Ноширон аз Чину Осиёи Марказӣ барои эҷод як кооперативи муштарак барои ҳамкориҳои оянда тавофуқ карданд.
ДУШАНБЕ, 01 ноябр – Sangar. Тавофуқи аввалия дар ин маврид дар нахустин форум дар Остона, пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ҳосил шуд.
Искандар Носиров, мудир нашриёти “Балоғат” дар шаҳри Душанбе, яке аз ширкаткунандагон дар ин форум, гуфт, ки созмонҳои нашриётӣ дар Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон тасмим ба эҷоди Кооперативи нашриётии Чину Осиёи Марказӣ барои тавсеа дар рушди сифатии муштарак гирифтанд.
“Ҳадаф аз эҷоди Кооперативи нашриётии Чину Осиёи Марказӣ, ҳамкорӣ ба манзури тавсеаи ҳамаҷонибаи техникӣ ва табодули таҷрибиёти нашриётҳову чопхонаҳо ва низ тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ байни кишварҳо аст”, гуфт Искандар Носиров.
Бар асоси эъломияе, ки пас аз аввалин форум ба тасвиб расид, нашриётҳои узв аз эҷоди ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба ҳимоят мекунанд ва дар барномарезии муштарак дар интишори китобҳое, ки равобити фарҳангии байни кишварҳои мухталифро густариш медиҳад, ҳамкорӣ мекунанд.
Искндар Носиров гуфт, нашриётҳои узв платформаеро эҷод мекунанд, ки аз табодули осор, ҳаққи чоп, тарҷума ва бозорёбӣ ҳимоят мекунад ва шароитеро барои тақвияти навоварӣ, истифода аз фанновариҳои ҷадид ва муаррифии нашри рақамӣ эҷод менамояд.
”Таъмиқи ҳамкориҳо аз тариқи омӯзиш, конфронсҳо ва семинарҳо тазмин мешавад ва мутахассисони нашр аз кишварҳои мухталиф бояд табодули назар кунанд, маҳоратҳои ҳирфаиро ба баҳс кашанд, таҷрибиётро ба иштирок бигузоранд ва шарикони ҳамкории наздик шаванд”, - гуфт мудири нашриёти “Бароғат”.
Дар ин конфронс, нашриёти Донишгоҳи Ренмин дар Пекин, пойтахти Чин, ба унвони робит ва ҳамоҳангкунандаи ҳамкории байни нашриётҳои Чину Осиёи Марказӣ интихоб шуд.
Нашриёти Донишгоҳи Ренмин дар соли 2017, дар посух ба ибтикори раиси Чин, Си Ҷин Пин дар ҳамоиши "Як камарбанд-як ҷода" барои иртиқои ҳамкориҳои байналмилалӣ ва эҷоди бистари ҷадиде барои ҳамкории фарҳангӣ Иттиҳоди нашриётҳои донишгоҳии "Як камарбанд-як ҷода"-ро эҷод кард.
Дар соли 2019, иттиҳод номи худро ба Кооперативи нашриётҳои "Як камарбанд-як ҷода" тағйир дод ва дар феҳристи ниҳоии Дувумин форуми ҳамкории байналмилалии "Як камарбанд-як ҷода" қарор гирифт. Дар ҳоли ҳозир танҳо платформа дар сатҳи миллӣ барои нашриётҳо ва табодули фарҳангии байни Чин ва кишварҳои таҳти проекти "Як камарбанд-як ҷода" аст. Ин кооператив дар заминаи омӯзиши олӣ, тарҷума ва нашри китоб бо кишварҳои осиёӣ ҳамкории наздик дорад.
Кооперативи нашриётҳои "Як камарбанд-як ҷода" аввалин форуми ҳамкории нашриётҳои Чину Осиёи Марказиро дар Донишгоҳи миллии Евразия ба номи Лев Гумилёв дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор кард.