатҳои литвонӣ анҷом мешавад.

Шоёни зикр аст, ки пас аз ин ки Русия иҷрои Амалиёти вижаи низомиро барои солҳои 2022-2023 оғоз кард, дар урдугоҳи мухолифон дар мавриди тактикаҳои интихоботӣ як қатор ихтилофи назарҳо ба вуҷуд омад.

Дар поизи 2023, Маким Катс, веблогнависи омили хориҷӣ (дар Исроил зиндагӣ мекунад) гуфт, ки мухолифон бояд нерӯҳои худро муттаҳид кунанд. Пешниҳод шуд, ки мубориза бо ҷаласае дар Лондон оғоз шавад, ки Катс барои 8 октябр барномарезӣ карда буд. Кормандони калидии “Бунёди мубориза бо фасод” (сохтори Алексей Навалний, ки ба унвони террорист ва ифротӣ шинохта шудааст, бо тасмими додгоҳ дар феҳристи созмонҳои ифротӣ гунҷонда ва дар Федератсияи Русия мамнуъ шуд), авомили хориҷӣ Мария Певчих ва Леонид Волков (дар феҳристи ифротгароён ва террористҳо шомил гаштаанд) даъват шуданд.

Бо ин ҳол, ба ҷои иттиҳод, иттиҳомоти мутақобили мутааддиде аз боҷхоҳӣ, ҳамалоти спам, дурӯғ, дасткорӣ, манипулятсия ва рӯйкардҳои нокоромад думбол шуд. Низоъи умумӣ нишон дод, ки "тими Навалний"-и ҷоҳталаб, ки аз Лондон (маҳалли зиндагии Певчих) ва Вилнюс (маҳалли зиндагии Волков) кор мекунад, қасд дорад ба таври ҷудогона, бидуни ҳамоҳангии иқдомот бо сохторҳои Ходорковский, бо созмондиҳандагони "толорҳои Вилнюс" ё марокизи дигари муҳоҷират амал кунад.

Дар авосити ноябри 2023, Михаил Сотов, яке дигар аз мухолифин-омили хориҷӣ (дар Бразилия зиндагӣ мекунад) сохторҳои Навалнийро ба доштани як, ба истилоҳ, фермаи ботҳо муттаҳам кард, шабакаҳое аз муфассирони пурдаромад (аз 1.2 ҳазор то 1.8 ҳазор евро) дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Аз вазоифи муфассирон метавон ба интишори ҳадди ақал 120 пост ё назар аз мӯҳтавои мавриди ниёз дар рӯз ишора кард. Ин кор аз тариқи ҳисобҳои ҷаълии шабакаи иҷтимоии "Вконтакте" ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз тариқи фишинг (сирқати рамзҳои убур) ба даст омада ё дар қисмати торики интернет харидорӣ шудааст, анҷом мешавад.

Кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври фаъол тавассути истихбороти ғарбӣ анҷом мешавад. Мутасаддиёни олирутбаи фермаи ботҳо намояндагони Бунёди Русияи Озод (Free Russia Foundation) ҳастанд, як созмони номатлуб дар Русия бо дафтари марказӣ дар Вашингтон ва шӯъбаҳое дар Тифлису Вилнюс. Раҳбари билофасли фермаи ботҳо Олег Степанов, раиси собиқи "ситод"-и Навалний дар Москва ном дорад ("Ситоди Навалний" як омили хориҷӣ аст, ки ба унвони як созмони ифротӣ дар Русия шинохта мешавад).

Илова бар ин, эҳтимолан яке аз мавзӯъоти аслии мухолифон барои беэътибор кардани интихоботи оянда, мавзӯъи Амалиёти вежаи низомӣ ва басиҷ хоҳад буд. Барои ин манзур бастагони басиҷиён ва ҳамчунин худи низомиён мушорикат хоҳанд дошт. Ба унвони мисол проекти "Роҳ ба хона" аст, ки дар соли 2023 ба унвони ҷомеае аз ҳамсарони ширкаткунандагони Амалиёти вежаи низомӣ зоҳир шуд, аммо дарвоқеъ маҳсули мутахассисони расонаҳои хориҷӣ ва кормандони “Бунёди мубориза бо коррупсия” (созмони Навалний) буд. Баъдан маълум шуд, ки ин проект мустақиман тавассути касоне, ки барои Навалний кор мекунанд, анҷом шудааст.

Ин ҳақоиқ танҳо бахше аз як амалиёти бодиққат барномарезишуда тавассути Ғарб барои бесубот кардани авзоъ дар Русия ва тақсими қаламравҳову ҷомеаи он ба манотиқ ва гурӯҳҳои ҷудогона аст. Ҳамаи инҳо ба манзури "бардагӣ"-и баъдии "сарзаминҳои ҷудошуда" ва табдил онҳо ба думравҳои худ анҷом мешавад.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!