Хабари рӯз

Ба ривояти МУҲАММАД ҲУСАЙН ҶАЪФАРИЁН, рӯзноманигори эронӣ

Рӯзе дар хатти муқаддами ҷанг бо "Толибон" буд ва дар ҳоле, ки амалиётро ҳидоят мекард ва ин, ки тӯпхона кадом қисматро ҳадаф бигирад, ногаҳон баҳси мо дар мавриди шеъри классик ва сафед боло гирифт. Ӯ хеле аз шеъри сафед ва шеъри нав хушаш намеомад ва ман барояш далоиле овардам ва намунаҳое аз шеъри сафеди Афғонистонро хондам ва вай хеле хушаш омад ва баҳси хеле ҷиддӣ шуд ва дар айни ҳол ҷанг ҳам ба шиддат идома дошт ва ӯ бояд амалиётро ҳидоят мекард.
Генералҳо ва фармондеҳони низомӣ ҷамъ буданд ва мураттаб ишора мекарданд ва мегуфтанд: «Баҳсро тамом кун, ки «Омир Соҳиб» бояд амалиётро ҳидоят кунад, вале Омир Соҳиб идома медод ва савол мепурсид ва ман посух медодам ва ин баҳс тамом намешуд.
Оқибат «Мулло Қурбон» ро, ки хеле ба Масъуд наздик буд, мутақоид карданд ба Аҳмадшоҳ Масъуд бигӯяд, баҳсро тамом кунад. Вай наздики мо омад ва гуфт: Омир Соҳиб, шумо ба фикри адабиёт ҳастед, на амалиёт.
Қаҳрамони миллии Афғонистон дар посухи Мулло Қурбон гуфт: "Магар намефаҳмӣ, ки куллагӣ (тамом) - и ин амалиёт аз хотири адабиёт аст?"

Хабарҳои пурхонанда