Хабари рӯз

Муқовимати мо танҳо барои насли имрӯзӣ на, балки барои наслҳои ояндаи ин сарзамин низ аст, то ҳаюлои ҷаҳлу таассуб дигар дар сарзамине, ки хостгоҳ хуршед гуфта мешавад, сояи шуми хешро наяфганад

Муаллиф: КОВА ОҲАНГАР

Муқовимат муборизаи раҳоибахши миллӣ аст, муборизае аст барои раҳоии Афғонистон ва мардуми ранҷдидаи мо аз чанголи гурӯҳе, ки дар тайи 25 соли ахир бо истифода аз тамоми равишҳои террористӣ ва даҳшатафганӣ зиндагиро ба ком мардуми бечораи мо талх кардаанд ва инак, дар муомила бо Амрико дар кишвар ба қудрат расида ва мехоҳанд Афғонистонро ба ақиб баргардонанд ва аз он кишваре бисозанд ақибмонда бо сохтори қабилавӣ.

Муқовимат муборизае аст миёни дониш ва ҷаҳл, миёни зебоӣ ва зиштӣ, миёни некӣ ва бадӣ, миёни зулм ва адл. Муқовимати мо танҳо барои насли имрӯзӣ на, балки барои наслҳои ояндаи ин сарзамин низ аст, то ҳаюлои ҷаҳлу таассуб дигар дар сарзамине, ки хостгоҳ хуршед гуфта мешавад, сояи шуми хешро наяфганад.

Муқовимат набарде аст барои ҳифзи таърих, фарҳанг, ҳунар, забон ва ҳама доштаҳои маънавии сарзамини мо, ки наслҳои пешини мо дар тайи садаҳо ва ҳазораҳо ин арзишҳоро ба мо ба мерос гузоштаанд ва мо масъулият дорем то инҳоро ба наслҳои баъдӣ саҳеҳ ва солим бирасонем.

Муқовимати мо барои ҳифзи ҷаҳон аз шарри ҳаюлои терроризм аст. Бо ин, ки амрикоиён хушбоварона пазируфтаанд, ки Толибон* тамоми равобиташонро бо гурӯҳҳои террористӣ, бавежа, Ал-қоида* қатъ кардаанд, аммо ҳамин акнун, ки ҳанӯз андаке беш аз чор моҳ аз ишғоли Кобул тавассути Толибон мегузарад, нишонаҳои возеҳе аз ҳузури террористони марбут ба Ал-қоида ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар Кобул ва нуқоти мухталифи Афғонистон ба мушоҳида мерасад. Фаъолиятҳои гурӯҳи террористии ДОИШ* (ки агар бипазирем дар Афғонистон вуҷуд дорад) ба шиддат фузунӣ гирифтааст ва дере нахоҳад гузашт, ки доманаи фаъолиятҳо ва амалиёти террористии ин гурӯҳҳои даҳшатафган як бори дигар домани Амрико ва соири кишварҳоро фаро бигирад.

Омир Соҳиби шаҳид, Қаҳрамони миллии кишвари мо бист сол қабл ба Амрико аз фаъолиятҳои террористии “Толибон” ва ҳампаймононашон ҳушдор дода буд, ҳушдоре, ки гӯшҳои сангини Кохи Сафеднишинон онро нашуниданд, то ин ки ду рӯз пас аз шаҳодати ӯ, паёмади гӯш надодан ба он ҳушдорро бо додани ҳудуди се ҳазор кушта ва шаш ҳазор маҷрӯҳ бо гӯшту пӯсти хеш ҳис карданд.

Мо, инак, як бори дигар он ҳушдорро такрор мекунем. Таърихро шоҳид мегирем ва барои ҷаҳониён ҳушдор медиҳем, ки гурӯҳе монанди “Толибон” ҳаргиз наметавонад моҳияти террористии хешро тарк кунад, тору пуди гурӯҳи “Толибон” чунон бо гурӯҳҳои террорист, ба вежа «Ал-қоида» ва шохаҳои муртабит ба он пайванд хӯрдааст, ки ҷудо карданашон аз ҳамдигар маҳол аст. Агар ҳамин акнун мо натавонем ин гурӯҳи террористиро маҳор кунем, дере нахоҳад гузашт, ки онҳо як бори дигар дар садади судури гурӯҳҳои террористӣ ба кишварҳои Осиёи Миёна ва соири нуқоти ҷаҳон бароянд ва ҳамчунон даст ба амалиёти даҳшатафганона дар нуқоти мухталифи ҷаҳон бизананд.

Пас хоҳарон ва бародарон, эй ҳамватан, эй пири гарму сардчашидаи рӯзгор, эй ҷавони орзуманд ба ояндаи равшану тобнок, эй сарбози сарбакафи ватан, ки бароят хиёнат шудааст, ки ғуруратро чанд то хоин ва ватанфурӯш дар баробари гурӯҳе муздур помол кардаанд, эй муҷоҳиде, ки дар баробари Артиши Сурх ва таҷовузи Покистон размидаӣ, эй нависанда ва ҳунарманди кишвар, эй равшанфикр ва таҳсилкардаи сарзамини ман, эй устоди донишгоҳ, эй муаллими мактаб, эй пешавар, эй деҳқон, эй коргар, эй маъмури давлат, эй мардуми Афғонистон!

Ба ҳузури қавӣ ва устувор так-таки шумо дар сангарҳои муқовимати фарҳангӣ, фикрӣ, сиёсӣ ва низомӣ ниёз аст. Ҳар ҷо, ки ҳастед, бо қадаме ва қаламе ба муқовимати миллӣ бар алайҳи гурӯҳи мутаассиб ва муздури “Толибон” пайвандед.

Ту пой ба роҳ дарнеҳу ҳеҷ мапурс,

Худ роҳ бигӯядат, ки чун бояд рафт.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!