Амрико чӣ гуна бо терроризм дар Афғонистон намеҷангид?
Нависанда: Муин Исломпур, собиқ афсари вазорати дифоъи Афғонистон
Дар акс: Муҳаммад Шариф Яфталӣ, фармондеҳи қули урдуи 203-и “Тундар”
Қули урдуи 203 “Тундар” як қули урдуи бисёр муҳим буд. Масъулияти таъмини амнияти вилоятҳои Ғазнӣ, Хӯст, Майдон Вардак, Пактиё, Пактико, Лугар ва то дарвозаҳои вурудии Кобул, пойтахтро аз истиқомати ҷанубшарқ таъмин мекард.
Бахши меҳварии амнияти кишварро ин қули урду бар дӯш дошт. Аз ин рӯ, душман тамаркузи бисёр ҷиддӣ ба ин ҳавза намуда буд. Аз ҷониби дигар ин манотиқ ба лиҳози иҷтимоӣ, ҳавзаи зистӣ, манотиқи паштуннишин, ба вежа пойгоҳ ва зодгоҳи Ҳаққонӣ маҳсуб мешуд.
Дар вулусволиҳои марзӣ Шабакаи Ҳаққонӣ, низомиёни покистонӣ, бархе аз шабакаҳои террористӣ бо рӯйкард ва ҳувияти толибонӣ дар ин соҳот фаъолият доштанд. Аммо бо ҳама талошу тамаркуз дар қаламрави масъулияти қули урду муваффақият ва дастоварди қобили мулоҳизае надоштанд.
Манобеи истихборотии қули урду ва манобеи маҳаллӣ дар бурҷи ақраби соли 1393 (ноябр-декабри 2014), гузориш доданд, ки беш аз ҳазор толиб, шабакаи Алқоида ва низомиёни покистонӣ ба вулусволии Зируки вилояти Пактико нақшаи ҳамла ва таҳоҷуми густурдаеро дар ин вулусволӣ доранд.
Шариф Яфталӣ, фармондеҳи қули урду ба манзури дифои пешдастона шахсан дар савқу идораи қули урду рафт, то амалиёти «Зирук»-ро мустақиман контролу созмонедҳӣ кунад. Вай ба фармондеҳи кандак (баталён) ва фармондеҳи тулай (рота)-и мустақар дар он вулусволӣ дастур дод, ки барои саркӯбу шикасти душман омодагӣ ва тадобири пешгирона дошта бошанд.
Манобеъи кашфӣ пайваста аз ҳузури густурдаи гурӯҳҳо ва шабакаҳои террористӣ, ки аксаран низомиёни покистонӣ, аъроби вобаста ба шабакаи Алқоида дар ҳамсӯйӣ бо Толибон дар ин амалиёт саҳм гирифтанд, хабар медоданд. Ҳатто аз гуфтушунуди мухобиротии онҳо ба забонҳои урду, панҷобӣ ва арабӣ гузориш медоданд.
Толибон бо тамоми қувват ҳамалотшонро алайҳи неруҳои давлатӣ оғоз карданд. Лаҳза ба лаҳза аз майдони муҳориба гузориш мегирифтам. Дар соатҳои аввалияи набард фармондеҳони ҷанг дилҳура ва ҳаяҷон доштанд. Талафоти нисбӣ ҳам ба мансубини қули урду ворид шуда буд.
Дар ин набард омори талафоти Толибон ва гурӯҳҳои террористӣ, беш аз 130 нафар кушта, ҳудуди 160 нафар захмӣ гузориш шуда буд. Онҳо на танҳо натавонистанд вулусволиро суқут диҳанд, бал ба муқовимат ва истодагии сарсахтонаи қитъаот ва ҷузъу томҳои қули урдуи 203 “Тундар” мувоҷеҳ шудаанд.
Аммо он чӣ ҷолиб аст, амалкарди дугунаи хориҷиҳо дар ин набард аст. Як тими вежаи амрикоиҳо аз тариқи болуни ҳавоӣ майдони муҳорибаро назорат мекарданд. Ҳавопаймои онҳо дар соҳа зоҳиран манёвр иҷро мекард.
Толибон ба гунаи ошкор аҷсод ва захмиҳояшонро аз майдони ҷанг тавассути мошинҳои тезрафтор берун мекашиданд. Амрикоиҳо ин саҳнаро мушоҳида менамуданд, аммо кӯчактарин иқдом ва вокуниши боздорандае нисбат ба интиқолу тахлияи захмиҳо ва аҷсоди душман надоштанд.
Фармондеҳони хутути ҷанг гуфтанд, ба амрикоиҳо гуфтем, Толибон аҷсоду захмиҳояшонро аз майдони ҷанг хориҷ месозанд, аз ин хотир, ба ҳавопаймоҳоятон дастури иҷрои амалиёти ҳавоиро бидиҳед. Онҳо на танҳо кӯчактарин таваҷҷуҳ накарданд, бал монеи иҷрои файри тӯпҳову силоҳи хафифа ва сақилаи нерӯҳои мо низ шуданд.
Амрикоиҳо барои мо мегуфтанд, тирандозӣ накунед, бигузоред Толибон захмиҳо ва аҷсодашонро интиқол диҳанд. Вақте масъулони кашфу истихборот ин масъаларо бароям гузориш додаанд, мӯ бар танам рост шуд. Он гоҳ донистам, зери коса нимкосае пинҳон аст.
Баъд аз хатми расмиёт ба утоқи хоб рафтам, шаб бо чанд нафар аз фармондеҳони майдони муҳориба тамос гирифтам, аз амалкарди ноҷавонмардонаи амрикоиҳо пурсидам. Онҳо таъйид карданд ва гуфтанд, имрӯз амрикоиҳо иҷозаи оташи силоҳҳои хафифа ва сақила бар душманро надоданд.
Аз он рӯз ба баъд фотиҳаи низому ҳукуматро дар хилвати хеш хондам. Ҷиноёту хиёнати амрикоиҳо дар ҷанги Ветнам аз даҳлези зеҳнам режа мерафт, амалкарди онҳо дар он набард талангари бедорбошӣ буд, ки раҳбарии вазорати дифоъи Афғонистон ҳаргиз аз хоби сангин ва саҳмноки хеш бедор нашуд.
Фарҷоми сухан ин ки радди пои тавтеа, хиёнат ва сенарияи муомилаи нангини Доҳаро аз ин ҷо метавон таҳлилу тафсир кард, ки амрикоиҳо ба сарнавишти мардуми Афғонистон чӣ гуна бозӣ намудаанд. Як миллати сарфарозро ба дасти як гурӯҳи мутаҳаҷҷир ва террорист супурдаанд, ҳамаро залилу асир сохтанд.
Чунон ки таҷориби талхи таърихӣ нишон медиҳад, амрикоиҳо дар ҳеҷ ҷойи дунё мавриди эътимод набуда ва нестанд. Ҳеҷ гурӯҳу қавме набояд фиреби тазвир, найранг ва шиорҳои ҳуқуқи башардӯстонаи казоии онҳоро бихӯранд.
Амрикоиҳо худ бонӣ ва ҳомии терроризми байналмилали ҳастанд. Бидуни кӯчактарин тардид терроризмро дар минтақа ва фароминтақа парвариш додаанд. Аз ин гурӯҳҳо ҳимоят мекунанд. Гурӯҳҳои такфирӣ сарбозони ниёбатии Амрико дар минтақа аст, ҳар гурӯҳи такфирӣ ва террористӣ як рӯи сикаи тазвир ва фиреби империализми хунхор ҳастанд.