“Толиб чист, ки дар баробари он мавзеъ бикунем ва аз дохили он биҷангем?”
Нависанда: Фазл Аҳмад Маънавӣ, собиқ вазири адлияи Афғонистон, махсус барои “Сангар”
Шикасти Панҷшер пас аз як ҷанги нафасгири якмоҳа дар баробари ҳудуди 30 ҳазор нерӯи душмане, ки то ба дандон мусаллаҳу муҷаҳҳаз бо тамоми имконоти низомӣ ва лужистикӣ ҳамроҳ бо террористони хориҷӣ барои саркӯби як муқовимати навпо аз чандин истиқомат ҳуҷум оварда буданд, достонҳо ва ривоятҳои зиёди ногуфта аз шуҷоату эсоргарии муқовиматгарони озодаву мардуми таслимнопазири он хитта дорад. Дар остонаи дусолагии он ҷанг, ин ёддошт барои тавзеҳи бештари чигунагии он ва қадрдонӣ аз ҷонбозоне, ки барои озодӣ, адолат ва дифоъ аз мол, ҷон ва иззати мардуми худ ба по истоданд, ба риштаи таҳрир даромадааст. Ёддошти мазкур дар се бахш яке пайи дигар аз ҳамин дарича ба нашр супурда мешавад. Дар ин ёддошт номҳои як идда аз муқовиматгарону фармондеҳон зикр гардида, ки ҳаргиз ба маънии фаромӯш кардани садҳо қаҳрамони шуҷои номдору гумноми мову чашмпӯшӣ аз фидокориҳои онҳо нест.
БАХШИ АВВАЛ
Қабл аз суқути Кобул бовар бар он буд, ки ҳама маснаднишинони панҷшерӣ дар Кобул, ки аксар пурмуддаъо низ буданд, ба водии Панҷшер мешитобанд ва ба муқовимат мепардозанд. Бо ҳамин бардошт, чанд ҳафта қабл аз суқути Кобул, Амрулло Солеҳ, муовини раёсатҷумҳурӣ дар суханронияш дар маросими ифтитоҳи масҷиде дар қарияи муҷовиршон – Хониз - гуфт, агар рӯзе Толибон хоста бошанд, акси ёдгорӣ дар болои мақбараи Омир соҳиб бигиранд, он гоҳ бояд ҳадди ақал сад ҳазор панҷшерӣ ба шаҳодат расида бошад. Ҳар кадоми мо ба навбати худ ба гунае муҳосиботи наздик ба ин муболиға бар сар доштем.
Бо суқути Кобул дар 24 асад (15 август), ки ҳама ғофилгир шуда будем ва роҳҳои расидан ба Панҷшер қатъ гардида буд, теъдоди маҳдуде бо тарфандҳои гуногун яке пайи дигар вориди Панҷшер шудем, аммо теъдоди ашхоси шинохташуда, ки ба нияти муқовимат вориди водӣ шуда буданд, умдатан мавриди қазоват қарор мегиранд, бисёр маҳдуду ангуштшумор буд. Аз он ҷумла, дар канори Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, метавон аз Амрулло Солеҳ, муовини раёсатҷумҳурӣ, Абдулҳафиз Мансур, узви ҳайати мусолиҳа, Муҳаммадалам Эзадёр, муовини Сано, Солеҳмуҳаммади Регистонӣ, узви пешини парлумон ва ман Фазлаҳмад Маънавӣ, вазири адлия ном бурд. Шуморе аз қумандонони номдор низ, ки сокини Кобул буданд, ба нияти муқовимат вориди Панҷшер шуда буданд, ки дар робита ба нақшу фидокориҳояшон пардохта хоҳад шуд. Албатта, теъдоде аз мутанафиззин ва мансабдорони артишу пулис низ аз вилоёти мухталиф худро ба Панҷшер расонда буданд, ки аз он ҷумла метавон, аз Наҷиб Гулбаҳорӣ, раиси амнияти Кописо бо теъдоди зиёде аз кормандонаш, Фазлуддинхон Айёр, волии Парвон бо як ҷамъе аз афроду саргурӯҳҳояш, оқои Аминулло Шакурӣ, раиси Шӯрои вилоятии Парвон, Хоҷа Халил, қумандон Ҷонаҳмадхон Ҳақҷӯ бо теъдоде аз афродаш, қумандон Пирмуҳаммад Хоксор аз Тахор бо як ҷамъи бузурге аз афродаш, қумандон Камин ва қумандон Амиргул аз Бағлон бо ҷамъе аз афродашон, Акрамхонбек ва Иброҳимбек аз Тахор, ва генерал Латифхон, қумандони ливои Тахор, ки баъд аз ақибнишинӣ аз он вилоят бо теъдоде аз афрод васоити худро ба Панҷшер расонда буд, ном бурд.
Дар айни ҳол, нақши ғайримуҳориби мавлависоҳибон Фазлулкарим Сироҷиву Абдулвориси Самдонӣ, сенатор Файзӣ, қозӣ Абдулвароъи Дара, қозӣ Ҳусайн Саид, раиси ҳуқуқи вазорати дифоъи миллӣ, шаҳид Фаҳим Даштӣ, доктар Солим Аҳмадӣ, Азмуддин Мирзоӣ, раиси Шӯрои вилояти Панҷшер, марҳум Мавлоно Қурбон Фарид ва Абдусамад Ховокиро дар амри басиҷи мардум ва созмондиҳии муқовимат наметавон фаромӯш кард.
Қобили зикр медонам, ки қитъаоти парогандаи органҳои амниятии Афғонистон, ки умдатан аз Парвон, Кописо, Кундуз, Тахор, Бадахшон ва Бағлон вориди Панҷшер шуда буданд, якҷо бо иддае аз қумандонони ҷиҳодии Парвону Кописо иҷозаи зиддиҳамла барои бозпасгирии Парвону Кописоро аз чанги толиб, ки то он замон истиқрори комил наёфта буданд, хостанд, аммо раҳбари Ҷабҳаи муқовимат иҷозаи чунин кореро надод. Истидлол ин буд, ки мо дар ин марҳала оғозгари ҷанг набошем ва бигузорем дар сурати вуруди толиб ба ҷангу оғози он мутаҷовиз маҳсуб шавад ва машрӯъияти диниву ахлоқӣ аз они мо бошад, ки баъд чунин ҳам шуд.
Баъд аз шикасти музокирот, ки мӯҳтавои он таслимӣ беш набуд ва ҷараёни онро дар ёддошти дигаре ба тафсил хоҳам навишт, ҷанг болои Панҷшер аз шаш истиқомат оғоз гардид. Албатта, аз баъзе масирҳои саъбулубури дигар ҳаммонанди кӯтали Аллоҳу Акбар, кӯтали Поранда, кӯтале, ки вулусволии Обшорро ба Ниҷроби Кописо васл мекунад ва чанд масири дигар ҳам таҳаррукот вуҷуд дошт, аммо амалан тааррузе аз он масирҳо сурат нагирифт. Лекин тадобири эҳтиётӣ дар он масирҳо иттихоз шуда буд, ки муқовиматгарони моро аз лиҳози рӯҳиву физикӣ ба наҳве масруф сохта буд.
Пас аз чанд шабонарӯзи ҷангҳои пайиҳаму шадид, ҳарду тараф талафотеро мутақаббил шуданд. Талафоти мутаҷовизин даҳҳо мартаба бештар аз муқовиматгарон буд, аммо бо он ҳам натавонистанд хутути дифоии моро аз масири аслии даҳанаи Панҷшер бишикананд ва ба дохили дара нуфуз кунанд. Хатти дифоии мо дар кӯтали Ховок (масире, ки Панҷшерро ба Андароб васл мекунад) шикаст.
Генерал Довуди Сафедчеҳр, ки масъулияти хатти Ховокро ба ӯҳда дошт, чанд шаб пайиҳам барои дифоъ аз он хат нахобид ва то пойи ҷон бо ҷамъе аз ҳамроҳонаш истоданд. Ҳамчунон муқовиматгарони қароргоҳи Хинҷ ба саркардагии қумандон Гулмуҳаммад, шуҷоъона размиданд. Қумандон Турёлай, машҳур ба қумандон Тур, қаҳрамонона муқовимат кард ва то охирин дам аз худ поймардӣ нишон дод, то ин ки бо ҳашт тан аз ёронаш дар он ҷо шаҳид шуданд. Қумандон Маҳмудбекхони Париёнӣ, қумандон Абулҳабиби Сафедчеҳр, қумандон Ҳошими Дара, қумандон Ҳоҷигул Мирзои дараи Абдуллоҳхел, қумандон Забеҳурраҳмон, ки монанди Холид ибни Валид дар қалби душман нуфуз мекард, қумандон Тӯра Бозхон, муборизи настуҳу ҳамосаофарин, Коко Фақир Зикуякчӣ, ки душманро саросема сохта буд, аз дигар номоварону ҳамосаофринони он ҷанги тоқатфарсоанд.
Қумандонон ва муҷоҳидини Андаробҳо низ бо ақибнишинӣ аз Андароб дар хатти дифоии Ховок мустақар гардиданд. Размандагони Андароб ҷанговарони натарсу бебоканд, ки маргу шаҳодатро монанди ҳаёту зиндагӣ истиқбол мекунанд. Ба ҳамин далел, душман аз рӯёрӯӣ бо онҳо сахт меҳаросид. Аммо қувваҳои душман бо таҷҳизоти сақилаву тонкҳо, бамаротиб бештар аз он буд, ки мешуд хатти дифоъиро ҳифз кард.
Фармондеҳ Холид Амирӣ, Муниб Амирӣ, шаҳид Акмал Амир (марди мутааҳҳиду фидокор), Абдулмубин Хайрхоҳ ва Ҳомид Сайфӣ, қаҳрамоне, ки бо ҷисми маҷрӯҳ, аммо рӯҳи мамлуъ аз ишқу фидокории саршор аз адаб, ахлоқу фурӯтанӣ аст, якҷо бо Солеҳмуҳаммад Регистонӣ, қумандони умумии ҷанг ва ҷавонони дигаре аз командуҳо ба ҷанги Ховок шитофтанд. Онҳо талош карданд, то дар Оби Ховок хатти дифоии дигаре афроз кунанд ва баъзе аз манотиқи тангиҳои Ховокро низ тахриб карданд, аммо дар баробари суръати душман ва имконоти сараксозие, ки бо худ доштанд, хатти дифоии дувум низ шикаст, ки он ҷо фармондеҳ Муниб бо чанд тан аз ҳамкоронаш дар муҳосираи душман афтиданд ва наздик буд ӯ ба дасти душман асир шавад.
Фармондеҳ Муниб дар ҷанги Мазори Шариф ҷароҳати нисбатан шадид бардошта буд ва як чашмаш осеби ҷиддӣ дида буд, аммо лаҳзаеро дар дифоъ аз ватан фурӯгузошт накард ва ҷонона размид. Ба ҳиммати ин ду бародар бояд ғибта хӯрд, таърих онҳоро ба ёд хоҳад дошт ва аз онҳо ситоиш хоҳад кард. Онҳо шаҳид қумандон Мирзоҷиро, ки аз бастагонашон буд ва ҳамон шабу рӯз дар як ҷанги рӯёрӯӣ дар кӯҳи мушриф ба Дарбанд шаҳид шуд, ба хок сипурданд ва ба хутути ҷанг баргаштанд. Марзоҷии шаҳид аз муҷоҳидини номдори даврони ҷиҳоду муқовимати Панҷшер ва қумандони қароргоҳи Товох буд. Ӯ ба ҳадде натарсу боғайрат буд, ки сангарсозиро айб медонист ва бо шуҷоати мунҳасир ба фарди худаш мегуфт: “Толиб чист, ки дар баробари он мавзеъ бикунем ва аз дохили он биҷангем?”. Ҳаққо агар он тактирандози шаббиндори “бзбзак” дар торикии шаб ӯро нишона намегирифт, душман ба ӯ ҳаргиз ғалаба наметавонист.
Дар наҷоти фармондеҳ Мунибу ҳамроҳонаш нақши Ҳомид Сайфӣ ва шаҳид Акмал Амир ҷиддан барҷаста буд. Он ду бо чанд тани дигар аз муқовиматгарон аз тариқи кутали “Тӯл” зиддиҳамлаеро барои шикастани муҳосира созмон доданд ва фармондеҳ Мунибу ҳамроҳонаш аз муҳосираи печидаву хатарноки душман наҷот ёфтанд.
(Идома дорад)