Хабари рӯз

Чаро пас аз Шарқи Миёна “ҷаъбаи борут” дар Осиёи Миёна инфиҷор хоҳад кард?

Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Ҳайати мушовирони “Сангар”

ДАР АКС: Шаҳрванди Олмон ба номи мустаори "Абдулвадуд", ки соли 2018 аз сӯи нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон гирифтор шуд ва ӯро "мушовири низоми Мулло Носир", фармондеҳи "Қитъаи сурх"-и Толибон дар вилояти Ҳилманд муаррифӣ карданд.

Виталий Волков, собиқи дабири “Мавҷи Олмон” ва таҳлилгари русии масоили байналмилалӣ ва Олмон, дар як барнома дар шабакаи телевизиони русӣ “Звезда” дар бораи пайвандҳои наздики ғарбиҳо бо гурӯҳҳои низомӣ дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон сӯҳбат намуд.

Ў аз “иттилооти дақиқи истихборотӣ”-аш бидуни фош сохтани ҷузъиёт ёд намуд, ки аз манобеъашон дар Кандаҳор ба даст овардааст. Ў гуфт: “Дар ин авохир як тими истихборотии олмонӣ ба Кандаҳор сафар намуд ва бо чеҳраҳои калидии Толибон, аз ҷумла Мулло Ҳайбатуллоҳ мулоқот намуд. Барномаи тими олмонӣ иборат аз ҷазби ҷангҷӯёни толиб дар ивази дарёфти пули фаровон аз сӯи Олмон барои пур сохтани суфуфи ҷангии Украина мебошад”.

Ба қавли таҳлилгар, дар оғоз тавофуқ шудааст то як гурӯҳи 50-нафарӣ аз ҷангҷӯёни интихобии толиб ба Украина фиристода шаванд. Дар марҳалаи баъдӣ замоне, ки амалиёти Русия дохили марҳалаи таҳоҷум ба шаҳрҳои Украина гардад, аз интиҳориҳои Толибон истифода сурат гирад. Дар муомила дар мавриди интиҳориҳо гуфта шудааст, ки Толибон хостори пули газоф барои ҳар интиҳорӣ мебошанд.

Дар даҳаи 1990 исломгарои бунёдгарои судонӣ Ҳасан Тӯробӣ дар як мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Шпигел” бо ин мӯҳтаво гуфта буд, ки аз миёни яку ним миллиард мусулмони ҷаҳон агар яку ним миллион интиҳорӣ иқдом ба ҳамла намоянд, қудрати он фаротар аз бами ҳастаӣ меравад.

Толибон чунон абзори тарс ва ваҳшатро дар даст доранд ва мумкин дар оянда ба ҳайси силоҳи куштори ҷамъӣ бо он тиҷорат кунанд.

Олмон бо васфи истифодаи абзорӣ аз арзишҳои ҳуқуқбашарӣ, бо Толибон миёнаи хуб доштааст. Олмон нахустин таъминкунандаи пайванд миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Толибон дар оғози даҳаи 2000 буд. Ман дар замони кор дар Афғонистон, зимни сӯҳбат бо дипломатҳои олмонӣ медидам, ки чӣ гуна хушбинона ба Толибон назар доштанд.

То соли 2018, яъне пеш аз рафтан ба Кобул иттилоот вуҷуд дошт, ки беш аз 4 ҳазор ҷангҷӯи собиқи паштунтабори Толибон ба ҳайси паноҳҷӯ ба Олмон омада буданд. Ҳатто баъзе аз онҳо далели паноҳҷӯиашонро куштани сарбозон гуфта буданд. Аммо барои барномаи стратегии Олмон пас аз 1945, Ҳиндукуш аз 2001 бад-ин сӯ ҷуғрофияи манофеъ эълон шуд ва Толибон абзори хубе барои онҳо ба ҳисоб меояд. Тасодуфӣ нест, ки дар ин наздикиҳо иҷоза доданд то ҷаласае ба иштироки Толибон дар Олмон баргузор гардад, арчанд иддао мекунанд, ки даъват аз Толибон ба ибтикори як анҷумани муҳоҷири афғонистонӣ сурат гирифтааст, аммо судури виза аз сӯи вазорати хориҷаи Олмон сурат мегирад!

Агар иддаои таҳлилгари русӣ рост бошад ё дурӯғ ва ё ҳам навъе пропаганда, аммо равшан ин аст, ки танҳо кишварҳои ғарбӣ дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон сарнахҳои “бози ҷангӣ”-ро дар даст доранд, на Чин, Русия ва на ҳам Эрон.

Ин кишварҳо тарҷеҳ медиҳанд то ба ивази ошӯбу ҷанги ҳама алайҳи ҳама бо Толибон муомилаҳои тиҷоратӣ намоянд, чун ҷаҳони кунунӣ бар пояи иқтисоди капиталистӣ устувор аст ва пояи аслии ин иқтисод суду ғоратгарии бештар мебошад, на арзишҳои ахлоқӣ ва ё эҷоди низоми бадил, он тавре, ки дар даврони “ҷанги сард” маъруф буд.

На Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ, на Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷот, на Ҷабҳаи Озодӣ, на Ҷабҳаи Муттаҳиди Афғонистон ва дигарон сохторҳои мустақили бидуни вобастагӣ ба Ғарб ҳастанд. Ҳама бозмондагони ҷумҳурияти амрикоии бо ҳазорон ришта ба кишварҳои ғарбӣ пайвастаанд. Инҳо ҳеҷ кадом дорои барномаи ҳадди ақал ё ҳадди аксар ба ҳадафи наҷоти мардум нестанд, балки ҳама алоқаманди баргашти низоми пешин бо ҳамон парчам, ҳамон суруди миллӣ, ҳамон Қонуни Асосӣ ҳастанд, ки “валинеъматашон”, яъне Иёлоти Муттаҳидаи Амрико онро фурӯ рехтаанд то Толибонро ба ҳайси “чамоқ”-и бузург бар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон ва бесуботӣ барои минтақа ҳоким созад.

Аз соири гурӯҳҳои ҷангии “муқоваматӣ” замоне истифодаи лозим сурат мегирад, ҳар гоҳ ниёз ба эҷоди ошӯб ва ҳарҷу марҷ дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон ҷиҳати истифода барои бесуботии минтақа шавад.

Пас аз Украинаву Қафқоз, акнун Шарқи Миёна ба оташи ҷанги мудириятшуда кашида шуд, агар натоиҷи матлуб ба даст наёяд, он гоҳ навбати Афғонистон ва Осиёи Миёна фаро хоҳад расид!

Ҷанги севуми ҷаҳонӣ бояд дар манотиқи мухталиф ба шакли ниёбатӣ сурат гирад, ки кишварҳои зиёд дар ҷануб бо нуфуси рӯ ба афзоиши он, мутобиқи теорияи Малтус, дар ҳар нуқта бояд бисӯзанд. Осиёи Миёна ба ҳайси “ҷаъбаи борут”-и дар ҳоли инфиҷор яке аз онҳо аст!


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!