Хабари рӯз

Амрикоиҳо пушти “ҳадафҳои хос”-и худ буданд, на Толибон.

Нависанда: Муин Исломпур, собиқ афсари вазорати дифоъи Афғонистон

Дар ду даҳаи ҳузури Амрико ва НАТО дар Афғонистон, садҳо розу рӯйдоди ғамнок вуҷуд дорад, ки масъулону муҷриёни тирози аввали ҳукуматӣ ҷуръат намекунанд ҳақоиқи талху фоҷиабори хиёнату муомилаи нангини амрикоиҳоро фош кунанд.

Ба силсилаи ривоёти пешин ва сенарияи Толибонисозии Амрико дар Афғонистон, як масъала, ки худ шоҳиду нозири амалкарди дугуна ва хиёнати амрикоиҳо будам, барои мухотибони азиз ривоят мекунам:

Соли 2014 буд. Як рӯз дар дафтари корам - маркази аслии кули урдуи 203-и "Тундар" - дар шаҳри Гардез, маркази вилояти Пактиё, масруфи мурури мактубҳои идорӣ будам, ки аз савқу идораи қули урдуи 203-и “Тундар” тамос гирифтанд, аз мавҷудияти гурӯҳи Толибон дар соҳаи пӯстаи амниятии Муъминхели вилояти Пактиё гузориш доданд, ки душман дар васати Кафтархона ва пӯстаи Муъминхел мавқеият гирифтааст. Ба асос шифрогграммаи манобеъи амниятӣ, Толибон нақшаи ҳамла болои пӯстаҳои пулис ва назми оммаро дорад.

Биловақфа ба масъулони савқу идора дастур додам, ки камияти душманро аз фармондеҳи блок, кандаки шашум, ки фармондеҳи он дагарвол Файзуллоҳхони марҳум буд, маълум кунанд ва бо дарназардошти иттилооти манобеъи кашфу истихборот иқдом кунанд.

Савқу идора координати соҳаро ба мушовирони хориҷӣ доданд, то душман мавриди ҳадафи заработи ҳавоӣ қарор бигирад.

Тақрибан ҳудуди чиҳил дақиқа аз ин рӯйдод сипарӣ шуда буд. Дубора тамос гирифтанд, ки амрикоиҳо саҳнаи амалиётро аз тариқи моҳвора нишон медиҳанд, агар фурсат доред, биёед, саҳнаи амалиётро онлайн мушоҳида кунед. Бидуни таъхир ба савқу идора рафтам. Мушовирин саҳнаи амалиётро, ки як бол ҳавопаймо дар фазои Муъминхел гашт мезад, намоиш медоданд. Ҳама афсарон ва тими вежаи амрикоиҳо амалиётро тамошо менамудаанд. Ман низ бо он ҷамъ пайвастам. Ҳавопаймо ҳудуди чаҳор - панҷ давр болои сари Толибон манёвр иҷро кард.

Аммо душман мутафарриқ намешуд. Дар ниҳоят ҳавопаймо яке ду мушак дуртар аз мавқеияти Толибон партоб кард. Баъд аз бист дақиқа талошу андохтҳои пароканда, як толибро аз миёни ҳабдаҳ нафар ҷудо карданд, бо лайзер ӯро ҳадаф қарор доданд, бақияро ҳадаф нагирифтанд. Ин амалкард ба вокуниши ҳамаи афсарону мансубини савқу идораи қули урду мувоҷеҳ шуд.

Шахсан аз амрикоиҳо пурсидам, чаро дигарҳоро назадед?! Гуфтанд, ҳадафи мо сирф як толиб буд, ӯ дар миёнашон хатарнок буд, бақия ҳадафи мавриди назари мо нестанд. Гуфтам, чӣ гуна ин яке хатарнок аст ва бақия хатарнок нестанд?! Амрикоиҳо гуфтанд, ин яке аз банди давлат раҳо шуда буд, мо нишоние дар баданаш доштем, ба рӯият он шиносоӣ ва ҳадаф қарор гирифт. Боз ҳам такрор намуданд, ки бақия ҳадафи мавриди назари мо нестанд.

Гуфтам, ҳол ин морҳои захмӣ болои пӯстаҳои амниятӣ ҳамла мекунанд, интиқоми аъзои худашонро аз ин пӯстаҳои амниятӣ мегиранд. Дар фарҷом бо ин истидлоли ман барангехта ва асабонӣ шуданд. Гуфтанд, ба мо рабте надорад. Аз ин ҷо донистам, ки амрикоиҳо дер ё зуд ба сарнавишти неруҳои амниятӣ ва мардуми Афғонистон қимор мезананд.

Дар он рӯзгор бигӯмагӯҳое аз нишасти пинҳони амрикоиҳо бо Толибон дар Покистон вуҷуд дошт, аз ин хотир, амалкарди онҳо шакку тардиди фаровонеро дар дилам халқ карданд. Аз он рӯз ба баъд нисбат ба хориҷиҳо мутанаффиру бадбин будам. Бо мушовирони хориҷӣ миёнаи хубе надоштам. Ҳар вақте амрикоиҳоро медидам, сенарияи хиёнати Ветнам дар даҳлези зеҳнам режа мерафт. Нисбат ба ояндаи артиш ва сарзаминам башиддат нигарон будам. Он чи ки баъд бадбахтона ба гунае ваҳшатнок иттифоқ афтод. Садҳо инсон муҳоҷир, овораву асири як гурӯҳи террористи ваҳшӣ шуданд.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!