Хабари рӯз

Покистониҳо аз наомадани Аҳмад Масъуд ба Исломобод бисёр норозӣ буданд, ба вежа Муҳаммад Содиқхон, намояндаи вежаи Покистон дар Афғонистон.

Нависанда: Фахриддин Холбек, узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Қисмати аввал: Тайёраи марг: нақшаи террори Аҳмад Масъуд чӣ гуна шикаст хӯрд?

Қисмати дувум: Тайёраи марг: нақшаи террори Аҳмад Масъуд чӣ гуна шикаст хӯрд? - 2

 

Қисмати севум: ҶАЛАСОТИ ИСЛОМОБОД

Сафари бесамар

Ҳайати зиддитолибон дар Исломобод аз фирори Ғанӣ мутталеъ шуд. Ин хабар бисёр нохушоянд буд, зеро сӯҳбат аз сулҳу оштӣ бо барандаи майдон ва аз мавзеъи мағлуб, ба вежа бо миёнҷигарии Покистон, ҳомии Толибон, бемаънӣ буд.

Пеш аз ин, покистониҳо аз раҳбарони зиддитолиб хоста буданд, ки “бо Толибон музокира кунанд, зеро Ғанӣ монеае барои сулҳ аст, ӯ омодаи тақсими қудрат нест. Назари худро ба мо бигӯед, то битавонем бар Толибон фишор биоварем”.

Аммо замоне, ки Толибон Кобулро тасарруф карданд, ин тарҳ хунсо шуд. Ҳоло Толибон молики Афғонистон буданд ва ҳеҷ ҷо ба ҷуз Панҷшер ҳеҷ нерӯи зиддитолибонӣ вуҷуд надошт, ҳама фирор карданд, тибқи мантиқи кор, ҳеҷ кас бо онҳо пойи мизи музокира нахоҳад нишаст.

 Покистониҳо ба ҳайат гуфтанд, 15 рӯз дар Исломобод бимонанд то назари кишварҳои минтақа ва Толибонро бигиранд ва бигӯянд, ки чӣ кор кунанд. Дар 16 август, ҳайат бо Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷа ва дар 17 август бо нахуствазир Имронхон, Қамар Баҷво, раиси ситоди кулли артиш ва Файз Ҳамид, раиси ISI дидор кард.

Ҷаласот ва гуфтугӯҳо протоколӣ буд. Махсусан Имронхон ва Файз Ҳамид (, ки қабл аз ҳамлаи Толибон ба Панҷшер дар 4 сентябр вориди Кобул шуд ва бар асоси бархе гузоришҳо, Толибонро ба лашкаркашӣ ба дара таҳрик дод) ба хушкӣ калимоти роиҷро бар забон оварданд. Аммо генерал Баҷво аз асли матлаб гуфт: “Акнун вазъият дар Афғонистон тағйир кардааст. Мо фикр намекардем, Кобул ба ин зудӣ суқут кунад. Мо фикр мекардем, ки баъд аз суқути вилоёт, ҷанги шадиде дар Кобул рух хоҳад дод. Мо ба ин фикр мекардем, ки шумо бояд як эътилоф ташкил диҳед ва бо Толибон вориди гуфтугӯ шавед. Мо мехостем ҳукумати эътилофӣ ё муваққат ташкил шавад. Аммо акнун шароит тағйир кардааст. Толибон дар мавқеият баранда қарор доранд, шумо баръакс. Ба Кобул баргардед ва мо амният шуморо тазмин хоҳем кард”.

Дар айни ҳол, генерал Баҷво аз ҳайат дархост кард, ки ҳадди ақал шаш моҳ, ҳадди аксар 18 моҳ сабр кунад то бақои Толибон мушаххас шавад. Ӯ гуфт: “Дар ин миён шумо ҳам ҳамдигарпазирӣ нишон бидиҳед, то мо тавонем миёни шумо як файсалаи миёнгинро анҷом бидиҳем, то як ҳукумати муштараку ҳамашумул ба вуҷуд ояд”.

Юнус Қонунӣ ба ӯ гуфт: “Агар 6 моҳ бошад, мо меравем то бо дигар бародарон дар берун ба машварат нишинем, баъд мавқеи худро баён мекунем”. Баҷво гуфт, ду рӯз баъд мо ба шумо аҳвол медиҳем, ки шумо ин ҷо бошед, ё биравед.

Ду рӯз баъд мизбонони покистонӣ омаданд ва ба аъзои ҳайати зиддитолибон гуфтанд, ки ҳар, ки мехоҳад метавонад бимонад ва агар рафт, барояшон билет мегирем.

Ин сафари бесамар чаҳор рӯз ба тӯл анҷомид. Ҳама ба ҳар ҷое рафтанд, бархе ба Туркия, бархе ба Лондон, бархе ба Душанбе. Аҳмадвалӣ Масъуд ва чанд ҷавон монданд, ки онҳо низ чанд рӯз баъд Исломободро тарк карданд.

 

Муҳаммад Содиқхон

Аммо покистониҳо аз наомадани Аҳмад Масъуд ба Исломобод бисёр норозӣ буданд, ба вежа Муҳаммад Содиқхон, намояндаи вежаи Покистон дар Афғонистон. Ӯ чандин бор дар хилват аз аъзои ҳайат пурсид, ки чаро Аҳмад Масъуд наомад ва мегуфт, ки агар мехоҳад Панҷшерро тарк кунад, мо ҳозирем ҳамкорӣ кунем. Вай гуфт: “Мо ҳама корҳоро худамон анҷом хоҳем дод. Агар ба ҳеликуптар ниёз аст, мо як ҳеликуптар медиҳем, агар ба тайёра ниёз доред, мо худ тайёраро ирсол мекунем. Ҳама чизро омода мекунем ва ӯро аз Панҷшер берун мекашем. Мо омодаи ҳамкорӣ ҳастем”.

Ду рӯз баъд, Содиқхон хеле талош кард бо Аҳмад Масъуд телефонӣ тамос гирад. Ӯ дар гузашта ду бор бо Масъуди Хурдӣ мулоқот карда буд. Гуфт, ҳар чӣ қадар аз Вотсап ба Аҳмад занг бизанам, гӯшияш кор намекунад. Ва аз аъзои ҳайат хост, ки ҳадди ақал як бор иртиботи ӯро бо Аҳмад барқарор кунанд.

Аммо дар он рӯзҳо ҳеҷ кас натавонист Аҳмадро пайдо кунад. Танҳо бо Вадудхон Зара ва Фаҳим Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ тамос гирифта шуд, ки ҳар ду дар ҷараёни ҳамлаи Толибон ба Панҷшер ба шаҳодат расиданд. Онҳо ҳамчунин натавонистанд коре барои иртиботи Содиқхон бо Масъуд анҷом диҳанд.

Авохири моҳи августи соли гузашта, ки дафтари матбуотии Ҷабҳаи муқовимат ба раҳбарии Фаҳим Даштӣ шурӯъ ба кор кард, нависандаи ин сутур бо вай як гуфтугӯи телефоние дошт. Мо дар мавриди хеле чизҳо сӯҳбат кардем. Марҳум Даштӣ дар ин гуфтугӯ аз ҷумла зикр кард, ки покистониҳо тамоми талоши худро барои ҷилавгирӣ аз муқовимат анҷом медиҳанд. Аз ӯ пурсидам: чӣ тавр? Ў гуфт, ки онҳо дар талош буданд то бо Амир Соҳиб тамос бигиранд ва ӯро мутақоид кунанд, ки аз муқовимат бо Толибон даст бардорад ва аз роҳи музокира ва миёнҷигарии онҳо бо Толибон созиш кунад. Вай афзуд: “Мо ҳамчунин метарсем, ки маҳалли ҳузури Амир Соҳиб аз рӯи телефони вай мушаххас шавад. Аз тарафе худаш ҳам тамоюле ба гуфтугӯ бо покистониҳо надорад. Дар мавриди чӣ чизе бояд бо онҳо сӯҳбат кунад? Чизе барои гуфтан нест. Ҳама равшан аст: Иёлоти Муттаҳида ва Покистон қудратро ба Толибон таслим карданд ва акнун аз мо низ мехоҳанд, ки таслим шавем”.

 Покистониҳо тамоми талоши худро карданд то Аҳмад Масъудро аз Панҷшер "берун оваранд". Мегуфтанд, мехоҳем Аҳмадро наҷоташ бидиҳем чун авзоъ хеле хатарнок аст. Аммо Аҳмад ҳозир нашуд бо онҳо сӯҳбат кунад. Ва ҳеҷ вақт иртиботе барқарор накард.

Ин сӯҳбатҳо дар бораи Аҳмад Масъуд дар Исломобод таъсири амиқе бар Аҳмадвалӣ Масъуд гузошт. Мегуфт, толибон ваҳшӣ ҳастанд ва Худо накунад, ки иттифоқе бо Аҳмад афтад.

Қонуни аз Баҷво ду чиз хост: “Аз нуфузатон бар Толибон истифода кунед, то ба Панҷшер ҳамла накунанд. Як. Дуввум, як теъдод фармондеҳон ва раҳбарони мо дар дохили Кобул монданд ва хоҳиш кунед, ки инҳоро азияту озор ва беиззат накунанд ва хонаҳояшон надароянд”.

Баҷво қавл дод, ки талош хоҳад кард. Покистониҳо гуфтанд, ки бар Толибон фишор меоваранд то ба Панҷшер ҳамла накунанд. Аммо Файз Ҳамид, раиси ISI, яке аз касоне, ки ин суханонро мегуфт, қабл аз ҳамла ба Панҷшер ба Кобул омад ва ба Толибон чароғи сабз нишон дод. Паҳподҳо ва афсарони покистонӣ низ ба Панҷшер фиристода шуданд.

Аммо покистониҳо ба ҳамин басанда накарданд ва дар Панҷшер низ Аҳмад Масъудро таъқиб карданд. Барои таъйини мавқеият ӯ қабл аз ҷанги Панҷшер ва пас аз суқут он дар сентябри 2021, онҳо паҳподҳои кашфиро ба онҷо фиристоданд, ки доиман бар фарози дара парвоз мекарданд.

Бар асоси як фарзия, гӯшӣ ё симкорти Аҳмад Масъуд дар он рӯзҳо дар дасти Фаҳим Даштӣ буд. Худрави ӯ тавассути покистониҳо аз ҳамон шумораи телефоне, ки дар он рӯзҳо дар мусоҳибаи Фаҳим Даштӣ дар телевизиони БиБиСии Биритониё нишон дода шуда буд, таъқиб мешуд ва ба эътиқоди бархе, ин расонаро ҳамдасти Толибон мекард. Фикр мекарданд Аҳмад Масъуд ҳам онҷост, ки он шумораи телефон аст. Гуфта мешавад далел дастгирӣ ва баъдан қатли Фаҳими Даштӣ ва генерал Вадудхон Зара ҳамин будааст.

 

Охирсухан

Нависанда ин сутур дар мавриди тавтеаи террори Аҳмад Масъуд ва раҳбарони аслии тоҷику ҳазораи зиддитолибон дар октябри 2021 аз забони яке аз шахсиятҳои барҷастаи сиёсати Афғонистон шунидааст, ки ба навбаи худ аз манбаъе сервисҳои истихборотии яке аз кишварҳои аврупоӣ мутталеъ шудааст. Ин тарҳ бо ҳамкории созмонҳои истихборотии Амрико, Покистон, ҳукумати Афғонистон ва Толибон иҷро мешуд.

Нақша ин буд, ки вақте ҳавопаймои ҳомили Аҳмад Масъуд ва раҳбарони зиддитолибон аз фурудгоҳи Кобул парвоз мекард, дар масири роҳ бояд мунфаҷир мешуд ё тавассути тайёраҳои низомӣ мавриди шиллик қарор мегирифт. Иҷрои ин тарҳ дар шароите, ки таслими ғайримунтазираи Афғонистон ба Толибон боиси шоки ҷаҳонӣ шуд, террори барҷастатарин раҳбарони тоҷику ҳазора, ба вежа Аҳмад Масъуд, раҳбари ҷавони муқовимати зиддитолибонӣ ва зиддитеррористӣ, ин шокро даҳ баробар мекард.

Ин бад-он маънӣ буд, ки ҳеҷ муқовимате дигар вуҷуд намедошт. Ва ҳеҷ монеае дар иҷрои як тарҳи бузургтар - "ҷаҳиши бузург" –и созмонҳои террористӣ ба самти Осиёи Марказӣ боқӣ намемонд. Ҳаводиси як соли ахир нишон дод, ки муқовимати Масъуди Хурдӣ, он гуна ки дар замони муқовимати падараш иттифоқ афтода буд, монеъи аслии иҷроӣ шудани ин тарҳ шуд.

Аз достони фавқ метавон дарёфт, ки истихбороти ҷаҳонӣ тамоми корро анҷом дода буданд, то Аҳмади Масъуд озими Покистон шавад ва ҳам раҳбарони дигар чорае ҷуз парвоз ба Исломобод надошта бошанд. Замоне ҳам, ки Аҳмад Масъуд аз парвоз ба Исломобод худдорӣ кард ва озими Панҷшер шуд, чархболи ӯ дар ҳарими ҳавоии Багром дар шимоли Кобул мавриди ҳамла қарор гирифт. Тайёраҳои бидуни сарнишини покистонӣ дар Панҷшер ба думболи ӯ буданд. Ҳамзамон намояндаи Покистон дар Афғонистон барои “наҷот” – и вай талош мекард. Ў эҳтимолан мехост маҳалли ихтифои Аҳмад Масъудро тариқи телефон таъйид кунад то тавассути паҳподҳои покистонӣ мунҳадим шавад.

Тарҳи тавтеа шикаст хӯрд. Муқовимати Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд дубора қомат рост кард ва идома дорад. Ҳамон тур, ки мегӯянд, инсон пешбинӣ мекунад, аммо Худованд тасмим мегирад.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!