Хабари рӯз

 

  1. Роналд Рейган, раисҷумҳури пешини Амрико:

Ӯ (Масъуд) камари Шӯравиро шикастонд ва ҷаҳонро аз шарри тоуни коммунизм наҷот дод.

 

  1. Марк Каплан, яке аз нависандагони машҳури амрикоӣ:

Аҳмадшоҳ Масъудро бояд дар қатори бузургтарин раҳбарони наҳзатҳои қарни бист ҳисоб кард. Масъуд монанди Маршал Тито, Ҳо Ши Мин ва Че Гевара душмани худро шикаст дод. Соҳае, ки дар тасарруфи ӯ буд, бо муқоиса бар соҳоте, ки дар даврони раҳбарии наҳзати муқовамати Маршал Тито, Мао Се Дун, Ҳо Ши Мин ва Че Гевара қарор дошт, бештар зери фишори ҳамалоти душман буд. Масъуд тамоми пирӯзиҳои худро бидуни тахаллуф аз ҳуқуқи инсонӣ анҷом додааст, бидуни он ки зери таъсири сиёсати кишвари кӯмакдиҳанда рафта бошад, аз онон кӯмак гирифт.

 

  1. Куфӣ Анон, дабири кулли пешини Созмони Милали Муттаҳид:

Фармондеҳ Масъуд барои худ як стратегияи низомӣ дошт ва барои ҳифзи ҳаққи ҳокимияти Афғонистон кӯмаки қотеъ ва ҳаётӣ намуда буд. Қатли ӯ заминаро барои хотима додан ба ҷанги дохилии Афғонистон ба мушкил мувоҷеҳ месозад. Вай раҳбаре буд, ки дар музокирот барои ёфтани як роҳи ҳалли сиёсии ин мунозиъа ибрози омодагӣ карда буд.

 

  1. Берт Ҳансен, муовини пешини сафири Амрико дар Кобул:

Дар авохири даҳаи ҳафтод ва дар ҷараёни даҳаи ҳаштод, Аҳмадшоҳ Масъуд бо анҷоми амалиётҳои низомии худ табдил ба як устура гардида буд. Шахсият, дироят, ҳадафмандӣ ва раҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд дар он замон, барои дигар фармондеҳони Афғонистон илҳомбахш ва сармашқ шуда буд.

 

  1. Хонум Никол Фонтен, раиси пешини парлумони Аврупо:

Марги Масъуд мӯҷиби нигаронии амиқи ман дар бораи ояндаи Афғонистон мешавад, Масъуд умеди озодии мардуми Афғонистон дар баробари ҷунуни вайронкунандаи қудрат дар Кобул буд.

 

  1. Парвиз Мушарраф, раисҷумҳури пешини Покистон:

Ҳеҷ қудрате дар Афғонистон монеъи татбиқи барномаҳои мо шуда натавонист магар ҳамин Масъуд ва мардумаш. Агар Масъуд намебуд, мо тавассути Толибон, Афғонистонро субаи панҷуми Покистон месохтем.

 

  1. Оливиа Руа дар китоби “Афғонистон, ислом ва навгароии сиёсӣ”:

Шикасти ҳафтгонаи режим дар Панҷшер٬ аз 1980 то 1984٬ чӣ асар бар афкори мардум гузошта ва чӣ гуна аз Масъуд раҳбари афсонаӣ сохтааст. Эътибори шахсии ӯ ҳамроҳ бо короӣ ва созмондеҳии низомиаш٬ бисёре аз фармондеҳони маҳаллиро мутақоид сохта, ки барои дарки омӯзиши воқеӣ ба сӯи Масъуд бишитобанд.

 

  1. Абдуллоҳ Азом, марди машҳур ва пурнуфузи араб:

Масъуд падидае такрорнопазир аст. Ӯ беҳтар аз Наполеон Бонапарт дар муқобили русҳо истодагӣ кардааст.

 

  1. Бернард Ҳенри Луи٬ файласуф ва андешаманди бузурги фаронсавӣ:

Мардуми Афғонистон миллате ҳастанд, ки таърих ҳаргиз фаромӯшашон нахоҳад кард. Аҳмадшоҳ Масъуд намунае аз ҳамин миллат аст٬ миллате, ки дарсҳои фаромӯшношуданиро дар таърихи ин қарн ба ёдгор гузоштааст. Ман дидам, ки Масъуд он чӣ роҷеъ ба иттиҳод ва иттифоқи муборизонаш мегуфт٬ ҷиддан ба он мӯътақид буда, ки ба назари ман٬ имрӯз ӯ ягона шахсият дар Афғонистон дар ин ростост.

 

  1. Генерал Борис Громов, фармондеҳи Артиши 40 – и Шӯравӣ:

Аҳмадшоҳ Масъуд бетардид хеле ҳушёр буд ва аз дигар раҳбарони муҷоҳидин, назар ба истеъдоде, ки дар созмондеҳии умури низомӣ дошт, барҷастатар мебошад. Инсони ниҳоят боирода ва пуршӯре аст. Дар ҳалли масоиле, ки рӯёрӯи ӯ қарор дорад, аз ҳадафмандӣ ва пайгирии хориқулодае кор мегирифт.

 

  1. Вазири пешини хориҷаи Белгия:

Аҳмадшоҳ Масъуд як марди шуҷоъ буд. Ҳамеша ба унвони як муборизи бузурги озодӣ дар хотираҳо зинда хоҳад монд.

 

  1. Профессор Ҳувайдӣ, донишманди мисрӣ:

Муборизаи Масъуд мубориза барои исломи ҳақиқӣ буд, ки озодӣ, мардумсолорӣ ва ҳуқуқи башарро низ тазмин мекард. Масъуд намояндаи исломи мӯътадил буд. Намояндаи як исломи мӯътадиле, ки мегӯяд: ваҳй барои пахши адолат дар миён инсонҳо ва низ барои рифоҳи мардум, нозил шудааст. Эътидоле, ки Масъуд ба он даъват мекард, роҳест миёна дар байни ифрот.

 

  1. Камол Ҳалбор, яке аз нависандагони арабитабор:

Фатҳи Кобул ба дасти Масъуд дар замони мо ва асри мо мусовӣ ба фатҳи Қустантания ба дасти фармондеҳи бузург Муҳаммад Фотиҳ мебошад.

 

  1. Оқои Алӣ Шайх, аз кишвари Судон:

Ҳамоно шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд Холид ибн Валиди ин замон аст ва шамшерҳои Худованд, ки бар душманони Худованд мусаллат шуда буд. Аҳмадшоҳ Масъуд бо шоистагии беназире, ки дошт, мусулмонҳои мурдаи ин асрро дубора зинда сохт, дунё наметавонад дар Афғонистон ҳеҷ фарқе байни Аҳмадшоҳ Масъуд ва ҷиҳод қоил шавад. Ҷиҳод дар Афғонистон ва Масъуд ҳарду яке ҳастанд.

 

  1. Вилям Мали, аз кишвари Австралия:

Дар забони англисӣ калимоти муносибе вуҷуд надорад, ки битавонад мизони дарду андуҳи миллати Афғонистонро ба хотири зойиаи азими шаҳид Масъуд тавсиф намояд.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!