Магар на ин буд, ки ӯ борҳо дар даврони ҷиҳод мегуфт: ман мехоҳам ҳамзамон бо он ки аломати пирӯзии қотеъ ва ниҳоии ҷиҳодро мебинам, ки мармӣ (тир) дар синаам бинишинад, пеши Худо биравам ва бигӯям, дар роҳи ту ҷиҳод кардам ва омадам?
Нависанда: Муҳаммад Ҳусайн Саид,
Баргардон ба сириллик: Сипеҳр
Чашмандози торик буд ва ҳаво ғам гирифта ва ғуборолуд.
Чархбол бо садои якнавохт ва таконҳои андак роҳ мепаймуд ва садои чархиши болҳояш гоҳе ҳуштак мекашид, чунон ки гӯйӣ парҳои оҳанинаш ба ҳам месоянд.
Мо наметавонистем дарёи Омуро тамошо кунем. На хонаҳои муҳаққар ва гилини соҳили ҷануби Ому ва на хутути муназзам ва хонаҳои хаймамонанд ва хатткашишудаи шимоли Омударёро. Балки чашми мо ба тобути нав сохта ва холие духта шуда буд, ки барои интиқоли ҷанозаи Омир Соҳиб омода шуда буд.
Марде, ки насли мо тақдири худро дар пешонии ӯ навишта медид. Дар озмоишҳои сахт ва рӯзҳои душвор ба раъй ва тадбири ӯ эътимод мекард ва ҳар ҷо ӯ буд, ҷушу хурӯш буд, умед буд ва барнома буд. Акнун ногаҳон рафта буд.
Тасвири мубҳаме аз он чи дар китоби “Сақовии дуюм” хонда будам, ба зеҳнам расид. Оё мо як бори дигар дар таърих, ба марг ё муҳоҷирати иҷборӣ водор хоҳем шуд.
Ҳеҷ кас ҳеҷ чизе дар бораи оянда намедонист. Онҳо ки аз рафтани ӯ огоҳ буданд, як чизро медонистанд, ки бояд фурсате харид ва ин хабарро кетмон кард. Ҳама онҳое, ки огоҳ буданд, барои ҳама ҷаҳон, ҳатто барои бародаронаш аз ҷароҳаташ, аз ҳолати ҳаррӯзааш афсона мебофтанд.
Чӣ касе метавонист бо сарнавишти муқовимат, сарнавишти як миллат бо гуфтани як воқеияти ваҳшатнок бозӣ кунад.
Овози чархҳои чархбол ҳар лаҳза бо бохтани иртифоъ баландтар ва ҳуштакаш қавитар мешуд. Ва то ин ки бо барангехтани ғубори андаке ба замин нишаст. Баъд аз фуруд омадан аз чархбол савори мутар шудем.
Дар масири роҳи на чандон дуре, ки тай кардем, мардум саргарми кори худ буданд ва ҳеҷ кас намедонист, ки дар наздикии онҳо тобути мардест, ки онҳо афсонаи набардҳои ӯро солҳост замзама мекунанд.
Маҳватаи шифохона хилват буд, посбононе, ки ором ва мағмум моро пазироӣ карданд, намефаҳмиданд, ҷанозаи муҳиме, ки аз он ҳаросат мекунанд, аз кист?
Посбони ҷавон дари бузургро гушуд ва баргашт. Ҳеҷ кас набуд, садои пойи мо хомӯшии комилеро, ки бар ин иморат ҳукмфармо буд, барҳам зад.
Нури сарду паридаранге даҳлезро фаро гирифта буд. Ҳавои сард ва нури камрангу бенамак ба оромиши маргбори фазо меафзуд. Акнун бори дуввум буд, ки дар баробари ин равакт муҳру локшудае қарор мегирифтам.
Муҳру локи раваки махсусро кандам ва ба оҳистагӣ ба сӯйи худ кашидам. Ҷасад дар порчаи сафед пӯшида шуда буд. Ⱪомати дурушти мард аз дарозӣ ва паҳно сандуқи оҳанинро пур карда буд.
Ӯро бояд барои ғусл ва кафан омода мекардем.
Дар лаҳзаи интиқоли ҷасад аз тобут ба «таскараи аробадор» - и махсус, дилу дастҳо ба шакли номаҳсус раъша дошт. Ароба бо оромиш ба рӯйи сангфарш лағжид ва бо гардиш ба самти рост ва убур аз утоқе, ки дар он маҳалли гузоштани тобут буд, ба ғуслхона расид.
Ва боз ҳам бо эҳтиёт ба руйи мизи махсуси шустушӯ қарор гирифт. Ин утоқ бо чароғҳои қавӣ тавре равшан шуда буд, ки торикии ғализи шаб ва дилуҳраи табиии мондан дар мурдахонаро мезудуд.
Мо се нафар будем: ман, доктар Ҳазрат ва Ҳоҷӣ Малик Нодир, ғуслдиҳандаи майит.
Ҳама чиз омода буд. Нафаси роҳате кашидем ва баъд аз лаҳазоти макс ба кор оғоз кардем.
Ҷасад дар порчаҳои сафеди чандлока печонида шуда буд.
Аввалин порчаро бо эҳтиёт канор задам. Дилам оҳиста меларзид, баъд порчаи дувумӣ. Акнун навбати канор задани охирин порча аст, ки лакаҳои хун дар қисмати сурат ва канори рости он намудор аст.
Дилам башиддат тапид.
Ин Омир Соҳиб аст! ...Акнун ба ман нигоҳ мекунад... Бо он виқор ва салобате, ки дар хомӯшӣ аз симояш намоён буд... ва он чашмҳои сиёҳ ва дурушт, ки оинавор нашъашаъи рӯҳи пок ва неруманди ӯро мунъакис мекард ва мо аз чашм ба чашм шудан ба ӯ эҳтироз мекардем. Ҷаноза ҳамчунон рӯйи миз қарор дошт ва ман ҷуръат надоштам охирин порчаро канор бизанам. Дар ин адабгоҳ дар муқобили табъи нозук ва зарифи ӯ бояд мӯҳтот буд.
Порчаро ба оромӣ канор кашидам. Ба тавре, ки сина ва бозуҳояш комилан намоён шуд.
Пайкари беҳаракат ва хомӯши он марди гармҷӯш ва пуртакопӯ сарду беҷон буд...
Инно лиллаҳи ва инно илайҳи роҷеъун.
Чӣ ояи зебое, ояе, ки ӯ дар зиндагии пурҳодисааш ҳар бор бо рафтани ҳар як аз ҳазорон дӯст ва ҳамразмаш такрор мекард: “Мо аз Худо ҳастем ва ба сӯйи ӯ боз мегардем...”
Ӯ дар замин низ чашм ба осмон зист, ба интизори навбати парвоз... ва акнун рафт...
Ду рӯз пеш аз маргаш дар майдон ба истиқболаш рафтам. Хаста аз кор ва афсурда аз дарди камар дар фосилаи миёни чархбол ва мутар ба оҳистагӣ қадам бармедошт, акнун, ки ба ӯ нигоҳ мекардам, ҳис мекардам хастагиҳояшро аз худ дур карда ва ба оромиши ризоиятомезе фурӯ рафтааст.
Магар на ин буд, ки ӯ борҳо дар даврони ҷиҳод мегуфт: ман мехоҳам ҳамзамон бо он ки аломати пирӯзии қотеъ ва ниҳоии ҷиҳодро мебинам, ки мармӣ (тир) дар синаам бинишинад, пеши Худо биравам ва бигӯям, дар роҳи ту ҷиҳод кардам ва омадам.
Чаро ин дуои мухлисона дер мустаҷоб шуд?
Оё тақдир рисолати дигаре низ, ки ба давраи муқовимат машҳур аст, ба дӯши ӯ ниҳода буд? Ва оё...! Акнун ӯ дар он марҳалаи пирӯзии ниҳоӣ қарор дошт?! ...
Чашмҳояш баста буданд, мӯйҳои марғӯлааш, ки ду рӯз пеш кам карда буд, шона буд. Сафедии муйҳояш ғолиб ва дар нигоҳи андаке хокистарӣ менамуд. Риши кӯтоҳ ва часпидааш комилан табиӣ буд ва аз оташи инфиҷор, таъсире дар он ба назар намерасид. Чинҳои рӯяш комилан соф ва ҳамвор шуда буданд.
Ба истиснои холҳои кӯчак ва сурхранг, ки ҷойи исобат чизе монанди донаҳои рег буд. Дар асл сураташ комилан поку зебо буд (баръакс Масъуд Халилӣ ва Фаҳим Даштӣ, ки рӯяшон аз шиддати сӯхтагӣ омос карда ва ба осони қобили шинохтан набуданд).
Фикр мекардам ... Ба касе чун ӯ, ки ба охират бештар аз дунё меандешид, Ӯ бо дидани охирин саҳнаи сериёли зиндагии асҳоби Каҳф ва лаҳзаи дуояшон, ки безорӣ аз дунё ва иштиёқ ба мулоқоти Парвардгорро иброз мекунанд, ба шиддат гириста буд. Зиндагӣ ҳеҷ набуд ҷуз дағдаға ва изтироби ҷонкоҳ ва талоши тоқатфарсо, ки акнун чӣ ором хуфтааст.
Болои ҷасад об мерехтем ва қатароти об аз рӯю мӯяш мелағзиданд ва дастҳои Ҳоҷӣ, ки бо порчаҳои пок ва сафед печида шуда буд, ба ҷилдаш оҳиста -оҳиста кашида мешуд.
Ду сӯрох болои ҳам ба фосилаи ду сантиметр ба андозаи ҷои ду мармӣ дар канори рости қалбаш дар қафаси сина мушоҳида мешуд.
Як сӯрохи амиқи дигари андаке аз ҷойи сочма бузургтар буд, дар зери чашми рост дида мешуд. Ман паҳлӯяшро баланд кардам, то об ба пушташ бирасад, ҳеҷ сӯрохие аз пушташ нагузашта буд.
Пеш аз ҳукумати исломӣ рӯзе, ки шуҳадои фатҳи Толиқонро барои дафн омода мекардем, Омир Соҳиб ҳузур дошт. Шаби боронӣ ва торик буд. Ман шуҳадоро барои ҷустуҷӯйи ашёъи шахсияшон, ҷиҳати супурдан ба фомилашон паҳлӯ ба паҳлӯ мегардондам. Либосҳои изофиро ҷимпирҳову воскатҳоро, ки дар хун ғарқ буданд, беэҳтиёт ва ба аҷала аз танашон мебаровардам. Омир Соҳиб дар ҳоле ки бо ҳайрат ва андӯҳ ба ҷанозаҳо хира шуда буд, бо овози ором ва матин хитоб кард: - Оҳиста! Оҳиста!
Донистам, ки ӯ адаб ва эҳтироми бештареро дар баробари шуҳадо хостор буд. Он замон то нимаи шаб, по ба пойи тобутҳо дар он борони шадид ва замини лою лағжон ҳамроҳи мо буд. То теппаи қабристон ва то поёни маросим, ҳатто дар хок рехтан низ ҳамкорӣ мекард.
Акнун дар баробари ҷанозаи ӯ қарор доштам, саросар вуҷудамро адаб ва эҳтиром фаро гирифта буд. Мо ба ҷасад об мерехтем ва Ҳоҷӣ оҳиста-оҳиста онро мешуст.
Бозуҳои ситабр, синаи фарох, камари борик ва қади аз миёна баландтари ӯ бо он узлоти варзишӣ ва дастҳо ва пойҳои неруманди ӯро бори дигар дидам. Бо ончи ки гоҳе дар оббозиҳои тобистонӣ дида будам, тафовуте накарда буд.
Андоме, ки дар зери либос бо он чеҳраи лоғар ва устухонии ӯ барои бисёре қобили тасаввур набуд.
Вақте паҳлуҳояшро мешустем як тарафи бозуяшро ба сахтӣ баланд кардем. Ҷасад сангин буд. Зеро ӯ ҳеҷ гоҳ варзишро тарк накарда буд, ҳатто дар солҳои охир.
Дар рони росташ, ки радиоҳо он ҳама дар бораи ӯ мегуфтанд, захми амиқ буд, ман ба он нигоҳ накардам. Аммо зерпӯши нимае, ки ба тан дошт, хунолуд набуд. Навбати шустан ба ронҳо расид. Ҳаҷиб ва ҳаёи ӯ аз сифоти маъруфи ӯ буд. Ба нақл аз дӯстони қадимаш дар ҷавонӣ низ аз шӯхиҳое, ки миёни ҷавонҳо маъмул аст, мешармид. Ӯ ҳаёи Усмонро дошт.
Мо се порчаи сафед рӯйи ҳам андохтем ва баъд Ҳоҷиро танҳо гузоштем.
Вақте ба утоқи муҷовир рафтам, фикр кардам, чӣ андоза дар ин авохир гузашти рӯзгор ва дарди камар ӯро нотавон карда буд.
Вақте бо ҳам аз ҷӯе убур мекардем, ман аз он паридам. Аммо ӯ бо нафасе, ки дар сина ҳабс карда буд, бо эҳтиёт қадам ба он сӯ ниҳод. Ва ман шарманда шудам, ки чаро ӯро аз роҳе, ки чанд қадам роҳро дуртар мекард, раҳнамоӣ накардам. Чаро надонистам, ки ӯ акнун даврони ҷавонияш нест, ки дар фарозу фуруди кӯҳҳо ҳамчун паланге меҷаҳид ва мо ақиб мемондем. Ва он гоҳ, ки арақрезон ва нафсзанон мерасидем, дар ҳоле ки бар санге такя дода ва пойҳояшро дароз карда буд, бо хандае баланд ва шӯхии дилкаше аз ҳама истиқбол мекард.
Рӯҳи ӯ аммо ҳамчунон неруманд ва ҷавон буд. Ва ҳанӯз ранҷҳо ва масъулиятҳое ба бузургии Ҳиндукушро, ҳамчун чонтаи чирикии аввалин рӯзҳои муборизааш, ба дӯш мекашид. Изҳори хастагӣ намекард.
Фақат як бор бо огоҳӣ аз марги Забеҳуллоҳи шаҳид (Мазори Шариф) бо таассуф гуфт: - Ман ҳеҷ рафиқи шахсӣ надоштам ва ба ҳеҷ кас дарди дил накардам. Фақат Забеҳуллоҳи шаҳид буд, ки бо ӯ ҳарфҳои диламро мегуфтам. Ⱪабл аз ин як бор ҳам аз Мустафои шаҳид ба унвони дӯсти шахсӣ ёд карда буд.
Оё ӯ дилтангиҳо ва ранҷҳои ногуфтаи зиёде дошт?
Он овозе ҷаҳр, ки ҳамзамон бо овози инфиҷори бомб Масъуд Халилӣ шунида буд, чӣ маънӣ метавонист дошта бошад?! ...Ҳатто Олим ва Ҳоҷӣ Умар ва дигарон дар беруни хона шунида буданд.
Ӯ калимаи шаҳодатро фарёд карда буд:
- Ло иллоҳа илаллоҳу... Муҳаммадан расул-ул-лоҳ.
Оё ин садо мафҳуми гуфтаи ҳазрати Алиро дар худ музамир надошт, ки вақте лабаи шамшери Ибни Мулҷамро бар мағзи худ эҳсос карда буд, фарёд зада буд: “Фазату-ул- рад – ул - Каъба…Ба парвардгори Каъба наҷот ёфтам”. Зеро ӯ дар ин асри тавтеа ва ҷанг алигуна зист ва бо шамшер хавориҷ аз ҷаҳон рафт.
Ғусл ба поён расид, ӯро дар порчаи махсуси кафан, ки бо худ оварда будем, печидем. Оё гоҳе ба зиёрати зинда ва ё қабре аз мардони Худо рафтаед? Онҷо ҳолат ва оромишест, ки андеша ҷуз ёди Худо аз ҳама васвасаҳо пероста мешавад.
Оё онҷо ҳузури нури як рӯҳи зинда аст? Ва оё малоикаи Худо ҳузур доранд?
Баръакс ҳузури бисёре аз бузургон, ки маҳдудкунанда ва биноан хастакунанда аст. Вақте дар даруни дараҳои танг ва ё дар қуллаҳои саъбулубури кӯҳистон ва ё ҳатто дар даруни ғор зиндагӣ мекардем, ҳар ҷо ӯ буд, мепиндоштем ҳама хушиҳо ва тафреҳҳои дунё онҷост. Чӣ басо, ки ба хотири дидани симои ӯ муҷоҳидон аз роҳҳои дур пойи пиёда меомаданд ва гоҳе ҳатто бидуни он ки бо ӯ ҳарфе бизананд саршор аз энержӣ ва нишот боз мегаштанд.
Ӯ ҳамзамон ва зери дастонашро на бо муҷозоти ҷисмӣ ва аланӣ ва на бо мукофоти модӣ ва нишону медол, балки бо бархӯрди вежае, ки равони онҳоро мутаасир месохт, танбеҳ ё ташвиқ мекард. Як бори дигар қисмати чеҳраашро, ки боз гузошта будем, тамошо кардам.
Дигар чашмҳояш то қиёмат баста буданд, ки солҳои тӯлонӣ бисёре аз мо борҳо нигоҳи нофизи ӯро ба суйи хеш эҳсос карда будем, ки аз рӯйи меҳрубонӣ ва самимият ва ё ба маънии итобу норизоятӣ ба ҳар яки мо хира шуда буд.
Тақдир чунон буд, ки ӯ дар тамоми умраш ҳамчун Рустам, паҳлавони асотирӣ дар ҳафтхони хеш бо девону ғӯлон панҷа нарм кунад. Ӯ камтар бо душмане, ки муҳосиботи низомии иҷозаи рӯёруйиро медод, мувоҷеҳ буд.
Дар замони таҷовузи Шӯравӣ гуфт: - Агар кишвари дигар мебуд, мо ба зудӣ метавонистем ӯро водор ба тарки Афғонистон кунем ва сипас хандид, аммо Шӯравӣ як ғӯл аст. Ва бо мушт ҷангидан бо ғул мушкил аст.
Боре Ⱪумандон Афзалхон низ бо забони содда ва беперояи худ ба ӯ гуфт: - Омир соҳиб мо ҳамеша ба ҳар дами шаҳиде ҷанг кардаем.
Оре, ӯ ҳар дам шаҳид зист ва ҳар дам шаҳид аз ҷаҳон рафт.
Ӯро дар тобут гузоштем.
Ӯ ором дар кафани сафеди хеш ғунуда буд.
Тобутро ба сӯйи чархбол бурдем. Посбонон ҳайратзада нигоҳ мекарданд.
Шафақ дар гӯшаи осмон дамида буд.
Насиме рухсораҳои доғшуда аз ашкро навозиш мекард.
Чархбол дубора ба парвоз даромад ва дақоиқе баъд ҳамзамон бо чархболи мо чархболи дигаре низ дар майдони Фархор ба замин нишаст ва аз он доктар Абдуллоҳ, Ҷамшед, Муҳаммадгул, Содиқ, Юсуф ва дигар дӯстон фуруд омаданд. Моршол Фаҳим ва ҳамроҳонаш низ расиданд. Ҷанозаро бо чархболе, ки қавитар буд, интиқол додем. Чархболҳо масири Панҷшерро пеш гирифтанд.
Дигарон ба ҷуз доктар Абдуллоҳу Ҷамшед ва Муҳаммадгул ҷанозаро надида буданд ва бо исрор тақозо мекарданд, ки Омир Соҳибро бубинанд. Инҳо бо шафқат ва авотифи бародаронаи ӯ бузург шуда буданд ва акнун барои охирин дидор, бетобӣ мекарданд. Ва доктар Абдуллоҳ иҷоза дод. Ман кафанро аз қисмати сар боз кардам ва Юсуф Ҷоннисор филм гирифт. Чанд нафар дар канори тобут ба тиловати Ⱪуръон пардохтанд.
То ин ки чархболҳо дар поинтар аз хонаи Омир Соҳиб ҷое, ки ҳамеша барои бурдан ва овардан ӯ нишасту бархост мекарданд, ба тундӣ ба замин нишастанд.
Мавҷи азиме аз мардум ба тарафи чархбол ҳуҷум оварданд. Раҳбарони ҷиҳод - Устод Саёф ва устод Раббонӣ, Муҳаммадқосим Фаҳим, Аҳмад Зиё, Ⱪонунӣ ва Бисмиллоҳхон, Коко Тоҷуддин ва Аҳмад, писараш ва бародарони таниву маънавӣ ӯ, мардум одӣ, то кӯдакон...
Ҷамъият тобутро ба сӯйи теппаи Сарича ҳамроҳӣ карданд. Омир Соҳиб бар дӯши ин мавҷи фишурдаи имон, ихлос ва озодагӣ ба суйи Сарича роҳ паймуд ва дар он ҷо дафн шуд.
Ва аммо номи ӯ то ҷаҳон аст фаромӯш нахоҳад шуд.
Асрҳо ситоишгари қаҳрамононанд, ӯ қаҳрамон буд.
Ҷавонон дар ҷустуҷӯйи улгуҳое барои хештананд ва ӯ инсони намуна ва улгу буд.
Миллатҳо ба таърихашон такя мекунанд. Ӯ мазҳари фасле аз таърихи мост.
Дар баргашт, халои озордиҳандаеро дар рӯҳи хеш эҳсос кардам ва ба ёди хотирае аз Омир Соҳиб афтодам, ки рӯзе баъд аз марги Сайид Яҳёоғои Қундузӣ дар ҳоле ки болои теппае дар Хоҷағор нишаста будем, гуфта буд.
Дар онҷо бо ҳам аз хубиҳои он шаҳид ёд кардем. Зеро ӯ аз рафоқати ман бо Сайид Яҳё ва ман аз муҳаббати он бузургавор нисбат ба Оғо огоҳ будам, ки оҳ кашид ва гуфт: - Ҳар вақт Сайид Яҳё ба ёдам меояд, фикр мекунам, ки паҳлуямро гург бурдааст.
Оре! Ҳоло гург паҳлуи маро бурида буд. Ва гург паҳлуи ҳамаи моро бурида буд.
Ман ҳамчунон меандешидам ба азамати зиндагии як мард!
Як солор!
На!
Як мусалмон.
Чу рахти хеш бар бастам аз ин хок,
Ҳама гуфтанд бо мо ошно буд.
Валекин кас надонист ин мусофир,
Чӣ гуфту бо кӣ гуфту аз куҷо буд.