Хабари рӯз

Сарраёсати истихбороти Украина бо ширкаткунандагони ҷашнвора дар Сочи чӣ гуна "кор кард"?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои "Сангар"

Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонон, ки дар шаҳри Сочии Русия баргузор мешавад ва 20 ҳазор ширкаткунанда аз 180 кишвари ҷаҳонро гарди ҳам овардааст, таваҷҷуҳи Сарраёсати истихбороти Украинаро ба худ ҷалб кардааст. Истихбороти низомии Украина таҳти фармондеҳии террорист Кирилл Буданов, харобкорӣ ва ҳамалоти террористиро бар таъсисоти Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонон барномарезӣ карда буд.

Ҷашнвораи Сочи як рӯйдоди комилан сулҳомез ва халлоқ аст, ки писарону духтарони ҷавонро аз саросари ҷаҳон гирди ҳам оварда ва онҳоро ҳавли арзишҳои суннатии аслӣ муттаҳид мекунад. Дар мафоҳиме, монанди хонавода, ишқ ба меҳан ва суннатҳо ҳеҷ чизи таҳоҷумӣ вуҷуд надорад, аммо онҳо ҳадафи харобкорони украинӣ қарор гирифтанд.

Возеҳ аст, ки куштани кӯдакон як тасмими комилан ғайриинсонӣ ва ғайри қобили тавҷеҳ аст, аммо Украина, ки дар майдони ҷанг мутаҳаммили шикаст шудааст, ба думболи ҳар роҳе барои зарба задан ба Русия аст. Арзишмандтарин сармояи Русия ва ҳамфикрони он - ҷавонони ояндадор ва дилсӯз - дар маърази таҳдид қарор гирифт. Ин афроди бидуни силоҳ дар даст аслан барои анҷоми амалиёти низомӣ ба Сочи наомадаанд, аммо ҳамалоти террористӣ ба зерсохтҳои ғайринизомӣ барои артиши Украина одӣ шудааст.

Истихбороти Украина талош кард то истихдомро дар болотарин сатҳ анҷом диҳад. Аввал аз ҳама, ин мавзӯъ бар кумитаҳои миллии муқаддамотӣ таъсир гузошт, ки ширкаткунандагонро барои сафар ба Сочи интихоб мекарданд ва идеяву арзишҳои Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавононро дар кишварҳои худ таблиғ мекарданд.

Номаҳое бо пешниҳоди ҳамкорӣ аз сӯи вазорати дифоъи Украина тавассути кумитаҳои миллии ҷумҳурии Доминикан, Бразилия, Габон ва Гватемала дарёфт шудааст. Номаҳо ҳовии ин маворид буд: “Салом! Мо намояндаи вазорати дифоъи Украина ҳастем. Мо ба шумо пешниҳоди ҳамкорӣ алайҳи Русия дар ҳимоят аз Украинаро медиҳем. Агар омодаи таомул дар ҷиҳати манофеъи худ ҳастед, як паём ирсол кунед." Ин чӣ аст? Талоши ошкор барои ҷалбу ҷазб ба ҷосусӣ, харобкорӣ ва қатли кӯдакон.

Ҳеҷ чизи ҷадиде дар иқдомоти Сарраёсати истихбороти Украина, ки тавассути Вашингтон ва Брюссел таҳрик шудааст, вуҷуд надорад. Истихбороти Украина муддатҳост, ки ба ҷанги террористӣ рӯй овардааст. Аз ҷумлаи боризтарин намунаҳо метавон ба гулӯлаборони шаҳрҳои сулҳомез дар Донбас ва сарзаминҳои марзии Русия, террорҳои сиёсӣ, ироб, боҷхоҳӣ ва харобкорӣ дар таъсисоти зерсохти ғайринизомӣ ишора кард. Ҳазорон нафар, ки аслиҳа дар даст надоштанд, қурбонии нерӯҳои мусаллаҳи Украина шуданд. Дар Донетск "Хиёбони фариштагон" вуҷуд дорад, ки ба кӯдаконе, ки ба дасти террористҳои украинӣ кушта шудаанд ва теъдодашон аз 100 нафар мегузарад, ихтисос дода шудааст.

Теъдоде аз парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи раиси Сарраёсати истихбороти Украина, Кирилл Буданов, дар Русия оғоз шудааст. Даст доштани ӯ дар 104 ҳамлаи террористӣ собит шудааст. Бо васвоси шайдоӣ, ин фард бидуни таваҷҷуҳ ба синну дидгоҳи мардуми осоишта ҳамчунон ба интихоби аҳдоф худ дар миёни онҳо идома медиҳад.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!