Хабари рӯз

Толибон бо буҳрони амиқи беэътимодӣ дар дарун дасту панҷа нарм мекунанд ва эҳтимоли ҳар гуна кунишу вокуниши низомӣ барои тағйири раҳбарии Толибон мусоид шудааст.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"

ДАР АКС: Мавлавӣ Абдулаҳад Толиб ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ. Мавлавӣ Толиб, он замон муовини волии Ҳилманд ва фармондеҳи “Қитъаи сурх” – и Толибон соли 2020 аз сӯи нерӯҳои ҳукумати Афғонистон боздошт ва соли 2021 дар пайи тавофуқи Толибон бо Амрико дар Доҳа аз зиндон раҳо шуда буд.

Ба тозагӣ режими Толибон эълон кардааст, ки ба асоси фармони Ҳайбатуллоҳ ном, будиҷаи молии як лашкари чиҳилҳазорнафарӣ, аз вазорати молия содир шудааст. Албатта, ин баҳс соли қабл тавассути мақомоти амниятии собиқи Афғонистон, бавежа, Раҳматуллоҳ Набил, раиси пешини амнияти миллии низоми ҷумҳурият, матраҳ шуда буд, ки ҳоло бо аснод фош шуда, гумоназаниҳои зиёде дар хусуси он, халқ шудааст.

Ба ҳар сурат, он чӣ моҳияти низоми Толибониро мушаххас месозад, раҳбарии бесарусадо, оҳанин, қудратманд ва дар як тазоду муаммои амниятӣ бо дигар гурӯҳҳои Толибон аст, ки мӯҷиби эҷоди чунин ташаккулот мешавад. Ногуфта намонад, ки ин сохтори ташкилоти низомӣ, ҳамонанди сохтори Сипоҳи Қудси Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки таҳти амри мустақими раҳбарии мазҳабии вилояти фақеҳи Эрон қарор дорад. Нигоранда бо баррасии мавзӯъ, чанд далелро дар эҷоди ин сохтори ташкилоти низомие, ки таҳти амри мустақими раҳбари номаръии Толибон қарор хоҳад дошт, мавриди назар қарор додаам.

Аввал - барои раҳбари номаръии Толибон, ки дар як ҳолати ихтифо зиндагӣ мекунад, на касе аз он иттилое дорад ва на ҳам минҳайси раҳбари Толибон, дар анзори омма зоҳир мешавад, ҳамвора тарс аз шӯриши ногаҳонии дигар гурӯҳҳои Толибон, монанди ҳаққониҳо, гурӯҳи Мулло Яъқуб, қатариҳо ва Шабакаи Ҳилманд вуҷуд доштааст. Вай башиддат дар талош аст то барои масъун мондан аз тааррузи ҷиноҳҳои дигари Толибон, аз ҳар роҳе истифода кунад. Ташкили чунин сохтори низомӣ, ки муодили як ташкилоти низомӣ аст, нишон медиҳад, ки вай то чӣ андоза бар сохтори амалиётӣ ва низомии гурӯҳи Толибон, бадгумон ва бебовар аст;

Дувум - Абдулаҳад Толиб, ки солҳо масъулияти Толибон дар вилояти Ҳилмандро ба ӯҳда дошт. Чандин сол устондори Толибон (ҳатто пеш аз тасаллути Толибон бар Афғонистон) дар Ҳилманд буд; Устоне, ки ба пойтахти маводи мухаддир ва ганҷи молии Толибон маъруф аст. Барои раҳбарии Толибон ҳамонанди дигар диктаториҳои хашини идеологӣ ва мазҳабӣ, роҳи даромади пулӣ, маводи мухаддир аст. Агарчи ба асоси иттилооти мавҷуд, чанде қабл бо раҳоии Ҳоҷӣ Башир, умед барои Толибон, тоза шуд то муҷрии аслии тиҷорати маводи мухаддир ба як шахси дорои таҷриба, вогузар гардад, аммо қарори шавоҳид, раҳбарии Толибон, ба як фарди мавриди эътимод, моҳир ва дорои таҷриба дар ин бахш ниёз дорад то қочоқи маводи мухаддирро бо як қудрати низомии муҷаҳҳаз, раҳбарӣ кунад;

Севум - Мулло Толиб, ки аз фармондеҳони матраҳи Толибон дар ҷануби Афғонистон аст ва аз оғози пайвастанаш ба ин гурӯҳ, ба ҷиноҳи қандаҳории Толибон наздик буд, ҳоло як қадам ҷилавтар гузошта ва бо идораву контроли як воҳиди вежаи амниятӣ, дорои ихтиёроти фавқулодда, дар талош аст то бо ишораи раҳбари Толибон, ба рақобат бо соири гурӯҳҳои Толибон, монанди ҳаққониҳо, ки вазорати дохилаи Афғонистонро дар контрол доранд ва гурӯҳи Мулло Яъқуб, ки ускондори вазорати дифоъ ҳастанд, бипардозад. Дар асл ин бозӣ барои эҷоди тавозун дар тавони низомии миёнгурӯҳии Толибон аст, ки имкони инфиҷори он, ҳар лаҳза меравад;

Чаҳорум - мақомоти амниятӣ ва афроди хубраву огоҳ аз қазияи Толибон, мегӯянд, ки чун Мулло Ҳайбатуллоҳ дар гузашта фармондеҳи ҷангӣ ва низомӣ набуд, бо зиёд шудани танишҳо ва эҷоди фазои беэътимодӣ миёни сарони Толибон, барои тақвияти қудрати низомии худ талош мекунад ва дар садади мувозинасозии низомӣ барои ҳифозат аз ҷойгоҳи худ аст. Ба ин асос аст, ки яке аз афроди мавриди эътимоди худро бо ихтиёроти вежа, дар раъси як воҳиди низомии бо имконоти васеъ гумоштааст;

Панҷум - ҷангҷуёни Толибон дар сохтори вазорати дохила, вазорати дифоъ ва идораи истихборот ҳузур доранд ва бар асоси тақсимбандии вазоратхонаҳо миёни раҳбарони калидии Толибон, вазоратхонаҳои дохила ва дифоъ ба тартиб ба Сироҷуддин Ҳаққонӣ ва Мулло Яъқуб Охунд расид. Ҳоло ин тақсимбандӣ боиси афзоиши таниш миёни раҳбарони Толибон, шуда ва Мулло Ҳайбатуллоҳ дар садади афзоиши қудрати низомии худ аст. Ҳайбатуллоҳ дар талош аст, ки дар сурати кадом ҳодисаи ғайримутараққиба, аз ин нерӯҳо дар ҷиҳати дифоъ аз манофеъи гурӯҳии худ, истифода бурда ва омодаи муқобила бо ҳар гуна таҳарруки шӯришгуна аз даруни Толибон шавад. Ин кор ба масобаи иқдоме дар ҷиҳати дафъи кудатои эҳтимолӣ дар даруни Толибон, аз ҷониби Мулло Ҳайбатуллоҳ, ҳисоб мешавад;

Шашум - ихтилоф миёни шохаҳои паштун дар даруни раҳбарии Толибон, монанди исҳоқзайҳо, нурзайҳо, аҳмадзайҳо ва ачакзайҳо, ки теъдоди каме дар миёни Толибон ҳузур доранд, боис шуда то раҳбари номаръии Толибон, танҳо ба қабилаи худ, ки нурзоӣ аст, такя кунад ва ин воҳиди низомии вежаро бо имконоти фавқулодда, дар ихтиёр дошта бошад. Ин кор боиси эҷоди як давлати мувозӣ дар канори режими худкомаи Толибон хоҳад шуд.

Бино бо тахсиси мақодири 60 миллиард воҳиди пулии Афғонистон, Ҳайбатуллоҳи номниҳод дар талош аст то аз ҳар лиҳоз, сохтори фармондеҳӣ ва раҳбарии Қандаҳорро дар баробари ҳар гуна эҳтимоли бигзор ҳатто заифи амниятӣ, бима кунад. Толибон бо буҳрони амиқи беэътимодӣ дар дарун дасту панҷа нарм мекунанд ва ин кор эҳтимол ҳар гуна кунишу вокуниши низомиро барои тағйири раҳбарӣ дар миёни Толибон, мусоид месозад.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!