Хабари рӯз

Нависанда: Фахриддин Холбек, узви Шӯрои машваратии “Сангар”

 

Қисмати аввал: Тайёраи марг: нақшаи террори Аҳмад Масъуд чӣ гуна шикаст хӯрд?

 

Қисмати дувум: МАСЪУДИ ХУРДӢ

Нақшаи ҳилагарона

Бо ин ҳол, бузургтарин монеае, ки Иёлоти Муттаҳида ва Покистон қаблан шиносоӣ карда буданд ва тарҷеҳ медоданд дар бораи он сукут кунанд, аммо ҳамеша мехостанд онро бартараф созанд, Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд буд. Онҳо ҳар ҳаракати ӯро бо кӯмаки Раёсати амнияти миллии Ғанӣ думбол мекарданд, ки бар асоси бархе гузоришҳо, ҳатто дар сафараш ба Душанбе ва Теҳрон байни солҳои 2018 то 2019, интиҳориёнро ба думболи ӯ фиристоданд. Ҳузури ӯ дар саҳнаи сиёсии Афғонистон натанҳо тамоми таваққӯъот ва нақшаҳои истихбороти ҷаҳонӣ барои дарҳам шикастани доимии муқовимати зиддитолибон дар Афғонистонро аз байн мебурд, балки оташи умедро дар дилҳо барои як муқовимати таърихии ҷадид, ки бо марги Аҳмадшоҳ Масъуд фурӯ рехта буд, шуълавар мекард.

Пас аз имзои тавофуқнома байни Толибон ва Иёлоти Муттаҳида, шахсияти Аҳмад Масъуд дар партави раҳбароне чун Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Юнус Қонунӣ, Салоҳуддин Раббонӣ ва марде, ки дар он рӯзҳо муассиртар аз дигарон ба назар мерасид - Амруллоҳ Солеҳ, бисёр кам медурахшид. Хуршеди сиёсии Масъуди ҷавон тоза дар уфуқи сиёсати Афғонистон тулӯъ мекард. Бархе ӯро ҷавони камтаҷриба медонистанд ва соддадиливу сафои рӯҳии ӯро соддалавҳӣ медонистанд.

Бо ин ҳол, созмонҳои истихборотии хориҷӣ ба ин натиҷа расида буданд, ки тарҳи интиқоли қудрат ба Толибон ва дарҳам шикастани муқовимати эҷодшуда тавассути Аҳмадшоҳ Масъуд ва дар ниҳоят тасаллути комил бар Афғонистон ба як бор ва барои ҳамеша, ба ҳеҷ ваҷҳ бидуни бардоштани танҳо монеъ - Аҳмад Масъуд - имконпазир нест.

Аз он ҷо тарҳе таҳия карданд, ки тибқи он, замоне, ки Кобул ба Толибон таслим шавад, ҳеҷ як аз раҳбарони зиддитолиб набояд зинда мемонд. Ҳама бояд дар як лаҳза ҳазф мешуданд. Иҷрои тарҳ бояд ба гунае анҷом мешуд, ки танину шоки ҷаҳонӣ дошта бошад. Ҷаҳон бояд аз ваҳшат меларзид. Ин нақшаи ҳилагарона қарор буд дар чорчӯби нишасти раҳбарони ҳаракати зиддитолибон дар Исломобод, ки тавассути вазорати умури хориҷаи Покистон баргузор мешуд, иҷро шавад. Ҳама раҳбарони муқовимати зиддитолибон, аз ҷумла Аҳмад Масъуд ба он даъват шуда буданд.

 

“Рӯзи маҳшар” дар Кобул

Ҷаласаи бузургони Панҷшер соати 3-и субҳи рӯзи 15 август поён ёфт. Аҳмад Масъуд хаста ба хонааш дар Кортаи Се бозгашт. Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии дафтари сиёсиаш ва Ториқ Муҳаммадӣ, тағояш ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Амири Ҷавон (лақаби Аҳмад Масъуд) барои истироҳат ба утоқаш рафт.

Ҳудуди соати 4 – и субҳ аз сафорати Покистон дар Кобул ба Назарӣ занг зада, гуфтанд, ки визаи Аҳмад Масъуд омода аст, биёед ва бигиред. Назарӣ тааҷҷуб кард. Оё сафорати Покистон шабона кор мекунад? Амири ҷавон чун ин хабарро шунид, низ мутаҳайир шуд. Далели ин ҳама аҷала чист?

Дар дафтари сиёсии Аҳмад Масъуд, хонасомон, масъули назми дохилии дафтар ба номи Ҳофиз буд, ки ҳамеша лабханд бар лаб дошт. Ў ҳатто хабарҳои бадеро ҳам бо лабханд ироа мекард. Аммо ҳаволии соати 6 – и субҳи ҳамон рӯз дари утоқи Амирро зад ва бо изтиробе, ки барои ӯ комилан ғайриодӣ буд, гуфт, ки дар шаҳр маҳшарест ва мардум ба ҳам рехтаанд, ҳама ҷое аҷала доранд.

Амири ҷавон бо дӯстонаш тамос гирифт ва фаҳмид, ки Амруллоҳ Солеҳ Кобулро тарк кардааст. Баланд шуд ва ба Бисмиллоҳон Муҳаммадӣ, вазири дифоъи вақт занг зад. Вазир гуфт, ки ҳама (раҳбарони Панҷшер) дар хона ӯ ҷамъ шудаанд ва худаш дар вазорат аст. Амир дар муҳосираи ёрон ва нигаҳбонон ба хонаи Бисмиллоҳхон рафт.

Ин нишаст, ки дар манзили вазири дифоъ дар минтақаи Ширпури Кобул баргузор шуд, зоҳиран идомаи ҷаласа дар манзили Аҳмадвалӣ Масъуд буд, аммо дар шароите мутафовит. Шаб ҳеҷ кас бовар намекард, ки Кобул ба ин зудӣ суқут кунад. Толибон тамоми дарвозаҳои шаҳрро ба ҷуз Хайрхона, дарвозаи шимолии Кобул, таҳти контроли худ дароварда буданд. Ва дар ин ҷаласа низ ҳама қавл доданд, ки ба Панҷшер рафта ва муқовиматро оғоз кунанд.

Дар ҳоле, ки ширкаткунандагон аз дарби хонаи Бисмиллоҳхон хориҷ мешуданд, Аҳмадвалӣ Масъуд, ки амаки Аҳмад Масъуд низ ҳаст, бародарзодаашро каноре гирифт ва гуфт, ки дигар ба Панҷшер фикр накунад ва бо ӯ ва амаки дигараш Аҳмадвалӣ Масъуд ва соири раҳбарон ба Исломобод биравад. Амир қотеъона рад кард: “Ман дар Покистон коре надорам. Ҳузури шумо барои мо кофӣ аст. Беҳтар аст биравем ва бо мардум кор кунем ва барои муқовимат омода шавем”. Аммо амакаш бо шиддати бештаре тақозо кард: “Агар бо ман наравӣ, ҳаргиз туро намебахшам. Ҳама кор халос шудааст, бо дасти холӣ ва ба танҳоӣ наметавонем дар муқобили душман боистем. Мо ҳеҷ чиз надорем. Ибтидо бояд омода шавем. Ту бояд бо мо биёӣ!”. Амири ҷавон дубора имтиноъ кард ва ба муҳофизони худ дастур дод, то барои рафтан ба Панҷшер омода шаванд.

Ҳама омода буданд, ки хабари бади дигаре омад: Чорикор, маркази вилояти Парвон низ ба дасти Толибон афтода, ягона роҳи заминӣ ба Панҷшер баста шудааст.

Танҳо роҳи боқимонда аз роҳи ҳавоӣ буд. Амири ҷавон ба Бисмиллоҳхон рӯй овард, ки амалан танҳо мудири авзоъи Афғонистон буд ва нерӯи ҳавоӣ низ таҳти амри ӯ буд. Вазир ба ӯ гуфт, ки ба фурудгоҳ биравад ва худаш низ ба зудӣ ба онҷо хоҳад расид.

Аммо расидан ба майдони ҳавоии Кобул низ мушкили бузурге буд. Соат наздик ба 12 – и зӯҳр ва хиёбонҳои Кобул пур аз мошину одам буд. Замзамаҳое шунида мешуд, ки амрикоиҳо бидуни мадрак ва ройгон мардумро аз кишвар хориҷ мекунанд, ба ҳамин далел мардум роҳи фурудгоҳро дар пеш гирифта буданд. Чизе шабеҳи "рӯзи маҳшар" ва Кобул ғайриқобили ташхис буд. Сардаргумии умумӣ, тарс, ваҳшат, лаҷомгусехтагӣ... Мардум аз дасти Толибон фирор мекарданд. Шоҳидони айнии ин вақоеъ достонҳои ваҳшатноке аз он рӯз навиштаанд, ки дар ин мақола ниёзе ба зикри онҳо намебинем.

 

Парвози сангин

Субҳи ҳамон рӯз ду ҳавопаймои ширкати покистонии PIA (Pakistan International Airlines) дар майдони ҳавоии Кобул ба замин нишастанд. Яке бузург, барои 360 нафар ва дигаре кӯчак, барои 60-70 мусофир. Ҳарду мунтазири мусофиронашон буданд. Тайёраи бузург илова бар мусофирони одӣ, қарор буд раҳбарони ҷабҳаи зиддитолибонро дар қисмати VIP – и худ ба Исломобод таҳвил диҳад.

Тарҳи ин дидор дар шаҳри Тошканд мутаваллид шуд. Дар 15 то 16 июли 2021, дақиқан як моҳ қабл аз тасарруфи Кобул тавассути Толибон, ба ибтикори Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон, конфронси байналмилалии "Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ: ҳамбастагии минтақаӣ. Чолишҳо ва фурсатҳо” баргузор шуд, ки дар он раҳбарони Афғонистон ва Покистон - Ашраф Ғанӣ ва Имронхон низ ҳузур доштанд.

Раҳбари Покистон дар дидори инфиродӣ бо Ғанӣ пешниҳод кард, ки нишасте бо ҳузури раҳбарони ҳама ақвоми Афғонистон - тоҷик, паштун, ҳазора ва ӯзбек - аз ҳукуматиҳо ва ғайриҳукуматиҳо дар Исломобод баргузор шавад ва дар чанд рӯзи оянда як тарҳи сулҳ бо Толибон таҳия кунад. Ҳатто Имронхон гуфт, ки баъд аз ин конфронси Тошканд метавонанд мустақиман ба Исломобод бираванд. Аммо Ғанӣ мувофиқат накард ва хостори таъвиқи ин дидор шуд. Вай харобкорӣ мекард. Намехост чунин ҷаласоте баргузор шавад. Аммо то 15 август Покистон назари худро тағйир дод ва тасмим гирифт, ки фақат аз ғайрипаштунҳо - тоҷикҳо, ҳазораҳо ва ӯзбекҳо - даъват кунад. Ҳатто як паштун ҳам даъват нашуд.

Субҳи рӯзи 15 август, раҳбарони тоҷик - Юнус Қонунӣ, Салоҳуддин Раббонӣ, Мирраҳмон Раҳмонӣ, Аҳмадвалӣ Масъуд, Аҳмадзиё Масъуд, Латиф Пидром - ва ҳазора - Муҳаммади Муҳаққиқ дар ҳавопаймои PIA нишаста буданд. Карим Халилӣ, яке дигар аз раҳбарони ҳазораҳо, дар як издиҳоми бузурги майдони ҳавоии Кобул гир карда буд ва дер мекард.

Холид Нур, писари бузурги Атомуҳаммади Нур, ки қарор буд намояндаи падараш дар нишасти Покистон бошад, билети парвоз ба Исломободро аз Тошканд гирифта буд. Аммо 14 август Мазори Шариф суқут кард ва Холид худро ба Кобул расонд. Аммо барои ӯ ва ҳамроҳаш - Умар Юнус, писари Залмай Юнус, сафири собиқи Афғонистон дар Тоҷикистон ва мушовири раиси Ҷамъияти исломии Устод Атомуҳаммади Нур, ҷой дар ҳавопаймои бузург вуҷуд надошт. Онҳоро дар ҳавопаймои кӯчак ҷой карданд. Аммо дар охирин лаҳза онҳоро низ дар ҳавопаймои бузург ҷой доданд, зеро ду нафар аз ширкаткунандагон дар нишасти Покистон наомаданд.

Яке аз онҳо Ботур Дӯстум, писари маршал Абдурашид Дӯстум буд, ки бо вуҷуд ин ки дар Кобул ҳузур дошт, аз мулоқот дар Исломобод иҷтиноб кард. Маршал Дӯстум ҳаргиз равобити хубе бо Покистон надошт ва ҳеҷ суде дар ҳамкорӣ бо ин кишвар намедид. Пас аз фирори Ғанӣ ва вуруди Толибон ба Кобул Ботур Дӯстум ҳудуди соати дуи баъд аз зӯҳр худро ба майдони ҳавоӣ расонд. Ҳамон рӯз пас аз аср ба Истамбул парвоз кард.

Ҳавопаймои покистонӣ қарор буд соати 11 парвоз кунад, аммо парвоз накард. Карим Халилӣ соати 11.10 савори ҳавопаймо шуд. Берун гарм буд, аммо дохили тайёра ба далели ҳузури даҳҳо мусофир (касоне, ки ба Кобул рафтаанд, метавонанд тобистони гарми онро тасаввур кунанд) гармтар ва тоқатфарсотар буд.

Вақте ҳавопаймо бамавқеъ парвоз накард, мусофирон изҳори нороҳатӣ карданд. Ҳама мепурсиданд: чаро парвоз ба таъхир афтод? Яке аз мусофирони VIP назди халабонҳо рафт, то бипурсад қазия чист. Аммо халабонҳо фақат шона боло андохтанд.

Зоҳиран худи халабонони покистонӣ мутаваҷҷеҳ нашуда буданд, ки чӣ иттифоқе меафтад. Бастагон дар фурудгоҳи Исломобод саъй мекарданд бо мусофирон тамос бигиранд ва аз далоили таъхири парвоз мутталеъ шаванд, аммо телефони ҳама хомӯш буд. Дар фурудгоҳи Исломобод ба онҳо гуфта шуд, ки халабонон посух намедиҳанд ва ҳавопаймо ҳеҷ сигнале дар Кобул надорад. Иртиботи майдони ҳавоии Исломобод бо ҳавопаймо дар Кобул ба таври комил қатъ шуда буд.

Яке аз мусофирон, ки бародараш дар фурудгоҳ кор мекард, ба дафтари фурудгоҳ рафт то иллати таъхирро ҷуё шавад. Ба ӯ гуфтанд, ин ҷо ҳавопаймоҳои амрикоӣ ҳастанд, ки машғули тахлияи мардум ҳастанд ва то амрикоиҳо иҷоза надиҳанд, ҳавопаймои шумо наметавонад баланд шавад.

Як ҳавопаймои Qatar Airways дар канори ҳавопаймои PIA дар майдони ҳавоии мулкии Кобул парк шуда буд. Ин ҳамон тайёрае аст, ки қарор буд баъд аз зӯҳр Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳомид Карзайро барои гуфтугӯ бо Толибон ба Доха бибарад. Аммо замоне, ки Толибон вориди Кобул шуданд, ин ду мусофири VIP таҳти ҳасри хонагӣ қарор гирифтанд. Тарафи дигари музокирот Кобулро тасарруф кард. Вай, ки амалан бозиро бурда буд, ҳамон ҷо буд. Ниёзе ба рафтан ба Қатар набуд. Баъдҳо ҳавопаймои қатарӣ бидуни Абдуллоҳ ва Карзай парвоз кард. Аммо то он лаҳза ин ҳавопаймо низ иҷозаи парвоз надошт.

Далели қатъи иртиботи телефонӣ дар майдони ҳавоии Кобул баъдан мушаххас шуд. Ҳаволии соати 13.30, амрикоиҳо иртибототи фурудгоҳро қатъ карда буданд. Амалан онҳо умури фурудгоҳро ба ӯҳда гирифтанд ва ба кормандони афғон гуфтанд, ки ҳар кас омад, чӣ аз масъулин ва чӣ аз ҳар ҷои дигар, моро дар ҷараён бигузоред. Далели қатъи иртибот барои итминон аз эминии парвози ҳавопаймоҳояшон гуфта мешуд. Аммо баъд аз он рӯз онҳо дигар ҳеҷ гоҳ иртибототи фурудгоҳро қатъ накарданд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳанӯз Қонуни иртибототи соли 1934-ро дорад, ки истифода, сохт, фурӯш ва таблиғоти мухталкунандаҳои телефони ҳамроҳ (ҷаммер ё блокатор) - ро мамнӯъ мекунад. Тахаллуф аз ин мамнуъият ҷаримаи сангин (то 11 ҳазор доллар) ва ҳатто ҳабс (то як сол) дорад.

Дар он рӯз дар майдони ҳавоии Кобул, қатъ шудани телефон боиси шоки мусофирон шуда буд. Ҳама ногаҳон мутаваҷҷеҳ шуданд, ки гаравгони як вазъи ғайримунтазира шудаанд. Онҳое, ки то сооте пеш аз анвоъи имтиёзот, пул, қудрат ва ҳатто гурӯҳи мусаллаҳу муҳофиз бархӯрдор буданд, амалан бепаноҳ ва бечора шуда буданд. Онҳо наметавонистанд бо касе тамос бигиранд, намедонистанд мошинҳо ва муҳофизонишон куҷо ҳастанд ва намедонистанд агар ҳавопаймо парвоз накунад, куҷо бояд бираванд. Дар воқеъ онҳо танҳо як интихоб доштанд: парвоз ба Исломобод. Дар он лаҳазот, беҳтарин чизе, ки ҳар мусофире дар ин парвоз метавонист орзу кунад, парвоз ба Исломобод буд, зеро пиёда шудан аз ҳавопаймо, тамос бо дунёи берун ва ҳатто фикр кардан ба роҳи дигаре барои хурӯҷ аз вазъият ғайримумкин буд. Мушаххас нест, ки оё ин бахше аз нақша буд ё на, аммо ин воқеият буд.

Онҳо наметавонистанд фурудгоҳро тарк кунанд, зеро Толибон ворид Кобул шуда ва ба зудӣ худро ба дарвозаҳои фурудгоҳ расонида буданд. Аммо ҳама ба як чиз дили худро таскин медоданд ва он ин ки фурудгоҳ ҳамчунон дар контроли амрикоиҳост (як моҳ баъд тибқи тавофуқ Амрико фурудгоҳи Кобулро ба Толибон вогузар кард).

Ҳама дар зоҳир ором буданд, аммо дар ботин дар дунёи худ зиндагӣ мекарданд. Ҳавопаймо таъхир дошт, иртиботи телефонӣ қатъ шуд ва Толибон, душманони хунии онҳо, дар дарвозаи фурудгоҳ истода ва омода буданд, ки онҳоро тикка-тикка кунанд. Ҳазорон нафар пушти дарвозҳои фурудгоҳ ҷамъ шуда буданд, онҳое, ки ҳатто омода буданд то худро дар ҳавопаймо овезон кунанд то аз Афғонистон хориҷ шаванд. Як кобус, на мавқеияте, ки ҳатто худашон дар хоб ҳам намедиданд...

Яке аз мусофироне, ки бисёр ошуфтаву нигарон ба назар меомад, Аҳмадвалӣ Масъуд буд. Ӯ саъй дошт барои бародарзодааш паёме бифиристад, аммо паём ирсол намешуд.

Дарвоқеъ ҳавопаймои покистонӣ бо раҳбарони ҷабҳаи зиддитолибон метавонист парвоз кунад, аммо халабонон ҳеҷ талоше барои ин кор намекарданд. Ҳама мунтазири чизе буданд, аммо чӣ? Ҳеҷ кас воқеан чизе намефаҳмид. Касе ҳатто ҳадс намезад, ки нақшаи хосе дар ҳоли анҷом аст ва ин "тайёраи марг" фақат метавонад тибқи ин нақша парвоз кунад. Тайёра мунтазири муҳимтарин мусофираш - Аҳмад Масъуд буд.

 

Интихоби масир

Ҳаволии соати 13.30 дар мухобираҳои дохили фурудгоҳ эълон карданд, ки Аҳмад Масъуд омад. Ӯ бо иттифоқи ҳамроҳон ва муҳофизонаш бо ҳафт мутар вориди майдони ҳавоии мулкӣ шуд ва аз он ҷо ба майдони ҳавоии низомии Кобул расид.

Дар фурудгоҳи низомӣ, баракс, ҳеҷ беназмӣ вуҷуд надошт, ҳама машғули кори худ буданд. Амири ҷавонро Фаҳим Ромин, фармондеҳи кулли қувои ҳавоии Афғонистон (бошандаи рустои Бозораки вилояти Панҷшер (дар акс)) пешвоз гирифт. Ёсин Зиё, раиси пешини ситоди кулли вазорати дифоъи Афғонистон ва шуморе дигар аз низомиёни баландпоя низ ҳузур доштанд. Панҷшерии дигар ба номи Ҳозим Амирӣ (аз рустои Товохи шаҳристони Оноба ва амаки Холид Амирӣ аз фармондеҳони феълии Ҷабҳаи муқовимат) фармондеҳи неруҳои амниятии майдони ҳавоӣ буд.

Ҳаволии соати дуи баъд аз зӯҳр Бисмиллоҳон Муҳаммадӣ ва Тоҷмуҳаммади Ҷоҳид, вазири пешини дохилаи Афғонистон низ вориди фурудгоҳ шуданд. Раиси додгоҳи низомии Афғонистон доктор Ҳусайн Саид ҳамроҳи онҳо буд. Дар воқеъ саршиностарин генералҳои тоҷик (ва ҳама панҷшерӣ, ба истиснои Ёсин Зиё) дар дафтари Фаҳим Ромин дар сохтмони идораи фурудгоҳи низомӣ бо Аҳмад Масъуд ба машварат нишастанд.

Бар хилофи фурудгоҳи мулкӣ, дар фурудгоҳи низомӣ иртиботи телефонӣ барқарор буд ва ин ҷо "паразит" напароканда буданд (аҷиб ин ки бо ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ тадохуле надошт).

Дар он лаҳазот телефони Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ бидуни вақфа занг мезад. Абдураб Расул Сайёф, Ҳомид Карзай, доктар Абдуллоҳ ва дигарон бо ӯ тамос мегирифтанд ва авзоъро ҷуё мешуданд. Тамосҳои дигаре аз сӯи низомиён буд, ки вазъиятро ба ӯ гузориш медоданд ва бештари паёмҳо ҳокӣ аз вуруди Толибон ба Кобул буд.

Толибон ҳудуди соати 11 аз тариқи Хайрхона, Деҳсабз, Чавки Арғандӣ, Пуличархӣ ва Кампани вориди Кобул шуда, пойгоҳҳо ва воҳидҳои низомиро тасарруф карданд. Пеш аз ин, вазири дифоъ як нерӯи зарбатиро барои ҷанг хоста буд. Ин воҳид аз вилояти Лугар омад, аммо касе онро қабул накард. Сарбозон тамоми аслиҳа ва муҳимоти худро ба Толибон супурданд ва ба ҳар куҷо, ки рост омад, фирор карданд.

Вазъият ба суръат тағйир мекард ва дубора ин савол матраҳ шуд: чӣ бояд кард? Ҷузву томҳои артиш воқеан дар бархе аз нуқоти шаҳр ҳузур доштанд. Вазири дифоъ ҳам дар ҳоли анҷоми вазифа буд. Аз ӯ хоста шуд то нерӯҳоро дар дарвозаҳои шаҳр мустақар кунад ва бо Толибон биҷангад. Аммо Бисмиллоҳон гуфт: “Ҳеҷ дифоъе фоида надорад. Ҳама чиз хатм шудааст”. Посухи вазири дифоъ ҳамаро ғофилгир кард. Боз ҳам ин савол пеш омад, ки пас чӣ бояд кард?

Каме баъд хабар расид, ки Толибон ба дарвозаҳои майдони ҳавоӣ расидаанд. Ин хабар натанҳо ҳолу ҳавои ҳозирон, балки кулли фазои фурудгоҳро тағйир дод. Дар фурудгоҳ сардаргумӣ ба вуҷуд омад. Фаҳим Ромин ҳуззорро даъват кард то савори ҳавопаймо шаванд ва Кобулро тарк кунанд. Аммо ба куҷо раванд? Ду роҳ вуҷуд дошт: яке Тоҷикистон ё Ӯзбекистон ва дигаре Панҷшер, танҳо вилояте, ки Толибон ҳанӯз ба он нарасида буданд.

Барои Аҳмад Масъуд роҳи севумӣ вуҷуд дошт - Покистон. Дар ин миён иддае ба ӯ тавсия карданд, ки ба онҷо биравад ва иддае, ба хусус аз кишварҳои дӯст бо ӯ тамос гирифтанд ва гуфтанд, ки сафари Покистонро ҳатто дар фикрат иҷоза надеҳ. Ӯ қотеъона тасмим гирифт, ки ба Покистон наравад.

Дар дафтари Фаҳим Ромин Аҳмад Масъуд, Бисмиллоҳхон, Тоҷмуҳаммади Ҷоҳид, Ҳусайн Сайид ва Ториқ Муҳаммадӣ (тағои Аҳмад Масъуд) ҳузур доштанд. Ҳама ба исрор мегуфтанд, ки муқовимат дар баробари Толибон бефоида аст, зеро дар Панҷшер имконот вуҷуд надорад ва ба Аҳмад Масъуд тавсия мекарданд, ки ба хориҷ аз кишвар биравад. Гуфтанд, аввал бояд кишварро тарк кунӣ, авзоъро таҳлил кунӣ, баъд барои муқовимат омода шавӣ.

"Вақте ҳама гурехтанд" - хотирае аз генерал Осиф Диловар

Аммо танҳо касе, ки гуфт, Аҳмад бояд ба Панҷшер биравад ва эъломи муқовимат кунад, Ҳусайн Сайид буд. Вай гуфт, ки мардум омодаи муқовимат ва мунтазири тасмими ӯ ҳастанд. “Ҳатто агар шикаст бихӯрем ё кушта шавем, сарбаланд хоҳем буд ва муқовимат идома хоҳад дошт, аммо агар фирор кунем, таърих ҳаргиз моро нахоҳад бахшид ва ин барои писари Аҳмадшоҳ Масъуд мояи шармсории таърихӣ хоҳад буд. Ҳар иттифоқе биафтад, бояд ба Панҷшер биравем”.

Ёддошт: Ҳусайн Сайид (дар акс) аз наврасӣ ба нерӯҳои Аҳмадшоҳ Масъуд пайваста, дар ҷиҳоду Муқовимати Аввал дар канори ӯ будааст.

Аммо бархе дигар исрор доштанд, ки Амири ҷавон набояд иштибоҳ кунад ва бояд интихоби дуруст кунад (!), зеро дар Панҷшер силоҳи кофӣ нест, ҷуз чанд туфанги сабук ва тонк, ки дар кӯҳҳо ба дард намехӯрад. "Чизе барои ҷангидан вуҷуд надорад. Гулӯла ҳаст, аммо аслиҳа нест. Нерӯи ҷангӣ вуҷуд дорад, аммо на аслиҳаву ғизо ба миқдори кофӣ. Агарчи мардум рӯҳия доранд, аммо таҷрибаи размӣ надоранд. Панҷшер дар 20 сол гузашта аслан наҷангидааст”, - мегуфтанд ба ӯ.

Амир ҷавон гуфт: “Толибон ба таври ҳатмӣ ба Панҷшер ҳамла хоҳанд кард, аммо фақат аз онҷо метавон талош кард то аз тариқи музокира мушкилро ҳал кард ва-гарна натанҳо Панҷшер, балки муқовимат барои ҳамеша шикаст хоҳад хӯрд ва Афғонистон аз даст хоҳад рафт. Хуб, чӣ касе ҳозир аст бо ман биёяд?”

Ҳама мувофиқ буданд, аз ҷумла Бисмиллоҳон Муҳаммадӣ. Баъд аз ин ки дастур дод барои Аҳмад Масъуд чархбол таҳия кунанд, дар охирин лаҳза ба ӯ гуфт: “Ман ҳам бо шумо меравам”. Аммо Амири ҷавон аз ӯ хост, ки бимонад, зеро ӯ вазири дифоъ аст ва дар баробари мардуму сарбозон масъулият дорад. Бисмиллоҳхон ба ӯ қавл дод, ки ҳатман ба Панҷшер хоҳад омад.

(Нависандаи ин сутур тааҷҷуб мекунад, ки чаро Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ ҳаргиз ин достонро бо мардум дар миён намегузорад то аз шарри бадхоҳони худ халос шавад. Шоҳидони дигаре низ дар ин гуфтугӯ ҳузур доштаанд. Ў худ алоқае ба дар миён гузоштани ин достон бо ман ҳам нишон надод).

Бад-ин тартиб ҳудуди соати 4 баъд аз зӯҳр Аҳмад Масъуд ба иттифоқи ҳамроҳонаш савори чархбол шуда ва ба Панҷшер рафтанд. Ин болгард аз поин дар минтақаи фурудгоҳи Багром мавриди ҳамла қарор гирифт. Онро аз мусалсал ё ПК мавриди шиллик қарор доданд. Чархбол осебе надид, аммо оё ин шилликҳо амдӣ буда ё тасодуфӣ? Мантиқан дар сарзамине, ки комилан таҳти контроли Толибон буд, ин рӯйдод наметавонист як тасодуф бошад.

Аммо ҷолибтарин нукта ин аст, ки пас аз парвози чархболи Аҳмад Масъуд ба самти Панҷшер, кори майдони ҳавоии Кобул ба ҳолати одӣ бозгашт. Масдудияти иртиботот аз сӯи амрикоиҳо бардошта шуд, телефонҳо шурӯъ ба кор карданд ва ҳавопаймоҳо ба парвоз омаданд.

Ҳавопаймои покистонӣ пас аз мушаххас шудани адами рафтани Аҳмад Масъуд билофосила ба Покистон парвоз кард. Ин парвоз 40 дақиқа ба тӯл анҷомид. Вақте мусофирон ба фурудгоҳи Исломобод расиданд, Аҳмадвалӣ Масъуд ба телефони ҳамроҳи худ нигоҳ кард. Ба паёме, ки аз майдони ҳавоии Кобул барои бародарзодааш фиристода буд, посух омада буд. Аҳмад менавишт: “Коко (амак), ман интихобамро кардаам, ба Панҷшер меравам ва ба муқовиматам идома медиҳам”.

Аҳмад Валӣ ба ҳамроҳаш гуфт: “Худо, хайри моро биёрад. Аҳмад рафт Панҷшер, ҳол бубинем чӣ мешавад”.

Тайёраи марг: нақшаи террори Аҳмад Масъуд чӣ гуна шикаст хӯрд? - 3


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!