Хабари рӯз

Абдуллоҳ Абдуллоҳ хабари фирори Ашраф Ғаниро аз тамоси телефонии Ҳомид Карзай шунид, ки гуфт: "Нафар гурехт". Ӯ дар посух ба тамоси телефонии Залмай Халилзод гуфт: "Ватанро табоҳ кардед, Худо ҷазоятон диҳад"

Муаллиф: ФАЗЛАҲМАД МАЪНАВӢ,

вазири пешини адлияи Афғонистон

Ҳадафи ин ёддошт табйини вақоеъе аст, ки аз суқути Кобул ба дасти «Толибон»* то даргириҳои ин гурӯҳ бо Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ дар Панҷшер иттифоқ афтодааст.

Дар ин ёддошт ба гунаи иҷмолӣ ба гӯшае аз ҷараёни ҷанги Панҷшер пардохта шудааст, то сароғозе барои пардохтан ба гӯшаҳои торику мубҳами ҳаводис бошад ва хонандагон воқеиятҳоро дарк карда мунсифона қазоват кунанд.

Ин ёддошт устувор бар мустанадоте аст, ки ман аз суқути Кобул ило даргириҳои Панҷшер шахсан шоҳид будаам.

Фурӯпошии низом далоил ва авомили бешуморе дорад, ки дар робита ба он дар ёддошти дигаре ба тафсил хоҳам навишт. Он чӣ барои ҳама, ба шумули амрикоиён, ҳатто «Толибон» ва ҳомиёни ин гурӯҳ шигифтиовар ва ғайриқобили пешбинӣ буд, суръати суқут буд.

Ба бовари ман, яке аз далоили фурӯпошӣ дар канор авомил дигар, буҳрони машрӯъият ва танишҳои ношӣ аз он дар ду интихоботи ахир буд. Бебовариҳо дар ҳадде доман зада шуд, ки мардум нисбат ба куллияти низом бебовар шуданд ва худро маҷбур ба дифоъ аз ҳокимияти чанд фард намедонистанд.

Бехабар аз ин ки низом моли шахсии касе на, бал сармояи бистсолаи як миллат буд, ки бо ҳазинаи миллиардҳо доллар сохта шуда буд. Бо ин васф, пас аз ҷадвалбандии хурӯҷ низомиёни амрикоӣ, дуруст дар зарфи се моҳи ахир, артиши Афғонистон даст аз ҷанг кашид.

Ҷанги пароканда командуҳоро, ки танҳо дар майдони набард буданд, замингир кард ва вилоёти ҳамҷавори пойтахт ба шиддат ноамн шуд. Нуфузи душман ҳалқаи Кобулро таҳдид мекард ва шаҳри Кобул хутут ё ҳалқаҳои дифоъӣ надошт.

«Толибон» аз ҳамон солҳои оғозини шӯриши дубораашон хоби пирӯзӣ медиданд ва боварманд ба соқит кардани низоми ҷумҳурии исломии Афғонистон ва шикаст НАТО/Амрико буданд. Ин эътимод ба нафс аз куҷо сарчашма мегирифт, баҳси дигарест, аммо аз ҳамон оғоз танҳо нигаронии ин гурӯҳ рӯёрӯии дубораашон бо соири ақвом, бахусус, дар шимоли кишвар буд.

Дар соли 2007 мелодӣ яке аз намояндаҳои «Толибон» бо ман дидоре дошт. Дар он дидор бо ишора ба қатъияти пирӯзиашон гуфт: мехоҳем ин бор дар пирӯзии мо шимол, ҷануб ва ҳама шарик бошанд, мехоҳем уламои дини шимолро қонеъ созем, то муштарак мубориза кунем ва ин пирӯзии ҳама бошад, на аз як самту як қавм.

Ӯ аз ман хоҳони ҳамкорӣ шуд. Гуфтам, агар ба се пурсиши отӣ посухи қаноатбахш ироа кунед, ҳамкорӣ хоҳам кард: аввал - машрӯъияти ҷангро шаръан чӣ гуна таъриф мекунед? Дувум - имконот - силоҳ, муҳиммот ва дигар ниёзҳои ҷабҳаатон аз куҷо таъмин мешавад? Ва севум ин ки пас аз пирӯзӣ сохтори низоми шумо чӣ гуна хоҳад буд? Оё ҳамонанди ҳукумати гузаштаатон мебошад ё мудели дигаре дар назар доред? Гуфт: "Ба ҳар се пурсиш посух надорам, ман паёмро расондам, ҳоло тасмим аз он шумост".

Ба ҳар ҳол, бо гузашти замон «Толибон» муваффақ ба нуфуз дар шимоли кишвар шуданд ва бо хурӯҷи низомёни хориҷӣ худро омодаи гирифтани умур медиданд. Он чӣ толиб надошт ва надорад, барномаи мудавван барои ҳукумат кардан аст.

  

АЗ РӮЗ СУҚУТИ КОБУЛ ТО РАСИДАН БА ПАНҶШЕР

Дар рӯзҳои поёнӣ, ки занги фурӯпошии комил навохта шуда буд ва теъдоди зиёде аз мақомоти ҳукуматӣ хонаводаҳояшонро ба берун аз кишвар интиқол дода буданд, ман бо хонаводаам тасмим гирифтем то мардумро танҳо нагузошта ва дар ҳар шароите кишварро тарк накунем.

Рӯзи якшанбе, понздаҳум август, бо либоси расмӣ ҳасби одат баъд аз адои намози субҳ ба дафтар рафтам. Ҳузури маъмурин нисбат ба рӯзҳои пеш бисёр камранг буд. Ошуфтагӣ ва ҳайратзадагӣ дар симои кормандон, мардум ва шаҳр ҳувайдо буд. Корҳои рӯзмарраи идориро анҷом додам, аммо ҳаволии соати даҳ мутаваҷҷеҳ шудам, ки вазъият ба суръат дар ҳоли тағйир аст. Ором аз дафтар берун шудам ва дастёрамро ҳидоят додам, то васоили шахсиамро аз дафтар ба хона интиқол диҳад.

Субҳи ҳамин рӯз, хонаи кироиям дар Кобулро тарк карда, тасмим гирифтам хонавода ва амволи манзилро ба Панҷшер бифиристам, аммо ба далели издиҳом қабл аз ин ки онҳо шаҳрро тарк кунанд, хабари суқути вилоёти Парвон ва Кописо расид. Аз он ҷо, ки роҳҳо қатъ гардида буд, ногузир хонавода ба манзили дӯстон ҷойгузин шуданд.

Пеш аз ёздаҳи қабл аз зӯҳр ба қасри Сапедор ба дидани доктар Абдуллоҳ рафтам, то ҷуёи аҳвол шавам. Гуфтанд, ба хона ташриф бурдаанд. То соати 12 дар саҳни Сапедор қадам задам, сипас бо Ҳоҷӣ Абдулқаҳҳор, раиси дафтари Шӯрои олии мусолиҳа ба хонаи доктар Абдуллоҳ рафтем.

Пас аз аҳволпурсӣ доктар Абдуллоҳ гуфт: «Амрикоиҳо итминон додаанд, ки «Толибон» то ду ҳафтаи дигар вориди шаҳр намешаванд, аммо хостаанд то назми шаҳрро ҳукумат бигирад». Ӯ афзуд, ки шоми ҳамон рӯз онҳо ба Доҳа сафар доранд, то дар мавриди сулҳ ба натиҷа бирасанд, аммо амрикоиҳо хостаанд то ин бор бо аҷандои мутафовит ва мунъатифтар бираванд.

Доктар Абдуллоҳ омодагии рафтан ба Қатарро мегирифт, ки ҳаволии якуними баъд аз зуҳр телефони ҷаноби Карзай омад. Оқои Карзай гуфт:"Нафар ху гурехт". Доктор Абдуллоҳ бо тааҷҷуб пурсид: «Кӣ гуфт?». Посух дод: «Фарди аз пипиэс (PPS)». Хабаре, ки лаҳазоте баъд тавассути манбаъи дигаре низ таъйид шуд.

Аз доктар соҳиб пурсидам, ки ҳоло чӣ кунем? Гуфт: "Ман аз хонаи худ берун намешавам, ҳар иттифоқе, ки пеш меояд, дар хонаам биёяд, намехоҳам беиззат шавам". Ба ӯ гуфтам Панҷшер биравем. Пурсид, ки чӣ гуна? Гуфтам, ибтидо кӯшиш мекунам то ҳеликуптаре танзим кунам, агар муваффақ нашудам, бо як корвони зиреҳӣ ҳаракат мекунем ва ҳар ҷо бо монеае рӯ ба рӯ шудем, меҷангем ва мегузарем.

Мувофиқат накард ва гуфт: «Муқовимат намешавад, Тӯси қара (♠️)-ро ҳам истифода кардем, натиҷа надод». Ишораи ӯ ба гузиниши Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ ба симати вазорати дифоъ буд. Ба муҳофизони худ ҳидоят дод, то дар ҳоли омодабош қарор гиранд.

Ман либоси расмии худро бо пӯшидани либосҳои ватанӣ, ки аз доктар соҳиб ба орият гирифтам, таъвиз кардам ва ҳини баромадан муҷаддадан ба ӯ гуфтам, ки шумо раҳбар будед ва ҳоло вақти мудирияти буҳрон аст, тасмим бигиред ва бояд аз инҷо берун шавед. Ин бор низ рад кард.

Дар ҳамин лаҳза телефони оқои Халилзод омад ва ӯ низ аз фирори раисҷумҳур (Ғанӣ) хабар дод. Доктар Абдуллоҳ дар посух ба Халилзод гуфт: «Ватанро табоҳ кардед, Худо ҷазоятонро бидиҳад».

Бо ин посух телефонро қатъ кард. Ман ногузир гордҳо ва васоитамро он ҷо гузоштам ва бо як нафар муҳофизи ғайрмусаллаҳ дар як такси ба манзили яке аз дӯстонам рафтам. Фардои он рӯз бо як мутар (мошин)-и такси ба Панҷшер расидам.

 

ОМОДАГӢ БАРОИ ДИФОЪ ВА МУЗОКИРОТ БО ҶОНИБИ «ТОЛИБОН»

Бо расиднам ба Панҷшер шурӯъ кардем ба омодагиҳои дифоъӣ. Тамоми аслиҳа ва таҷҳизоти низомии шахсиам дар Кобул монда буд, ки пас аз чанд рӯз бо пардохт ҳазина ба Панҷшер интиқол ёфт. Изофа бар ин, ду рӯз қабл аз суқут, дӯсте чанд мил силоҳи мшонздаҳ (m16)-и амрикоӣ бароям фиристода буд, ки ҳамаро ба Панҷшер мунтақил карда будам.

Мутаассифона,, ба далели набуди мармии он силоҳ дар Панҷшер, то охирин дам натавонистем аз онҳо истифода кунем. Бояд ёдовар шуд, ки ҳамаи имконоти мавҷуд назди ман аз ҳазинаи шахсиам буд ва аз касе имконоти пулӣ ва таслиҳотӣ дар Панҷшер дарёфт накарда будам.

Ҷаласотро бо Амири ҷавон, Аҳмади Масъуд ва муовин соҳиб Амруллоҳ Солеҳ ва соири бародарон оғоз кардем. Мутаассифона, теъдоди андаке аз шахсиятҳои матраҳи Панҷшер тавониста буданд худро ба он ҷо бирасонанд. Иддае ҳам нахоста буданд ба муқовимат бипардозанд. Рафтуомади ҳайатҳо ҷиҳати музокира бо «Толибон» оғоз шуд, аммо хости «Толибон» камтар аз таслимии Панҷшер набуд.

Бо он ки Амири ҷавон рӯҳияи инъитофпазирона аз худ нишон дод, аммо «Толибон» таҳдид ба ҷанг карданд. Иддае аз ватандорон - уламои динӣ ва муҷоҳидони собиқадори Панҷшер, Парвон ва Кописо дар нақши миёнҷӣ мушаввиқи канор омадан бо «Толибон» буданд.

Як идда, ки нигарони сарвату ҷойдодҳои хеш буданд, ин нақшро сипаре дар баробари ҳифзи ҷон, мол ва гузаштаи сиёҳи худ мепиндоштанд ва дар садади дастоварде ба нафъи «Толибон» буданд. «Толибон» низ то андозае аз онҳо истиқбол карданд. Мо ба замон ниёз доштем ва аз ин рӯ, музокира бо ҳеҷ гурӯҳ ва ҷиноҳеро рад накардем. Ҳама медонистем дар Панҷшер омодагии лозим ба ҷанг вуҷуд надошт ва дар фурсате, ки мо дар ихтиёр доштем, имкони омода шудан ба ҷанги тамомаёр набуд.

Вилояти Панҷшер бо оромиши бистсола ба як минтақаи туристӣ мубаддал шуда буд. Дар фурсати андак наметавонист дар баробари ҳаюлои толиб, ки ҳамаи Афғонистонро тасхир карда буд, дар авҷи ғурур қарор дошт ва ба қавли худашон, НАТО ва Амрикоро шикаст дода ва низоми бистсоларо бо ҳама созубарги низомии он сарнагун карда буд, боистад. Аммо ногузир ба интихоби яке аз ду роҳ будем, роҳи севумӣ вуҷуд надошт. Роҳи ҷанг, ки суқути он ҳатмӣ буд, аммо ба давоми муқовимат меанҷомид, ё таслимӣ, ки шармсории таърихиро ба армуғон меовард ва ҳеҷ гоҳ мардум моро намебахшид. Ҳама бо як садо тааҳҳуд кардем, ки агар ҷанг таҳмил шуд, дифоъ мекунем ва ин ҳаққи машрӯъи мост. Дар ин роҳ шаҳодат ифтихори мост ва агар зинда мондем дар канори мардуми хеш боқӣ мемонем.

Ногуфта набояд гузошт, силоҳ ва муҳиммоте, ки аз муқовимати аввал боқӣ монда буд, аксаран қобили истифода набуд, зеро дар шароити муносиб нигаҳдорӣ нашуда буд ва замони корбурди он поёнёфта маҳсуб мешуд (низомиёни маслакӣ ин мавзӯъро хуб медонанд).

Нигаронии шадиди мо аз ноҳияи муҳосираи иқтисодӣ буд. Бад-ин манзур тасмим бар он шуд, ки то масдуд шудани роҳҳои икмолотӣ барои захираи маводи ғизоӣ ва сӯхтӣ талош сурат гирад. Ба рағми ин талошҳо фурсат аз даст рафта буд ва замони андак дар ихтиёр доштем.

 Дар муқовимати аввал як масири вурудӣ ба Панҷшер вуҷуд дошт, ки дифоъро саҳлтар сохта буд. Аммо ин бор бояд шаш роҳи вурудии васоит ва чандин маъбари пиёдаро дифоъ мекардем. Роҳҳои васоит - аз ҷодаи умумӣ, Дарбанд, вулусволи Шутул, машҳур ба Роҳи Чилонак, кӯтали Ховок, кӯтал Анҷуман ва қисман кӯтали Ориб бояд сангарбандӣ мешуд.

Ҳамчунин, панҷ маъбари пиёдарав шомили кӯтали Абдуллохел, кӯтали Аллоҳу Акбар, кӯтали дараи Обшор, кӯтал Зард аз тарафи Тахор ва кӯтал Поранда бояд зери пӯшиш қарор мегирифт, ки дар он фурсати андак пӯшиши комили он бас душвор буд.

Бар хилофи муқовимати аввал, ки Бадахшон ва Тахор ақабаи мутмаини ҷабҳа буданд, ин бор таҳдиди аслӣ ба шумор меомаданд. Ба далели ҷараёни ҷанг дар Андароб, роҳи кӯтали Ховокро масдуд накардем, ки баъдҳо мушкилсоз шуд ва аввалин хатти дифоъӣ аз он масир шикаст.

Ҳайатҳое ба сарони «Толибон»-и Бадахшон фиристодем, то аз ҷониби кӯтали Анҷуман ҳамла накунанд, аммо онҳо напазируфтанд. Гуфтанд: мо чорае ҷуз итоат аз иморат надорем ва ҳар гоҳ наҷангем салби эътимод мешавем.

Изофа бар он чӣ гуфта шуд, иддае аз қитаоти артиш низ, ки дохили дараи Панҷшер шуда буданд, тасаввури мутафовите аз ин дара доштанд. Онҳо Панҷшерро ба масобаи Мадинаи фозила медиданд, ки ҳама чиз дар он мусоид аст. Тасаввуршон ин буд, ки меҳмонхонаҳо ба рӯйшон боз ва беҳтар аз системи низоми ҳукуматӣ пазироӣ хоҳанд шуд. Аммо, мутаассифона, хилофи тасаввури онҳо ба далели шароити душвори ҷангӣ бо мушкилоте рӯ ба рӯ шуданд, ки интизор надоштанд.

Ҳарчанд оқои Солеҳ имконоти хуби пулӣ дар ихтиёри онҳо қарор дод, аммо натавонистанд бо вазъияти ҷадид созгор шаванд ва аксаран вазифаро тарк гуфта, ба хонаҳои хеш баргаштанд. Онҳое, ки боқӣ монданд, бештар сокинин Панҷшер буданд, ки нақши зиёде ифо натавонистанд, албатта, ба истиснои иддае, ки то ҳол дар сангари иззат меразманд.

(Идома дорад)

 


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!