Хабари рӯз

Шарқи Афғонистон ба масобаи маркази амалиётҳои террористии шабакаҳои Ҳаққонӣ ва Алқоида мушаххас шудааст.

Нависанда: Разманда, таҳлилгар, махсус барои "Сангар"

Табонии Толибон бо Алқоида ва иртиботи танготанги ин гурӯҳ бо сарони ин шабака, як амри ғайри қобили инкор аст. Алқоида дӯсти қадимии Толибон аст ва ин қимори гурӯҳи Толибон мабнӣ бар меҳмоннавозии Алқоида буд, ки баҳонаро барои Амрико дод то Толибонро дар соли 2001 аз қудрат соқит кунад.

Ҳоло, иттилоот нишон медиҳанд, ки 25 кампи омӯзишии Алқоида дар манотиқи ҷануб ва ҷанубу шарқи Афғонистон, фаъол аст ва ҳатто занону духтаронро омӯзишҳои террористӣ медиҳанд. Тамаркузи Алқоида болои Афғонистон, баргашти раҳбарони он аз Сурия, Ироқ, Либия, Сомалӣ, Яман ва соири нуқоти дигари ҷаҳон, нишон медиҳад, ки ҳам шабакаи Алқоида ва ҳам гурӯҳи Толибон барои аҳдофи баландмуддати террористӣ, барномаҳои муштараке дар пеш доранд.

Дар зимн, ба асоси гузоришҳои расида, аз муддате ба ин сӯ, раҳбари Толибон болои ғорҳои кӯҳи Тура Бура дар вилояти Нангарҳор, тамаркуз намуда ва ҳайати босалоҳияте аз вазорати дифоъи Толибон, қаблан ғорҳои Тура Бураро чанд бор баррасӣ намуда буда ва назари хешро дар ин робита ба раҳбарии Толибон ирсол намудааст. Бар иловаи назари ҳайати вазорати дифоъи Толибон, Раёсати истихбороти Толибон, ки шомили як ҳайати чаҳорнафарӣ аз раёсати 033 ё ҳамон бахши технику технология мешавад, низ бахши Вай Фай ин туннелро баррасӣ ва болои он кори дақиқ доранд.

Дар ин муддат, дохили тунел, комилан муназзам конкрет (мумфарш) гардида ва утоқҳои муҷаҳҳаз бо системи конексгуна дар дохили он, омода шудааст. Қарори иттилооти восила, сафари ҳайати раёсати 033-и истихбороти Толибон ва ё ҳамон раёсати техник ва технология, барои эҷоди системи Вай Фай ва насби як дастгоҳи радари кӯчак, дар тунели Тура Бура мебошад, то бахши фазои перомуни тунел ва ҳамчунон системи контроли моҳавли тунелро таҳти назорат дошта бошанд ва ҳамчунон кор болои насби системи ҷамер, ба хотири ин ки аз беруни тунел сигнали Вай Фай кашф нашавад, ҷараён дорад.

Ҳоло, пурсиши бунёдӣ ин аст, ки чаро раҳбарии Толибон дар як ҳамкории муштарак бо Шабакаи Ҳаққонӣ мутамаркиз бар тунели кӯҳи Тура Бура шудаанд?

Барои посухи зимнӣ барои ин пурсиш, эҳтимол меравад, чанд кор дар дастур қарор гирифта бошад:

-  Имкон дорад, ки озмоишгоҳҳои кӯчаки кимиёӣ тавассути шабакаи Алқоида бо ҳамкории Толибон дар ин тунел фаъол шуда бошад ва мутобиқи ахбори мунташиршуда дар мавриди талоши Алқоида барои дастрасӣ ба силоҳҳои тактикии химиёвӣ, дар дастури кор бошад;

-  Эҳтимолан ҳарду шабака - Алқоида ва Шабакаи Ҳаққонӣ, талош доранд то пойгоҳи изтирориро барои барномаҳои баъдиашон дар ин минтақа, омода созанд. Ҳамон туре ки дар ҳамлаи Амрико ба Афғонистон, Тура Бура аз охирин сангарҳои террористии Толибон буд, ки тавассути Амрико бомбаборон шуд ва аксарият аъзои Толибон ва шабакаи Алқоида ба он паноҳ бурда буданд;

-  Ва ё ин ки раҳбарии Шабакаи Ҳаққонӣ бо шабакаи Алқоида рӯи сохти як утоқи фикру амалиёт, ки барои барномаҳои ояндаашон тавассути раҳбарии Толибон ва шабакаи Алқоида созмондеҳӣ гардидааст, кори муштаракро оғоз кардаанд ва мехоҳанд шарқи Афғонистонро, ки дар наздикии Покистон аст ва дастрасии осони Амрико ба он муяссар аст, ба маркази ҳамоҳангӣ дар ҷиҳатҳои амалиётҳои муштараки террористӣ мубаддал созанд. Тура Бура ва тасҳилотеро, ки дар ин маҳал қарор аст ба кӯмаки Толибон, насб шавад, метавонад яке аз амнтарин нуқот аз газанди ҳамалоти мутақобил ва вокунишии қудратҳои осиёӣ дар баробари шаклгирии як маркази фармондеҳии Алқоида ва Шабакаи Ҳаққонӣ бошад. Ногуфта намонад, ки Тура Бура аз сангарҳои мустаҳками Алқоида дар Афғонистон буда ва барои ин гурӯҳ ва тадовуми фаъолиятҳои террористии он, аҳамияти роҳбурдӣ ва муассире дорад.

Ҳол, дида мешавад, ки алорағми тааҳҳудоти миёнхолии Толибон мабнӣ бар адами истифодаи хоки Афғонистон бар алайҳи амнияти минтақа, қатъи робита бо шабакаҳои террористӣ, минҷумла шабакаи Алқоида, ин гурӯҳ бо шабакаи Алқоида тафоҳуми роҳбурдӣ дорад ва дар қисмати танзими зерсохтҳои террористӣ, ин шабакаро ҳамкорӣ ва кӯмак мекунад. Дида мешавад, ки Толибон, камокон на танҳо ин ки ба унвони як гурӯҳи террористӣ дар қудрат боқӣ мемонанд, бал талош доранд то соири зермаҷмӯаҳои террористиро дар ҷиҳати ноамн сохтани амнияти минтақа кӯмак кунанд.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!