Империяи “Росатом” чӣ гуна тавсеа меёбад?
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Энержии ҳастаӣ эминтарину поктарин асту маҳбубияти ҷаҳонӣ пайдо мекунад. Мавқеъияти пешрав дар сохти нерӯгоҳҳои ҳастаиро Федератсияи Русия дорад. Дар ҳоли ҳозири “Росатом” дар ҳоли сохти 3 воҳиди барқии ҷадид дар қаламрави кишвар буда, сабади супоришоти хориҷии ин ширкати давлатӣ 33 воҳиди барқии модерн дар нуқоти мухталиф ҷаҳонро ҷамъ кардааст. Фанновариҳои ҳастаии Русия дар Аврупо, Ховари Миёна, шимоли Африқову минтақаи Осиёву Уқёнусия дар ҳоли иҷрост. Чунин додаҳое ҳокӣ аз эътимод ба таҳаввулоти фанновариҳои Русия аст, ки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон чашмандози ҷиддии энержии худро бо онҳо муртабит медонанд.
Маъруфтарин пружаҳои “Росатом” дар хориҷ аз кишвари Русия иборатанд аз нерӯгоҳҳои ҳастаии “Пакш – 2” дар Маҷористон, “Куданкулам” дар Ҳинд, “Аккую” дар Туркия, “Сюйдапу” ва “Тянван” дар Чин ва бисёрии дигар.
Рӯйдодҳои ахир дар Бангладеш, ҷое ки марҳалаи ҷадиде дар сохти аввалин воҳиди нерӯгоҳи ҳастаии “Руппур” оғоз шудааст, алоқаи қобили таваҷҷӯҳеро дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ барангехтааст. Дар авоили октябр раҳбарони ду кишвар - Владимир Путин ва Шайх Ҳасина - дар маросими пуршукуҳе ба муносибати воридоти сӯхти ҳастаии Русия ширкат карданд. Хотирнишон шуд, ки корҳои сохтусоз тибқи барнома пеш меравад, ҳудуди 20 ҳазор нафар дар коргоҳҳои сохтмонӣ машғул ба кор ҳастанд, ки бештари онҳо шаҳрвандони Бангладешанд. Мутахассисони русӣ пуштибонии фанноварии ин проектро ироа мекунанд.
Ба гуфтаи Владимир Путин, ин проекти шохисӣ манофеи ду кишварро бароварда менамояд ва ба таъмиқи ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд мусоидат мекунад. Нерӯгоҳи ҳастаии “Руппур” ба тавсеаи иқтисоду тақвияти амнияти энержии Бангладеш кӯмак мерасонад.
Дар соли 2011 як тавофуқномаи байнидавлатӣ барои сохти нерӯгоҳи ҳастаии муташаккил аз ду воҳиди нерӯгоҳӣ дар Бангладеш бо зарфияти кулли 2400 мегаватт ба имзо расид. Ин пружа бо илзомот (талабот)-и эминии байналмилалӣ мутобиқат дорад ва бар асоси таркиби беҳинаи системаҳои эминии фаъол ва ғайрифаъол иҷро мешавад.
Пружаи шохисии дигаре дар савоҳили дарёи Медитарона (Миёназамин) дар ҳоли иҷро аст. “Алдабаа” аввалин нерӯгоҳи ҳастаии Миср ба шумор меояд. Зарфияти кулли он 4, 8 гигаватт хоҳад буд ва бар асоси чаҳор воҳиди нерӯ бо воҳидҳои реактори русии ВВЭР-1200 сохта мешавад. Ин нерӯгоҳҳо мутаъаллиқ ба насл "3+" ҳастанд ва болотарин илзомоти эминии байналмилалиро бароварда мекунанд. Дар ҳоли ҳозир, амалиёти сохти воҳиди сеюми нерӯ дар ҳоли анҷом аст ва дар баҳори гузашта аввалин бетони дохили плитаи пойбасти таъсисот рехта шуд. Тарафи русӣ мутааҳҳид шудааст, ки сӯхти ҳастаӣ барои кулли чархаи ҳаётии нерӯгоҳи ҳастаиро таъмин кунад ва дар баҳрабардорӣ аз истгоҳу омӯзиши мутахассисон кӯмак расонад.