Ӯ, ки ҳамеша душманро ғофилгир мекард ва садои "тиқ-тиқ"-и туфанги махсусаш дӯстро ба пойдорӣ ва душманро ба фирор во медошт, ногаҳон дар доми душман меафтад ва маҷрӯҳ мешавад.
Нависанда: Муҳаммад Ҳусайн Сайид
Соҳили афтода гуфт: гарчи басе зистам,
Ҳеч на маълум шуд, оҳ ки ман чистам.
Мавҷи зи худ рафтае тунд хиромиду гуфт,
Ҳастам агар меравам, гар наравам нестам.
Иқбол
Ҳикояти гулӯлае, ки Аҳмадшоҳ Масъудро аз саҳнаи муҳориба хориҷ кард.
Андаке пас аз пирӯзии инқилоби ленинӣ - сталинии Савр буд, ки сояҳои ҳавлу ваҳшат ҳама ҷоро фаро гирифт. Шӯриши миллӣ ба шакли инфиҷори саросарӣ, кишварро дар худ фурӯ бурд.
Дар Панҷшер агарчи қиём бо яксол таъхир ба вуқӯъ пайваст, аммо дар зарфи чанд рӯз ҳокимияти давлатиро дар саросари дара (ду алоқадорӣ ва як вулусволӣ) ҷорӯб намуд ва аз Соланг то Дарбандро, ба як хатти ҷабҳа дар муқобили давлат мубаддал кард.
Раҳбарӣ ва маҳори амвоҷи ин сели худҷӯш ва дарҳаму барҳамро ҷавони 26-сола ба даст дошт, ки аз ҳамон овон ҳақиқати вуҷудаш бо афсона омехт, ҷавоне, ки чеҳраи сафеди лоғар ва чашмони нофизу сиёҳ дошт. Баланду борик менамуд ва мӯҳои пурпушту мавҷдораш бештари авқот пакулашро ба як сӯ мезад.
Ӯ қуллаҳо ва дараҳои амиқ, аз Соланг то Шутул дар Ғарб ва аз Дарбанд то Кӯҳбанд дар шарқи дараро ба суръати бод мепаймуд ва дар мавқеъи ниёз дар ҳама ҷо ҳузур дошт ва ин дар назари мардум каромат ва мӯъҷиза менамуд.
Ӯ, ки ҳамеша душманро ғофилгир мекард ва садои "тиқ-тиқ"-и туфанги махсусаш дӯстро ба пойдорӣ ва душманро ба фирор во медошт, ногаҳон дар доми душман меафтад ва маҷрӯҳ мешавад.
Достони захмӣ шудани ӯро чунон ки қумандон Ғафурхон таъриф кард, нақл мекунам:
Дар муқобили Пуштаи сурхи Ҷабалуссироҷ ҷанг ҷараён дорад. Душман аз қисмате аз мавозеъаш ақиб ронда шуда. Групҳои дигари муҷоҳидин пушти теппа мемонанд. Омир Соҳиб ба ҳамроҳии қумандон Ғафурхон ба таъқиб мепардозад. Ҳадаф арзёбии мавзеъҳое аст, ки душман дар наздикии мавозеъи муҷоҳидин иттихоз кардааст ва бояд ақиб зада шавад. Бар рӯйи теғаи кӯҳӣ ба пеш мераванд, ки монанди як бозуи неруманд аз Соланг ҷудо шуда ва болои бозори Ҷабалусироҷ ҳоким аст ва аз се тараф - Соланг, Кӯҳистон ва Парвон - қобили рӯият аст.
Онҳо бо давишҳои кӯтоҳ ва таваққуфҳое, ки бо сонияҳо қобили муҳосиба ҳастанд, худро ба мавзеъи маврид назар мерасонанд. Омир Соҳиб дурбин ба даст мегирад ва Ғафурхон нишон мегирад, аммо фақат як кулоҳи оҳанӣ мебинанд.
Баъд дурбинро ба Ғафурхон медиҳад ва худаш нишон мегирад, туфангро ба шонаи худ мефишорад, ҷарӣ ба ҷавак, ҷавак ба ҳадафи моша ба оҳистагӣ бо ангушти сабоба ба ақиб меравад, садои шиллики туфанги англисӣ машҳур ба "Шилдз" баланд мешавад, аммо мармӣ (тир) хато мекунад ва Ғафурхон хато рафтани мармиро тазаккур медиҳад.
Омир Соҳиб боз ҳам нишон мигирад. Ин бор ба фосилаи камтар аз замони қабл мармӣ садо мекунад ва ба ҳадаф мехӯрад, ҳамзамон бо он душман, ки гӯӣ дар атрофи мавзеъашон ба камин нишаста буд, онҳоро зери рагбори мармӣ мегиранд.
Мавзеъе, ки ба шакли бораҳои шикорчиён бо "санги қола" сохта шуда осебпазир аст. Ба асари андохтҳои мутамаркизи душман қисмате аз девораш фурӯ мерезад.
Мондан дар мавзеъ бештар аз пеш хатарнок мешавад.
Омир Соҳиб мармиро байни худаш ва Ғафурхон мусовиёна тақсим мекунад.
Ин ҷо мавқеъ истифода аз як токтики ҳамешагӣ ва муассири ҷангҳои пиёда аст: "Оташ ва ҳаракат!"
Аввал Ғафурхон оташ мекунад. Омир Соҳиб то ҳудуд бист метр медавад ва дар пушти як санг кӯчак мавзеъ мегирад ва оташ мекунад. Ғафурхон медавад, пештар аз Омир Соҳиб мавзеъ мегирад.
Акнун бор дигар навбат давидани Омир Соҳиб аст. Ин бор ҳудуди панҷоҳ метр медавад ва мавзеъ мегирад. Ғафурхон мебинад, ки мармиҳои душман дар муқобил ва атрофи Омир Соҳиб бисёр наздик исобат мекунанд ва ба иборати дигар ӯро мепечонанд.
Ғафурхон чунин идома дод:
"Ба сӯи ман баргашт ва тавре нигоҳ кард, ки фаҳмидам захмӣ шудааст."
"Баъд Омир Соҳиб худро дар канори мавзеъи кӯчак кард ва ба ман ҷо гузошт, бо дӯши дигар худро дар канори ӯ расондам".
"Оташи душман ба мавзеъ мо давом дошт".
"Баъд дунафарӣ файр кардем".
"Баъди ним соат ҳис кардем, ки акнун метавонем ҳаракат кунем".
"Туфанги Омир Соҳибро ба гарданам овехтам ва туфанги худамро ба ҳолати омода ба даст гирифтам".
"Арозӣ мавҷдор буд ва тавонистем то болои гардана худро бирасонем."
"Аммо Омир Соҳиб ба асари хунрезии зиёд аз ҳаракат боз монд".
"Ӯро ба пушт гирифта роҳ паймудем".
"Вақте ҳис кардам энергиям тамом шудааст, ки ба ҷойи амн расида будем".
"Омир Соҳиб аз асари хунрезии зиёд гоҳ - гоҳ аз худ мерафт, вақте тақозо кардам иҷоза надод захми ӯро бубинам, то ки доктар овардем".
"Захм дар соҳаи рон амиқ буд ва аз сӯхтани атрофи захм маълум буд, ки мармии расом будааст".
"Ташнагӣ амон аз мо барда буд, ҳоли ман ҳам беҳтар аз ӯ набуд".
"Мардум ҷамъ шуданд; аз хастагӣ тавони ҷавоб додан ба саволотро надоштам, то ин ки Коко Тоҷуддин омад ва ӯро ба ақиби ҷабҳа интиқол додем".
Аммо алорағми пинҳонкории ёронаш хабари маҷрӯҳияти вай ҳамчун соиқае ба сартосари хатти ҷанг мунташир мешавад. Мардон дар набудаш ҳамонанди дуди туфангҳои қадимӣ ва "даҳани пур"-ашон пароганда мешаванд. Идороти давлати коммунистӣ бори дигар мустақар мешванд, афви умумӣ эълон мешавад, туфангҳо қария ба қария ҷамъоварӣ мегарданд.
Ин рӯҳи шикастнопазир, баъд аз шикасти соли 1354 як бори дигар худро захмии танҳову бепаноҳ эҳсос мекунад, ки ба гувоҳии дастнавиштаҳояш ёдоварии он хотира, солҳо баъд низ мӯ бар андомаш рост мекардааст, аммо ӯ мавҷи пуртаппиш ва ноороме буд, ки танҳо дар соҳили марг аз такопу боз монд ва шояд ба ин далел ин шеъри мавлоно Иқболро дӯст дошт:
"Ҳастам агар меравам, гар наравам нестам"