Тамоми ҳукумат ба дасти толибони Ҳаққониву Қандаҳорӣ аст ва инро низоми ҳамашумул мегӯянд.
Нависанда: Ҳоҷӣ Абдусаттор Ҳусайнӣ, муовини раҳбари Ҷабҳаи Озодии Афғонистон, махсус барои “Сангар”
Чӣ қадар ин насл аҳмақу ҷоҳил аст!
Агар дирӯз мактаб мунфаҷир мешуд, ӯ толиб буд, ки мактабро инфиҷор медод.
Агар дирӯз мардуми бегуноҳ дар интиҳору инфиҷор шаҳид мешуданд, толиб буд, ки интиҳор мекард ва инфиҷор медод.
Агар дирӯз мӯсафед, ҷавонону занон дар масирҳои рафтуомад сар бурида мешуданд, ӯ толиб буд, ки онҳоро сар мебурид.
Агар дирӯз муаллим, духтур, инҷинер, коргар ва тоҷир маҳкамаи саҳроӣ мешуду бегуноҳ шаҳид сохта мешуд ва боз ҳам толиб буд, ки ин ҷиноётро ифтихори худ медонист.
Агар дирӯз кӯдакону донишомӯзон дар ҳини рафтан ба мактаб дар интиҳорӣ ҷони ширини худро аз даст медоданд, ӯ ҳам толиб буд, ки дар расонаҳо бо ифтихор эълон мекард ва мепазируфт.
Агар дирӯз шифохонаву клиника сӯхтонда мешуд, толиб ифтихор ба ҳариқ карданаш мекард.
Агар дирӯз кӯдакон дар ҳини таваллуд ва занон дар ҳини зоймон шаҳид сохта мешуданд, боз ҳам ҷинояти толиб буд.
Агар курсҳои омӯзишӣ бо донишомӯзонаш инфиҷор дода мешуд, намуна аз зулму ҷинояти толиб буд.
Акнун бо гузашти ду сол:
Агар ду ҳазор ҷавони неруҳои амниятиву маъмурини ҳукумати гузашта маҳкамаи саҳроӣ шуданд, боз ҳам афви умумии толиб аст.
Агар ду сол аст хонаҳоро барои ниме аз пайкар ҷомеа - модари ман, модари ту, хоҳари ман ва хоҳари ту, духтари ман ва духтари ту ва ба ҳазорон духтари ятими дигар зиндон сохтаанд, боз ҳам шариати худсохтаи толиб аст.
Агар имрӯз мулло доктар аст, мулло иқтисоддон аст, мулло инҷинер аст, мулло мутахассиси зироат аст, бесавод раиси донишгоҳ аст, бесавод вазири таҳсилот аст, бесавод вазири маориф аст, бесавод қозуюқуззот аст ва… боз ҳам толиб аст.
Агар ҳафтод фисад мардум аз гуруснагӣ дар ҳалокат ҳастанд ва дунё фарёд мезанад, ки эҳтимоли нобуди як миллат вуҷуд дорад, боз ҳам натиҷаи кори толиб аст.
Агар аз мардум ба зӯр пул мегиранд ва деҳқоне, ки аз ҷабри замона фақат намоиши зинда будан ва зинда монданро мекунад ва таҳти номи ушру ину он табоҳашон сохтаанд, боз ҳам толиб аст ва инро авоиди миллӣ меномад.
Агар шаш миллион ҷавон аз кишвар фирор карданд ва пушти дарвозаҳои кишварҳои дигаранд ва боз ҳам толиб инро амният меномаду ризоят аз низом ва боз ҳам кори толиб аст.
Тамоми ҳукумат ба дасти толибони Ҳаққонӣ ва Қандаҳорӣ аст ва инро низоми ҳамашумул мегӯянд.
Агар кӯчҳои иҷборӣ ва ҷобаҷоии ҳазорон террорист дар мулкҳои шахсии мардум аст ва инро ҳукумати толиб адолат меномад.
Ва ҳазорон ҷинояти дигари ин террористону динфурӯшони қавмӣ.
Боз ҳам бо чашм сафеду дурӯғи маҳз меоянд ва мегӯянд, ки бояд чунин мешуду чунон мешуд.