Пойгоҳи Хелоб - Хустҳо (воқеъ дар вилояти Бағлон) на фақат дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ, балки дар давраи муқовимати аввал низ хизмат кард ва ҳоло – давраи муқовимати дуввум – сангари устувори мубориза барои як Афғонистони озод аз таассубу ифротият ва терроризм шудааст.
Болотар аз ин Андаробҳо ва Хустҳо дар давраи муқовимати дуввум, ки имрӯзҳо ҷараён дорад, як сафҳаи заррини дигар дар таърихи ин муборизаро боз кардаанд. Агарчӣ асосгузори ин пойгоҳ ҷисман ҳузур надорад, рӯҳи нооромаш дар ин кӯҳпораҳо меразмад – “Сангар”.
Муаллиф: СОЛЕҲ МУҲАММАДИ РЕГИСТОНӢ,
аз китоби “Масъуд ва Озодӣ”
Хелоб гӯӣ аз азал барои табдил шудан ба як пойгоҳи чирикӣ сохта шуда буд. Дарае бо иртифоъоти баланд ва пӯшида аз дарахти арчаву шулаш, ки бино ба табиати дараҳо, аз ҳар яке ҷуйборе ҷорист ва маҷмӯъи онон рӯди Хелобро месозад. Бо замини зироатии бисёр кам ва ҷамъияти андак, ки мардуми он дар қарияҳои дур аз ҳам дар дараҳои кӯчак, пинҳонанд. Дараҳои Шира, Мондара, Ишул, Анҷиристон, Ғору (Гузаргоҳи Нур) ҷузъи он ҳастанд.
Зимистони бисёр сард дошт, ки пайдо шудани абр кӯчаке кофӣ буд, то сардбоде бархезад ва тобистони гарм, ки ҳама ҷоро ҷавлонгоҳи дарандагону хазандагон месохт, чӣ касе нахустин бор ба фикри интихоби ин дараи дурафтода ва ғариб ба ҳайси як пойгоҳи марказӣ барои густариши ҷанги озодибахш дар сафаҳот шимол шавад?
Бидуни тардид, ин шахс Аҳмадшоҳ Масъуд буд. Ӯ бо пешбинӣ ва муҳосибаи дақиқ қаблан дастур дода буд дар ҷоҳои муайян дар даруни кӯҳҳо суф бизананд ва қароргоҳ обод кунанд, дар ҳоле, ки фармондеҳони муҷоҳидон бар сари манотиқи ҳосилхез ва наздик ба шаҳр бо ҳам рақобат мекарданд.
Омир Соҳиб дар фурсате, ки замони оташбас бо русҳо ба даст оварда буд, дар шимол кор карда буд. Иҷлоси Шар-шар дар Ишкамиши вилояти Тахор соли 1362 (1983) аввалин ҷаласаи машваратӣ буд, ки заминаро барои таъсиси Шӯрои Наззор мусоид сохт ва дар он фармондеҳи муҳиме, монанди Ориёпур ва Наҷмуддин Восиқ аз Бадахшон, Қозӣ Исломуддин, Сайид Икромуддин Оғо, Сайидаҳмад Рӯин (омир Муҷоҳид), Абдулвадуд, доктар Сайидҳусайн, Сармуаллим Ториқ аз Тахор, Орифхон Зохил аз Қундуз, Абдулҳайхон ва доктар Маҳдӣ аз Бағлон иштирок доштанд, аммо номи Шӯрои Наззор дар ҷаласае, ки дар сол 1363 дар Ховок баргузор шуда буд, ба қавли доктар Маҳдӣ, ки аз иштироккунандагони он ҷаласа буд, аз тарафи марҳум Маршал Фаҳим пешниҳод шуда ва ба тасвиб расида буд, аммо кори асосӣ акнун дар дасти анҷом буд.
Сайид Икромуддин Оғо бо азхудгузари беназире минтақаи Хелобро тамому камол дар хидмати пешбурди аҳдофи Шӯрои Наззор вогузошт, ки худаш аз бунёнгузорони он буд. Манотиқи таҳти кори Шӯрои Наззор бо пойгоҳи Хелоб муттасил буданд ва илова бар нуфуси кофӣ барои сарбозгирӣ ва вусъати кофӣ ба анҷоми манёври низомӣ, ангезаи кофӣ барои пазириши назмро низ доштанд.
Пойгоҳ Хелоб барои Омир Соҳиб монанди дижи таърихии аламутӣ барои Ҳасани Саббоҳ амал мекард, зеро на танҳо дарае танг бо кӯҳҳои баланд буд, балки шаҳру марокизи низомии Шӯравӣ ва давлатӣ аз ҳеҷ роҳи мутаррав ба он ҷо васл набуд.
Барои марҳалаи дифои фаъол, мавқеияти дифоии хуб ва барои марҳалаи тааррузи истротежик роҳро ба вилоёти муҳими Бадахшон, Тахор, Қундуз ва Бағлон ҳамвор мекарданд. Шиори аслии Омир Соҳиб барои мардуми соҳоти кориаш овардани назм буд ва кори аслии ӯ созмондеҳии умури мардумӣ буд, ки аз беназмӣ шокӣ буданд. Тақсими қарияҳо ба асоси аҳамияти ҷангии арозии он ба қароргоҳҳои низомӣ ва тартиби назми низомӣ, назми иҷтимоӣ ва назми ҳуқуқӣ мутаносиб бо шароит ва ниёзҳои он ҷо.
Дар раъси ҳар вулусволӣ як омири ҷиҳод буд. Ӯ дар раъси умури мулкӣ ва низомӣ қарор дошт. Эҷоди қитаоти мутаҳаррик ва зарбатӣ, таъмини адолат бо ташкили шӯрои уламо, кумитаи таҳқиқ, кумитаи қазо, таъмини хадамоти иҷтимоӣ, монанди эъмори сарак, ҷӯй, пул ва пулчак ба василаи кумитаи бозсозӣ, таъсис ё тақвияти мактабҳо ва мадорис, аз ҷумлаи вазоифи онон буд, аммо барҷастатарин ва қобили рӯияттарин назм назм дар либос буд, либосе, ки худаш модели он буд. Патлун ва ҷампар бо пакул ва дастмол. Аз он рӯ, моро “назмиҳо” мегуфтанд. То ҳанӯз ҳам дар бисёре аз рустоҳои шимол ва шимолу шарқ, дастмоли гардан ва пакулро дастмоли низомӣ ва кулоҳи назмӣ мегӯянд.
Омир Соҳиб дар назари мо на танҳо дорои тавоноӣ ва истеъдоди фавқулодаи башарӣ буд, балки навъе дасти осмониро низ ҳомии ӯ мепиндоштем, бинобар ин, ба мушкилоти ӯ фикр намекардем, аммо ӯ худ гоҳ-гоҳ аз дағдағаҳо ва нигарониҳои башариаш ҳикоят мекард. Ӯ коре, ки монанди рафтан бар Пули Сирот борику торик ва ҳамроҳ бо хатари шикаст буд, анҷом медод. Гоҳ-гоҳ хобҳояшро, ки инъикоси замири нохудогоҳаш буданд, бозгӯ мекард.
“Хоб дидам, ки дар як партгоҳ гир монда ва худро ба сахтӣ нигаҳ доштаам, то науфтам”.
Ва ё: “як шаб устод Ҳабибурраҳмон (инҷинер Ҳабибурраҳмони шаҳид)-ро хоб дидам, ки ба мо пайвастааст. Ба ӯ гузориши кори худро додам ва гуфтам, то ин ҷо расидаем, баъд аз ин ту медонӣ ва корҳо”.
Гоҳе фикр мекунам, ки ин Ҳабибурраҳмон кӣ буда, ки марде чун Масъуд ӯро бузург медонист, касе, ки гоҳе бузургтарин сиёсатмдорон ва раҳбарони минтақа дар даврони худашро бо як ҷумлаи хушк ва устодмаъобона тавсиф мекард: ӯ ба гап (сиёсат) мефаҳмад!
Дар бораи Сайид Қутб (раҳбари ихвониҳо) мегуфт: “Ӯ ҳадафро нишон дода, аммо роҳи расидан ба ҳадафро нишон надода, аз ин сабаб, пайравони ӯ дар интихоби роҳ (истротежӣ ва токтик) дучор сардаргумианд”.
Бо ин вуҷуд, дар ин ҷавон ниҷробие, ки дар синфи севуми пулитехник (донишгоҳи политехникии Кобул) сар ба нест шуд, чӣ истеъдоде дида буд, ки дар авҷи пирӯзиҳо ва шӯҳрати байналмилалиаш ҳанӯз тасвири ӯ ба ҳайси раҳбар ва раҳнамо дар зеҳнаш ҳак шуда буд. Феҳристи баъзе аз мушкилот барҷастаи ӯ аз ин қарор буд:
- Давлати тарафдори Шӯравӣ ин нақли маконро фирор медонист ва камедиан (ҳазлгӯ)-и машҳури радио ва телевизиони давлат Мирзо Қалам аз он сюжетҳое сохта буд, ки Ҳошими Тахорӣ барои тафреҳи хотир онро ҳамеша такрор мекард. Як бор назди худи Омир Соҳиб ҳам ёдоварӣ карда буд. Хитоб ба Омир Соҳиб буд: “Бачаи Дӯстак бар вазни пӯстак! Аз и кӯҳ ба у кӯҳ! Малахак як бор ҷастӣ, ду бор ҷастӣ, охир ба дастӣ!”
- Ҳизби исломӣ ҷанги Панҷшерро баъд аз оташбас бо русҳо сохтагӣ ва таъсиси Шӯрои Наззорро тавтиаи муштараки Масъуд ва Шӯравӣ бар зидди муҷоҳидон ва махсусан зидди Ҳизби исломӣ медонист ва Мавлави Аҷабгул, омири Ишкамиши Ҳизби исломӣ дар хутбаи намози ҷумъа дар ишора ба суфканиҳо дар Ағнаво ба таъриз гуфта буд, Масъуд омада ба ивазе, ки ҷанг кунад, ба мо ғор меканад.
- Баъзе аз шахсиятҳо дар сатҳи раҳбарии Ҷамъият дар Пешовар алорағми таъйиди бузургворонаи устод Раббонии шаҳид, эҷоди Шӯрои Наззорро иншиоб дар Ҷамъият ва таъсиси ҳизби ҷадид мепиндоштанд ва ҳузури баъзе аз аъзои собиқаи созмони ал-Ҳадид ва равшанфикрони ғайриихвониро дар бахшҳои идорӣ ва сиёсии он далели кофӣ ба инҳирофи ин ташкилот аз усул ва аҳдофи Ҷамъияти исломӣ медиданд. Ин ихтилофҳо бетаъсир набуд ва мушкилоту мавонее ба вуҷуд меовард.
- Баъзе аз фармондеҳони Ҷамъият, ки худ ба истилоҳ, подшоҳи манотиқи худ буданд ва мустақиман аз Пешовар имконоти молӣ ва низомӣ дарёфт мекарданд, ба як фармондеҳи мофавқи дигар, ки салоҳияти ононро маҳдуд мекард ва ба навъе мухолифи истифодаҷӯӣ ва роҳатталабии онон буд, зарурат эҳсос намекарданд.
- Русҳо дар камини назмоварон буданд то монанди соли 1363 ҳар ҷо коре оғоз кунанд, бо ҳамалот ҳавоӣ ва заминӣ, мардуми он ҷоро ба сутӯҳ оварда ва алайҳи онон бишӯронанд. Барои ин ки русҳо натавонанд як минтақаро фишор диҳанд, назмоварӣ дар пойгоҳҳои Фархор ва Варсаҷ, Хӯсту Фиринг, Ишкамиш ва Кишм ҳамзамон оғоз гардид.
Доктар Абдураҳмон дар маркази шӯро, доктар Маҳдӣ омири Андароб, Ҳошими Тахорӣ омири Фархор Варсаҷ, Сайидяҳё Оғо омири Хусту Фиринг, аз ҷумлаи тақарруриҳои ҷадид ва Сайид Икромуддин Оғо омири Хелобу Ишкамиш ва Ориёнпур омири Кишм ва аз қабл соҳибихтиёри манотиқи худ буданд. Ин шахсиятҳо аз ҷиддитарин ва наздиктарин ҳамкорони Омир Соҳиб ба шумор мерафтанд.
Хелоб марокизи таълимоти низомӣ дошт, ки гуруҳҳои мухталиф дар он ҷо машқу тамрин мекарданд. Марокизи сиҳии мулкӣ ва низомӣ низ эҷод шуд ва дар он ҷо буд, ки тарҳи амалиётҳои бузург рехта шуд ва бузургтарин амалиёти кумондуии русҳо ба шикаст анҷомид. Фикр мекунам, баъд аз шикасти русҳо дар Хелоб буд, ки Омир Соҳиб ба шеваи зоҳидонаи худаш ба он ифтихор кард.
Аксҳо: пойгоҳи Хелоби Хӯстҳо, солҳои 1980