Хабари рӯз

Ёздаҳумин даври “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”, бузургтарин конфронси сатҳи ҷаҳонӣ дар робита ба Афғонистон, дар Душанбе шурӯъ ба кор кард. Ин бори дуввум аст, ки Душанбе мизбони ин чорабинии байнулмилалӣ мешавад.

Манбаъ: Sputnik Тоҷикистон

Довуди Муродиён, раиси Институти мутолиоти стратегии Афғонистон, ки мубтакир ва баргузоркунандаи ин нишаст аст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, далели баргузории ин конфронс дар Тоҷикистон қабл аз ҳама ба талошҳои холисона ва дӯстонаи ҳукумати ин кишвар барои ҳалли сиёсии буҳрони Афғонистон аст.

“Шахсан ҷаноби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта аз баргузории ин конфронс пуштибонӣ карда буданд ва имсол низ ин имконро ба мо доданд, ки он баргузор шавад ва инро мо як дилсӯзии раҳбари Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон арзёбӣ мекунем”, - гуфт Довуди Муродиён.

Вай гуфт, ҳудуди 120 нафар дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” ширкат хоҳанд кард, ки ба ба се категория тақсим мешаванд. 

“Ҳудуди 50 нафар меҳмонони хориҷӣ аз ҳудуди 25 кишвари минтақаву фарминтақа даъват шудаанд, ки тамоми қораҳоро намояндагӣ мекунанд. Шуруъ аз Амрикои Лотин ва Шимолӣ то Африқову Аврупо ва Осиё. Ҳамзамон намояндагони тамоми сафоратҳои муқими Тоҷикистон низ даъват шудаанд ва изҳори омодагӣ барои ширкат кардаанд”, - гуфт раиси Институти мутолиоти стратегии Афғонистон.

Довуди Муродиён афзуд, 45 то 50 нафар аз Афғонистон ҳастанд, ки аз тамоми қишрҳои ҷомеа, аҳзоби сиёсӣ ва ақвоми кишвар намояндагӣ мекунанд.

  • “Вақте сухан аз як ҳукумати ҳамашумул мегӯем, мо талош кардем, ки ҳамаро даъват кунем ва ин 50 нафар ойинаи Афғонистони имрӯз ҳастанд. Ин дафъа аз Ҳизби Ҷамъияти исломӣ, Ҳизби ваҳдат, Ҳизби исломии Ҳикматёр ва афроди наздик ба Толибон низ дар ин нишаст ширкат мекунанд”, - гуфт ӯ.

Вай афзуд, аз Толибон на ба унвони ҳукумат, чун то ба ҳол аз сӯи ҳеҷ як кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта нашудаанд, балки ба унвони як ҷараён ё гуруҳи сиёсӣ даъват шудааст.

“Мо ба вазорати иттилооту фарҳанги Толибон низ нома фиристода, аз онҳо даъват карда будем. Аммо то ба ҳол посухи мусбат ё манфӣ нагирифтаем”, - гуфт Довуди Муродиён.

Ба қавли ӯ, гурӯҳи сеюм оркестри миллии Афғонистон аст, ки чанд соли гузашта дар Кобул таъсис ёфта, аксари навозандагони он духтархонумҳо ҳастанд.

“Маъруф аст ба оркестри “Зуҳра”. Қарор аст шаби сешанбе дар толори Театри опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ як барнома иҷро кунанд. Аммо ин як барномаи муштарак хоҳад буд ва навозандагону хонандагони Тоҷикистон низ ширкат хоҳанд дошт”, - гуфт раиси Институти мутолиоти стратегии Афғонистон.

Конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” аз соли 2012 ба ин сӯ аз сӯи Институти мутолиоти стратегии Афғонистон ба роҳ андохта, то соли 2020 дар шаҳри Ҳироти Афғонистон 9 даври он баргузор шудааст.

Пас аз суқути Афғонистон Институти мутолиоти стратегии Афғонистон ба Аврупо кӯч кард ва соли гузашта конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” бо баргузории даври 10-ум дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон кори худро аз сар гирифт.

Конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” ду рӯз идома хоҳад кард ва дар толори меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенси баргузор хоҳад шуд.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!