Хабари рӯз

Стратегияи пасоқудрати Толибон чиро дарбар мегирад?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"

Ба қудрат расонидани гурӯҳи Толибон тавассути қудратҳои бузург ва минтақаӣ худ як стратегия буд. Ҳокимияти ин гурӯҳ низ ҷузъе аз як стратегияи дарозмуддат аст, ки тавассути муҷриёни қавӣ бо қудрати фавқулодда тарроҳӣ шудааст. Ҳол гуфта метавонем, ки ин гурӯҳ бо ҳукми аслии моҳияти он дар як тафоҳум бо рӯҳияи ифротгароии динӣ, терроризми қавмӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, стратегия дар даруни стратегия аст, ки марҳала ба марҳала татбиқ шуда, яке бо дигаре пайванд доранд ва ҳамдигарро такмил мекунанд.

Албатта, ки вуҷуди чолишҳоро дар баробари татбиқи ин стратегия ва зермаҷмуаҳои он, наметавон нодида гирифт. Аммо он чӣ, ки мусаллам аст, моҳияти аслии он аст, ки саботажу вайронгарӣ, қобилияти ғайриинкор ба он мебахшад. Яъне иттифоқи назар дар мавриди Толибон ва ба қудрат расидани дубораашон, дар миёни ҳама вуҷуд дорад ва ҳама медонанд, ки ин гурӯҳ абзори стратегӣ дар дастони дигаронанд. Ин абзори стратегӣ, амалкардҳое дошта ва барномаҳоеро барои тадовуми худаш ва ба ишораи дигарон дар амал пиёда сохтааст, ки ба ихтисор ба онҳо пардохта мешавад:

- Эҷоди фазои хафақон, ки дар таҳти назарияи нуфуз ба азҳони умумӣ иҷроӣ мешавад. Толибон аз баъди ба қудрат расиданашон фазои фишор ва истибдодро барои эҷоди тарси ҳамагонӣ дар дастури кор қарор додаанд. Гузоришҳо аз шиканҷаҳои шадиду ғайриинсонӣ, фишори музоф болои оми мардум, ҷанги равонии бисёр шадид ва барномарезишуда тавассути созмонҳои истихборотии минтақаву фароминтақа, намоиши қудрат дар ин ҷода барои таҳти таъсир доштани мардум ҷиҳати эҷоди тарси бештар аз қудрати саркӯби Толибон, таблиғоти расонаӣ бисёр моҳирона дар ҷиҳати саркӯби рӯҳияи муқовимати мардум дар баробари низом такқавмии Толибон, эҷоди фазои пулисӣ ва таъмини шабакаҳои иртиботии ҷосусӣ дар ҷодаҳо ва паскӯчаҳои кишвар, махсусан, дар шаҳрҳое, ки Толибон бештар эҳсоси тарсу нигаронӣ аз шӯриш аз онро доранд, ба як сиёсати стратегии Толибон мубаддал шудааст. Ин гурӯҳ бо истифода аз фановарии мудерн талош мекунад, то қабл аз истифода аз қувваи қаҳрияву саркӯб, мардумро дар зеҳниятҳо хафа созанд ва тарси лозимро барои таҳти контрол доштани онҳо, эҷод намоянд;

- Сиёсати мадрасасозӣ, ки майдони сарбозгириро муҳайё месозад: Толибон аз замони ба қудрат расиданашон, чанд ҳазор мадрасаи диниро эҷод карда ва қарори сиёсати расмии режими Толибон, қарор аст, омӯзиши мудерн ва асрӣ канор гузошта шуда ва сиёсати мадрасаҳои Ҳаққонияро дар тору пуди низоми таҳсилии Афғонистон таҳмил кунанд ва онро умумияти бештар бахшанд. Амалкардҳои гузаштаи Толибон ва қарори идеологиашон нишон медиҳад, ки барномаи мадрасасозии ин гурӯҳ бисёр густурда аст ва аз сатҳи шаҳрҳову марокизи вилоятҳо фаротар меравад ва дуртарин рустоҳову қарияҳоро низ дарбар хоҳад гирифт. Ба асоси асноди мавҷуд ва мутобиқи барномаи мадрасасозии гурӯҳи Толибон, бештар аз 3700 мадрасаи динии кӯчаку бузург дар саросари ин кишвар сохта хоҳад шуд. Бар асоси ин барнома, то кунун мадориси бузурги диниву ҷиҳодӣ бо зарфияти пазириши як ҳазор талаба дар 25 вилояти Афғонистон, аз ҷумла Кобул, Қандаҳор, Ғур, Форёб, Тахор, Панҷшер, Нангарҳор, Қундуз ва Майдон Вардак, сохта шудааст ва дар шуморе аз вилоятҳо низ дар ҳоли сохт аст. Ҳар мадрасаи диниву ҷиҳодии Толибон, бино ба дастури раҳбари ин гурӯҳ, бояд як хобгоҳ бо зарфияти пазириши 500 то як ҳазор талабаро дошта бошад ва барои ҳар талаба низ дар шабонарӯз 150 афғонӣ аъона дар назар гирифта шавад. Илова бар ин, ин гурӯҳ дар 21 моҳи гузашта даҳҳо мактаби давлатии мудерн ва маркази фарҳангӣ, аз ҷумла сохтмони як телевизиони хусусиро ба мадрасаи динӣ табдил кардааст ва дар бист соли гузашта низ дар манотиқи таҳти контроли худ, садҳо мадрасаи диниро эҷоду тақвият карда буд.

- Сиёсати боҷгирӣ аз мардуми Афғонистон ва кишварҳои минтақа: гурӯҳи Толибон дар даврони аввалу дувум ба қудрат расиданашон, аз сиёсати боҷгирӣ, баҳонагирӣ ва аххозӣ, манобеъи фаровони молиро касб карда ва тавонистаанд, таҳти ин баҳона даст ба саркӯби густурда бизананд. Ин гурӯҳ афроде умдатан аз қавми тоҷикро ба баҳонаи шомил будан дар давлати собиқ (махсусан, нерӯҳои амниятии давлати пешин), ҷабаҳоти муқовимат ва ғайра, ибтидо дастгир карда ва баъд аз таҳмили шиканҷаҳои ғайриинсониву исломӣ, водор ба пардохти маболиғи ҳангфти пул, харидани силоҳ, таҷҳизоти низомӣ ва ҳатто васоити низомӣ мекунанд. Ин гурӯҳ ҳамчунон аз туҷҷори миллӣ, сармоядорон, ашхоси бонуфуз ва заминдорон ба зӯр пул ахз карда ва ба воситаи он бар таҳмили ҳокимияти ҷабборонаи хеш муҳри таъйид гузоштаанд. Фаротар аз ин сиёсат дар дохили Афғонистон, ин гурӯҳи ҷоҳил аз минтақа ба воситаи гурӯҳҳои террористии хориҷие, ки ин гурӯҳ мизбони он аст, аххозии сиёсӣ мекунанд ва манобеъи фаровони молиро ба ҷайб мезананд. Таомул бо Чин, Эрон, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳатто Амрико ва соири кишварҳои аврупоӣ аз сиёсатҳои маъмулии ҳукумати ин гурӯҳ аст. Ҳар замоне, ки мизони кӯмакҳои пулӣ коҳиш ёбад, фавран корти терроризм, ДОИШ ва соири гурӯҳҳои террористии хориҷӣ, ки феълан дар таҳти чатри ҳукумати мустабид ва ғайриисломии Толибон, паноҳгоҳҳои амнро эҷод кардаанд, фаъол карда ва минтақаро маҷбур ба пардохти ҷазия мекунанд. Ҷунбиши Исломии Туркистони Шарқӣ, Ҷунбиши Исломии Ӯзбекистон, Ансоруллоҳи Тоҷикистон, Ҷундуллоҳи Эрон, ТТП-и Покистон, ки пурсишҳои зиёде дар хусуси он вуҷуд дорад, аз ҷумлаи манобеъи даромади ин гурӯҳ барои истимрори ҳукуматашон, маҳсуб мешавад.

- Сиёсати якдастсозии қавмӣ: саркӯби ҷамъии соири ақвоми ғайрипаштун, махсусан, тоҷикҳо, интиқоли ТТП ба Шимол, ғасби заминҳои тоҷиктаборон дар Шимолу Шимолу Шарқи Афғонистон, ҷобаҷоии ихроҷиҳо аз Покистон, ки ҳанӯз ҳам гумоназаниҳои зиёде дар хусуси аслияташон вуҷуд дорад ва манбае аз нигарониву савол ҳастанд, талош барои ҳазфи забони форсӣ, тоҷикситезӣ ва эҷоди фазои паштунволӣ барои тазмини ҳокимияти такқавмӣ ва фашистии паштунтаборҳо, эҷоди фазои ҳамагонӣ сохтани забони пашту ва талош барои решакан кардани лавҳаҳо, суроғаҳову номҳои ҷодаҳо ва ҷойҳои расмиву ғайрирасмӣ ва ҷойгузинии он бо забони пашту нишон медиҳад, ки ҳокимияти Толибон, як ҳокимияти такқавмӣ, фашистӣ ва бартариталаб аст, ки танҳо ҳукумату қудрати сиёсӣ ва сарвати миллиро барои чанд нухбаи паштун мехоҳад, дар ҳоле ки аксарияти мардуми паштунтабор ҳанӯз ҳам дар фақру бечорагӣ ба сар бурда ва маҳрум ҳастанд. Ин гурӯҳ бо шиори дурӯғини исломият ва таҳти унвони афғоният дар талошанд, то мардуми бечораву мазлуми Афғонистон, махсусан, тоҷикҳоро дар зери лифофаи дину мазҳаб, афғониза сохта ва иҷоза надиҳанд тоҷикҳо ба қудрат баргарданд. Ин сиёсат аз солҳои сол бар зидди тоҷикҳо идома дошта ва ба асоси теорияи "Сақовии дувум", ки доктринаи аслии паштунтабориро месозад, ҷуғрофия, сиёсат ва манобеи қудрат ва сарвати миллӣ дар Афғонистон бояд комилан афғониза шуда ва таҳти контроли паштунҳо бошанд.

 - Сиёсати террористпарварӣ: Толибон бо маддиназардошти моҳияти аслиашон, терроризмро дӯст доранд, чун бо терроризм ваҷҳаи муштараку тафаккури ҳамсон доранд. Аслан худи гурӯҳи Толибон, баромада аз як ҷараёни тундрави террористӣ буда, ки танҳо бо сиёсатҳои террористӣ дар талоши қудрат будаанд. Ин гурӯҳ дар талош аст, то бо истифода аз корти терроризму мавҷудияти гурӯҳҳое, ки қаблан аз онҳо ном бурда шуда, аз минтақаву ҷаҳон боҷгирӣ кунанд ва нишон диҳанд, ки агар ба Толибон боҷу ҷазия пардохта нашавад, хатари терроризм ҳамаро таҳдид мекунад ва минтақаву фароминтақа маҷбур аст, барои ҷилавгирӣ аз ҳодд шудани буҳрони терроризм, ба ин гурӯҳ пул бипардозад. Манбаъе, ки дар ду соли ҳокимияти ин гурӯҳ, боиси тақвияту тадовуми пояҳои ҳокимияти он бар ҷуғрофияи Афғонистон шуда ва тавониста арзиши пули Афғонистонро собит нигаҳ дорад. Иттилооте дар мавриди ирсоли беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ ба ин гурӯҳ дар ду соли гузашта вуҷуд дорад. Албатта, ин миқдор ҷудо аз кӯмакҳое аст, ки чиниҳо, эрониҳо ва русҳо дар ихтиёри ин гурӯҳ қарор додаанд. Биноан, ин гурӯҳ бо истифода аз мавҷудияти гурӯҳҳои террористӣ, аз як тараф онҳоро паноҳ дода, таҷҳизу тамвил мекунанд ва таҳти ҳимоят доранд ва аз сӯи дигар, ба воситаи мавҷудияти онҳо, аз минтақа ва фароминтақа боҷ гирифта ва пули ҳангфтеро ба ҷайб мезананд. Гурӯҳҳои террористӣ, ки ин гурӯҳ дар Афғонистон, дар манотиқи Ҷануб, Ҷанубу Шарқ, Шимол ва Шимолу Шарқ аз онҳо ҳимоят мекунанд, дорои сохторҳои муназзами ҷангӣ буда ва омӯзишгоҳҳои тарбиятии нерӯҳои террористиро дар ихтиёр доранд, ки чандон паёми хуше барои амнияти минтақаву ҷаҳон нест ва бояд ҷиддан минтақаву ҷаҳон дар ҷиҳати муқобила бо ин сиёсати гурӯҳи террористии Толибон иқдом намоянд.

- Сиёсати террору шиканҷа дар таҳти шиор афви умумӣ: То ҳол садҳо афсару корманди нерӯҳои амниятии давлати собиқи Афғонистон бо истифода аз тарфанди афви умумӣ дар доми Толибон афтодаанд ва таҳти ҳавлноктарин шиканҷаҳои ғайриинсониву исломӣ қарор гирифтаанд. Сиёсати "авфи умумӣ" дарвоқеъ тарфанду найранге буд, ки ба воситаи он гурӯҳи террористии Толибон тавониста ба саркӯби густурдаи мухолифони худ даст бизанад ва ҳамаро дар таҳти ин шиори дурӯғин фиреб диҳанд. Ҳамин акнун беш аз 20 ҳазор зиндонӣ танҳо аз як қавм ба ҷурми "ҳич" дар таҳти боздошту бозҷӯиҳои ғайриинсонии гурӯҳи Толибон, махсусан, "раёсати чиҳил"-и истихбороти Толибон қарор доранд ва ҳамвораву бидуни вақфа ило нафас кашидан шиканҷа мешаванд. Ин гурӯҳ тамоми ин афроду соиринро, ки ба дом афтодаанд, бо истифода аз шиори фиребандаи афви умумӣ ба дом андохта ва сарбанест кардааст. Ҳатто бисёриҳоро аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба дохили кишвар хоста ва бо бакоргирии макру ҳила иқдом ба нобудии онҳо кардаанд. Сиёсати террору шиканҷаи Толибон таҳти унвони "авфи умумӣ" як бозии комилан амниятӣ буда, абъоди ваҳшатнокеро дар бар мегирад. Сиёсати шиканҷа, ки яке аз махуфи шабакаҳои истихборотии (раёсати истихбороти Толибон) онро раҳбарӣ мекунад ва ба таври системотик ба саркӯб, шиканҷа ва қатли омми мардум, таҳти ановини мухталифи мепардозад.

- Эҷоди шабакаҳои фаъоли қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа: Ҳоҷӣ Башир, Абдулаҳад Толиб фармондеҳи воҳиди вежаи чиҳилҳазорнафарии Ҳайбатуллоҳ ном ва садҳо мақоми дигари Толибон бо истифода аз имконоти амниятӣ ва қудрат, даст ба эҷоди шабакаҳои маводи мухаддир, қочоқу фурӯши аслиҳа аз Афғонистон ба гурӯҳҳои террористии минтақа зада ва аз ин дарк сарвати бисёреро дар назди худ захира доранд. Ин шабакаҳо ҳамвора аз манобеи даромади худ дар ҷиҳати истеҳкоми пояҳои қудрат, хостҳои шахсии раҳбарон, рақобати миёнгурӯҳӣ ва эҷоди фазои муҷаллали зиндагӣ барои хонаводаҳояшон истифода бурдаанд. Толибон ба унвони моҳиртарин гурӯҳ дар қочоқи маводи мухаддиру аслиҳаи давлатиро бо имконоти амниятии вофир барои фаъолсозии ҳарчи бештари шабакаҳои қочоқи маводи мухаддир дар ихтиёр доранд ва аз ин дарки манофеъи худ ва соири гурӯҳҳои ҳамфикри худро, ки дар табонӣ бо кишварҳои минтақаву фароминтақа қарор доранд, таъмин мекунанд.

-  Ҳазфи густурдаи занон аз ҷомеа: гурӯҳи террористии Толибонро метавон занситезтарин гурӯҳи сиёсӣ дар ҷаҳон ном дод. Ин гурӯҳ аз замони ба қудрат расиданашон то ҳол беш аз бист фармонро дар ҷиҳати маҳдудсозии фазои зиндагии иҷтимоӣ, сиёсиву таҳсилӣ ва шуғлӣ бар занони Афғонистон таҳмил карда ва ҳамин ҳоло бузургтарин зиндонро барои занони рӯи дунё дар Афғонистони таҳти контролашон сохтаанд. Духтарон, занон ва фаъолони гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башар дар Афғонистони таҳти контроли Толибон, бо маҳдудиятҳои ҷиддӣ мувоҷеҳанд ва ҳар рӯз қуюдоти ин гурӯҳ бар занони Афғонистон бештар шуда меравад. Гузоришҳои мутааддиде аз қатл, зиндонӣ сохтан, таҷовузи гурӯҳӣ ва сарбанест кардани фаъолони зан дар Афғонистони таҳти ҳокимияти гурӯҳи Толибон ба нашр расида ва аз ҷониби ниҳодиҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва занон, таъйид шудааст.

 -  Ҷойгузинии илми мудерну асрӣ бо кутуби фиқҳиву мазҳабии воридотӣ аз Покистон: Толибон амалан борҳо эълон кардаанд, ки аз сиёсати омӯзиши ба истилоҳи ғарбӣ, дурӣ ҷуста ва хоҳони ҷойгузинии нисоби собиқаи ғарбӣ бо “нисоби омӯзишии Иморати исломӣ”, “дарси исломӣ” ва “улуми исломӣ” ҳастанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки аксари раҳбарону аъзои аршади гурӯҳи Толибон дар Дорулулуми Ҳаққония дар Кветтаи Покистон таҳсил кардаанд, ба назар мерасад, ки онҳо аз нисоби омӯзиши ин мадраса барои тадрис дар мадориси ҷиҳодии худ истифода хоҳад кард. Дорулулуми Ҳаққония ба “донишгоҳи ҷиҳодиҳо” маъруф аст ва шогирдони худро бар асоси ақоиди мактаби деобандӣ омӯзиш медиҳад. Бо ин кор, гурӯҳи Толибон дар талошанд, то сиёсатҳои омӯзишии гурӯҳҳои тундрави мазҳабии покистониро ҷойгузини низоми омӯзишии Афғонистон бисозанд. Ин кор барои истеҳкоми ҳокимияти толибонӣ муфид тамом мешавад ва ҳам боис мешавад, то ҷомеаву мардуми Афғонистон аз таҳсилу саводу дониши мудерн маҳрум монда ва ба хатаре дар баробари ҳокимияти номшарӯъ ва террористии Толибон мубаддал нашаванд. Сиёсатҳои Толибон, дар асл нусхаи копишуда аз сиёсатҳои тундравонаи девбандӣ буда, дар даруни худ рӯҳияи ситезаҷӯӣ, ифротгароӣ, такфир ва муқобила бо илми мудерну асриро парвариш медиҳад. Ин гурӯҳ бо мадрасасозии густурдаву ҳадафманд дар талошанд, то ҷомеаи Афғонистонро аз дарки ҳақоиқи мавҷуд ва талхи сиёсии ношӣ аз ҳокимияти ҷабборонаи Толибон дур нигаҳ дошта ва монанди раияти гӯсфандӣ бар онҳо ҳукмронӣ кунанд. Акнун низ яке аз аҳдофи умдаи ин гурӯҳ аз таъсиси мадрасаҳои ҷиҳодӣ тарбияти садҳо ҳазор сарбози билқувва барои ҷангҳои оянда дар дохили кишвар ва ё судури онҳо барои “ҷиҳод” дар берун аз Афғонистон аст. Ҳамчунон тарбияти наслҳои баъдӣ дар Афғонистон бо рӯҳияи тундравонаи ифротгароии динӣ, такфир, нафрат ва инзиҷор имкони ҳар хел тағйири сиёсӣ, плюрализми сиёсӣ, ҳаракат ба сӯи дониши мудерн ва андешаи интиқодии сиёсиро мунтафӣ сохта ва як ҷомеаи кӯрро дар хидмати аҳдофи Толибон қарор медиҳад.

Бо таваҷҷуҳ ба усули асли сиёсатҳо ва стратегияҳои Толибон ин гурӯҳ ҳамвора бар татбиқи онҳо талош доранд. Ин гурӯҳ ба хубӣ медонад, ки ягона роҳи дар контрол доштани қудрат, ифротгароӣ, душманӣ бо илми мудерн, якдастсозии қавмӣ, занситезӣ ва боҷгирӣ барои тадовуми ҳокимияташон аст. Барои ин кор аз қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа, боҷгирӣ ва саркӯби густурдаи мардум дар таҳти шиор дурӯғин ва фиребандаи “афви умумӣ" истифода бурда ва мехоҳанд барои муддати тӯлонӣ, соҳибу молики биломунозиаи қудрати сиёсӣ ва ҳокимият дар Афғонистон бошанд, ки тадовуми ин сиёсат барои ояндаи минтақаву ҷаҳон, хатарнок буда ва мӯҷиби бурузи чолишҳои ҷиддии амниятӣ дар сатҳи минтақаву ҷаҳон хоҳад шуд.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!