Хабари рӯз

Агар чизе аз Толибон дар таърих боқӣ намонад, дурӯғҳояш онро мондагор мекунад.

Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири сайти “Сангар”

 Толибон ё аз ҳад зиёд сармасти қудрат аст ё ақли худро бохтааст, ки ошкоро дурӯғ мегӯяд ва барояш фарқе намекунад, ки касе ӯро бовар кунад ё ҳарф ӯро бипазирад ё хайр. Зоҳиран барои Толибон вокуниш ва назари мухотиб муҳим нест ва ҳатто як пул ҳам арзиш надорад. Толибон ниёзе ба бовару пазириш надорад, чӣ аз сӯи мардуми Афғонистон бошад ва чӣ аз сӯи кулли ҷаҳон.

Шояд ҳоло Толибон ба ҳадде аз ҳамоқат расидааст, ки дурӯғҳои худашро бовар кунад. Шигифтангез нест, ки фикр кунад ҳама медонад, ки дурӯғ мегӯяд. Мисли шутурмурғе, ки сарашро ба хок фурӯ мебарад ва фикр мекунад, агар дигаронро намебинад, дигарон ҳам ӯро намебинанд.

Яке аз охирин намунаҳои дурӯғҳои Толибон, изҳороти ахири Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон мабнӣ бар эҷоди як воҳиди низомии вежа барои ҳифозат аз канали Қӯштеппа аст. Ӯ бо пуррӯӣ эълом кард, ки ин воҳид барои ҳифозат аз ин "пружаи бузурги миллӣ" ва ҳазорон коргар, таҷҳизоти сохтмонӣ ва васоили нақлия ихтисос хоҳад ёфт.

Оё аҷиб нест, ки татбиқи “проекти бузурги миллӣ” дар моҳи марти 2022 оғоз шуда, сохти ҳудуди 100 километри канал такмил шудааст ва Толибон акнун ба фикри амнияти он афтодаанд? Дарвоқеъ замонҳои хатарнок барои канал пушти сар шудааст. Ва ё: беш аз як солу ним ба ин сӯ оё касе ба ин “проекти бузурги миллӣ” ҳамла кардааст ё инфиҷорҳое дар қаламрав, ҳатто дар атрофи он рух додааст? Посух манфӣ аст: на.

Ба назар мерасад, касе Толибонро ба заъфи баёнияи Муҷоҳид мутаваҷҷеҳ кард, ки ин гурӯҳ ба суръат дар садади ислоҳи ин иштибоҳ баромад ва пас аз он ахборе мабнӣ бар “дастгирии як гурӯҳи мусаллаҳ, ки мехост сарбанди канали Қӯштеппаро мунфаҷир кунад”-ро дар даҳони расонаҳо андохт. Аммо ин бор низ Толибон монанди дузде худро ба намоиш гузошт, ки ибтидо эълом мекунад, ки қасд дорад фалон колоро аз фалон ҷо бидуздад ва сипас иқдом мекунад ва ҳама медонанд, ки дузд кист.

Дар робита ба ин иттифоқ номе аз ДОИШ ё ҳеҷ гурӯҳи харобкори дигаре бурда нашуд. Аммо ангушти саббоба ба самти Покистон нишона рафт, ки як бор дар нишасте бо Толибон гӯё бо сохти канали Қӯштеппа мухолифат кардааст.

Бале, ин (раддипои Покистон) бахше аз дурӯғи бузурги Муҷоҳид набуд, аммо расонаҳо ин нусхаро бо ишора ба "истихбороти Толибон" мунташир карданд. Давлатҳо сохтмонҳое чандтабақа месозанд ва Толибон дурӯғҳое чандтабақа мебофанд...

Мавзӯъи ихроҷи муҳоҷирони афғон: Покистон бо ихроҷи теъдоди зиёде аз муҳоҷирони афғон аз шарри ҳомиёни Имронхон (ва даҳҳо балои дигар) халос шуд ва Толибон низ ба навбаи худ довталабони ноумед ва хашинро барои паштуниза кардани шимоли Афғонистон пайдо кард. Аз ин хотир, ин иддао, ки Покистон мухолифи проекти Қӯштеппа аст ва мехоҳад онро мунфаҷир кунад, чӣ қадар мантиқӣ буда метавонад? Ҳеҷ мантиқе надорад.

Вазифаи нерӯҳои вежа барои Қӯштеппа ҳифозат аз "пружаи бузурги миллӣ" ё "кормандону таҷҳизоти он" нест, балки муроқибат аз ҳамон "муҳоҷирони ихроҷшуда" ё паштунҳои Покистон аст. Амири номаръӣ низ фармоне содир намуд, ки ба мӯҷиби он шахсан заминҳои Қӯштеппаро тақсим хоҳад кард.

Ба ҳамин минвол, ибтидо бояд ин "гурӯҳи мусаллаҳ"-ро шиносоӣ кард, ки чизе дар мавриди он маълум нест. Чун ҳатто маълум нест аслан вуҷуд дорад ё на ва агар ҳаст, пас ҷузви кадом гурӯҳ аст. Сониян, ин амр ҳадди ақал барои риояти наҷобат бояд иҷро шавад.

Расонаҳои дигар ин гурӯҳро ДОИШ ва яке аз аъзои онро “зани укроинӣ” муаррифӣ карданд. Ва ДОИШ дар гузашта борҳо барномаҳои худро барои эъзоми интиҳориён ба кишварҳои Осиёи Марказӣ эълом кардааст.

Аммо чаро Толибон ин гурӯҳи хосро “мусаллаҳ” ва на ба таври суннатӣ аъзои ДОИШ, ки бо он меҷангад, эълом кард? Ё мумкин аст онҳо аъзои як созмон террористии дигар, масалан, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон бошанд?

Вашингтон, Маскав, Пекин, Теҳрон ва... моту мабҳути “муборизаи Толибон бо ДОИШ” ҳастанд. Ин "мубориза" танҳо тӯморест, ки лаънату нафрини қудратҳоро аз сари Толибон дур месозад ва ин гурӯҳи террористии қавмӣ ва қабилаиро барои онҳо ҷаззоб мекунад. Аммо чаро Толибон аз ҳамлаи нофарҷоми ДОИШ ба Қӯштеппа сӯҳбат намекунад?

Мантиқист, ки пурсида шавад: агар ДОИШ мутатсияи дигаре аз Толибон нест ва воқеан мехоҳад ба Толибон зарба бизанад, пас чаро сарбанди канали Қӯштеппаро инфиҷор надиҳад ва Толибонро ба Ӯзбекистону Туркманистон шох ба шох накунад? Мумкин аст назм дар минтақа мухтал шавад! ДОИШ чӣ зарбаи муассире ба Толибон ворид хоҳад кард!?

Аммо Толибон ҳаргиз ин "гуруҳи мусаллаҳ"-ро ба унвони аъзои ДОИШ муаррифӣ намекунад, зеро дар ин сурат афсона ва дурӯғҳои қаблиаш дар мавриди “мубориза бо ДОИШ” ифшо мешавад. Ба вежа, Халилзод ва Кобулов, лобигарони Толибон, ҷигархун хоҳанд шуд, зеро муборизаи “муваффақиятомез”-и Толибон бо ДОИШ чизест, ки онҳоро пеши раҳбариашон дар тавҷеҳи иштибоҳи стратегии ба қудрат расондани Толибон ва табдили Афғонистон ба як маркази бузурги террористи ё аввалин давлати террористӣ дар таърих рӯсурх мекунад.

Агар достони "зани украинӣ", ки тибқи охирин иттилоот, як шаҳрванди Русия буда, аз марзи Ӯзбекистону Афғонистон (дувумин марзи амнтарин ва муҳофизатшуда дар ҷаҳон пас аз марзи байни Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ) убур кардааст ва ба моҳигирони вулусволии Калдор пайвастааст, ки ӯро ба раёсати зиддитерроризми идораи амнияти вилояти Балх таҳвил додаанд, равшан шавад, метавон тасаввур кард, ки чӣ асрори дигаре мумкин аст фош шавад. Ҳадсу гумон ва баҳсҳо дар мавриди "ҷабҳаи ҷанубӣ" алайҳи Русия ва раддипои Иёлоти Муттаҳидаву Украина ба як музахрафи соддае табдил хоҳад шуд.

Ҳар чӣ ҳаст, Толибон мавҷудоти шигифтангезе аст. Бояд пазируфт, ки дурӯғ, тавтеа ва дасисаи онҳо дар таърих собиқа надоштааст. Ба таври куллӣ, “Иморати исломӣ”-и он худ дурӯғ бузургест, ки башарият, ҳатто таърих, бояд онро бовар кунад ва дар айни ҳол бидонад, ки дурӯғ аст, Иморати дурӯғ. Агар чизе аз Толибон дар таърих боқӣ намонад, дурӯғҳояш онро мондагор хоҳад кард.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!