Хабари рӯз

Омир Соҳиб Масъуд комилан танҳо шуда буд. Раҳбарони ҷиҳодӣ ва қавмӣ аз ватан берун шуда буданд ва ба ғайр аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамаи дӯстони хориҷии мо низ Муқоваматро шикастхӯрда мепиндоштанд ва даст аз ҳимояту ҳамкорӣ бо Омир Соҳиб кашида буданд.

Нависанда: генерал ОСИФ ДИЛОВАР

Вақте ҳама сарони сиёсӣ гурехтанд, фармондеҳ Аҳмадшоҳ Масъуд ба танҳоӣ чун Коваи Оҳангар парчами Муқоваматро дар баробари истибдод барафрошт!
Хотирае, ки бароям мондагор шуд:
Дар хидмати Омир Соҳиб будам ва мебоист ду-се рӯзе он ҷо бошам то тасомими муҳим дар мавриди ташкилоти бистҳазорнафарии Урдуи миллӣ иттихоз гардад.
Омир Соҳиб мисли ҳамеша саршор аз энержӣ ва қувват буд, аммо вазъияти сиёсӣ-низомии кишвар ба шиддат ба нафъи «Толибон» рақам хӯрда буд.
Ҷамшедҷон (ёвари Масъуд) телефонҳоро посух медоду лаҳза ба лаҳза занг меомад ва ҳамаи сарбозону фармондеҳон нисбатан саросема ва ваҳшатзада шуда буданд.
Пеш аз ман Бисмиллоҳхон бо Омир Соҳиб тамос гирифта буд ва аз таслимии чанд тан аз фармондеҳони маҳаллии вилоёти Парвон, Кописо ва Бағлон ба «Толибон» хабар дода буд.
Телефони аввал аз ҷабҳаи Тахор ва аз омир Пиримқул буд. Омир Пиримқул ба Омир Соҳиб гуфт, ки «Толибон» вориди фулон минтақа шудаанд ва фулон минтақа низ дар вазъияти бад қарор дорад ва «Толибон» ба шиддат пешравӣ доранд.
Телефони дувум аз Регистонӣ раиси оперосиюн буд. Регистонӣ бо садои хашмолуд ба Омир Соҳиб гуфт, ки аксарият раҳбарони ҷиҳодӣ бо чархболҳои дар даст доштаашон кишварро тарк кардаанд. Яке рафтааст ба Туркия, дигаре рафтааст ба Дубай, он яке Тошканд аст. Дигараш рафта ба Ҳиндустон ва дигаре ҳам омода мешавад, ки биравад ба Эрон. Чӣ кунем Омир Соҳиб?
Телефони севум аз устод Раббонии шаҳид буд. Устод, ки аз Тоҷикистон тамос гирифта буд, ба Омир Соҳиб гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мо пушт кардааст ва аз Ҷабҳа Муқовамат ҳимоят намекунад.
Телефони чаҳорум аз бародари Омир Соҳиб – Аҳмадвалӣ Масъуд, сафири Хуросон дар Лондон буд. Аҳмад Валӣ бо нигароние, ки аз садояш ҳувайдо буд, ба Омир Соҳиб гуфт, ки мондани Шумо дар он ҷо (Афғонистон) ба хайратон нест. Покистон дар талоши боздошт кардани Шумост. Биёед ин ҷо, ман бароятон тобеияти Инглистонро мегирам. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Муқовамат ҳимоят намекунад.
Телефони панҷум аз як фармондеҳи бузурги ҷиҳодии вилояти Сарипул буд, ки қасд дошт ба «Толибон» таслим шавад. Фармондеҳи ҷиҳодӣ ба Омир Соҳиб гуфт, ки Муқовамат фоида надорад, ҳамаро ба куштан хоҳӣ дод, биё, таслим шавед.
Телефони шашумро сафири Эрон ба Омир Соҳиб намуд. Сафири Эрон бо тааҷҷуб аз Омир Соҳиб пурсид, ки то ҳанӯз Афғонистонро тарк накардааст ва воқеан то ҳанӯз дар дохил кишвар аст?
Омир Соҳиб Масъуд комилан танҳо шуда буд. Раҳбарони ҷиҳодӣ ва қавмӣ аз ватан берун шуда буданд ва ба ғайр аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамаи дӯстони хориҷии мо низ Муқоваматро шикастхӯрда мепиндоштанд ва даст аз ҳимояту ҳамкорӣ бо Омир Соҳиб кашида буданд.
Омир Соҳиб тоза тамосҳои телефониро тамом карда буд, ки ман сари сӯҳбатро боз кардам, ба ивази тарҳу барнома ва ташкилоти Урдуи миллӣ, аз мушкилоти рӯз ёдоварӣ намудам ва аз Омир Соҳиб пурсидам, ки барномаи ояндааш чист.
Омир Соҳиб бо чеҳраи мусаммам ба тарафам дид ва чашм дар чашм ба ман гуфт:
«Ман ҳеҷ ҷо намеравам. Агар ба андозаи як кафи по ҷой дошта бошем, боз ҳам дар муқобили мутаҷовизини хориҷӣ даст аз Муқовамат бар намедорам ва то охирин рамақи ҳаёт мубориза хоҳам кард»
Ҳафтаи баъд ба Толиқон рафтам ва тасодуфан сӯҳбатҳои Омир Соҳиб дар Толиқон ба хотирам омад. Ман низ ба дӯстони матбуотӣ ҳидоят додам, то паёми Омир Соҳибро чоп намуда ва дар дафотири фармондеҳони муқовамат насб намоянд, то барои фармондеҳони ҷанг ангезаи мусбат эҷод гардад.
Рӯҳат шод ва роҳат пурпайрав бод!

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!