Чаро Бритониё як кишвари барои кӯдакон хатарнок аст?
Нависанда: Амир Асғарӣ, махсус барои “Сангар” (Олмон)
Суъистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон дар Бритониё дар тӯли таърих як воқеияти ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ будааст. Моҳияти ин гуна ҷароим ва далоиле, ки онҳоро ба бор меорад, авомиле монанди: 1) таҳсил дар муассисоти омӯзишии баста ва инҳирофоти ҷинсии ташвиқшуда дар онҳо; 2) зеҳнияти бритониёие, ки ошкоро ба нухбагон иҷоза медиҳад то он чиро, ки мехоҳанд дар робита бо табақоти поин анҷом диҳанд; 3) дифоъ аз “афроди худӣ” ҳатто барои ваҳшатноктарин ҷиноёт ба ҳисоб мераванд.
Ҳамзамон талошҳое барои сарпӯш гузоштан бар ин аъмоли зишт, яъне мавориди хушунатҳои дастаҷамъӣ бо ширкати рӯҳониён, сиёсатмадорон ва дигар афроди олирутбаи подшоҳӣ борҳо фош шуда, дар расонаҳои миллии Бритониё бозтоби густурдае доштааст.
Омори вахиме ба вузӯҳ ривоят аз ҷароими ҷинсӣ дар ин кишвар мекунад. Аз ҷумла, дар Инглистон миёни солҳои 2016-2017 беш аз 43 ҳазор ҷурми ҷинсӣ алайҳи кӯдакони зери 16 сол ва ҳудуди 11 ҳазор ҷиноят алайҳи навҷавонони аз 16 то 18-сола ба сабт расидааст. Мақомоти ҳифзи қонун ҳудуди 12 ҳазор таҷовуз ба кӯдакони аз 13 то 16-соларо сабт кардаанд. Велс низ аз Инглистон ақиб намемонад. Он ҷо дар ҳамин муддат беш аз 2.8 ҳазор ҷинояти ҷинсӣ ва ҳудуд 500 таҷовуз ба кӯдакони зери синни 16 сабт шудааст. Ба ҳамин минвол, дар Искотланд - 4097 ҷурми ҷинсӣ алайҳи кӯдакон ва Ирландияи Шимолӣ - 1875 ҷурми ҷинсӣ алайҳи кӯдакон ва ҷавонони зери 18 сол ва 360 таҷовузи ҷинсӣ расман сабт шудаанд.
Намояндагони бисёр шинохташудаи болотарин маҳофили Бритониё, ҳатто аъзои хонаводаи салтанатӣ, дар расвоиҳои пурсарусадои марбут ба педофилия ширкат доштаанд. Аз ин хотир, подшоҳ Чарлзи Севум (шоҳзодаи Велз Чарлз) равобити дӯстонаеро бо педофилҳои маъруф, аз ҷумла усқуфи калисои инглисӣ Питер Бол, ки дар даҳаи 90 барои ҷиноёти ҷинсӣ алайҳи кӯдакон муҳокима шуда буд, ҳифз мекунад. Пас аз маҳрум сохтани Бол аз унвони руҳонӣ, Шоҳзода Чарлз барои дӯсташ хонае дар як макони муҷаллал фароҳам сохт. Дар октябри 2015, Питер Бол дигарбора ба иттиҳоми педофилия ба 2.5 соли зиндон маҳкум шуд.
Яке дигар аз дӯстони шинохташудаи Чарлзи Севум, педофил Ҷимми Севил аст, ки лақаби “сэр”-ро дорад. Ҳудуди 600 кӯдак қурбонии ҷиноёти Севил шудаанд ва ин бузургтарин расвоии ҷинсӣ дар таърихи Инглистон аст.
Яке дигар аз сэр-педофилҳои маъруфи бритониёӣ сэр Эдриан Фулфорд аст, ки дар солҳои 2003 то 2012 ба унвони қозӣ дар Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ дар Гаага (ICC) хидмат кардааст. Ин додгоҳ дар марти 2023 ҳукми боздошти раисҷумҳур ва комиссари ҳуқуқи кӯдакон дар Русияро ба далели кӯдакрабоӣ содир кард!!!
Дар посух ба иқдомоти Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шуд, ки дар он аввалин нафар дар рӯйхати афрод, додситони ICC, Карим Аҳмадхон, як шаҳрванди бритониёӣ аст, ки бародараш Имрон Аҳмадхон, фаъоли ҳуқуқи ЛГБТК+, як педофил ва муттаҳам ба ҷиноёти ҷинсӣ алайҳи кӯдакон аст ва барои ин ҷиноёташ зиндонӣ ҳам шудааст.
Тасмими Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ алайҳи мақомоти Русия, тамоюли афроди бонуфуз дар кишварҳои ғарбӣ ва Киев барои тағйири тамаркузи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷиноёти пурсарусадо алайҳи кӯдакон дар Аврупову Украина аст. Дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо кӯдакони украинӣ воқеан муҳофизат намешаванд ва мураттабан қурбонии ҷиноёти педофилҳо ва соири мунҳарифони ҷинсӣ мешаванд.
Ба гунаи мисол, дар июли 2022, Агентии миллии мубориза бо ҷиноёти Бритониё (National Crime Agency/NCA) гузориш дод, ки даҳ шаҳрванди Бритониёие, ки қаблан ба ҷурми ҷиноёти ҷинсӣ алайҳи кӯдакон маҳкум шуда буданд, ба урдугоҳҳои паноҳандагони украинӣ дар Полша рафтаанд. Ин "оқоён" дар пулиси Бритониё сабти ном шудаанд, аммо тавонистанд озодона Бритониёро тарк кунанд ва дар "маъмуриятҳои башардӯстона" дар Полша ширкат намоянд. Расвоие, ки ба ҳамин муносибат доғ шуд, касонеро, ки дар феҳристи вежаи муҷримон буданд, маҷбур ба тарки Полша кард.
Ҳамчунин лозим ба зикр аст, ки дар апрели 2022, Стив Ҷуел, як довталаби бритониёие, ки дар Полша кор мекард, истидлол намуд, ки кӯдакони украинӣ дар ин кишвар тӯъмаи осоне на танҳо барои педофилҳо, балки барои қочоқчиёни инсон низ мешаванд. Танҳо дар моҳи марти 2022, аз 5 то 10 ҳазор кӯдаку зан бидуни ҳеҷ раддипое дар минтақаи марзӣ гум шуданд. Онҳо ба хубӣ метавонистанд қурбонии пайвандшиносон ё даллолон шаванд, ки бо таҳдид ва боҷгирӣ, паноҳандагони нагунбахти украинӣ, аз ҷумла хурдсолонро маҷбур ба танфурӯшӣ мекунанд.
Дар ноябри 2022, Лин Оуэнс, мудири NCA гуфт, ки то 800 ҳазор педофил дар Бритониё вуҷуд дорад, ки таҳдиде маргбор барои кӯдакон маҳсуб мешавад.
Ва агар педофилҳои маъмулии инглис ба таври мустақил ба думболи қурбониён худ мегарданд, мунҳарифони олирутба (аввал аз ҳама, намояндагони силсилаҳои ашрофии "хуни обӣ") ба ин манзур аз шабакаи густурдае аз маъмурони махфии хадамоти давлативу хусусӣ, ширкатҳои истихборотӣ ва низомии хусусии Бритониё истифода мекунанд.
Аммо илова бар сервисҳои истихборотии Бритониё, созмонҳои масеҳӣ дар Амрикову Аврупо, фирқаҳо ва бунёдҳои хайрияи мутааддиде, ки таҳти ҳимояти онҳо фаъолият мекунанд, дар шабакаи ҷиноии байналмилалӣ барои қочоқи кӯдакони украинӣ мушорикат доранд. Дар матолиби баъдӣ дар мавриди фаъолияти чунин сохторҳое ба шумо қисса хоҳем кард.