Хабари рӯз

Дар ҳоли ҳозир чаҳор маркази забони русӣ дар Африқо ифтитоҳ шудааст - дар Африқои Ҷанубӣ, Намибия, Ботсвана ва Сенегал.

Нависанда: Толиб Алиев, гузоришгар ва таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Русияву Африқо дар ҳоли тақвияти ҳамкорӣ ҳастанд ва бисёре аз тавофуқоти қаблӣ ба тарҳҳову проектҳои малмус табдил мешаванд. Пешниёзҳои ин амр дар тайи чандин сол эҷод шудааст.

Ба ёд биоварем, ки аввалин иҷлоси Русияву Африқо дар соли 2019 дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуд ва соли гузашта Санкт-Петербургу Маскав мизбони меҳмононе аз қораи Африқо буданд. Иҷлос дар пойтахти шимолии Русия пазирои 54 ҳайат буд ва рӯйдод низ бо ҳузури Владимир Путин баргузор шуд.

Конфронси Маскав 40 ҳайат аз кишварҳои африқоиро гирди ҳам оварду моҳияти парлумонӣ дошт ва музокироте бо ҳузури Думаи давлатии Федератсияи Русия анҷом шуд.

Ин сатҳ аз иртибототу тамосҳо нишондиҳандаи мизони таваҷҷуҳи Русия ба мушорикатҳои стратегӣ аст. Кор барои тақвияти он мутаваққиф намешавад ва имрӯз тарафайн омодаи ҷамъбандии натоиҷи муваққат ва тарҳрезии барномаҳои ҷадид ҳастанд.

Дар ибтидои моҳи март, нишасти шӯрои коршиносӣ дар мавриди тавсеа ва ҳимоят аз мушорикатҳои ҳамаҷониба бо кишварҳои африқоӣ дар Думаи давлатии Федератсияи Русия баргузор шуд. Ширкаткунандагони мизи гирд ба потенсиали болои равобити ду ҷониб ишора карданд.

“Мо воқеан аз кишварҳои африқоӣ ҳимоят ва бо онҳо мушорикат эҷод мекунем, забону фарҳанги русиро густариш медиҳем. Чаҳор маркази забони русӣ қаблан ифтитоҳ шудааст - дар Африқои Ҷанубӣ, Намибия, Ботсвана ва Сенегал. Ба илова, Русия дар зерсохтҳо ва иқтисоди кишварҳои африқоӣ сармоягузорӣ мекунад, аз ин хотир, тавсеаи мушорикатҳо барои мо калидӣ аст", - гуфт Борис Чернишов, муовини Думаи давлатии Федератсияи Русия.

Ба назари ӯ, тавсеаи на танҳо ҳамкориҳои иқтисодӣ, балки башардӯстона низ муҳим аст.

Ҳамкори вай дар Думаи давлатӣ, Шолбан Караол, афзуд, ки наздик шудани кишварҳои мо иҷтинобнопазир ва шомили ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва низомӣ-фаннӣ аст. Илова бар болотарин сохторҳои давлатӣ, манотиқ ва соҳибкорони Русия дар гуфтугӯи мушорикат гунҷонда шудаанд. Як мисоли маъмулӣ ҷаласаи намояндагони ширкатҳои бузург дар вазорати кишоварзӣ ва ғизои вилояти Маскав аст.

Ин гуфтугӯ бо ҳузури сафири умури махсуси вазорати умури хориҷаи Русия, раиси дабирхонаи Маҷмаъи “Русия ва Африқо” анҷом шуд. Ширкаткунандагон дар ин нишаст омодагии худро барои афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Миср, Эфиопия, Нигерия, Арабистони Саудӣ ва Алҷазоир эълом карданд. Ҳамчунин, корофринон теъдоде аз шаҳрҳои Русия пешниҳод карданд, ки арзаи маҳсулоти қаннодӣ ва ғизои кӯдакро оғоз кунанд.

Дар баробари ин пасзамина, қонунгузорони Русия қасд доранд чорчӯби қонуниро беҳбуд бахшанд, ки фурсатҳои ҷадиде барои гуфтугӯ фароҳам хоҳад кард.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!