Хабари рӯз

Бар асоси гузориши вазорати умури дохилаи Толибон, танҳо дар ду рӯз, ҳадди ақал 60 толиб дар 16 вилояти Афғонистон кушта шудаанд.

КОБУЛ, 26 феврал – канали телеграми Андрей Серенко – “Сангар”. Шикори аҷибу ғариби шибҳи низомиёни Толибон дар Афғонистон дар ҳоли вуқӯъ аст.

Як манбаъи наздик ба вазорати умури дохилаи Толибон ба канали телеграми Андрей Серенко гуфт, ки идораи Сироҷуддин Ҳаққонӣ аз ҳамалоти густурда ба Толибон дар вилоёти мухталифи кишвар нигарон аст.

Ин манбаъ бо таъкид бар ин ки на танҳо вазорати умури дохила, балки раҳбарии сиёсии Толибон низ аз ин вазъият нигарон ҳастанд, афзуд: “Дар айни ҳол, мушаххас нест, ки дақиқан чӣ касе ба ҷангиёни Толибон ҳамла мекунад, онҳо чӣ навъ мардуме ҳастанд ва ба чӣ созмоне тааллуқ доранд.

Бар асоси гузориши вазорати умури дохилаи Толибон, ки ин манбаъ фурсати ошноӣ бо онро пайдо кардааст, танҳо дар ду рӯз ҳадди ақал 60 толиб дар 16 вилояти Афғонистон кушта шудаанд.

Манбаъ афзуд: “Онҳо ба равишҳои мухталиф, дар шароити мухталиф кушта шуда, ҳеҷ баёнияи сиёсие низ дар ин бора садо надодааст, ҳамон тур, ки маъмулан Ҷабҳаи муқовимати Аҳмад Масъуд ва Ёсин Зиё мекунанд. Ин вазъиятро ҳатто нигарон кунандатар мекунад - Толибон намедонанд чӣ касе онҳоро мекушад.

Манбаъ мегӯяд, танҳо чизе, ки то кунун ба таври қобили эътимод маълум шудааст, ин аст, ки ҳамалоти мармуз ба Толибонро ҷанговарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ё чирикҳои Ҷабҳаи озодии Афғонистон анҷом намедиҳанд. Ин манбаъ ҳамчунин даст доштани шохаи Доиш-и Афғонистон дар ин ҳамалотро рад кард.

Ин манбаъ мегӯяд: “Ин як нерӯи ҷадид аст, ки метавонад ҳадди ақал дар ниме аз вилоёти Афғонистон амалиёт кунад. Толибон аз ин афрод бисёр метарсанд, онҳо иттилооти марбут ба қатли оми ҷангиёни худро то ҳадди имкон махфӣ нигаҳ доштаанд. Раҳбарии вазорати умури дохила, вазорати дифоъ ва Раёсати амнияти миллии Толибон дар ҳоли иттихози тадобири такмилӣ барои таъмини амният дар манотиқи мухталифи кишвар ҳастанд, аммо натиҷае ҳосил нашудааст. Кушторҳо ҳар рӯз идома дорад.

Ба гуфтаи вай, раҳбарии Толибон аз ин, ки як моҳи дигар шароити мусоид барои фасли ҷанги баъдӣ дар Афғонистон фаро мерасад, нигарон аст: “Ҷабҳаҳои муқовимат дар ҳоли ташдиди иқдомоти худ ҳастанд ва сипас ин арвоҳи ношинос Толибонро мекушанд. Вазъият дар ҳоли тағйир дар масири хатарнокест”.

Ҳамзамон манобеъи “Сангар” мегӯянд, ки аз пайи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Ҷабҳаи озодии Афғонистон, ки аслитарин нерӯҳои зидди Толибон дар Афғонистон ҳастанд, ҷабҳаҳои дигаре вориди набард бо Толибон шудаанд.

Бар асоси гузориши вежаи дарёфтӣ аз манбаъи “Сангар” дар истихбороти Толибон, ҳадди ақал чаҳор ҷабҳаи дигар дар ҳамалоти чирикӣ алайҳи Толибон бидуни эъломи расмӣ ҳузур доранд.

Дар ин гузориш омадаааст: “Чаҳор ҷабҳа - яке дар вилоёти марказӣ, дигаре дар ҷануб ва ду ҷабҳаи дигар дар шаҳрҳои Кобул ва Мазори Шариф ҳанӯз шиносоӣ нашуда ва маълум нест, ки аз куҷо тадорукотро дарёфт мекунанд. Дар мавриди яке аз онҳо, ки дар вилоёти марказӣ, аз ҷумла Сарипул, Самангон ва Бодғис фаъолият мекунад, иттилооти андаке вуҷуд дорад. Он таркибе аз ҷангҷӯёни ДОИШ ва сарбозону афсарони собиқи давлат ҳастанд. Ин гурӯҳҳо ҳатто амалиёти худро ба расонаҳо эълом намекунанд, балки монанди арвоҳ амал мекунанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҷабҳаи хатарнок алайҳи Толибоне, ки расман худро ба Толибон эълом кардааст, Ҷабҳаи басиҷи миллӣ ба раҳбарии фарде ба номи Ҷовид Деҳсабзӣ аз паштунҳои вулусволии Деҳсабзи вилояти Кобул аст.

Ин манбаъ гуфт: “Дирӯз Ҷабҳаи басиҷи миллӣ бар як маркази омӯзишии Толибон дар сарҳад бо Покистон воқеъ дар қарияи Парчои вулусволии Лаълпури вилояти Нангарҳор ҳамла кард, ки талафоти қобили таваҷҷуҳе барҷой гузошт.

Ба гуфтаи вай, дар натиҷаи ин амалиёт 4 толиби покистонӣ ва 2 толиби афғон кушта ва 5 толиби покистонии дигар ба шиддат захмӣ шудаанд.

Ин манбаъ гуфт: “Яке аз кушташудагони толибони покистонӣ, Мавлавӣ Хонвалӣ аҳли минтақаи Пули Чаҳорсадаи Пешовари Покистон аст, ки қарор буд силоҳҳои амрикоиро, ки аз толибонт Афғонистон дарёфт карда буд, ба Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) мунтақил кунад.

Огоҳони ҳол мегӯянд, Покистон бо ҳамкории Иёлоти Муттаҳида аз гурӯҳҳои ниёбатии худ барои муҷозоти Толибон ба далели ҳимоят аз Таҳрики Толибони Покистон (TTП) ва ҳамкории наздик бо руқабои минтақаӣ ва байналмилалии Иёлоти Муттаҳида истифода мекунад. Онҳо ин гурӯҳҳоро дар даврони ҷумҳурӣ ва баъд аз он ҷазбу ҳимоят карданд ва ҳоло онҳоро ба майдони ҷанг овардаанд, то Толибонро танбеҳ кунанд.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!