Хабари рӯз

Оне, ки ба террори Устод Раббонӣ муттаҳам мешавад, ҳатто намедонист, ки дар амома (салла)-аш маводи инфиҷорӣ ҷойгир шудааст.

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Ҳисом Муҳоҷир, раиси собиқи Шӯрои уламои Афғонистон (Эрон), махсус барои “Сангар”

Устоди шаҳид замоне фармуданд: дар як сафаре, ки аз манотиқи  ҷануб ба ҳавзаи ҷанубу ғарб, шимол ва шимолу шарқи кишвар доштем ва ба вилояти Ғӯр расида будем, сабри амрикоиҳо лабрез мешавад ва ба Карзай дастур медиҳанд ҷилави сафари Устод Раббониро бигиред. Он мавқеъ Устод фармуд: “Дар Ғур будам, тамоси телефонии Карзай омад, ки бароям гуфт: “Ҷаноби Устод, амрикоиҳо бисёр қаҳр ҳастанд, ки тамос мегиранд Устодро бихоҳед ва хоҳиши маро қабул кунед, биёед ба хайр!” Инҳо зиёд ҳассос ҳастанд! Саранҷом сафар нотамом ба Кобул баргаштем!

 

Ҳикояти якум:

Чаҳор рӯз қабл аз шаҳодати Устод, дар ҳутели “Истиқлол” утоқҳои мо муайян шуд. Қабл аз дохил шудан ба утоқам яке аз бузургони сафар муҳаббат кард ва гуфт, “Мавлоно, биёед, каме роҳат шавед, боз ба утоқи худ биравед”.

Ман ба эҳтироми мӯйи сафедашон ва ин ки аз ҷумлаи муҷоҳидони бузург буд, ба утоқашон рафтам. Сӯҳбатҳои муборизотӣ, аз ҷиҳод ва инқилоби исломӣ ва баъд шикоёт аз иштибоҳоти муҷоҳидин мавриди баҳс қарор гирифт. Эшон дар мавриди моҷарои баъд аз пирӯзии 8 савр фармуд: "Ҳизби исломӣ таҳаммул накард ва Ҷамъияти исломӣ инҳисор кард ва заминаи барбодӣ мусоид шуд".

Дар зайли ин сӯҳбатҳои ширин ва дардмандона ҳарфи такондиҳандае зад ва фармуд: "Устодро террор мекунанд!" Гуфтам: “Киҳо террор мекунанд?” Гуфт: "Амрикоиҳо". Гуфтам, “Чаро?” Гуфт: "Мегӯянд, ба мисли Устод Раббонӣ мунофиқ надида будем, ки зоҳири ором дорад ва аммо дар дилаш ҳазор барномаи нобудии мо (Амрико) нақш бастааст. Бояд бардошта шавад, хатарнок аст ва мӯҷиби табоҳиамон мешавад!". Ман гуфтам, “Ҷаноби..., кӣ бароятон гуфт?” Фармуд: "Аз мақомот - генералҳои баландпояи амрикоиҳо аст!".

Ин ки мақсади ҷаноби... чӣ буд, ба ман гуфт ва эътимод кард, маълумам нашуд. Ин баҳс метавонад чанд матлаб дошта бошад. Ин ки ҳатман мехост тавассути ман Устодро хабар намояд. Ё ин ки шояд мехост як ҳодисаи аламнокро, ки тавассути амрикоиҳо анҷом мешавад ва намояндагӣ аз нияти бадашон мекард, баён намояд. Ва ё чӣ бидонам шояд ҳам мехост бигӯяд, ки кори Устод дар ояндаи наздик аз ҳавзаи сиёсату раҳбарӣ ба поён расиданист, бояд таваҷҷуҳи лозимро намоем, ки дар набудашон чӣ корҳое шавад.

Рӯзи чаҳорум ҳини баргашт ба Устод гуфтам: “Ба хайр якҷоя меравем”. Фармуд: “Шумо биравед, ба хайр, ман дар Дубай навбати доктар дорам. Ба хотири қалбам Иморот меравам, аз он тариқ зуд меоям”.

Фардояш Ҳиссаи дувуми Парвон равон будам, тамоси телефонии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз Тоҷикистон омад, ки гуфт: "Устод шаҳид шуд?" Гуфтам, “Устод Иморот рафт ва ман Кобул омадам”. Гуфт: "Шабакаҳои Кобул эълон намуданд, оҷил тамос ба доктор Гулистон, раиси Кобул гирифтам, ӯ гуфт, “Хонаи Устод ҳастам, бале шаҳид шуда".

Расонаҳои ҷаҳонӣ шаҳодати Устоди шаҳидро инъикоси ҷаҳониву густурда доданд ва уламои барҷастаи уммати исломӣ, Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои Ислом ва марокизи илмӣ, ташаккулоти сиёсӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва милали мусулмону давлатҳои исломӣ ҳодисаи шаҳодати Устодро дар навъи худ камназир хонданд ва ин ҳодисаро иттилоърасониву таблиғи густурда намуданд. Ин бозтоби беназир аз хабари террори Устод худ ба наҳви худ баёнгари бузургӣ ва ҷойгоҳи волои Устоди шаҳид дар сатҳи ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ аст.

 

Ҳикояти дувум:

Шаҳид инжинер Аминууллоҳ Амин, машҳур ба инҷинер Амин, аз кадрҳои варзидаи амнияти миллӣ  дар ҳамла ба ҷони Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳур дар рӯзи аввали интихобот ба шаҳодат расид. Ҳудудан як моҳ қабл аз шаҳодати Устод, инҷинери марҳум тамос гирифт ва ба мадраса омаду гуфт: “Устодро хабар кун, плани террораш тарроҳӣ шуда, мутаваҷҷеҳ шавад”. Ман гуфтам: “Чӣ тавр? Барнома аз чӣ қарор аст?” Гуфт: "Дигар тафсилаш ниёз нест. Чанд раиси амнияти миллӣ аз вилоёт ба таври хидматӣ дар Кобул хоста шуданд ва рӯи барномае кор доранд, ки Устодро террор намоянд. Фавран, хабараш кун".

Ман талош кардам Устоди марҳумро дар хонааш дар Вазир Акбархон, ки тавассути Ҳоҷӣ Назир ҳамоҳангӣ шуда буд, бубинам. Эшон дар тамоси телефонӣ тибқи одати мӯҳтарамонашон гуфт: "Мавлонои бузург, Устод гуфт, соати 4 мунтазирам” ва он ҷо дидамашону мавзӯъро барояш гуфтам. Эшон каме сукут кард! Сарашро баланд карду гуфт: "Чора нест, ҳар чӣ тақдир бошад, мешавад. Таваккал ба Худованд".

 

Ҳикояти севум:

Дар майдони ҳавоии Машҳад аз Конфронси байналмилалии Теҳрон омадем, ки бо оқои Ҳомид Карзай, раисҷумҳури қаблӣ бо ҳам дар ташрифот мунтазири парвоз будем. Оқои Карзайро оқои Карим Хурраму ҷаноби Тақвоӣ ва чанд дастёр ҳамроҳиаш мекард.

Ҳамроҳи Карзай рӯи масоили бузурги кишвар сӯҳбат намудем. Бароям гуфт: "Шумо хеле зиёд болоям гап мезадед". Гуфтам: “Бале!” Фармуд: “Чаро?” Гуфтам: "Бисёр вобаста будӣ ба Амрико". Фармуд: "Бешак, бешак, ман он вақт Амрикоро намешинохтам, баъд, ки шинохтам, 5 сол гузашта буд, боз дигар гапи Амрикоро нагирифтам".

Дар қисмате аз сӯҳбатҳо гуфтам: “Устодро чӣ тавр шаҳид сохтанд?" Эшон гуфт: "Се масъала дар замони ҳукуматдориам бисёр талх гузашт: якум, барномаи террори бародарам, дувум, паёми зани Султонзуй, ки Мулло Умар дар Ғазнӣ аст ва ба сулҳ омода аст, севум, барномаи паёми сулҳ, ки Устоди гиромӣ шаҳид шуд.

Чанд рӯз қабл аз террори бародарам генерали амрикоӣ омада гуфт: "Шумо эълон кунед, мо сулҳ мехоҳем, Толибон омода ҳастанд”. Ман гуфтам, хуб аст, ҳамроҳи Устод машвара намоям, раиси Шӯрои сулҳ ҳастанд”. Гуфт: “Устод дар сафари Туркияву куҷое ҳаст, новақт мешавад. Шумо эълон намоед” ва ман эълон накардам. Муттасил барои он бародарам террор шуд! Агар эълон карда будам ва ҳамзамону фардояш бародарам террор мешуд ва пеши миллат бисёр беиззат мешудам.

Дувум, зани Султонзуй гуфт:"Паёми Мулло Умарро овардам, шумо истиқбол намоед. Ман гуфтам, бовар надорам. Исрор карду гуфт: “Мо ба матбуот мебароем, обрӯятонро мебарем” ва ман барояш гуфтам, биравед, қабул надорам, ҳарчӣ мекунед, бикунед!

Агар мепазируфтам, чанд рӯз баъд вафоти Мулло Умар эълон мешуд. Беиззатии калон буд. Хуб шуд, накардам.

Севум, паёми сулҳ, ки омад, ман паёмро шунидам ва гӯш кардам, хушҳол шудам. Ба Устоди гиромӣ тамос гирифтам, оҷил биёед, ки сафиру намояндаи сулҳ омада, бисёр зарур аст. Дигар надонистам, ки чӣ гуна Устодро шаҳид сохтанд”.

Иттилооти амниятиву маслакӣ ҳикоят дорад, ҳамон рӯз, ки Устодро шаҳид сохтанд, алоими ҷурмӣ нишон медиҳад, ки маводи мунфаҷира дар меҳмонхонаи давлатӣ дар амома (салла) баста мешавад ва пеш аз мулоқот бо Устод ба таври эъзоз бар сари намояндаву паёмовари сулҳ гузошта мешавад ва римут (контролгар)-и он ба дасти олиҷанобе мебошад. Дар ҳини ҳамоғӯшиву аҳволпурсӣ дукма зада мешавад ва маводи мунфаҷира инфиҷор мекунад ва Устод шаҳид мешавад.

Устоди шаҳиди мо рисолатмандона, ба ҳайси муаллим, устод, даъватгар, муҷоҳид, муҳоҷир, раҳбар, раиси Давлати исломӣ ва раиси Шӯрои олии сулҳ зист. Худои мутаол дар рӯзи охират дар зумраи шуҳадо, солеҳон ва муҷоҳидони маҳшур бидорад ва ғуфрону раҳмати бекаронашро насиби ҳамаи шуҳадо ва муҷоҳидин гардонад.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!