Муаллиф: АБДУЛҲАФИЗ МАНСУР, аз китоби “Фотеҳи ҷанги сард”
Дар зарфи даҳ рӯз даҳ вилояти шимолу шимолу шарқ ба ишғоли «Толибон» даромад, дар бархе аз нуқоти вилояти Бадахшон парчами сафед ба расми тарафдорӣ аз толибон барафрошта шуд ва танҳо дараи Панҷшер буд, ки муқовимат мекард, ки аз панҷ ҷиҳат мавриди ҳамлаи «Толибон» қарор дошт ва Андароб дар ошуфтагӣ ба сар мебурд.
Покистон «Толибон»-ро ба расмият шинохт ва ба таври расмӣ пуштибонии худро аз онҳо эълом намуд. Гавҳар Аюбхон, вазири хориҷаи он вақти Покистон эълом дошт, ки ба зудӣ Устод Раббонӣ, генерал Дӯстум ва Аҳмадшоҳ Масъуд ба василаи «Толибон» дастгир хоҳанд шуд.
Дар ҳоле ки устод Бурҳонуддин Раббонӣ, раиси давлати Афғонистон бо аҷала аз Толиқон хориҷ шуд ва ба Тоҷикистон паноҳ бурд, Устод Сайёф дар Кундуз ба сар мебурд ва дар муҳосира воқеъ шуда буд, низ бо заҳмати фаровон роҳии Тоҷикистон гардид.
Генерал Дӯстум пештар аз дигарон бо ҳамкорони наздикаш ба Ӯзбекистон ва аз он ҷо ба Туркия рафта буд. Сайид Мансур Нодирӣ, раҳбари фирқаи исмоилия зареаи як ҳеликуптар (чархбол) ба Ӯзбекистон фирор намуд. Устод Абдулкарим Халилӣ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломӣ дар Бомиён боқӣ монда буд ва як фарванд ҳеликуптар дар он ҷо омода буд, то зареа (тавассут) - и он ба хориҷ интиқол дода шавад.
Дар чунин вазъияте дар Панҷшер (маркази муқовимат) чӣ мегузашт?
Роҳҳои Панҷшер аз муддатҳо тавассути «Толибон» қатъ шуда буд ва нархи гандум ба фи сер "сесад ҳазор афғонӣ" сууд карда буд, чандин ҳазор муҷоҳид бо хонаводаҳояшон аз Парвону Кописо ва шимоли Кобул дар Панҷшер ба сар мебурданд, дар Панҷшер аксар хонаводаҳо нон надоштанд, аз туту талхон истифода мекарданд ва мизони гуруснагӣ ба ҳадде буд, ки чанд нафар дар бемористони Рухаи Панҷшер ба иллати гуруснагии чандрӯза ҷон бохтанд.
Барои муҷоҳидин тавассути ду фарванд ҳеликуптар аз Толиқон нон пухта, ба Панҷшер интиқол меёфт ва агар осмон абролуд мебуд, ин кор ҳам сурат намегирифт, дар хазонаи Масъуд беш аз чанд "лак афғонӣ" чизе намонда буд.
Чанд ҳафта пеш аз он Аҳмадшоҳ Масъуд мехост барои пайдо кардани маболиғе мутарҳои шахсиашро дар Мазори Шариф ба фурӯш бирасонад ва дар ҷамъи касире аз қумандонон, ки ҳама ба фурӯши он раъй доданд, соҳиби ин қалам бино бар далоили мухталиф бо ин кор мухолифат намуд, ки он матлаб ҳамин ҳоло дар китоби ҷаласот дарҷ аст ва дар натиҷа аз фурӯши онҳо ҷилавгирӣ ба амал омад.
Дар чунин вазъияте табиист, ки рӯҳияи мардум то чӣ ҳад поин меояд, ҳамарӯза ҳамроҳ бо ҳамкорони хеш, ки дар раъси мо Инҷинер Муҳаммад Исҳоқ қарор дошт, зареаи як "ҷип" ба дафтар мерафтем, мардум нигарон дида мешуданд ва дастҳо ба унвони салом ба сахтӣ боло мешуд, Инҷинер Исҳоқ, ки дар муқовиматаш дар баробари ҳаводис ангуштнамост ва ба шеър ҳам чандон рағбате надорад, дар масири роҳ ин байти Ҳофизро замзама мекард:
Шабе торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил,
Куҷо донанд ҳоли мо, сабуксорони соҳилҳо.
Он рӯз қарор буд сармақолае барои ҳафтаномаи «Паёми муҷоҳид» бинависам. Худо медонад, чӣ қадар дар канори дарёи Поранда қадам задам то сюжете биёбам, аммо натавонистам, гӯӣ дар он рӯз ҳама сюжетҳо мурда буданд*...
Дар ҷавори манзили соддаи Аҳмадшоҳ Масъуд назму тартиби муҳофизин барҳам хӯрда буд, аз ду утоқи фармондеҳии Масъуд, ки дар яке аз он мухобира ҷо ба ҷо буд ва дар дигаре он шаб чаҳоруми ҷавзои 1376 (25 майи 1997) ҷаласае муштамил аз сарони ҷабҳаи Панҷшер таҳти раёсати Аҳмадшоҳ Масъуд ташкил гардид.
Дар ҳар чанд дақиқа хабари таслимии як вулусволӣ ва ё як минтақа аз тариқи мухобира ба гӯш мерасид, «Толибон» роҳи Солангро шигофтанд ва қувояшон аз ду тариқ бо ҳам васл гардид.
Мулло Убайдуллоҳ, вазири дифоъи «Толибон» ва яке дигар аз фармондеҳони машҳури муҷоҳидин дар Соланг, ки таслими «Толибон» шуда буд, зареаи мухобира аз Масъуд мехост то таслим шавад ва мегуфтанд, муқовимат беҳуда аст ва ...
Пешрафти сареъи «Толибон» кишварҳои Осиёи Миёнаро ваҳшатзада карда буд, онҳо дар садади таъмин равобит бо «Толибон» афтода буданд, Устод Раббонӣ аз Тоҷикистон зареаи телефон ба Масъуд иттилоъ дод, ки сиёсат дар ин ҷо тағйир карда ва дигар омодаи ҳамкорӣ нестанд, бояд дар фикри наҷоти худ бошед, бад-ин маънӣ, ки бояд фирор кунед... Ва Масъуд Халилӣ, сафири Афғонистон дар Деҳлӣ, Аҳмад Валӣ Масъуд, бародари Аҳмадшоҳ Масъуд дар Лондон ва як ҷамъи дигаре паёмҳои мушобеҳе мефиристоданд ва ба Аҳмадшоҳ Масъуд таъкид медоштанд, ки муқовимат беҳуда аст ва бояд кишварро тарк кунад.
Афроди иртиботӣ ба раёсати истихборот равобити худро бо ин идора қатъ карда буданд ва раёсати истихборот тарҳеро тартиб карда буданд, ки дар он гуфта шуда буд, то Масъуд аз кишвар хориҷ шавад, Фаҳимхон ва бархе касон дар мавоқее бо сиёсатҳои Аҳмадшоҳ Масъуд мувофиқат нишон намедиҳад, қудратро дар Панҷшер ба даст бигирад ва аз тариқ тафоҳум бо “Толибон” аз қатли ом дар Панҷшер ҷилавгирӣ шавад.
Дар ҷаласаи сарони Панҷшер танҳо як нафар муқовиматро бефоида ва зиёнбор хонд, роҳи музокира ва гуфтугӯро бо «Толибон» пешниҳод кард, аммо бақия онро рад карданд ва зиёнбор донистанд, вале равшан набуд, ки ин муқовимат ба мақсади наҷоти кишвар аст ва ё худкушӣ.
Мақсади мо аз қудрати воқеъбинии Масъуд аст, дар ҳоле, ки теъдоде аз афроди саршинос ва ҳамкори Масъуд ба хориҷ паноҳ бурда буданд ва муқовиматро як амри бесамар мехонданд, машвара шурӯъ шуд. Яке қабл аз муқовимат тахлияи дастаҷамъии Панҷшер ва рафтани мардум ба Тоҷикистонро матраҳ намуд, то баъд муҷоҳидин бо хаёли роҳат ҷанг кунанд.
Ба яқин тахлияи дастаҷамъӣ дар он шароит на мумкин буд, на муфид, дигаре хатмҳои Қурони Маҷидро дар саросари масоҷиди Панҷшер матраҳ намуд, севумӣ вуҷуди занон ва атфолро дар минтақа лозим медонист, то муҷоҳидин ба сарсахтӣ дифоъ намоянд. Ояндаи Афғонистон ба тасмими ин ҷаласа, бавежа ба иродаи Аҳмадшоҳ Масъуд гиреҳ хӯрда буд ва гӯши миллионҳо афғонистонӣ интизори тасмими ӯро дошт.
Дар ҷараёни ҷаласа Ғулом Ризо Ҳаддодӣ, сафири Эрон дар умури Афғонистон барои Масъуд телефон зад ва дар аввалин пурсиш гуфт: Омир Соҳиб! Ҳанӯз дар дохил ҳастӣ?!
Омир Соҳиб бо лаҳне гирифта, ношӣ аз чанд шабонарӯзи бехобӣ, аммо мусаммам дар посух гуфт:
- Чӣ фикр мекунӣ? Ман бояд дар миёни мардум бошам ва дар миёни онҳо кушта шавам...!
Саволи дувуми Ҳаддодӣ ин буд:
- Мо чӣ карда метавонем?
Омир Соҳиб гуфт:
Агар метавонед, маводи ғизоии кансервшуда, ҳар чӣ оҷил аз ҳаво бифиристед, мо муқовимат мекунем...
Ҳамон шаб аз тариқи радиои Бӣ Бӣ Сӣ Омир Соҳиб эълом кард, ки: “Агар як нафар ҳам боқӣ бимонам, на таслим мешавам ва на фирор мекунам, балки муқовимат мекунам!
Ин садо ҳазорон муҷоҳидро ба шӯр овард ва мардуми таҳти ситами «Толибон»-ро ба тааҷҷуб водошт, ки ин чӣ гуна марде аст? Ва рози ин устуворӣ чист?
Барои давоми муқовимат дар Панҷшер як чунин тарҳеро матраҳ намуд.
1 - қитъаи кумонду роҳҳои ақибии Панҷшер дар Карону Мунҷон ва Ховокро минакорӣ намояд, то душман аз ақиб ҳамла накунад.
2 - қароргоҳҳои даврони ҷиҳод, ки дар умқи дараҳои фаръӣ мавқеъият доштанд, дубора фаъол шаванд.
3 - хонаводаҳое, ки довталабона метавонанд аз Панҷшер хориҷ шаванд, бояд ташвиқ гарданд, то маводи хӯрокӣ камтар масраф шавад.
4 - пули Кӯкча дар вилояти Тахор мунфаҷир гардад, то толибон натавонанд ба сӯи манотиқи моварои Кӯкча пешравӣ намоянд.
5 - барои давоми муқовимат дар Панҷшер бо уламо ва мӯйсафедон машвара сурат гирад, чун дар сурате, ки мардум хостори давоми ҷанг набошанд, бояд роҳи дигареро санҷид, ки фардо ҷаласа бо иштироки намояндагони саросари Панҷшер ташкил шуд ва ҳама ба як садо гуфтанд:
“Ҳама мемирем, вале таслими толибон намешавем!”
Ва ба Омир Соҳиб Масъуд пешниҳод карданд, ки ҷавонон дар шимолӣ даст ба ҳамла бизананд ва роҳи толибон ба сӯи манотиқи шимолро қатъ кунанд ва мӯйсафедон ҳама аз дохили Панҷшер дифоъ медоранд.
6 – бо генерал Абдулмалик тамос гирифта шавад ва пеш аз ин ки нуфузи худро дар шимол маҳкам намоянд, вай ба қиём ташвиқ гардад, чун таҳлил ин буд, ки Малик ба асари душмание, ки бо Дӯстум дошт, бо «Толибон» як ҷо шуда. Дар сурате, ки ба султаи «Толибон» розӣ нест, вале аз ин, ки Амир Исмоилхонро бо 600 тан аз муҷоҳидини таҳти фармонаш ба «Толибон» таслим дода, шарманда аст ва наметавонд бо ин ҷиноҳ тамос бигирад.
Бар асоси ин файсала Омир Соҳиб дар садади тамос бо Абдулмалик баромад ва Ғафурзай ин тамосро барқарор намуд, Омир Соҳиб ӯро ба қиём ташвиқ кард ва аз вай пуштибонии худро эълом дошт, ки дар натиҷа фардои он рӯз ҳудуди се ҳазор аз афроди «Толибон» торумор шуданд.
Ин тасомим дар ҳеҷ муассисаи таҳқиқотӣ иттихоз нигардид ва на дар канори соҳилҳо аз сӯи мутахассисин тарҳрезӣ нашуд, балки дар шароите аз ҷониби Масъуд иттихоз шуд, ки шарҳи он гузашт ва ин на танҳо суботу поймардӣ, балки муҳиммтар аз ҳама қудрати воқеъбинии эшонро дар душвортарин авзоъ ба намоиш гузошт. Он ҷо буд, ки ба хубӣ мафҳуми воқеъбиниро дарёфтам ва он яке аз бахшишҳои илоҳӣ барои Масъуд буд, ки назираш дигар суроғ намешавад.
*Ҳафтаномаи “Паёми муҷоҳид” дар он шумора дар баробари омодагии ҷонбозонаи мардум чизе беҳтар аз шеъри Абдулқаҳҳор Осӣ наёфт ва ба ситоиш аз ин файсалаи мардумӣ навишт:
Хаёли ман яқини ман,
Ҷаноби куфру дини ман,
Биҳишти ҳафтумини ман,
Диёри нозанин ман!
Кӯҳу камар ғуломшон,
Чӣ офтобу оташе,
Қиёмате қиёмшон,
Чӣ мардумони саркаше.
Ба хона хона Рустаме,
Ба хона хона Ораше,
Барои рӯзи имтиҳон,
Диловаре камонкаше.
Чӣ сарфароз миллате,
Чӣ сарбаланд мардуме,
Ки хоки роҳашон бувад,
Шарофати ҷабини ман.
Шаҳодату муродро,
Ба гӯши санг санги худ,
Чӣ сахт наъра мекашад,
Гулӯи сарзамини ман.
6 – Бо генерал Абдулмалик тамос гирифта шавад ва пеш аз ин ки нуфузи худро дар шимол маҳкам намоянд, вай ба қиём ташвиқ гардад, чун таҳлил ин буд, ки Малик ба асари душмание, ки бо Дӯстум дошт бо “Толибон” якҷо шуда дар сурате, ки ба султа “Толибон” розӣ нест, вале аз ин, ки амир Исмоилхонро бо 600 тан аз муҷоҳидини таҳти фармонаш ба “Толибон” таслим дода, шарманда аст ва наметавонад бо ин ҷиноҳ тамос бигирад.
Бар асоси ин файсала Омир Соҳиб дар садади тамос бо Абдулмалик баромад ва Ғафурзай ин тамосро барқарор намуд. Омир Соҳиб ӯро ба қиём ташвиқ кард ва аз вай пуштибонии худро эълом дошт, ки дар натиҷа фардои он рӯз ҳудуди се ҳазор аз афроди “Толибон” торумор шуданд.
Ин тасомим дар ҳеҷ муассисаи таҳқиқотӣ иттихоз нагардид ва на дар канори соҳилҳо аз сӯи мутахассисин тарҳрезӣ нашуд, балки дар шароите аз ҷониби Масъуд иттихоз шуд, ки шарҳи он гузашт ва ин на танҳо субот ва поймардӣ, балки муҳимтар аз ҳама қудрати воқеъбинии эшонро дар душвортарин авзоъ ба намоиш гузошт. Он ҷо буд, ки ба хубӣ мафҳуми воқеъбиниро дарёфтам ва он яке аз бахшишҳои илоҳӣ барои Масъуд буд, ки назираш дигар суроғ намешавад.