Хабари рӯз

Дар пайи амалиёти чирикии нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон тайи 20 рӯзи гузашта 13 толиб кушта ва 6 тани дигар захмӣ шудаанд.

Кобул, 01 август - Сангар, Фарзом Козимӣ. Амалиёт ва натоиҷи онҳоро Дафтари матбуотии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ихтиёри “Сангар” қарор дод ва тартиби ҳаводис аз қарори зайл аст:

20 саратони 1402 – 11 июли 2023. Дар пайи як амалиёти нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ 3 толиб дар вилояти Кописо куштаву захмӣ шуданд. Муқовиматгарон шабона болои пӯстаи Мирвайси вулусволии Ҳиссаи дувуми Кӯҳистон ҳамлаи чирикӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа як тан аз нерӯҳои Толибон ба ҳалокат расида ва 2 тани дигарашон захм бардоштанд.

23 саратони 1402 – 14 июли 2023. Муқовиматгарон шабона бар пӯстаи Толибон дар марбутоти Бозори Ғозаи шаҳристони Шакардараи вилояти Кобул як ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд. Дақиқ маълум нест, ки чӣ қадар талафот ворид шудааст.

2 асади 1402 – 23 июли 2023. Субҳи ин рӯз чирикони Ҷабҳаи муқовимат Муҳаммадхон, узви тулайи дувуми кандаки севуми “Умари Форуқ” – и Толибонро дар роҳи Азун Кӯтали шаҳристони Рустоқи вилояти Тахор тирборон карданд. Вай аз шаҳристони Хоҷа Ғор ба самти шаҳристони Рустоқ дар ҳаракат буд, ки аз сӯи размандагони Ҷабҳаи муқовимат кушта шуда ва ҷасадаш чандин соат дар канори ҷода мондааст.

Кандаки севуми “Умари Форуқ” – и Толибон дар манотиқи бо Тоҷикистон ҳаммарз ва миёни шаҳристони Хоҷа Ғори вилояти Тахор ва шаҳристони Дашти Арчии вилояти Кундуз мустақар аст.

3 асади 1402 – 23 июли 2023. Дар пайи се ҳамлаи ҷудогонаи размандагони Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ дар шарқи Афғонистон - вилоёти Нуристон, Лағмон ва Нангарҳор 3 сарбози толиб куштаву як тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳамлаи аввалӣ ҳаволии соати 6-и субҳ дар соҳаи Дегал дар ғарби вилояти Нуристон анҷом шуд, ки дар натиҷаи он ду толиб бо аслиҳаи бесадо ба ҳалокат расиданд.

Ҳамлаи дувумӣ дар минтақаи Чаҳорбоғи вилояти Лағмон сурат гирифт, ки дар натиҷа як толиб кушта шуд.

Ҳамлаи севумӣ дар шаҳристони Дараи Нури вилояти Нангарҳор анҷом гирифт ва як толибро захмӣ ба ҷой гузошт ва як арода мошини “Ренҷер”-и Толибон низ тахриб гардид.

6 асади 1402 – 28 июли 2023. Ҳаволи соати 2–и шаб муқовиматгарон дар минтақаи Пули Мирвайси шаҳристони Ҳиссаи Дувуми вилояти Кописо қароргоҳи Толибонро бо рокетандоз ҳадаф қарор доданд ва чаҳор мушак бар он асобат кард. Се толиб тавассути аслиҳаи “бзбзак” ба ҳалокат расиданд.

6 асади 1402 – 28 июли 2023. Ҳаволии соати 10-и шаб нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бар як пойгоҳи Толибон дар соҳаи Чарху Фалаки шаҳристони Хусти вилояти Бағлон ҳамла карданд. Дақиқ нест, ки Толибон чӣ қадар талафот дидаанд.

9 асади 1402 – 31 июли 2023. Ҳаволии соати яки шаб дар пайи ҳамлаи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат бар як қароргоҳи Толибон дар минтақаи Гиёваи шаҳристони Кӯҳбандҳои вилояти Кописо ду толиб кушта ва дуи дигар захмӣ шуданд.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!