Нависанда: Фахриддин Холбек, узви Шӯрои машваратии Сангар
ЁДДОШТ: Ин достон баргирифта аз шаҳодат ва эътирофоти афродест, ки мустақиман шоҳиди моҷаро будаанд. То кунун тасмим гирифта шуда, ки номе аз онҳо бурда нашавад. Дар ибтидо илали суқути Панҷшер ба манзури равшан шудани азҳони хонандагон, ба вежа дар хориҷ аз Афғонистон, матраҳ хоҳад шуд. Дар идома дар мавриди ҳаводиси майдони ҳавоии мулкӣ ва низомии Кобул ва дидорҳои низомиён бо Аҳмад Масъуд дар 15 август сӯҳбат хоҳем кард. Дар охир аз нишастҳои Покистон бо ҳузури раҳбарони тоҷику ҳазораи зиддитолиб хоҳем гуфт.
ПЕШГУФТОР
Бо суқути Мазори Шариф ба дасти Толибон дар 14 августи 2021, амалан мехи охирин ба тобути ҷумҳурии Ғанӣ кӯбида шуд. Интизор мерафт, ки ҳадди ақал бо истодагии шаҳри калидии Шимол, ки пойгоҳи се нерӯи қудратманди низомӣ-сиёсӣ - Ҷамъияти исломии Устод Атомуҳаммади Нур, Ҷунбиши миллии маршал Абдурашид Дӯстум ва Ҳизби ваҳдати Муҳаммад Муҳаққиқ ба ҳисоб меомад, тилисми “футӯҳот”-и Толибон шикаста шавад. Ин интизор фақат дар дохили Афғонистон набуд. Кишварҳое, ки ба таври суннатӣ аз муқовимати зиддитолибон ҳимоят мекарданд ва то он лаҳза гомҳое дар ин росто бардошта буданд ва намехостанд Шимол ба дасти Толибон, артиши ниёбатии хадамоти вежаи Ғарбу Покистон биафтад, низ чунин интизореро доштанд. Шимол бояд муқовимат мекард. Аммо воқеият ин буд, ки Мазори Шариф хеле роҳату сареъ таслим шуд ва Шимол, ки муҳиммтарин пойгоҳи зиддитолибон буд, ба дасти Толибон афтод.
Суқути Мазори Шариф нуқтаи атфе дар таҳаввулоти саросарие шуд, ки дар як моҳи гузашта саросари Афғонистонро фаро гирифта буд. Ин фарзия, ки Амрико ва Ғанӣ қудратро ба Толибон вогузар хоҳанд кард, таъйид шуд. Тарҳи таслими Афғонистон, ки тайи 20 соли гузашта пайгирона иҷро шуда буд, ба марҳалаи ниҳоии худ наздик мешуд. Таърихи ҷангҳои Афғонистон дар даҳаҳои ахир собит мекунад, ки суқути Мазори Шариф ҳамвора заминаро барои суқути Кобул фароҳам кардааст. Аммо ин бор Кобул хеле зуд суқут кард, як рӯз баъд ва ин як воқеияти бисёр ҷолиб дар таърихи Афғонистон аст.
Истихбороти минтақа ва ҷаҳон барои такмили кулли нақша бо як зарбаи маргбори ниҳоӣ, тарҳеро таҳия карданд, ки иҷрои он охирин умед ба муқовиматро аз байн мебурд ва Толибонро дар назари ҷаҳон ба танҳо ва берақиб барандаи тақрибан ним қарн ҷанги Афғонистон табдил мекард.
Ин тарҳе буд барои ҳазфи ҳама раҳбарони ҷабҳаи зиддитолиб, аввал аз ҳама Аҳмад Масъуд - умеди тоза барои Афғонистон ва минтақа барои муқобила бо ишғолгариву терроризм ва ҳамчунин монеъи ҷадиде барои хадамоти вежаи ҷаҳон дар иҷрои тарҳи "ҷаҳиши бузург" ба самти Осиёи Марказӣ. Иҷрои он натанҳо Афғонистон, балки афкори умумии ҷаҳонро шокӣ мекард.
Қисмати аввал: ЧАРО ПАНҶШЕР СУҚУТ КАРД?
Ҷаласа дар Вазир Акбархон
Мӯъҷизаи дигаре, ки ҷаҳон мунтазири он буд, истодагии Панҷшер, қалъаи муқовимат дар баробари Толибон буд. Ин дараи таърихӣ худ ба худ дар уфуқи торике, ки саросари Афғонистонро фаро гирифта буд, ба унвони охирин бориқаи умед барои муқовимат барҷаста шуд. Дунё мефаҳмид, ки Толибон Афғонистонро ишғол кардааст, аммо суботу пойдории қудрати онҳо бастагӣ ба тасмими Панҷшер дар раъси писари Аҳмадшоҳ Масъуд дошт.
Шаби 14 ба 15 августи 2021 ҳудуди 70 тан аз раҳбарони сиёсӣ, фармондеҳони низомӣ ва бузургони Панҷшер дар хонаи Аҳмадвалӣ Масъуд, бародари Аҳмадшоҳ Масъуд дар гузари сездаҳуми кучаи севуми минтақаи Вазир Акбархони Кобул гирд омаданд. Мавзуъ аз ин қарор буд: суқути Кобул иҷтинобнопазир аст, аммо Панҷшер, пойгоҳи аслии муқовимати зиддитолибон, барои аз даст надодани Афғонистон чӣ бояд бикунад?
Ду гузина пешниҳод шуд: 1) таслим ё 2) муқовимат. Аксаран, ба истиснои ду олими дин, роҳи дувумро интихоб карданд. Он ду ҳам рӯи гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон тамаркуз карданд. Онҳо инро бо ин воқеият тавҷеҳ доданд, ки Панҷшер омодагӣ ва фурсати ҷанг бо Толибонро надорад, табъан муқовимат ба маънои худкушӣ аст. Аммо ин ду намефаҳмиданд, ки оё Толибон Панҷшерро ба унвони тарафи музокирот эътироф мекунанд ва оё онҳо бар сари мизи музокира хоҳанд нишаст ё хайр.
Ба ҳар ҳол, ҳеҷ кас суханони рӯҳониёнро ҷиддӣ нагирифт, зеро онҳо комилан холӣ аз мантиқ буданд. Вақоеъи баъдӣ ва ҳамлаи Толибон ба Панҷшер низ собит кард, ки ин гурӯҳ дар айни ҷунун ва худмеҳварӣ, маст аз пирӯзиҳо, ҳеҷ ҷиноҳеро дар муқобили худ намешиносанд ва намебинанд. Дар воқеъ касоне, ки аз ҳамон ибтидо мегуфтанд, ки фақат Иёлоти Муттаҳидаро ба унвони як тараф мешиносем ва фақат бо онҳо музокира мекунем, ки ба он даст ёфтанд ва ба тавофуқ расиданд, ҳаргиз "раҳбарони фосид"-и Панҷшерро тараф ҳисоб намекунанд. Танҳо фарде, ки ба ӯ беэътиноӣ карданд Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, душмани қасамхӯрдаи онҳо буд. Муллоҳои партобшуда аз қуруни вусто ӯро "ҷавони бетаҷриба" медонистанд, ҳарчанд сервисҳои истихборотии хориҷие, ки аз онҳо ҳимоят мекарданд, чунин фикр намекарданд.
Толибон ва Покистон кинаи худро аз Панҷшер доштанд. Онҳо мехостанд интиқоми шикасти шармовари худ дар Муқовимати Аввал (1996-2001)-ро бигиранд, қабри Аҳмадшоҳ Масъудро фатҳ кунанд ва натанҳо ӯро аз дилу дидаи мардум ҳазф намоянд, балки устураи шикастнопазирии дижи муқовиматро низ аз байн бибаранд.
Аз сӯи дигар, Покистон ва Амрико ҳаргиз иҷоза намедоданд, ки Толибон аз ҳамла ба Панҷшер ақибнишинӣ кунанд, зеро созмонҳои истихборотии онҳо ҳамроҳ бо ҳукуматҳои Карзай ва Ғанӣ, ҳама корро анҷом дода буданд, то ин дара натавонад муқовимат кунад ва дар аввалин ҳамла ишғол шавад.
Аз қалъаи муқовимат то минтақаи туристӣ
Созмонҳои истихборотии Иёлоти Муттаҳида (CIA) ва Покистон (ISI) бо ҳамкории раёсати амнияти ҳукуматҳои Карзай-Ғанӣ ва Шабакаи Ҳаққонӣ, Панҷшерро дар тӯли 20 соли ҷумҳурият ба тарзи моҳиронае дасткорӣ карда буданд. Дар ин давра ба истиснои ҳимояти толибони панҷшерӣ, монанди Қорӣ Қудратуллоҳ, созмонҳои ифротӣ ва террористие, назири Ҳизби таҳрир, ДОИШ, Алқоида ва гурӯҳҳои машкуке монанди Ҳамид Хуросонӣ дар ин дара эҷод ва тақвият шуданд. Ҷомеаи Панҷшер аз дарун тикка- тикка шуда буд.
Дар Панҷшер аслиҳа ва маводи ғизоии кофӣ барои муқовимати тӯлонӣ вуҷуд надошт, зеро амрикоиҳо тамоми анборҳои боқимонда аз давраи аввали муқовимат ба раҳбарии Аҳмадшоҳ Масъудро аз байн бурда буданд. Бар асоси барномаи DDR (Disarmament, demobilization, and reintegration - халъи силоҳ, ғайринизомикунӣ ва идғоми муҷаддад), ки пас аз вуруди Амрико ва НАТО аз соли 2003 дар саросари Афғонистон татбиқ шуд, тамоми зарродхонаҳои Панҷшер берун оварда шуд ва ҷолиб ин ки ба дасти ду панҷшерӣ - Муҳаммад Қасим Фаҳим, вазири дифоъ, ва Бисмиллоҳон Муҳаммадӣ, раиси вақти ситоди артиш. Дара холӣ аз силоҳ ва амалан халъи силоҳ шуд.
Нависандаи ин сатрҳо дар соли 2006 рӯзноманигори маъруф Раззоқи Маъмунро дар дидор бо маршал Фаҳим ҳамроҳӣ мекард. Вақте Маъмун аз ӯ пурсид: “Чаро Панҷшерро халъи силоҳ кардӣ? Оё намефҳмӣ, ки паштунҳо рӯзе бо ҳамон ҷозибаи абдураҳмонӣ ба сарзаминҳои тоҷикон боз мегарданд?”, Фаҳим Қасим бисёр асабонӣ ва нороҳат шуд. Ёдам ҳаст, ки вай посух дод: “Ту ба ин гапҳо чӣ кор дорӣ? Бас аст тафриқаандозӣ! Мо бояд як миллат бисозем!”
DDR - барномаи халъи силоҳи Афғонистон маҳсули маркази Rand, як созмони амрикоие буд, ки барномаҳоеро ба унвони як маркази таҳқиқоти стратегӣ барои давлат, артиш ва созмонҳои истихборотии Иёлоти Муттаҳида тавсеа медиҳад. Кадри аслии он барои Афғонистон Залмай Халилзод буд. Кулли сиёсати афғонистонии Кохи Сафед аз оғози даҳаи 90 бар асоси дидгоҳ ӯ бунёд ёфтааст. Ин сиёсат то имрӯз идома дорад ва нақши мустақими Халилзод дар иҷрои он бар ҳама ҷаҳон ошкор аст. Намунаи боризи он тавофуқи Доҳа бо Толибон дар соли 2020 аст, ки дар натиҷаи он Толибон ба қудрат расиданд.
Бузургтарин дастоварди DDR халъи силоҳи фармондеҳони зиддитолибон буд, ки таҳти маъракаи сиёсии мавсум ба "ҳазфи ҷангсолорон" аз саҳнаи сиёсии Афғонистон тавассути созмонҳои ҳуқуқи башар - "грантхӯрон"-и Ғарб пас аз соли 2001 анҷом шуд. Аз сӯи дигар, ин барнома ҳатто бархе аз фармондеҳони зиддитолибонро ба оғӯши Толибон андохтааст, ки Қорӣ Фасеҳуддин ва Махдум Олим аз намунаҳои боризи он ҳастанд.
Намунаи панҷшерии он қумондон Маликхони Дара аст, ки ду шаҳристон - Дара ва Обшорро бидуни ҷанг дар сентябри гузашта ба Толибон таслим кард. Маликхон аз фармондеҳони Аҳмадшоҳ Масъуд дар даврони ҷиҳод ва Муқовимати Аввал буд. Ў дар моҳи май ба Ҷабҳаи муқовимат бозгашт, аммо дар он замон тавассути ҳамразмонаш ба раҳбарии маршал Фаҳим фаромӯш шуд ва ҳамин амр боис шуд то ба Толибон бипайвандад.
Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳур Ғанӣ ва Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, ки дар се моҳи ахири ҷумҳурият вазири дифоъ буд, низ дар суқути Панҷшер нақш доштаанд. Алорағми илтимосҳои мукаррари бузургон, онон надониста ё амдан аз додани аслиҳа ба хезишҳои мардумӣ дар Панҷшер худдорӣ карданд, ҳарчанд, ки ҳама имконотро дар ихтиёр доштанд. Барои риояти наҷобат, вориди ҷузъиёт намешавем.
Дар давраи Муқовимати Аввал фақат як роҳи мошингард ба Панҷшер мерасид - ҷодаи аслӣ. Аммо тай 20 соли гузашта, бар асоси бархе тарҳҳо, аз ҷумла PRT НАТО, панҷ роҳи дигар аз тариқи Дарбанд (аз ҷониби вилояти Кописо), Челонак (Парвон), Ховок (Бағлон), Анҷуман (Бадахшон), қисман гузаргоҳи Ориб (аз ҷониби вилояти Нуристон) то ҳадде бозсозӣ шуд, ки васоили нақлия метавонистанд аз онҳо ҳаракат кунанд. Ба онҳо чанд роҳ обирии пиёда аз тариқи гарданаҳои Абдуллоҳхел, Аллоҳ Акбар, Обшор, Зард (аз вилояти Тахор) ва Поранда изофа мешавад. Тамоми ин масирҳо дар оғози ҷанг барои ишғоли Панҷшер таҳти контроли Толибон буд.
Дар як калом, Панҷшер дар муқоиса бо Муқовимати Аввал комилан муҳосира шуда буд. Дар он замон вилоёти Бадахшон ва Тахор ақабаи қобили эътимоди ҷабҳа буданд, аммо акнун бештар нерӯҳои Толибон ба фармондеҳии Қорӣ Фасеҳуддини Бадахшӣ дар ин вилоёт мунтазири ҳамла ба Панҷшер нишаста буданд.
Дар маҷмӯъ, Панҷшер амалан натавонист ҷилави Толибонро бигирад, гурӯҳеро, ки Иёлоти Муттаҳида тамоми имконоти як артиши 350-ҳазорнафарӣ (85 миллиард доллар бар асоси омори расмӣ)-ро дар ихтиёраш қарор дод. Ин гуфта, ки дижи муқовимат аз дарун шикаст хӯрд, комилан дуруст аст. Дар тӯли 20 соли умри ҷумҳурият, замоне, ки дар вилоёти атрофи Панҷшер, масалан, дар Бадахшон, Нуристон ва Парвон, аз сӯи истихбороти Амрико, Покистон ва ҳукуматҳои Карзай-Ғанӣ, барномаи толибу доишсозӣ татбиқ мешуд ва ҷудосозӣ сурат мегирифт, ин дара рӯз ба рӯз табдил ба як “минтақаи туристӣ” мешуд ва раҳбарони он бо хонаҳову мошинҳо ва ҳатто либосҳои муҷаллалу шик байни худ сабқат мекарданд, ҳатто дар ин ҳам ки чӣ касе метавонад бештар ба Карзай, Ғанӣ ва ба вежа Залмай Халилзод чоплусӣ кунад.
Толибон ва ҳомиёни он - Амрико ва Покистон ҳамаи инҳоро ба хубӣ медонистанд ва ба шикасти бешаки Панҷшер бовар доштанд. Табъан музокира бо муқовимате, ки дасти холӣ дошт, натанҳо мантиқӣ набуд, балки аз назари онҳо як иштибоҳи фоҳиши роҳбурдӣ талаққӣ мешуд. Вақти он расида буд, ки уқдаи таърихии худро ошкор кунанд, интиқоми шикасти худро аз Аҳмадшоҳ Масъуд дар аввалин ҳамла бигиранд ва афсонаи шикастнопазирии дижи муқовиматро, ки дар он рӯзҳо шабурӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути ҷавонони тоҷик - панҷшериву ғайрипанҷшерӣ ҳай ташвиқ мешуд, барбод диҳанд.
Аз сӯи дигар, дар тӯли солиёни гузашта, омӯзгорони покистонӣ бо ин афсона, ки Панҷшер “дараи куфр” ва панҷшерӣ “кофир” аст, зеҳн ва рӯҳи паштун-толибон дар ҷануби Афғонистон ва Хайбар Пухтунхворо тазриқ ва таҳрик медоданд. Ба ҳамин далел ҷанг бо ононро “ҷиҳод” медонистанд. Баъдан яке аз уламои толиб дар телевизиони “Тулӯъ” ба ин мавзӯъ эътироф кард. Филме низ аз шахсе мунташир шудааст, ки ба генерал Мубини толиб мегӯяд: “Панҷшериҳо ҳатто дар замони Паёмбар саҳобаҳоро мавриди озору азият қарор медоданд”. Албатта, таърихи “куфр”-и Панҷшер ва панҷшериён ба даврони ҷиҳод ва Аҳмадшоҳ Масъуд бармегардад ва собиқае ҷолибу тӯлонӣ дорад, ки дар мақолае дигар дар бораи он сӯҳбат хоҳем кард.
Нигорандаи ин сутур бо касоне, ки суқути Панҷшерро ба гардани фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат, аз ҷумла Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, Раис Довуд, Гулҳайдар ва дигарон меандозанд, ба шиддат мухолиф аст. Суқути Панҷшер ба далоили зикршуда иҷтинобнопазир буд.
Қисмати дуввум:
Тайёраи марг: нақшаи террори Аҳмад Масъуд чӣ гуна шикаст хӯрд? - 2