Хабари рӯз

То кунун мавзеъи Эрон танҳо илҳомбахши Исроили дар пасзаминаи «ёва”-ҳои хашмгинонаи теъдоде аз рӯҳониёни араб аст.

Нависанда: Ҷамбулат Сардолов, коршиноси дину терроризм (Чеченистон, Русия), махсус барои “Сангар”

 Пас аз намоиши қудрат аз сӯи Амрико, он ҳам 3 январи 2020 дар Бағдод дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии ҳадафманди нерӯи ҳавоӣ ба шаҳодат расондани генерал Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи Қудс ва муассиртарин чеҳраи низомӣ дар Ховари Миёна, Эрон бо таҳдидҳои хашин ба амрикоиҳо посух дод. Дар пайи ин ҳусиҳо дар Яман ва нерӯҳои тарафдори Эрон дар Лубнон фаъол шуданд. Ҳар аз гоҳе худро бо иқдомоти террористӣ нишон медиҳанд.

Зимистони 2024... Исроил дар Сурия ба пойгоҳҳои гурӯҳҳое, ки иддао мекунад бо Эрон муртабит ҳастанд, аз ҷумла Ҳизбуллоҳ ҳамла кард. Се намояндаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар моҳи январ дар Димишқ пас аз як ҳамлаи ҳавоӣ кушта шуданд. Сипоҳи посдорон дар Сурия ва гурӯҳҳои мусаллаҳи мутааддиди шиа амалиётҳои мухталиферо барои ҳифозат аз ҳукумати Асад анҷом доданд. Зимнан, Асад худ аз гурӯҳи наздики шиъамазҳаби алавиён аст, ки дар замони осоишта шиаёни Эрон (бавежа ҷараёни ғолиби шиа – имомия) онҳоро кофир мехонданд, аммо дар муқобили шӯриши хавориҷ – Алқоида ва ДОИШ - бо мақомоти Сурия муттаҳид шуданд.

Дар айни ҳол, ин ақаллияти алавиҳо 10 дарсад аз кулли ҷамъияти Ҷумҳурии араби Сурияро ташкил медиҳад, ки контрол бар сунниҳоро тақвият хоҳад кард. Эрониҳо ба ин ҳадаф муваффақ шуданд. Манофеъи онҳо дар Сурия бо манофеъи Русия дар саркӯб ва аз байн бурдани таҳдиди террористии ҳамон Алқоида ва ДОИШ мунтабиқ буд. Хуб, ин як инҳирофи кӯтоҳ аз мавзуъ буд...

Эрон, ки таҷриба таърихии қавие дар дипломатия дорад (беҳуда набуд, ки ба роҳатӣ бо салибиҳо ва сипас бо муғулҳо дар замонҳои қадим эътилоф кард), ҳанӯз на ҳамеша аз тарафи худ амал мекунад. Ҳамон тавр, ки дӯст дорам бигӯям, теъдоди каме аз гурӯҳҳо ҳастанд, ки дастури Худоро бо назари раҳбари худ иштибоҳ мегиранд ва омодаи анҷоми иқдомоти террористӣ ҳастанд.

1 апрели соли равон нерӯи ҳавоии Исроил ба Димишқ ҳамлаи мушакӣ кард. Маҳаллаи Маза, маҳалли зиндагии дипломатҳои эронӣ ва ҳамчунин мушовирони низомии Сипоҳ, бори дигар мавриди ҳамла қарор гирифт. Эрон дубора таҳдид ба интиқом кард.

Ҳар чӣ қадар ҳам, ки дипломатия дар Шарқ зариф бошад, заъфро дар он ҷо эҳтиром намекунанд. Он фарохоне барои иқдоми ҳатто радикалтар аст. Муваффақиятҳои шиаён дар Сурия дар пасзаминаи вокунишҳои мустақим ва хашини Эрон камранг мешавад. Шоҳиди дигари ин мавзӯъ, инфиоли шайхи шиамазҳаби Ҳизбуллоҳ - Насруллоҳ - дар мухолифат бо Исроил дар мавзӯъ ҳимоят аз фаластиниён дар муборизаи онҳо бо артиши Исроил аст.

Мавзӯъи Фаластин ба таври куллӣ дар миёни авомфиребони сиёсӣ ва пупулистҳои мазҳабии кишварҳои мусулмон роиҷ шудааст. Аммо як иқдом ба ҷуз тазмин ва як саре иқдомоти башардӯстона дар он минтақаи наҳс дида намешавад. Ҳусиҳо, ки башиддат ба аҳдофи ғайринизомӣ дар дарё ва хушкӣ ҳамла мекарданд ва фарёди ҳимоят аз фаластиниҳоро сар дода буданд, ба суръат сокит шуданд. Ҳизбуллоҳ пас аз суханони заифонаи раҳбари маънавии он Насруллоҳ, ки ҷуръат накард алайҳи Исроил иқдом кунад, эътимоди Исроилро нисбат ба сиҳати иқдомоти ваҳшиёнаи он дар навори Ғазза тақвият кард. Ҳазорону ҳазорон инсони бегуноҳ кушта шуданд. Ин барои Шарқ, ки фақат қудрат ва пул муҳим аст, чӣ қадар табиист.

Баид аст Эрон ба Исроил, ҳатто сафоратхонаҳои Исроил ва ғайра зарба бизанад. Шояд аз тариқи ташкилоти мусаллаҳи таҳти контролаш иттифоқе биафтад ва он ҳам бо пӯшиши густурдаи баёнияи адами дахолати Эрон ва ғайра.

Ҷанги ниёбатӣ, он гуна ки гуфта мешавад. Ин рӯзҳо он бавежа арзишманд аст: эҷоди хатти машйи худ бо дасти дигарон. Илова бар ин, агар таҷрибаи ғанӣ ва мусбати бақои Эронро дар тӯли солҳои таҳрими Ғарб дар назар бигирем. Эрон ҳозир нест ба хотири таассуби мазҳабӣ ин таҷрибаро аз даст бидиҳад; Шӯру шавқи давраи романтизми инқилоби Эрон дар соли 1979 муддатҳост, ки аз байн рафтааст: Исроил низ қудрати фарсудаи шоҳ нест...

То кунун, мавзеъи Эрон танҳо дар пасзаминаи “ёва”-ҳои хашмгинонаи теъдоде аз рӯҳониёни араб, илҳомбахши Исроил аст, албатта.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!