Хабари рӯз

Дере нагузашта буд, ки даргирӣ шурӯъ шуд ва душман шадидан моро зери рагбор гирифт. Ҳарчанд фишори ҷанг ба сӯи ҷамъи мо буд, аммо аз он ҷое, ки дӯсти фарҳангиам ба тирраси душман наздиктар буд, дар ин фикр афтодам, ки дӯсти деринаам яке аз донишмандон ва фарҳангиёни кишварро аз даст додам

Муаллиф: ФАЗЛАҲМАД МАЪНАВӢ,

вазири пешини адлияи Афғонистон

Қисмати дуввум

МУҚОВИМАТИ САРСАХТОНАИ МУҚОВИМАТГАРОН

Бо оғози даргириҳо ва ҳамалоти густурда ва шадиди «Толибон», муҷоҳидини собиқадор бештар аз ҳама сангардорӣ карданд. Дар ҷараёни ҷанги чандрӯза, лашкари азими «Толибон», ки муҷаҳҳаз бо дурбин (бузбузак, дурбини нишонзани шабона) дар ихтиёр доштанд, шаб меҷангиданд ва рӯз омодагӣ барои ҳамлаи баъдӣ мегирифтанд. Аз он ҷое, ки муқовиматгарон аксаран дурбини шаб ва бузбузак дар даст надоштанд, иддае аз муҷоҳидини нухбаи мо шаҳид шуданд.

Дар чанд шаби мутаволӣ, «Толибон» бо додани талафоти сангин шикаст хӯрданд, нерӯҳояшон аз ҷабҳа фирор мекарданд ва аҷсоди куштаҳои худро тавассути мардуми маҳал интиқол медоданд. Аммо аз он ҷиҳат, ки ин гурӯҳ аз 33 вилояти Афғонистон нерӯ ҷамъоварӣ карда буданд, ҳаргиз ба талафоти нерӯҳои худ илтифот накарда, ҷуха-ҷуха нерӯи тозанафас вориди майдони ҷанг мекарданд.

Аз ҷониби дигар, қатъи иртибототи телефонӣ тавассути душман зарбаи маҳкаме барои назми дифоъии ҷабҳа ворид кард ва ба далел ин ки системи мухобираи ҷабҳа ҳанӯз зери кор буд, моро бо мушкилоти ҷиддии иртиботӣ мувоҷеҳ сохт. Бо ин ҳама, муқовиматгарони мо бо вуҷуди хастагӣ аз ҷанги мудовим дар як сангар далерона дифоъ карданд.

Мутаассифона, аввалин хатти дифоъӣ аз тарафи Андароб (кӯтали Ховок) шикаст. Ҳама он ҷо даргир будем, ки хатти Дарбанд низ бо аз даст рафтани як тонки ғӯлпайкари дифоъӣ шикаст ва хутути дифоъии мо дар кӯҳи Шутул шадидан зери зарботи кӯбандаи душман қарор гирифт.

Нерӯҳои муқовимат пас аз як даргирии фарсоишии тӯлонӣ ногузир ба ақибнишинӣ шуданд. Бузургони Ҷабҳаи муқовимат пас аз машварат миёни ҳам, файсала карданд, то хатти дифоъӣ дар масири ҷодаи умумӣ афроз нагардад, бо як ҷанги фарсоишӣ масири умумӣ ба душман вогузар шавад ва дар дараҳои ҷонибӣ сангарбандӣ сурат гирад.

Душман бидуни муболот ба талафоти мулкӣ аз силоҳҳои сақил ба шумули тӯпҳои DC истифода намуд ва бо сипар қарор додани мардуми мулкӣ ва хонаҳои онҳо оҳиста-оҳиста ба дара пешравӣ кард. Ду тарафи ҷодаи умумиро ба маҳдудаи ним километр зери пӯшиш гирифта, ба пешравӣ идома медоданд, то он ки бо додани талафоти сангин аз ду тараф, болои Панҷшер ва ҷодаи вурудии умумӣ ба маркази вилоят васл шуданд.

Қувватҳои муқовимат ба дараҳои ҷонибӣ ақибнишинӣ карданд, аммо ҳаҷми сангини хонаводаҳои гирмонда дар ҷанг ва фирорашон ба дараҳои ҷонибӣ, ҷангро дар дараҳо сахт ва ҳатто номумкин сохт. Дар бисёре аз дараҳо аҳолии қарияҳо аз тарси кушта шудани занон ва кӯдакон монеъи ҷанг шуданд.

Бо вуҷуди ин ҳама, ба душман талафот ворид шуд ва муқовиматгарон бо истифода аз тактики ҷангу гурез муваффақ ба ақибнишинӣ ба манотиқи кӯҳистонӣ шуданд. Ҳар як аз бузургон, ки бо якдигар беиртибот буданд, низ ногузир ба ақибнишинӣ ба дараҳои ҷонибӣ ва саранҷом ба кӯҳҳо шуданд.

Набуди озуқаи кофӣ ва сардии доманаҳои муртафеъ дар шабу гармои сӯзон дар рӯз, хонаводаҳоро ногузир ба паймудани роҳҳои саъбулубури кӯҳӣ аз масири Солангҳо кард, то аз Панҷшер берун шаванд. Ин масир барои ҳама, бахусус, куҳансолон ва касоне, ки таҷрибаи пиёдаравӣ дар кӯҳҳоро надоштаанд, дар ҳадди васфнопазире тоқатфарсо буд.

Ваҳшат ва куштори бераҳмонаи «Толибон» онҳоро водор ба таҳаммули ин душворӣ кард. Иддае аз туфангдорон низ натавонистанд хонаводаҳои худро танҳо бигзоранд ва иҷолатан даст аз ҷанг кашида, онҳоро ҳамроҳӣ карданд. «Толибон» бо истифода аз қатъи системи мухобиротӣ ва адами дастрасии мардум ба маълумот, дар дараҳо даст ба қатлҳои бераҳмона ва бидуни мӯҷиб заданд.

 Фазлаҳмад Маънавӣ бо муқовиматгарон. Панҷшер. Сентябри 2021.

 

ЗИНДАГӢ ДАР САНГАРҲОИ МУРТАФЕЪ

Ман низ бо теъдоде аз муқовиматгарон, ки чанд рӯз ғизои кофӣ нахӯрда буданд, бехобу хаста ба иртифоъоти кӯҳҳо рафтем. Ҳарчанд муқовиматгарон сарсахтона бо ҳама мушкилоти мавҷуд дар кӯҳҳо ба мубориза идома медоданд, аммо камбуди маводи хӯрокӣ ва васоили беҳдоштӣ барои касоне, ки ба чунин вазъе одат надоштанд, тоқатфарсо буд.

Дар сурате, ки муваффақ мешудем то буз ё гӯсфандеро аз рамадорон барои рафъи гуруснагӣ харидорӣ кунем, маводи аввалия ва лавозими пухтупаз, монанди равған ва пиёз мавҷуд набуд. Собун ва крем, ҳатто бурси дандон аз васоили иштирокӣ шумурда мешуд.

Ман аз манзили хеш ҷуз либосе, ки дар тан доштам, чизе берун накарда будам («Толибон» дар аввалин вуруд ба минтақа манзили шахсиамро тасоҳуб карда, қароргоҳ гузиданд).

Ба ҳар ҳол, бо гузашти замон ва сардии ҳаво зиндагӣ дар кӯҳҳо барои мо душвортар шуд, зеро зулм ва ваҳшати «Толибон» айлоқнишинҳоро, ки ба мо паноҳ медоданд, ба рӯъб (даҳшат) андохта буд. Басо авқот аз пухтупази ғизо ва фурӯши лабаниёт (донагӣ) барои мо худдорӣ мекарданд ва аксаран мехостанд то маҳаллро ҳарчи зудтар тарк кунем, то осеб набинанд.

Онҳо ҳаққ доштанд, зеро дар сурати шӯълавар шудани оташи ҷанг дар он баландиҳо, «Толибон» бо бераҳмии тамом хаймаҳои онҳоро зери рагбори тӯпҳо қарор медоданд ва дар сурати дастрасӣ ба онҳо хонаводаҳоро азият мекарданд. Аз ҳамин рӯ, мо ҳамвора талош мекардем, то бештар аз як шаб дар як минтақа набошем.

Яке аз рӯзҳо ду шаби пай дар пайро дар яке аз айлоқҳо сипарӣ кардем. Айлоқнишин аз тарси ин ки мо зери таъқиби «Толибон» будем, хонаводаи худро аз он ҷо берун кард. Бо берун шудани он хонавода, дар баландои 3500 метр аз сатҳи об озуқаи мавҷуд назди мо низ тамом шуд ва муқовиматгарон шаби пеширӯро гурусна сипарӣ карданд.

Шаби баъд ду тан аз ҳамроҳонро барои дарёфти нони хушк ба қарияҳо фиристодем ва бо онҳо қарор гузоштем, то қабл аз поёни шаб ва равшан шудан бояд баргарданд, то ба доми «Толибон» науфтанд. Мо дар паноҳи камар (зер порчае аз санги бузург) дар сардии ҷонкоҳи он шаб паноҳгоҳе тадорук кардем. Хастагии кӯҳгардӣ дар рӯз хобро бо вуҷуди сардӣ мумкин месохт, аммо вузӯ бо оби сарди сарикуҳӣ барои намозҳои шаб ва субҳ аз мавзӯъоти баҳсбарангез миён муқовиматгарон буд. Иддае аз ҳамроҳон замзама мекарданд, ки агар Имоми Аъзам (р) ҳаёт мебуд, ҳатман фатвои таяммумро дар чунин ҳолате таҷвиз мекард.

Шаб поён ёфт ва ноноварони мо барнагаштанд. Бо тулӯъи субҳ ва вазиши бодҳои сарди субҳгоҳӣ, нигаронии мо аз ин ки он ду тан аз ҳамроҳон гирифтор шуда бошанд, ҳар лаҳза афзоиш меёфт. Ҳамин ки офтоб баланд шуд ва андаке ҳаво гармтар, чашм ба роҳи он ду ҳамроҳи ноновар дар ҷое наздик ба об ва сабза ҷойгузин шудем ва ба таъбири хобҳои парешони якдигар пардохтем.

 

ГИР МОНДАН ДАР КАМИН

Дар ҳоле, ки мунтазири ноноварон будем, яке аз ҳамроҳони мо, ки дурбини камарзише бо худ дошт ва бо он ба ҳар сӯ нигоҳ мекард, гуфт: ман шахсеро дар қуллаи поёни кӯҳ мебинам, ки либоси сиёҳ бар тан дорад ва чизе мушобеҳ ба антени мухобира ҳам дар дасташ дида мешавад. Ҳама ба ӯ хандиданд. Мо гумони ҳузури «Толибон»-ро дар он баландо (наздик ба 4000 метр) намекардем.

Тасаввур ин буд, ки аҳли қария ба думболи дарёфти силоҳҳои пинҳон кардашуда тавассути қитаоти шикастхӯрда бошанд. Тарассудгар аммо исрор мекард, ки ҳар лаҳза ба теъдодашон афзуда мешавад ва либосҳояшон ба аҳли қария мушобеҳ нест.

Дар миёни ин гуфтугӯ ноноварон ба суръат, аммо саросема бо бастае аз нони хушк аз роҳ расиданд. Онҳо бидуни эътино ба саломҳои мо бо фарёди баланд гуфтанд: оҷил аз ин ҷо ҳаракат кунед, ки ҷоятон тасбит шуда ва «Толибон» аз се ҷиноҳ дар ҳоли омадананд. Зоҳиран мавқеиятро касе гузориш дода буд.

Ба ривояти аҳли қария ҳудуд 300 тан аз нерӯи тааррузии душман дувоздаҳи шаб қароргоҳи худро ба сӯи мо тарк гуфта буданд. Теъдоди муқовиматгарони мо дар он сангар ҳудуди 25 то 30 нафар буд. Тарассудгар, ки ҳар лаҳза мавқеият ва теъдоди рӯ ба афзоиш душманро ба мо гузориш медод, онҳоро ба кӯҳгардҳои ҳирфаӣ ташбеҳ мекард. Баъдҳо ошкор шуд, ки «Толибон» ақвоми гуҷурро дар бадали инъом пешқаровулони таарруз интихоб карда буданд.

Бо машварати ҳамроҳон ба сӯи қуллаи болои кӯҳ рафтем, то дар даргирӣ ба айлоқ садама нарасад ва ҳамчунин нуқтаи ҳоким дар дасти мо бошад. Аз вазъият ва чигунагии аслиҳаи душман итминон ҳосил намудем, ки хушбахтона, муваффақ ба интиқоли аслиҳаи сақил ва нимасақил то он баландо нашуда буданд.

Аз он ҷое ки мо муҳиммоти кофӣ дар ихтиёр надоштем, ҳидоят додам, то бо оғози даргирӣ, ҳамроҳон мунфарид шиллик кунанд ва шиллики мусалсал (зарба) сурат нагирад, то аз зиёъи муҳиммот ҷилавгирӣ шавад.

Дар миёни мо яке аз бузургони фарҳангӣ буд, ки бо як муҳофизи ҷавон аз хонаводааш моро ҳамроҳӣ мекард. Умраш ҳадди ақал ҳафт то ҳашт сол бузургтар аз ман аст. Бо вуҷуди ин ки бо рӯҳияи олӣ ва бидуни тарсу бо шаҳомати комил дигаронро ба таҳаммули сахтиҳо ва умед ба оянда ташвиқ мекард, аммо ҷисман тавону тамрини кӯҳпаймоӣ надошт. Дар ҳоле, ки душман наздик мешуд, ман ҷиддан нигарони ӯ будам. Мутмаин будам тавоноии рафтан ба баландоро надорад ва бояд ба ҳар наҳвае аз соҳаи ҷангӣ берун шавад. Барояш гуфтам то ҳамроҳ бо муҳофизаш ба самти чапи он кӯҳпоя, ки ба дараи Товох мунтаҳӣ мешуд, ҳаракат кунад ва мо ба самти қуллаи Орзу рӯ ба баландиҳо дар ҳаракат шудем.

 АКС: Зоҳиран, "бузурги фарҳангӣ"-е, ки Маънавӣ номашро намегирад (ва дар акс дар канораш аст), Ҳафиз Мансур, аз рӯзноманигорони маъруф ва аввалин вазири иттилооту фарҳанги ҳукумати Ҳомид Карзай, собиқ раиси агентии хабаргузории “Бохтар” ва раиси Радио ва телевизиони Афғонистон аст.  Ҳафиз Мансур тавонист худро ба шаҳри Машҳади Эрон бирасонад. Акнун раёсати кумитаи фарҳангии Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистонро бар ӯҳда дорад).

Дере нагузашта буд, ки даргирӣ шурӯъ шуд ва душман шадидан моро зери рагбор гирифт. Ҳарчанд фишори ҷанг ба сӯи ҷамъи мо буд, аммо аз он ҷое, ки дӯсти фарҳангиам ба тирраси душман наздиктар буд, дар ин фикр афтодам, ки дӯсти деринаам яке аз донишмандон ва фарҳангиёни кишварро аз даст додам. Ба ҳамроҳон гуфтам, дар талош бошанд душман мутаваҷҷеҳи мо гардад, то агар дӯсти мо зинда бошад, худро ба ҷои амне бирасонад. Саранҷом, пас аз ҳудуди ним соат даргирӣ тавонистем қулларо бипаймоем ва он ҷо сангар бигирем, аммо ҳама шадидан нигарони дӯсти фарҳангии мо ва муҳофизаш, ки хоҳарзодааш мешуд, будем.

Душман дар маҳалли қаблии мо утроқ кард ва бо беҳтар шудани мавқеияти ҷангии мо аз шиллик ва таҳаррук боз монд. Маълум буд, ки интизории ҳамроҳони хешро аз ду ҷиноҳи дигар доштанд, то ба тааррузи худ идома диҳанд. Дар ҳудуди 40 дақиқа он ҷо мунтазир мондем, то аз сарнавишти ду ҳамроҳи мо хабаре бирасад, ки нарасид.

Ду тан аз қумандонон, ки моро ҳамроҳӣ мекарданд, ба далели камбуди муҳиммот исрор ба тарки соҳа қабл аз расидани афрод душман доштанд. Ман аммо аз бобати наҷот он ду ҳамроҳи мо ва ё ҳам интиқоми шаҳодати онҳо, ба ҷангидан исрор доштам. Дар он лаҳазот ба ифтихори шаҳодат меандешидам, аммо ҳозир ба вогузарии сангар ба душман набудам.

Саранҷом, дар ҳадди хушунат аз ҷониби ҳамроҳон маҷбур ба тарки қулла шудам ва канори теппаи муҷовир, ки ним соат фосила дошт, дубора сангар гирифтем. Дар ин фурсат ду нафар роҳрав бо ду улоғ аз тарафи Соланг наздики мо шуданд. Аз онҳо хоҳиш кардам то он ду ҳамроҳи моро ҷустуҷӯ кунанд ва дар бадали ҳар миқдор пуле, ки мехоҳанд, онҳоро (зинда ва ё шаҳид) интиқол диҳанд. Он ду маркабсавор пазируфтанд.

Дар ҳамин лаҳазот ду ҷавон аз айлоқнишинҳо дар ҳоле ки бар мо хашм гирифта буданд ва бо зиштӣ ҳарф мезаданд, бо паёме аз ҷониби «Толибон» расиданд. Гуфтанд: онҳо моро латукӯб карда, назди шумо фиристоданд, то таслим шавед. Хандидем ва ба қосидон гуфтем, бираванд ва бикушанд дар дасти душман науфтанд.

Мо ҳама ҳаракат кардем то ба рӯи оби қуллаи Орзу фуруд оем ва дар яке аз қароргоҳҳои дигар утроқ кунем. Дар он ҳангом, иштибоҳе муртакиб шудем ва он ин буд, ки ҳеҷ яке аз ҳамроҳонро муваззаф ба тарассуд накардем.

Бештар аз ним соат дар шеби кӯҳ ба сӯи поён нарафта будем, ки аз пушти сар мавриди ҳамлаи гурӯҳи таҳоҷумии дигари душман қарор гирифтем ва дарвоқеъ дар камини душман гир афтодем. Дар лаҳазоти аввал даҳҳо мармӣ бар сари мо фуруд омад, ки бо зуфту парут тавонистем ақиби санглохҳо мавқеият бигирем ва ба душман оташ кунем, аммо мавқеияти душман ба лиҳози ҷангӣ беҳтар буд. Дар миёни оташи шадид ва бевақфаи душман, ногузир ба ақибнишинӣ ба сӯи поёни кӯҳ шудем.

Ман бори дигар боисрор ба ҷанг таъкид кардам, аммо ҳамроҳон дигар ҳозир набуданд, то дар мавҷудияти ман ба ҷанг идома бидиҳанд. Онҳо таъкид мекарданд, ки ҳадафи аслии душман шумо ҳастед ва агар осебе ба шумо бирасад, имтиёзе ба онҳо аст.

Ногузир будам бипазирам. Ду нафар тарассудгар душманро таҳт назар гирифт ва мо соҳаро ба самти Солангҳо тарк кардем. Касоне, ки соҳотро баладанд, медонанд, ки масири бисёр тӯлонӣ ва душворгузар дорад.

Бо ҳама хастагӣ ва мондагӣ ногузир бояд ин масирро мепаймудем. Як ҷавон аз миёни мо маҷрӯҳ шуд, ки хушбахтона, бо худ мунтақил кардем, аммо ду фармондеҳи варзидаи мо нопадид шуданд, ки то ҳоло аз онҳо хабаре надорам. Омори дақиқи талафоти душман низ дар даст нест.

Наздикҳои шом ба минтақае, ки чанд хонаи маҳаллӣ буд, расидем. Аз онҳо тақозои кӯмак барои сипарӣ кардани шаб кардем, ки бо кароҳат пазируфтанд. Шарташон аммо ин буд, ки то торикии комили шаб бояд дар наздикии маҳалла худро пинҳон кунем ва баъд вориди хонаи онҳо шавем.

Он шаб пас аз машварат, ба ҳама ҳамроҳон иҷоза додам, то худро дар ҷое, ки худ лозим медонанд, пинҳон кунанд. Ду нафар муваззаф ба интиқоли захмӣ ва як тан бо ман ҳамроҳ шуд.

Фардои он рӯз ба тарафи кӯҳҳои Соланг ба роҳ афтодем. Пас аз ҳафт соат пиёдаравии бидуни вақфа ба минтақаи амне расидем ва чанд шабро онҷо сипарӣ кардам. Як поям дар ҷараён ҷанг дар миёни сангҳо осеб дида буд, ки онро бо истифода аз равишҳои маҳаллӣ мудово кардам.

Дар он минтақа фурсате шуд, то бо истифода аз шумораи як тан аз мардуми маҳал пас аз чандин рӯз бо хонавода ва ҷабҳа тамос бигирам ва аз зинда будани хеш итминон диҳам.

Бо Амири ҷавон, раҳбари муқовимат, ки то он дам аз сарнавишти мо комилан беиттило буд, низ ба василаи он гӯшӣ васл шудам. Амири ҷавон лозим медид то ба ҷои амнтаре интиқол ёбам ва бо тадобир ва имконоте, ки дар ихтиёр доштанд, бо душвориҳое, ки ба далоили амниятӣ қобил таҳрир нест, ба ҷои амне мунтақил шудам.

Ман акнун бо ҳама бузургон ва дӯстон дар тамос ҳастам ва барои озодӣ ва оромиши мардуми Афғонистон аз ҳар талоше дареғ нахоҳам кард. Бидуни шак, сарбаландӣ аз он касонест, ки бо матонат ва садоқат дар роҳи Худо ва иззати мардум ва кишвараш гом бардорад.

Бо иродаи комил ва имони росих дар сангари озодӣ барои дифоъ аз сарзамину раҳоии мардум аз зулм ба мубориза худ идома хоҳем дод. Зиндагӣ вадияи илоҳӣ аст, ки танҳо бо сипарӣ шудан дар роҳи озодӣ, истиқлол, ҳимоят аз мазлумин ва кӯтоҳ сохтани дасти золим арзиш меёбад.

Аз овони ҷавонӣ барои мубориза дар роҳи Худо ва хидмат ба халқуллоҳ камар бастаам ва то поён, иншоаллоҳ, дар иродаам халале роҳ нахоҳад ёфт. Истисоли золим ҳатмӣ аст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!