Манобеъи “Сангар” изҳороти раиси истихбороти Русия дар бораи эҷоди пойгоҳҳои иттилоотии Амрико ва Инглис дар Афғонистонро зери суол мебаранд.
Кобул, 12 октябр – “Сангар”, ФАРЗОМ КОЗИМӢ. Ба гуфтаи ин манобеъ, пас аз тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон, марокиз ва афроди истихборотии Амрикову Инглис дар Афғонистон ҳузур доштанд.
ДАР АКС: Як мушовири инглисӣ ё амрикоӣ дар ҳини суханронии Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Толибон.
Манбаъи “Сангар” дар Раёсати амнияти миллии Толибон мегӯяд, ки ҳазорон шаҳрванд ва афсари истихборотӣ аз Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Норвегия, Дания ва Шветсия дар Афғонистон ҳузур доранд.
“Амрикоиҳо, ба таври дақиқтар, кормандони Созмони истихбороти марказӣ (СӣАйЭй), дафотир ва марокизи амалиётии худро дар ҳуталҳои “Ориёно” ва “Серена”-и шаҳри Кобул, дар фурудгоҳҳои Кобул, Қандаҳор, Кундуз, Багром ва шаҳри Мазори Шариф доранд. Онҳо умдатан бо раёсатҳои амният, вазоратҳои дифоъ ва умури дохилӣ ва ҳамчунин нерӯҳои марзбонии Толибон ҳамкорӣ мекунанд”, - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, ҳанӯз як тими панҷнафара аз мураббиёни СӣАйЭй дар вулусволии Шигали вилояти Кунар бо ДОИШ-Хуросон аз замони ҷумҳурӣ ба ин сӯ кор мекунанд.
“Тимҳои сайёри амрикоӣ ҳамроҳ бо аъзои истихбороти Толибон ва Шабакаи Ҳаққонӣ дар саросари Афғонистон дар ҳоли тараддуд ҳастанд. Аз ҷумла, се моҳ пеш яке аз онҳо аз дараи Вахон ва марз бо Читроли Покистон боздид кард ва пас аз он Таҳрики Толибони Покистон ба ин минтақа ҳамла бурд”, - гуфт манбаъ.
Ӯ гуфт, ки аксари амрикоиҳо ва афроди муртабит ба унвони мушовиру корманди фаннӣ дар ниҳодҳои ғайринизомӣ ва низомии Толибон кор мекунанд.
Вай афзуд: “Аз ҷумла мудирияти ширкати давлатии “Инкишофи миллӣ”, ки бо проектҳои сармоягузорӣ ва сохтмоние, монанди канали Қӯштеппа фаъолият мекунад, комилан ба Иёлоти Муттаҳида вобаста аст. Онҳо дар замони ҷумҳурӣ мансуб шуда буданд, аммо дар замони Толибон ба содагӣ либосҳои худро ба сабки Толибон дуруст карда, риш гузоштанду бас”.
Ба гуфтаи манбаъи “Сангар” дар Раёсати амнияти миллии Толибон, ҳудуди 4500 шаҳрванди Амрико, 700 шаҳрванди Инглис, 2000 шаҳрванди Туркия ва беш аз 500 шаҳрванди Норвегия, Дания ва Шветсия дар Афғонистон фаъолият доранд.
“Онҳо дар Кобул, Қандаҳор, Ҳирот, Мазори Шариф ва Кундуз дар созмонҳои хориҷӣ, фурудгоҳҳо, вазоратхонаҳо ва идороти давлатӣ кор мекунанд. Инглисҳо дар манотиқи Вазир Акбархон, Ширпур, Кортаи Се ва Кортаи Чори шаҳри Кобул ҳузур доранд. Дар замони ҷумҳурӣ, танҳо 4 корманди MI6 дар Афғонистон кор мекард”, - гуфт ин манбаъ.
Вай афзуд, бархе аз ин афрод афғон ҳастанд, ки ҳам аз кишвари сукунати худ ва ҳам аз Афғонистон паспорт доранд.
“Бархе ба далоили хонаводагӣ омадаанд, зоҳиран барои мулоқот бо хешу табор, муроқибат аз пайвандони бемор ва дигар умури шахсӣ. Ва ин дар ҳолест, ки ҳама дар Афғонистон талош мекунад то Афғонистони толибониро ба ҳар роҳе, ки набошад, тарк кунад. Онҳо ба корҳои истихборотӣ машғуланд ва бо раҳбарии Толибон дар тамос ҳастанд”, - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи вай, туркҳо бо истихбороти Амрико ба таври куллӣ дар мавриди ДОИШ, бавежа бо шаҳрвандони Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ, уйғурҳои Чин ва ғайрипаштунҳои шимоли Афғонистон ҳамкорӣ мекунанд.
“Яке аз намунаҳои ин ҳамкориҳо интиқоли атбоъи Тоҷикистон аз Туркия ба Афғонистон аз тариқи Покистон ва эъзоми онҳо барои анҷоми амалиёти террористӣ дар Эрон буд, ки шоҳиди бархе аз онҳо будем. Ба тозагӣ як турк ба номи Орҳан Йилдиз, аҳли Анқара дар Бадахшон боздошт шуд”, - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, норвежиҳо, данияиҳо ва шведҳо низ бо ҳамоҳангии истихбороти Амрикову Инглис кор мекунанд ва вазифаи онҳо умдатан ҳимояти молӣ ва модии нерӯҳои Толибон аз тариқи созмонҳои хайрия аст.
“Яке дигар аз вазоифи онҳо басиҷи созмонҳои ғайридавлатӣ аст, ки мутобиқ бо барномаҳои амрикоӣ, аз ҷумла ҳимоят аз ҳуқуқи занон ва омӯзиши духтарон кор мекунанд. Масъулияти дигари онҳо ҷамъоварии иттилоот таҳти пӯшиши фаъолиятҳои хайрия аст”, - гуфт манбаъ.
Манбаъи “Сангар” тардид дорад, ки мақомоти Русия ба тозагӣ мутаваҷҷеҳи ҳузури истихборотии Амрикову Инглис дар Афғонистон шудаанд, аммо акнун, ки садои худро баланд кардаанд, ба ин маънӣ аст, ки вазъият ба марҳалаи ҳассоси худ наздик мешавад.
Пеш аз ин расонаҳои русӣ ба нақл аз Александр Бортников, мудири Хадамоти амнияти федерали Русия (ФСБ) гузориш дода буданд, ки СӣАйЭй-и Амрико ва MI6-и Инглис қасд доранд ҳузури иттилоотии худро эҳё карда ва пойгоҳҳоеро дар теъдоде аз марокизи калидии вилоятҳои Афғонистон эҷод кунанд.
Раиси истихбороти Русия Амрико ва Бритониёро ба даст доштан дар бесубот кардани авзоъ дар Афғонистон ва тазъифи талошҳои ҳукумати Толибон барои эҳёи иқтисоди Афғонистон ва иҷрои проектҳои зербиноӣ бо мушорикати кишварҳои солис муттаҳам кард.
Ба гуфтаи манобеъи “Сангар”, раиси истихбороти Русия ба нақши Толибон дар ин барнома таваҷҷуҳе намекунад, бавежа, ки вазорати хориҷаи Инглис дар канори изҳороти ӯ ба сароҳат эълом дошт, ки ҳаргиз ба ҳеҷ кас, ҳатто худи афғонҳо, иҷозаи амал алайҳи Толибонро нахоҳад дод.
“САНГАР”: Гузоришҳои мувассақи дигар дар мавриди фаъолиятҳои истихборотии Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё дар Афғонистон, монанди будҷа барои зиндонҳои вежаи Афғонистон, зиндониёни хориҷии хос, ки ҳатто ба онҳо интернет дода мешавад, сафари муовини истихбороти Толибон ба Қатар ва тасмим ба ҷудо кардани будҷаи Раёсати амнияти миллӣ аз вазорати молияи Толибон ва кӯмакҳои молӣ ба ин раёсат аз сӯи Амрикову Инглис аз тариқи қатр ва ғайраро барои як замони дигар мегузорем.