Хабари рӯз

Ӯзбекистон ду рӯз ба ин сӯ барои тарассуди марзаш бо Афғонистон тайёраву чархболҳои ҷангӣ мефиристад

МАЗОРИ ШАРИФ, 20 апрел – Сангар, Қорӣ Аҳмад. Қаблан гуруҳи террористии ДОИШ-и Хуросон* даъво карда буд, ки қаламрави Ӯзбекистонро мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор додааст, аммо ин иддао аз сӯи Тошканд рад шуда буд.

Манобеъи сомонаи Сангар аз нерӯҳои марзбонии Толибон дар марзи Афғонистону Ӯзбекистон хабар медиҳанд, ки Ӯзбекистон ду рӯз ба ин сӯ дар фазои миёни ду кишвар ҷангандаву чархбол мефиристад.

“Дирӯз ба ҳисоби мо ҳашт (8) адад ҷет (тайёраи ҷангӣ) дар манотиқи марзии миёни шаҳри Тирмизи Ӯзбекистону вулусволиҳои Шӯртеппаву Калдори вилояти Балх пайдо шуда, чандин давр хӯрданд. Имрӯз (20 апрел) ҳаволии зуҳр низ ҳудуди 50 чархболи ҷангии Ӯзбекистон дар ҳамин минтақа ҳудуди як соат гашт заданд. Аммо ҳеҷ яке аз дарё убур накарданд. Фақат болои дарё парвоз карданд”, - гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, муаллифи навори видеоие, ки иддао мекунад, тайёраҳои ҷангии Ӯзбекистонро сабт мекунад, мегӯяд, онҳо ба марзи Афғонистон ворид шудаанд.

“Ана ҳоли Афғонистон ин аст. Ҷетҳои Ӯзбекистон ҳастанд, ки парвоз мекунанд”, - мегӯяд ӯ.

Қудратнамоии Тошканд дар ҳолест, ки қаблан гуруҳи террористии ДОИШ-и Хуросон бо пахши наворе иддаои ҳамлаи мушакӣ бар марзҳои Ӯзбекистонро карда буд. Ҳарчанд Тошканд ахбори расонаҳо дар ин мавридро “иғво” хонда буд, гаштзании тайёраҳои ҷангиву чархболҳояш дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон намоиши омодагиҳояш ба муқобила бо хатарҳои ношӣ аз гуруҳҳои террористӣ ба қаламраваш аст.

Тафсилоти мавзуъро аз линкҳои зер дарёбед:

 Ҳамлаи нахустини ДОИШ ба Ӯзбекистон - видео

“Иғво!” – вокуниши Тошканд ба ҳамлаи ДОИШ

БМ-12 – и худсохт: тафсилоти ҷадиди ҳамлаи ДОИШ ба Ӯзбекистон

Перомуни “ҳамла”-и ДОИШ ба Ӯзбекистон

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!