Хабари рӯз

Толибон Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистонро ба ҳабси хонагӣ маҳкум карданд.

КОБУЛ, 15 апрел – “Сангар”, Фарзом Козимӣ. Бархе далел ин тасмимро ба интиқоди ахири Ҳикматёр марбут медонанд, ки Толибонро ба фурӯши ҳарими ҳавоии Афғонистон ба Амрико муттаҳам кард.

Яке аз наздикони Гулбиддин Ҳикматёр ба хабарнигори “Сангар” дар Кобул гуфт, ки раҳбари Ҳизби исломӣ аз соати 8 – и субҳи имрӯз ба дастури Мулло Ҳайбатуллоҳ, раҳбари Толибон ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуд.

Ин манбаъ гуфт: "Гурӯҳе аз толибони мусаллаҳ ба Вазир Акбархон, хонае, ки вай дар он зиндагӣ мекунад, омаданд, хонаро муҳосира карданд ва ба касе иҷозаи вуруд ва мулоқот бо вайро намедиҳанд."

Вай афзуд, ки раиси Ҳизби исломӣ дигар ҳаққи мулоқот бо хабарнигорон, намояндагони сафоратхонаҳои хориҷӣ ва ҳатто аъзои ҳизби худро надорад.

Ин манбаъ гуфт: "Ҳар фарде, ки барои мулоқот бо вай меравад, бояд аз Раёсати амнияти миллӣ, шахсан аз Абдулҳақ Васиқ, раиси ин идора, ҷавози мулоқот дошта бошад."

Ин фарди наздик ба Ҳикматёр мегӯяд, ки саъй карда бо ӯ мулоқот кунад, аммо муваффақ нашуд.

Вай гуфт: "Толибон ҳеҷ тавзеҳе намедиҳад, аммо мо мӯътақидем, ки далели ин тасмим интиқоди раҳбари Ҳизби исломӣ аст, ки Толибонро ба фурӯши ҳарими ҳавоии Афғонистон ба Амрико муттаҳам кард".

Гулбиддин Ҳикматёр аввалин сиёсатмадори ҳозир дар Кобул аст, ки аз Толибон ба хотири ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида интиқод кард ва суъизанҳоро дар мавриди кӯмакҳои нақдии ҳафтагии Амрико ба Толибон таъйид намуд.

Бархе мӯътақиданд, ки далели ин тасмими Толибон ҳимояти Ҳикматёр аз зарбаҳои Эрон бар Исроил будааст. Вай расман эълон карда буд, ки "Билохира як кишвари мусулмон пайдо шуд, ки посухи шоистае ба Исроил диҳад".

Раиси Ҳизби исломии Афғонистон аз соли 1971 дар майдони сиёсати Афғонистон ҳузур дорад ва ин аввалин бор аст, ки чунин ҳукме барои вай содир мешавад.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!