Хабари рӯз

Даргириҳо миёни созмони Ҳамос ва Исроил дар Ховари Миёна вобастагиҳои пинҳон ва дастнишондагии Мулло Ҳайбатулло ва гурӯҳи таҳти амраш – Толибон – аз Ғарбро ошкор кард.

Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия

Наздик ба даҳ рӯз аст, ки даргирии мусаллаҳонаи Исроилу Ҳамос дар навори Ғазза идома дорад. Тақрибан ҳама раҳбарони муҳимми сиёсиву мазҳабии исломӣ, аз ҷумла раҳбарони ҷунбишҳо ва гурӯҳҳои ҷиҳодии ҷараёни аслӣ, ба ин рӯйдодҳои ғамангез вокуниш нишон доданд.

Бо ин ҳол, Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охунд, раҳбари Толибон ҳамчунон сокит аст.

Бале, баёнияе аз сӯи вазорати хориҷаи Толибон, ки раёсати онро мулло Муттақӣ бар ӯҳда дорад, вуҷуд дошт, бархе афроди саршиноси Толибон низ изҳороти ғайрирасмӣ карданд ва иқдомоте алайҳи Исроил дар шаҳрҳои мухталифи Афғонистон сурат гирифт, ки тавассути фаъолони мусулмони маҳаллӣ аз ҷумла Толибон созмондеҳӣ шуда буд.

Аммо ҳанӯз ҳеҷ вокуниш (мавзеъ)-и шахсии раҳбари созмони ҷиҳодии пешрав дар ҷаҳон, ки тамоми кишвар - Афғонистонро дар даст дорад, вуҷуд надорад.

Ва ин хеле аҷиб аст.

Бале, Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ аз мардумитарин намояндагони ҷаҳони ҷиҳод ба шумор намеравад. Бо ин ҳол, ӯ як мунзавии комил низ нест. Дар ҳар сурат, амири Толибон ба худ иҷоза медиҳад то дар мавриди масоили ба назари ӯ муҳим, ба гунаи давраӣ сӯҳбат кунад. Масалан, дар мавриди ширкати толибони Афғонистон дар ҷиҳоди толибони Покистон алайҳи артиши Покистон.

Албатта, мавзӯъи ҷиҳод дар Покистон барои афкори умумии исломӣ ва дар дараҷаи аввал минтақаӣ бисёр муҳим аст. Бо ин ҳол, мавзӯъи муборизаи фаластиниҳо алайҳи Исроил ва Исроил алайҳи фаластиниҳо қатъан камаҳамият нест.

Бо ин ҳол, Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ сарсахтона дар мавриди ҳаводиси Навори Ғазза ва ҷанг баъдии Исроил сукут мекунад. Чаро?

Шояд покистониҳо ва мутаваллиёни ғарбии Толибон, ки нуфузи худро бар Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ ҳифз мекунанд, ба ин тартиб талош доранд то ба Исроил кӯмак кунанд, ки аз хатароти бештари ношӣ аз ҷаҳонӣ шудани буҳрон дар Ғазза ҷилавгирӣ намоянд.

Гузашта аз ин, агар раҳбари Толибон шахсан дар мавриди мавзӯъи даргириҳои моҳи октябр сӯҳбат кунад, барои ӯ душвор хоҳад буд, ки худро фақат ба арзёбиҳои “коршиноси мазҳабӣ” маҳдуд созад: ӯ маҷбур аст як натиҷагирие кунад. Ва ин метавонад мавҷе аз мардумеро, ки мехоҳанд ба ҷиҳод дар Фаластин бираванд, дар миёни Толибон ва муттаҳидонишон барангезад.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!