Хабари рӯз

Аз Амрулло Солеҳ хостам, то ба Пайовашт ва ё дараи Поранда биравад, аммо напазируфт.

Нависанда: Фазл Аҳмад Маънавӣ, собиқ вазири адлияи Афғонистон, махсус барои “Сангар”

Аз дигар мудофеони хатти Ховок муҷоҳиди обдидаву шуҷоъ фармондеҳ Аминулло Хусравӣ аст. Ӯ дар ҷанги Дашти Ревад шадидан захм бардошт, аммо ба карами илоҳӣ ба таври мӯъҷизаосо аз марг наҷот ёфт. Бо шикасти хатти дифоии кӯтали Ховок, ӯ бо теъдоде аз муқовиматгарони шуҷоъ Дашти Ревад аз тариқи кутали Тӯл ҳаракат карданд, то дар Қалакоҳ (ё Қалъагоҳ) масири шимолии кӯтали Ховок, ки ба Андароб мунтаҳӣ мешавад, корвони размии Толибонро аз ақиб камин бизананд ва ба дом андозад. Онҳо ин масирро, ки дар ҳудуди дувоздаҳ соат роҳи пиёда аст, паймуданд ва ба нуқтаи матлуб расиданд, аммо душман басуръат дуоби Оби Ховокро гузашт ва ба ҷангҷӯёнашон, ки қарор буд аз кӯтали Анҷуман вориди Париён шаванд, наздик шуданд. Ин гуна, он гоҳ баҳси муҳосира дигар мунтафӣ шуд.

Нақши қумандон Ҳоҷӣ Гулмирзои дараи Абдуллохел, қумандон Муҳаммадҳошим Тамбана, Маҳмудбекхони Париён, қумандон Муҳибулло ва соири размндагони Париён қобили тамҷид аст, ки ҳар як ба саҳми худ талошҳои шабонарӯзӣ ба харч доданд ва ҳама мадюни заҳаматашон ҳастем.

Фармондеҳони боҳиммат ва боиззати Андароб ҳаммонанди қумандон Хайрхоҳи шаҳид, қумандон Асадуллоҳи шаҳид, қумандон Яъқуби шаҳид, қумандон Имом Нурзоди шаҳид, қумандон Зубайрхони шаҳид, қумандон Абдулғанӣ ва даҳҳо фармондеҳи ҷасуру боҳиммати дигар аз Андароб нақши барҷаста ифо карданд, ки дар мавриди онҳову фидокориҳояшон, ки душманро аз Андароб то Панҷшер саросема карда буданд, дар як ёддошти ҷудогона пардохта хоҳад шуд.

Дар баҳбуҳаи ҷанг дар кӯтали Ховок, ман бо ҳамроҳии Муҳаммад Алам Эзадёр ва марҳум Мавлоно Қурбон Фарид ба Дара (вулусволии Дараву Обшор) барои сӯҳбат бо қумандонону муҷоҳидини он ҷо рафтем, то дар минтақае ба номи Бомбардор (масири душворгузаре, ки Дашти Ревадро ба Ховоку Париён васл мекунад) хатти дифоӣ афроз кунанд. Аср дар минтақаи Тамбана, ки марбути Седаҳаи Дара мешавад бо қумандон Навобхон ва иддае аз фармондеҳони маҳаллӣ сӯҳбат кардем. Онҳо ваъда доданд, ки теъдоде аз муҷоҳидинро то шаб ба он ҷо савқ хоҳанд дод. Албатта, як идда аз муҷоҳидини вулусволии Дараву Обшор дар хутути дифоъии Ховоку Париён аз қабл низ ҳузур доштанд. Мардуми вулусволиҳои Дараву Обшор дар ҷангу поймардиашон дар миёни аҳолии Панҷшер шӯҳрати басазое доранд. Онҳо дар давраҳои ҷиҳоду муқовимати аввал аз худ шуҷоату фидокориҳои зиёде нишон доданд ва дар муқовимати дувум низ ҷонона размиданд ва теъдоде аз ҷавонони рашидро шаҳид доданд. Ҷанги Дара худ достони муфассал дорад, ки дар фурсати дигаре онро ба риштаи таҳрир хоҳам овард.

Ба ҳар ҳол, ман мутмаин будам, ки бо ворид шудани муҷоҳидини Дара дар хутути ҷилав пешравии душман гирифта хоҳад шуд, аммо шояд он гоҳ барои ҷилавгирӣ аз пешравии душман, ки бо истифода аз таҷҳизоти сангин, персонали бешумор ва васоити зиёд бо таҳаммули талафоти баланд аз арозӣ мегузашт, замон аз даст рафта буд.

Чунон ки дар боло ишора шуд, дар минтақаи Дашти Ревад ҷанги шадиде миёни муқовиматгарон ва мутаҷовизин сурат гирифт, ки ба душман талафоти сангин ворид шуд, аммо бо маҷрӯҳ шудани қумандон Аминуллохон Хусравӣ муқовиматгарон ба иртифоот ақибнишинӣ карданд ва Толибон ҳаракати худро ба самти Сафедчеҳр ва вулусволии Хинҷ идома доданд. Дар он масир низ ҷангҳои пароганда сурат гирифт ва заработе ба душман ворид гардид.

Дар минтақаи Пешғур Толибон ба ҷанги сахте рӯбарӯ шуданд. Муқовиматгарон ба фармондеҳии марди куҳансоли номошно, аз қумандонони муаззазм панҷшерӣ, қумандон Идимуҳаммад Ториқ, машҳур ба Ториқ соҳиб, бо ҳамроҳии ҷавони рашид Забеҳурраҳмони команду ва қумандон Мирзоҷон талафоти шадид ба гурӯҳи мутаҷовиз ворид карданд ва душман заработи кӯбандае дар он ҷо мутаҳаммил шуд. Таъриху мардум рашодату шаҳомати қумандон Ториқ ва ҳамроҳонашро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард. Онҳо камокон ба муқовимати худ идома медиҳанд. Худованд ҳифзашон кунад.

Қумандон генерал Бозмуҳаммадхон бо ватандорони Париён аз хатти кӯтали Анҷуман (кӯҳи фосил миёни Бадахшону Панҷшер) ҷонона дифоъ кард, аммо бо шикаста шудани хатти Ховок аз хавфи дар муҳосира афтодан ночор ба ақибншнӣ шуданд. Қобили зикр аст, ки дар ҳамла ба кӯтали Анҷуман теъдоде аз террористони хориҷӣ аксаран уйғурҳои Чин, Толибонро ҳамроҳӣ мекарданд, ки чанд танашон бо бархӯрд бо мина кушта шуданд.

Нигаронии зиёди мо аз хатти дифоии Анҷуман дар интиҳои водии Париён буд, аммо то охирин дам, муқовиматгарони сарсахти Париён ба фармондеҳии қумандон Бозмуҳаммадхон (марди оҳанин) устувор монданд. Бо шикасти хатти дифоии Париён дастур ақибнишинӣ ба онҳо дода шуд, ки бо вуҷуди он, ба душман дар ин вулусволии паҳну сарсабз заработи кӯбанда ворид карданд. Ногуфта намонад, ки Париён дар даврони ҷиҳод ҳайсияти маҳду гаҳвораи ҷанг алайҳи Шӯравиро дошт ва мардумаш силаҳшӯру боихлосанд. Онҳо ҳамвора аз муҷоҳидину муқовиматгарон бо оғӯши бозу самимона меҳмоннавозӣ кардаанд.

 Ҷой дорад, ки аз талошҳои Мавлавӣ Забеҳулло Атиқ, намояндаи мардуми Бадахшон дар Шӯрои миллӣ сипосгузорӣ кунем. Зиёд кӯшид, ки агар битавонад монеъи юришу ҳамлаи толибони Бадахшон ба Панҷшер аз роҳи Анҷуману Андароб гардад, аммо муваффақ нашуд.

Дар минтақаи Уммарз Толибон бо каминҳои пай дар пайе мувоҷеҳ шуданд ва талафоти сангинеро мутаҳаммил гардиданд. Муқовиматгарони Шоба ва Уммарз ба фармондеҳии Шамъун, ки шахси диловар ва натарсе аст ва қумандон Аҳмадёри шаҳид, ки баъд якҷо бо фарзандонаш ҷоми шаҳодат нӯшиданд, дарси фаромӯшношуданӣ ба гурӯҳи мутаҷовиз доданд. Рашодатҳои ин марди босалобат ва фарзандони қаҳрамонаш фаромӯш нахоҳад шуд. Сангинии қувои душман, парогандагии ҷанг ва қатъи иртиботот, сабаб шуд, то душман соҳаро убур кунад.

Қобили зикр аст, ки як силсила таблиғоти суъ ба нафъи душман аз тарафи ашхоси уқдаманд вазъиятро ошуфтатар сохта буд. Хосатан нақши гурӯҳаки таҳрирӣ дар таблиғот ба нафъи душман комилан равшан буд. Онҳое, ки ба ҳар наҳве ба нафъи душман таблиғ карданд ва боиси дилҳураву тарси мардум гардиданд, ё душманро ёрӣ расонданд ва ё ҳам ин ки мардумро дар рӯзҳои душвор ба ҳоли худашон раҳо карданд, ҳаргиз фаромӯши таърих нахоҳанд шуд.

 Дар минтақаи Борак низ душман ба муқовимати сарсахтонаи ҷавононе аз урду ва команду мувоҷеҳ шуд ва талафот сангин дод. Аммо ҷанг бо шаҳодати теъдоде аз ҷавонони рашид вориди Бозоракзамин гардид. Генерал Гулистонхони Остона, машҳур ба доктар Гулистон, мардона дар баробари душман истоду шуҷоъона размид ва қароргоҳро камокон ҳифз кард. Ба шаҳоматашон ифтихор бояд кард.

Душман дар минтақаи Бодқулу Маласпа аз тавобеи Бозоракзамин ба сипари оҳанине аз муқовиматгарони шуҷоъ ба қумандонии Шероғохон аз муҷоҳидини номдори Панҷшер мувоҷеҳ шуд. Ҷанги сахте ба вуқӯъ пайваст ва саранҷом бо ворид кардани талафоти сангин ба душман, қумандон Шероғо захм бардошт ва фарзанди тануманду шуҷоъаш он ҷо шаҳид шуд. Рашодати қумандон Шероғо ва ҳамроҳонаш дарс бузурге ба наслҳои озодихоҳ аст.

Дар минтақаи Раҳмонхел қумандон Ҷаббор, машҳур ба доктар Ҷаббор, бо муҷоҳидини ҳамроҳаш ба душман зарбаи маҳкам ворид карданд ва шаҳомати худ дар ҷанг бо мутаҷовизинро ба исбот расониданд. Мардонагии қумандон Абдулвадуд Рашидӣ, машҳур ба Вадуд Ширинхонро касе фаромӯш наметавонд. Ӯ низ бо рашодат ҷангиду ҷоми шаҳодат нӯшид.

Бо убури гурӯҳи мутаҷовиз аз кутали Ховоку тасарруфи манотиқ яке пайи дигар пас аз тақаббули талафоти сангин, ман бо ҳамроҳии Муҳаммадалам Эзадёр ба манзили Амрулло Солеҳ, муовини раисҷумҳури Афғонистон рафтем ва аз вақоеъ ӯро бохабар кардем. Қобили зикр аст, ки бахши аъзаме аз масорифи ҷангро эшон ӯҳдадор буданд. Аз мо хост то шабро дар манзили онҳо якҷо бошем ва фардо тартиботи ҷангро бигирем, аммо ман аз ӯ хостам, то ба маҳаллаи мо (Пайовашт) ва ё дараи Поранда биравад, зеро маҳаллаи эшон дар масири сараки умумӣ қарор дошт ва умқ барои ақибнишиниву ҷанг надошт. Дар ниҳоят напазируфтанд ва мо ҳам дубора баргаштем ба тарафи Рухаву Бозорак.

Он сӯи хат, дар даҳанаи Панҷшер, шабҳангом ҷанги сахте дар кӯҳи Дарбанд ва кӯҳи Шутул ба вуқӯъ пайваст. Пас аз афтодани якчанд тонки мустақар ба фарози кӯҳи Дарбанд ба даст душман, оташи ҳамон тонк болои мудофеъони кӯҳи Шутул фуруд омад, ки бо масруф шудани муқовиматгарон дар ҷанги Ховок ва болои Панҷшер саранҷом хутути мудофеони даҳонаи Панҷшер баъд аз чандин шаб набарди сахт шикаст ва муқовиматгарон маҷбур ба ақибнишинӣ гардиданд.

Қумандон Сӯфӣ Муҳаммад Саиди Шутул, муҷоҳиди номошно ва куҳансол, аммо ифтихорофарин, ки бо ҷисми маълул то охирин дам дар хатти дифоъ аз мардуму сарзамини худ истод, қумандон Вазири Шутул, ки дар ҷангҳои баъдӣ рашодатҳои зиёде аз худ нишон дод ва бародари нозанинаш шаҳид шуд, ва соири муҷоҳидини қароргоҳи Шутул бо теъдоде аз муҷоҳидини қароргоҳи Поранда, Талха ва Манҷаур (қароргоҳҳои Бозорак) ба фармондеҳии қумандон Муинуддин Сангарӣ (шоир, ориф, зоҳид ва эсоргар) аз мудофеъони кӯҳи Шутул буданд. Дар як шаб панҷ тан аз ҷавонони рашиди Бозоракзамин дар ҷанги Поймазор шаҳид шуданд, аммо талафоти зиёдеро бар душман ворид карданд. Дар ҳадде, ки тавони интиқоли аҷсод аз ӯҳдаи душман берун буд ва фардои он рӯз аз мардуми маҳалл барои интиқоли аҷсод истифода карданд.

Аз теппаи мушриф ба Поймазору дараи Ҷелонак, қумандон Нури Ҷабулсироҷ, машҳур ба Нур Сикандар ва қумандон Падархон Гулбаҳорӣ, куҳансоли бовиқор, ки фарзанди барумандаш он ҷо ба шаҳодат расид, дифоъ мекарданд. Нақши командуҳо, ҳаммонанди Холиди Қобизон, Хоноғо Диловар аз Қулоча ва ҳамроҳонашон, ки мутаассифона, исмҳояшонро намедонам, ҷудо қобили ситоиш аст. Онҳо бо як зидди ҳамла душманро водор ба фирор аз майдони ҷанг карданд ва билохира он гурӯҳи мутаҷовиз маҷбур ба таҷдиди нерӯ ва ҷойгузинии теъдоди дигар шуд.

Аз шаҳомату диловарии Шамсуддинхон Ҳомид дар ҷанги Поймазору Ховок бояд ситоиш кард. Ӯ масъулияти мустақим дар ҷанг надошт, аммо бо ҷисми алил ҷангуёнро ҳамроҳӣ кард. Ӯ марди хушқалб, рукгӯ ва дилсӯзе аст. Сарбозӣ ва қаҳрамонии Шаробуддинхони тонкист низ қобили тамҷид аст. Ӯ бо якчанд тонки кӯҳнаи ғӯлпайкар, душманро комилан саросема сохта буд. Масъулияти умуми соҳаро генерал инжинер Муҳаммад Восил Бозиғ ӯҳдадор буд.

Зикри номҳои ҳамаи он фармондеҳони маҳаллӣ, ки аксаран дар Панҷшер аз эътибори боло ва шӯҳрати хуб бархурдор мебошанд, аз ҳавсалаи ин навишта берун аст, аммо дур аз инсоф хоҳад буд, ки аз рашодати фармондеҳи шаҳир, номдор ва волии асбақи Панҷшер шаҳид Баҳлулхони Баҳиҷ, шаҳид қумандон Мирзоҷӣ ва шаҳид Зардодхон ном набарем, ки ошиқона размиданд ва то охирин рамақи ҳаёт собитқадам монданд, то ин ки ба дараҷаи волои шаҳодат ноил шуданд. Рашодатҳои ин мардони устувор сабти таърихи озодихоҳонаи кишвар хоҳанд монд. Қаҳрамонони аслии ҷанги Панҷшер ҳамин номоварони озодаву ифтихорофринанд, ки иддае ба аҳде, ки бо Худои худ баста буданд, вафо карданд ва иддае ҳам дар интизоранд. 

(Идома дорад)


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!