Хабари рӯз

"Гузашта ба оянда шабеҳтар аз об ба об аст" - Ибни Халдун

Нависанда: Ҳафиз Мансур, узви раҳбарии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, махсус барои “Сангар”

Вақте интиқодоту эътирозот дар бораи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ забона мекашад, порае аз дӯстони навомӯз бо нигаронӣ рӯбарӯ мешаванд ва аз дидани чунин вазъияте дучори ҳайрат мегарданд. Барои тавзеҳи масъала як роҳ он аст, ки нигоҳе ба солҳои ҷиҳоду муқовимат андозем ва акнун, ки дар остонаи таҷлил аз Ҳафтаи шаҳид ва 22-юмин солгарди шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуд, раҳматуллоҳи алайҳ, ҳастем, бубинем, ки эшон бо чӣ душманоне мувоҷеҳ буд? Ва дар баробари эшон аз чӣ шеваҳое кор мегирифт?

1 - Дар солҳои ҷиҳод аъзои Ҳизби демократики халқ, қувваҳои Шӯравӣ ва дар аҳди муқовимат, Таҳрики Толибон аз душманони ошкори Аҳмадшоҳ Масъуд буданд, ки ҳар кадом сафи муайян ва шиори мушаххаси худро доштанд. Ду ҷониб бо забони гулӯла бо якдигар ҳарф мезаданд. Аммо онҳое, ки ба сафи муҷоҳидин мепайвастанд, шомили афву гузашт мешуданд, аз хунашон мегузаштанд, агар омодаи хидмат мебуданд, дар сафи муҷоҳидин дар ҷойи муносибе ҷазб мешуданд ва касоне, ки омода набуданд, ба оғӯши хонаводаҳояшон бармегаштанд.

Муқобила бо ин душман пурҳазина буд, вале ба дарку ҳушёрии зиёде ниёз надошт, вақте бо душманчаҳо рӯбарӯ мешавӣ, тадбиру дирояти фаровоне металабад, ки онҳоро дар чанд даста метавон ҷо дод.

2 - Дагарвол (полковник) Муҳаммад Исохон, коко (амак)-и Аҳмадшоҳ Масъуд, ҳеҷ гоҳ ба бародарзодааш рӯи хуш нишон надод, дар канори режим зиндагӣ мекард ва дар зимистони 1358 боре аз ҷониби Бабрак Кормал дар раъси ҳайате назди Аҳмадшоҳ Масъуд омад ва аз ӯ хост, то ба давлат таслим шавад. Аҳмадшоҳ Масъуд ҳаргиз дар бораи ин хусумати кокояш чизе нагуфт. Решаи ин хусумат на эътиқодӣ буд ва на сиёсӣ. Ба бовари ман, ҳасодати инсонӣ сабаб шуда буд, ки кокое дурахшиши бародарзодаи худро дида натавонад.

3 - Гурӯҳаки "СОЗО" (Созмони озодихоҳи заҳматкашони Афғонистон) нахустин зарбаро бар шахси Аҳмадшоҳ Масъуд ворид овард ва он ҳам ба гунае буд, ки яке аз мансубини ин гурӯҳ дар тобистони 1358 аз ақиб Масъудро мавриди ҳадаф қарор дод ва худ мутаворӣ шуд. Аҳмадшоҳ Масъуд ба хотири ин, ки дар оғози кор дудастагии қавмӣ дар Панҷшер ба вуҷуд наёяд, аз таъқиби масъала мунсариф шуд, вале як сол баъдтар аз он, бақоёи "СОЗО" бар он шуданд, то даст ба иқдоми васеътаре бизананд. Дар он замон Аҳмадшоҳ Масъуд барномаашонро кашф кард, сардастаҳои онҳоро ба зиндон бурд ва аз он миёни маҳдуд касоне муҳокима шуданд, бақия бо ибрози надомат раҳоӣ ёфтанд.

Душмании ин гурӯҳак то як соли қабл аз суқути режими доктар Наҷибуллоҳ идома ёфт, онҳо дар вилоятҳои Бадахшон, Тахор, Кундуз ва Бағлон ғундҳои қавмӣ ба тарафдорӣ аз доктор Наҷибуллоҳ доштанд, ки шарҳи онро Зуҳуруллоҳ Зуҳурӣ дар китоби худ овардааст.

Муомила бо "СОЗО" аз ин душворӣ бархӯрдор буд, ки дар забони шиори тоҷикӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи порсигӯён сар медоданд, дар амал дар хидмат, ишғолу режими доктор Наҷибуллоҳ қарор доштанд, сарони ин дастаи мармуз, фоқиди рӯҳияи ватанӣ ва мардумӣ буданд, тафоҳум бо аъзои ҳизби Халқ ва ҷиноҳи Парчам чандон печида набуд ё мепазируфтанд ва ё рад мекарданд, дар ҳоле, ки "СОЗО" бо маниши мунофиқона ҳам худро ба зиллат кашонд ва ҳам ҳазорон ҷавонро дар дифоъ аз он чӣ, ки онҳо "фашизми қавмӣ" меноманд, савқ дод. 

4 - Аҳмадшоҳ Масъуд кори созмони худро бо ҷавонони омодаи пайкор оғоз кард. Ин ҷавонон ба суръат аз худ лаёқату шоистагӣ нишон доданд, дар миёни мардум ба шӯҳрат расиданд ва соҳиби ному манзилати ҷиҳодӣ шуданд, ки дарвоқеъ сафбандиҳои иҷтимоиро дар миёни мардуми Панҷшер ба ҳам заданд ва фармондеҳони ҷиҳодӣ ҷой (хон, малик, арбоб, ҳоҷӣ)-ро гирифтанд. Мутанаффизини қавмӣ, ки аз ном, шӯҳрат ва синни баланде бархурдор буданд, вокунишашон ин буд, то Аҳмадшоҳ Масъудро дасти кам бигиранд ва бо алфози сабуку ҳақирона аз ӯ ёд бадоранд. Танҳо коре, ки метавонистанд анҷом бидиҳанд.

Аҳмадшоҳ Масъуд то солҳо назди ин идда "бачаи Дӯстак" буд, чун падараш Дӯстмуҳаммадхон ном дошт. Ин мутанаффзини қавмии мухолифи ҷиҳод набуданд. Норизоятияшон реша дар он дошт, ки ашхоси навҷавон аз муҷоҳидини Аҳмадшоҳ Масъуд ҷойи эшонро дар миёни мардум гирифтааст. Масъуд ҳам ҳамаи ҳарфҳои зишту сабукро нодида меангошт ва ҳар гоҳе фурсате меёфт, ба мулоқоти онҳо мерафт ва бо онҳо машварат мекард. Гузашти замон шуморе аз онҳоро равонаи охират кард ва бақия маҷбур шуданд, то воқеияти тозаро бипазиранд.

5 - Аз миёни сафи муҷоҳидин бо ному нишони касоне таборуз карданд, ки даъвои заомати Панҷшер бар сарашон афтод. Қумандон Абубакр ва Ҳоҷӣ Муҳаммад Сиддиқхон аз зумраи муҷоҳидини собиқадор ва номдор буданд. Эшон хостанд, Аҳмадшоҳ Масъудро бо як иқдоми низомӣ аз миён бардоранд ва худ ӯҳда дор умур шаванд. Аҳмадшоҳ Масъуд барнома онҳоро кашф кард, эшонро аз вазоифаашон сабукдӯш намуд, бидуни он ки озору азияте ба онҳо расонда бошад.

6 - Дар миёни танзимҳои ҷиҳодӣ, Ҳизби исломии таҳти раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр аз буду таъсисаш Аҳмадшоҳ Масъудро дар садри душманони худ қарор дода буд. Душмании ин ҳизб аз ҳамон оғози солҳои ҷиҳод дар вилоятҳои мухталиф таборуз ёфт, бо ракетборони шаҳри Кобул (1371-1375) ба авҷ расид ва мутаносиб ба имконоташ хусумату иноди Ҳикматёр бо Масъуд то ҳанӯз идома дорад ва ҳар замоне, ки фурсат мекунад, бо нешу киноя уқдаҳои худро холӣ мекунад.

7 - Ангуштшумор касоне ҳам буданд, ҳам дар солҳои ҷиҳод ва ҳам дар солҳои муқовимат, ки дар сафи душман ҷо намегиранд, забонашон заҳрогин ва ҳимматашон кам, ҳунаре, ки доранд неш задану тахриби азҳон аст. Аҳмадшоҳ Масъуд бо ин гурӯҳ ҳам рӯбарӯ буд ва онҳоро дар атрофи худ нигаҳ медошт, то аз як сӯ аз зиёнашон коста бошад ва аз ҷонибе зери назар буда бошанд.

8 - Дастаи ҳаштум аз душманони Масъуд шомили касоне мешавад, ки дар даврони Ҷамъияти исломӣ дар мақомҳои баланди тасмимгирӣ ва низомӣ қарор доштанд. Умдаи ин ашхос мутааллиқ ба шимоли Кобул буданд ва пайваста дар ирсоли аслиҳа ва муҳиммот ба Масъуд коршиканӣ мекарданд ва аз лиҳози сиёсӣ ва таблиғотӣ барномаҳои ӯро камарзиш ҷилва медоданд.

 Аҳмадшоҳ Масъуд дар баробар ин ашхос бо эҳтироми комил бархӯрд дошт ва аз ҳар гуна интиқомҷӯӣ ва гилоягузорӣ парҳез намуд, то ин ки режими доктор Наҷибуллоҳ ба дасти Масъуд сарнагун шуд ва ҳама сарони Ҷамъияти исломӣ ба даври ӯ гирд омаданд ва ба бартарии ӯ эътироф карданд.

Мурод аз ёдоварии ин дастаҳо ин аст, ки оё мунтақидону мӯътаризони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ин дастабандиҳо қарор намегиранд? Ва оё мо набояд интизори гунаҳои дигаре аз душманиҳо буда бошем? Мубориза душман меофаринад. Бидуни душман мубориза шакл намегирад ва муҳим ин аст, ки ҳамаро дар як саф қарор набояд дод ва бо ҳар кадом дархӯрашон вокуниш нишон бояд дод.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!