Зиндагӣ кардан монанди Аҳмадшоҳ Масъуд ва агар Худо бихоҳад монанди ӯ мурдан барои ватану мардум - ин намоди имони муқовамати кунунии Афғонистон аст.
Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия
22 сол пеш Аҳмадшоҳ Масъуд ҷовидона шуд.
Агар сарнавишт ғайр аз ин ҳукм мекард, метавонист 22 соли дигар умр бинад, дар ҳукумати Ҳомид Карзай кадом як вазире бошад ё ҳатто дар интихоботи раёсатиҷумҳурӣ бо Ашраф Ғанӣ рақобат кунад.
Ӯ бояд васвасаи пули муфти амрикоӣ, ҳатто проектҳои тиҷории ҷаззоби арбоби маводи мухаддири афғонро аз сар мегузаронд ва дар муқобили васвасаи сохтани як иморати муҷаллал барои худ дар ҷое на чандон дур аз қасри Арг муқовимат мекард...
Аҳмадшоҳ Масъуд аз ин ҳама маҳрум буд.
Террористҳое, ки 9 сентябр 2001 ӯро инфиҷор доданд, шояд мехостанд Масъудро ҳатман ва барои ҳамеша бикушанд. Аммо онҳо натавонистанд ба ин ҳадафи худ даст ёбанд - Аҳмадшоҳ Масъуд ба ҷовидонагӣ рафт ва табдил ба як афсона, таърих, як ситораи дурахшон дар осмони сиёҳу торики таърихи навини Афғонистон шуд.
Аҳмадшоҳ Масъуд барои ҳамеша намоди ғурури миллии Афғонистон, омодагии мардуми он барои мубориза барои иззату озодӣ боқӣ хоҳад монд.
Акнун дақиқан ба чунин қаҳрамонон ва чунин афсонаҳое мардуми Афғонистон ниёз дорад, ки худро аз занҷиру завлонаи ишғоли террористони Толибон раҳо кунад.
Аҳмадшоҳ Масъуд эҳтимолан бо камбудиҳову заъфҳо ва таассуботи худаш як одами идеалӣ набуд. Аммо бо ҳамаи инҳо, ӯ як сарбози содиқ ва як сиёсатмадори хирадманде буд, таркибе нодир дар замони мо.
Ва, албатта, ӯ як мусулмони бовиҷдону хирадманд, муҷоҳид, мудофеъи Ислом - асоси ҳувияти афғонӣ ва рӯҳи афғонӣ - буд.
Имрӯзҳо Аҳмадшоҳ Масъудро дӯстону душманон ба ёд меоваранд. Ӯ фаромӯш нашуд ва ҳаргиз ҳар ду ӯро фаромӯш нахоҳанд кард.
Муқовамати ҷадиди Афғонистон, ки аз Панҷшер, Бағлон, Тахор ва дигар нуқоти кишвар барои дифоъ аз номусу меҳан бармехезад, номи Масъудро бар парчамҳои худ менависад ва масири худро бо зиндагии дурахшону шигифтангези ӯ муқоиса мекунад.
Зиндагӣ кардан монанди Аҳмадшоҳ Масъуд ва агар Худо бихоҳад монанди ӯ мурдан барои ватану мардум - ин намоди имони муқовамати кунунии Афғонистон аст.
Аҳмадшоҳ Масъуд чароғи ҳидояти Афғонистон аст. 22 сол аст, ки медурахшад. Барои асрҳо.
Ва барои ҳамеша.