Хабари рӯз

Евгений Пригожин, молики ширкати низомии хусусии русии “Вагнер”, ширкати низомиёни собиқи афғон дар ҷанги Украинаро ба як расонаи амрикоӣ таъйид кард.

Маскав, 18 март - Сангар, Толиб Алиев. Ин дар ҳолест, ки то ба имрӯз ҳеҷ мадрак ё шавоҳиде мӯътабар бар ҳузури низомиёни собиқи афғон дар суфуфи нерӯҳои Русия ё Украина ироа нашудааст. “Сангар” чанд моҳ пеш дар ин бора иттилооте дар ихтиёр дошт, аммо аз интишори онҳо, бино ба бархе мулоҳизот, худдорӣ кард.

Дафтари матбуотии фармондеҳи нерӯҳои “Вагнер”, Евгений Пригожин, ба таври катбӣ ба веб-сайти амрикоии “Семафор” (Semafor) гуфт, мутахассисони низомии афғон, ки тавассути амрикоиҳо дар Афғонистон омӯзиш дида буданд, дар суфуфи артиши шахсии вай истихдом шудаанд.

“Бале, дарвоқеъ, низомиёни афғон дар ширкати низомии хусусии “Вагнер” ба теъдоди андак барои мо кор мекунанд. Акнун як воҳиди тӯпхона дар ҳоли фаъолият аст, ки замоне дар системҳои тӯпхонаии амрикоӣ, ҳувитзар (гаубитса)-ҳои M-777 ва системҳои мушакии зиддитонки “Ҷавелин” (Javelin) ва ғайра омӯзиш дида буд. Ин воҳид он чиро, ки мо муваффақ ба хариди муҷаддад аз нерӯҳои украинӣ мешавем, ё аз онҳо ба ғанимат мегирем, ба кор меандозад”, - навиштааст дафтари матбуоти Пригожин.

Ба гузориши Семафор, садҳо, балки ҳазорон нафар аз нерӯҳои нухбаи амниятии Афғонистон барои пайвастан ба легиони хориҷии Украина довталаб буданд, аммо дархости онҳо рад шудааст. Ин веб-сайт мегӯяд, 300 сарбози афғон ба United Legion, як веб-сайти хусусии давлати Украина, ки асноди муздурони хориҷиро баррасӣ ва қабул мекунад, дархост додаанд ва аз ин теъдод фақат 150 нафар дар “Легиони байнулмилалӣ” – и Нерӯҳои мусаллаҳи Украина пазируфта шудаанд.

Бо ин ҳол, Семафор ба нақл аз манобеъи худ дар ҳукумати Украина, менависад, ки далели даст кашидан аз истихдоми густардаи низомёни афғон эҳтимоли нуфузи ҷосусон аст, зеро “гурӯҳи “Вагнер”-и Русия машғули ҷазби нерӯҳои низомии собиқ дар Кобул аст”.

Дар ҳамин ҳол, яке аз сарбозони собиқи Воҳиди вокуниш ба буҳрон (CRU 222), ки нухбатарин ва ҳирфаитарин нерӯи низомии замони худ дар Афғонистон буд, ба Сангар гуфт, ки ҳадафи низомиёни собиқи Афғонистон барои пайвастан ба нерӯҳои Украина фақат тарки Афғонистон, Эрон ё Покистон буд.

“Ҳама саъй мекарданд аз тариқи Украина ба Амрико ва Аврупо бирасанд. Ба ҳамин далел дар пурсишномаҳои ширкати украинӣ ба дурӯғ менавиштанд, ки мехоҳанд бо Русия, ки “замоне ба Афғонистон таҷовуз карда” биҷанганд ва мехоҳанд “аз демократия ва озодӣ дар Украина ҳимоят кунанд”. Дар воқеъ, ҳамаи онҳо аз ҷанг хаста шуда, амрикоиҳо ҳам онҳоро ба сарнавишти худ раҳо карда буданд ва онҳо фақат мехостанд сарпаноҳе пайдо кунанд, зеро ҳанӯз тавассути Толибон шикор ва бидуни муҳокима ё таҳқиқ ваҳшиёна ва мазлумона кушта мешаванд”, - гуфт ӯ.

Вай афзуд, ин низомиён ҳамин ки пояшон ба Украина расид, аз ҷойҳои истихдомашон фирор карданд ва ба сели муҳоҷирини украинӣ пайваста худро ба Аврупо расонданд.

“Ба ҳамин сабаб, ҳарчанд аз ширкати афғонҳо дар ҷанги Украина мегӯянд, аммо ягон далелу шавоҳид нест ва мақомоти Украина низ ба ин мавзуъ пай бурда, аз ҷазби афғонҳо даст кашидаанд” – афзуд вай.

Фармондеҳи нерӯҳои “Вагнер” низ бо вуҷуди ин ки аз ҳузури афғонҳо дар суфуфи нерӯҳои худ гуфтааст, аммо ҳатто як акс ва ё видео аз онҳоро мунташир накардааст.

Командуҳои Афғонистон дар ҷанги Украина

Истихдоми низомиёни собиқи Афғонистон тавассути Русия барои ҷанг дар Украина ҳарфи ҷадиде нест. Моҳҳои октябр ва ноябри соли гузашта, як “ширкати ҳуқуқии ҳамкор бо сафорати Русия дар Эрон” маъракаи “муҳоҷирати таҳсилӣ” ба Русияро дар шаҳрҳои Машҳад, Исфаҳон ва Теҳрони Эрон роҳандозӣ кард.

Ба гуфтаи яке аз шоҳидони айнӣ, дар миёни муҳоҷирони афғонистоние, ки дар муқобили яке аз сохтмонҳои бисёртабақа дар минтақаи Илоҳияи Теҳрон ҷамъ омада буданд, теъдоди каме аз онҳо шабеҳ ба як донишомӯз буданд.

Як манбаъи огоҳ аз мавзуъ ба “Сангар” гуфт, дар он замон ҳудуди 25 ҳазор нафар барои рафтан ба ҷанги Украина аз ҷониби Русия эъломи омодагӣ карданд ва ба онҳо ваъдаи ҳуқуқи моҳона 1500 доллар ва тобеияти Русия дода шуда буд.

“Гуфта мешуд, ки ду нафар - Ҳайбатуллоҳ Ализай, фармондеҳи собиқи нерӯҳои вежа ва охирин фармондеҳи ситоди кулли артиши Афғонистон, ки ба забони русӣ балад буду дар Русия зиндагӣ мекард ва яке аз фармондеҳони собиқи ҷиҳодӣ - бо ширкати низомии хусусии русӣ “Вагнер” дар ин истихдомҳо ҳамкорӣ мекарданд. Теъдоди истихдомшудаҳо дақиқ маълум нест, аммо то 2 ҳазор нафар ҳадс зада мешавад" – гуфт ин манбаъ.

Он замон дафтари матбуотии “Вагнер” ин ахборро такзиб кард ва акнун, ки раҳбари он Евгений Пригожин ҳузури низомиёни собиқи афғонро дар суфуфи артиши хусусии худ таъйид намуд, воқеияти онҳо низ то ҷое собит шуд.

Пеш аз ин низ иқдоми мушобеҳе аз сӯи сафорати Украина дар Эрон оғоз шуда буд, ки зоҳиран муваффақиятомез набуд. Ба гуфтаи манобеъи “Сангар”, Ҳошим Раис, яке аз афроди наздики маршал Абдурашид Дӯстум, ки барои иҷрои ин барнома аз Туркия ба Эрон омада буд, аз сӯи истихбороти он кишвар дастгир ва ҳашт моҳ баъд озод шуд.

Эрон амалан аз Русия дар ҷанг Украина ҳимоят мекунад, ҳарчанд расман ин мавзӯъро рад кардааст. Танҳо ироаи паҳподҳои “Шаҳид”, ки муҳосибаҳои майдони ҷанги Украинаро ба нафъи Русия тағйир дод, барҷастатарин далел аст.

Як артиши муздури хориҷӣ ба номи "Легиони байналмилалӣ" дар ҷанги Украина фаъолият мекунад, ки ба гуфтаи манобеъи мухталиф, ҳудуди 20 ҳазор нафар аз ҳудуди 50 кишвари ҷаҳонро ҷазб кардааст.

Ширкати низомии хусусии “Вагнер” ба фармондеҳии Евгений Пригожин, миллиардери рус, фаъолияти худро дар ҷанги Сурия дар соли 2014 оғоз кард ва акнун яке аз нерӯҳои зарбатии Русия дар ҷанги Украина ва қавитарин ширкати низомии хусусӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, ки анвоъи нерӯҳо, аз ҷумла тӯпхона ва ҳавопаймо дорад. Аъзои он, умдатан сарбозони қарордодӣ, ҳатто зиндониён, ба таври шоиронае "навозандагон" номида мешаванд, ки дар саҳнаҳои хунини Украина, Сурия ва Африқо бозӣ мекунанд.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!