Хабари рӯз

Тайёраҳои бесарнишин нуқотеро, ки аккосӣ карданд, ҳадаф мегиранд ва аз байн мебаранд.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"

Гаштзании тайёроти бесарнишин дар фазои Афғонистон аз чанде бад-ин су чӣ аҳдоферо думбол мекунанд?

Нисбат ба гузаштаҳо тайёроти бесарнишин дар ҳарими ҳавоии Афғонистон, бахусус дар вилоятҳои Қандаҳор, Ғазнӣ, соҳоти Бадахшон, Урузгон, Панҷшер ва ҳатто Нимрӯз ҳар рӯз дида мешавад.

Аммо тардиде вуҷуд надорад, ки ин тайёроти бесарнишин моли Амрико аст ва ин тайёрот гоҳе аз кишварҳои Халиҷ парвоз мекунанд ва гоҳе ҳам аз майдонҳои ҳавоии Покистон истифода менамоянд.

Дар қадами аввал ин тайёраҳо нуқотеро, ки мехоҳанд дар оянда ҳадаф қарор диҳанд, аккосӣ мекунанд ва аз сӯи дигар ин тайёрот хеле пурмасраф ҳам ҳастанд, яъне фи соат, ки дар фазо парвоз мекунанд, 6 ҳазор доллари амрикоӣ масраф доранд ва ин масорифро ба ҷуз аз Амрико ҳеҷ ғӯли иқтисодӣ пардохта наметавонад.

Дар қадами дувум баъд аз он ки аккосӣ шуд, ҳадафро нишона мегиранд ва аз байн мебаранд.

 Ман бовар дорам нуқотеро, ки ин тайёрот аккосӣ кардаанд, ба зудӣ нишона мегиранд.

Чунончи дар гузашта Айман Алзавоҳириро дар минтақаи Ширпури Кобул ҳадаф қарор доданд ва куштанд, дар рӯзҳои начандон дур 12 нафар аз оилаҳои Алқоидаро дар Ғазнӣ, ки марбут ба раҳбарии қораи Ҳинд буд аз байн бурданд.

Ин бадбахтӣ дар Афғонистон идома хоҳад дошт ва сарони бузурге аз касоне, ки дар арикаи қудрат ҳастанд, нишона гирифта хоҳанд шуд. Ба ҳар сурат хостам як факоҳӣ (датифа)-ро бо шумо шарик созам...

Мегӯянд, як нафар мехост дӯконеро дуздӣ кунад ва масруфи шикастондани қуфли дӯкон буд.

Шахси дигар, ки аз роҳ мегузашт аз дузд пурсид:

- О бародар, чӣ тақу пуқ дорӣ? Чӣ мекунӣ?

Дузд гуфт:

- Хабар надорӣ? Арӯсӣ аст, арӯсии ман.

Нафар гуфт:

- Пас чаро садои дойраву сурнай нест?

Дузд гуфт:

- Боз садои дойраву сурнайро субҳ мешунавӣ.

Ҳоло ҳам садои гаштзаниҳои ин тайёротро шумо низ ба зудӣ хоҳед шунид.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!