Хабари рӯз

Ман рӯи саҳна боло шудам ва гуфтам, ки мухолифат бо Аҳмадшоҳ Масъуд мухолифат ба иттиҳоди милли Афғонистон аст ва аз саҳна поён шудам!

Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии исломӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, Иёлоти Муттаҳида Амрико, узви Шӯрои мушовараи "Сангар" 

Нуҳуми моҳи сентябр дар таърихи Афғонистону ҷаҳон як рӯзи фаромӯшношуданӣ аст, зеро як марди воқеан муҷоҳиду дилсӯзи ватану озодӣ дар асари ҳамдастӣ ва ҳамкории тундгароёни исломиву қавмӣ ва шояд дасисаи байналмилалӣ ба шаҳодат расид. Аз он ҷое ки мақоми шаҳодат бисёр баланд аст ва ба ҳар кас насиб намешавад, тасалият гуфтан дуруст нест ва ман ин шаҳодати бузургро, ки дар таърихи Афғонистон бесобиқа буд, ба миллати озодаву шарифи Афғонистон табрик мегӯям.

 Аҳмадшоҳ Масъуд муҷоҳиди оҳанин, стратегисти низомии беҳамто ва як марди афсонавӣ буд, ки дар таърихи кишварҳо камтар дида мешавад.

Гарчи ман дар ҷиҳод набудам ва аммо шароити ҷиҳоди Афғонистонро байна ба байна таъқиб мекардаму меомӯхтам. Ҳар рӯз, ки мегузашт, ба вуҷуди ин родмарди таърих ифтихор мекардаму мекунам. Бисёр кӯшиш шуд то мавсуф бадном шавад, зеро дар дигар ақвом ҳамчу шахсияти миллӣ таборз накарда буд. Масъуди шаҳид ба тамоми маънӣ миллӣ буд ва масъалаи қавму мазҳабу нажод, ҳатто марду зан барояш матраҳ набуд ва ҳамаро ба як чашм медиду мо ҳама аз ин рӯҳия бисёр омӯхтем.

Дар даврони ҷиҳоди Афғонистон ман дар ақиби мутар худ як часп доштам, ки як муҷоҳид дар ҳолати намоз буд ва дар зери он навишта шуда буд: озодӣ. Дар як тонки тел (нуқтаи сӯзишворӣ) дар иёлати Вирҷиния (Амрико) тел (бензин) мегирифтам. Як марди амрикоӣ, ки аз сару каллааш маълум мешуд як марди одӣ аст ва на тиҷоратпеша асту на академик, ба ман наздик шуд ва савол кард, ки аз Афғонистон ҳастӣ? Гуфтам: бале! Гуфт ба вуҷудатон ва раҳбари ҷиҳод шумо Масъуд ифтихор мекунам. Ман дар он замон фаҳмидам, ки Аҳмадшоҳ Масъуд шахсияти миллии Афғонистон не, балки овозаи байналмилалӣ дорад.

Дар шаҳри Париж, кишвари Фаронса дар дохили як парк як раҳрави паркро ба номи Масъуди шаҳид мусаммо карданд. Ҳендерсен Александр (Henderson) Alexander) нависанда ва журналисти машҳури искотландие, ки дар Малайзия таваллуд шудааст ва ба номи Sandy Gall машҳур аст, дар мавриди Масъуди шаҳид як китоб навишт ва ӯро унвони Наполеон дод.

Китоби “Дараи Панҷшер 1980-1986: вақте шер хирсро дар Афғонистон ром мекунад” (The Panjshir Valley 1980-1986: The lion tames the bear in Afghanistan) асари хондании Марк Галеоти (Mark Galeotti), нависанда ва муаррихи номдори инглис Масъуди шаҳидро марди афсонавӣ хонд. Нависандаҳои шарқиву ғарбӣ дар мавриди ин шахсияти бебадил зиёд навиштаанд. Ман мушт намунаи хирвор ба шумо феҳрист кардам.

Асли далели шаҳодати Масъуд, монанди қатли Ҷон Ф. Кеннеди номаълум аст, ки киҳо дар ин дасиса нақш бозӣ карданд. Ҳар кӣ дар аз байн бурдани Масъуди шаҳид даст дошта ба яқин ба ҷазои дасисае, ки кардааст, ҷавобгӯ хоҳад буд.

Масъуди шаҳид мусулмон буд ва як низоми исломии мӯътадилро барои Афғонистон орзу дошт ва аммо имрӯз як идда масъудпарастоне, ки ман мешиносам ва дар маҳофили ёдбуд гулӯ пора мекунанд, мухолифи ислом ва низоми исломии мӯътадил ҳастанд ва ҳатто як ракъат намоз ҳам намехонанд.

Дар яке аз маҳофил чанд сол қабл, ки ман назар ба далоиле, ки назди худашон аст, барои суханронӣ даъват нашуда будам, зеро ҳастанд масъудпарастоне, ки аз ман хор мехӯранд, иҷоза хостм, ки як калима гап дорам. Бо каме мушкил ба ман иҷоза доданд, ки сухани якдақиқаии худро бигӯям ва ман рӯи саҳна боло шудам ва гуфтам, ки мухолифат бо Аҳмадшоҳ Масъуд мухолифат ба иттиҳоди милли Афғонистон аст ва аз саҳна поён шудам!

Ба асоси Қуръони маҷид шаҳид зинда аст. Мухолифини Қуръон тасаввур карданд, ки бо истидлолҳои аҳмақона мардум Масъуди шаҳидро фаромӯш мекунанд. На танҳо фаромӯш накарданд, балки шӯҳрати ӯ ҷаҳонӣ шуд.

Нуҳуми сентябр рӯзи фаромӯшношуданӣ аст, зеро бо тафовути сол дар ҳамин рӯз хоҳарамро аз даст додам. Модару падари ман як духтар ё мо бародарон фақат як хоҳар доштем, ки дар ҳамин рӯз, яъне нуҳуми сентябр дар асари бемории саратон ҷаҳони фониро видоъ гуфт. Панҷ сол баъд аз вафоти хоҳарам ман як ҳамсинфи худро аз даст додам яъне Аҳмадшоҳҷони Масъудро. Бале, Масъуди шаҳид дар лисаи “Истиқлол” ҳамсинфи ман буд. Рӯҳаш шоду биҳишти барин ҷояш бод.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!