Манобеъи “Сангар” дар истихбороти Толибон аз боздошти як хонуми украинӣ дар марзи Афғонистону Ӯзбекистон хабар доданд.
МАЗОРИ ШАРИФ, 19 ноябр – “Сангар”, ҚОРӢ АҲМАД. Ин иттифоқ дар ҳамон рӯзи боздошти як гуруҳе, ки бино ба иддаои Толибон, мехост сарбанди канали Қӯштеппаро инфиҷор диҳад, ба вуқуъ пайвастааст.
Қаблан бархе расонаҳои Афғонистон бо истинод ба манобеъи худ дар истихбороти Толибон чунин хабарро интишор дода, аз ҷузъиёти боздошт ва мушаххасоти ин гуруҳ чизе нашр накарда буданд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи манбаъи “Сангар”, ки бародараш дар истихбороти Толибон дар вулусволии Калдори вилояти Балх хидмат мекунад, ин гуруҳи мусаллаҳ аз ду узви ДОИШ ва ду ҳамдасти маҳаллиашон иборат буд.
“Аъзои ин гуруҳ ҳангоми бозрасӣ худро аъзои ДОИШ ва шаҳрвандони Осиёи Марказӣ муаррифӣ кардаанд ва ду ҳамкори онҳо сокини ӯзбектабори вилояти Балханд. Вақте афроди Толибон онҳоро дастгир мекунанд, бо худ 10 майн доштаанд”, - гуфт манбаъ.
Ба қавли ӯ, ин афрод эътироф кардаанд, ки як гуруҳи дигар низ бо онҳо ба минтақаи марзӣ омада, дар ҷангалҳои Амударё миёни Афғонистону Ӯзбекистон паноҳ бурдааст.
“Толибон ҳудуди сад тан иборат аз пулису амнияти миллӣ ва нерӯҳои “Умарӣ”-ро ба минтақа фиристоданд. Ба зудӣ як нафари дигар боздошт шуд, ки як хонуми табааи Украина буд”, - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, вақте ин хабар ба Раёсати амнияти Толибон дар Балх мерасад, як қитъаи хос зуд худро ба Калдор расонда, боздоштшудагонро бо худ мебарад.
“Онҳо эътироф накардаанд, ки ҳадафашон инфиҷори Қӯштеппа буд ё убур аз марз бо Тоҷикистону Ӯзбекистон. Хонуми украинӣ умуман чизе нагуфтааст ва тавре вонамуд кардааст, ки аслан забонҳои маҳаллиро намефаҳмад”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, бо он вуҷуд ки манобеъи Толибон ин занро муаррифӣ мекунанд, дар акси зан, ки аз манбаъи дигар дар ихтиёри “Сангар” қарор гирифт, дида мешавад, ки ӯ дар даст шиносномаи Русияро дорад. Ном ва маълумоти дигар дар бораи ӯро қобили хондан нест.
Ин боздоштҳо дар ҳолест, ки чанд рӯзи қабл Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон аз эҷоди як қитъаи хоси низомӣ барои ҳифозат аз канали Қӯштеппа ва кормандону васоилаш хабар дод.
Қабл аз ин зимни як ҷаласа дар дараи Ашрафи вулсволии Толаву Барфаки вилояти Бағлон раҳбарии ДОИШ дар шимоли Афғонистон эълон намуда буд, ки як гурӯҳи 20 – нафараи интиҳориёнро ба Ӯзбекистону Тоҷикистон хоҳад фиристод.