Хабари рӯз

Фарзандони мо зери султаи Толибон чӣ меомӯзанд?

Нависанда: Яъқуби Ясно, устоди вақти Донишгоҳи Берунии Афғонистон, узви Шӯрои мушовараи “Сангар”

 Оё фикр кардаем, ки 6 рӯзи ҳафта дар 9 моҳи 12 сол, кӯдакони худро ба мактаб барои чӣ мефиристем ва мехоҳем кӯдакони мо чӣ биёмӯзанд? Дар шароити кунунӣ, хонаводаҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ду нигарониӣ дар бораи кӯдакони Афғонистон доранд. Нигаронии нахуст ин аст, ки Толибон омӯзиши духтаронро мамнуъ кардаанд ва нигаронии дувум дар бораи худи мактабу шеваи омӯзишест, ки дар мактабҳои зери султаи Толибон фаъолият доранд.

Пурсишҳо инҳо ҳастанд, ки Толибон писаронро чӣ ёд медиҳанд? Оё он чӣ дар мактабҳои зери султаи Толибон тадрис мешавад, усулу меъёри омӯзишии муосир ва илмӣ дар он риоят мешавад? Ё ин ки кӯдакон дар мактабҳои зери султаи Толибон дучори шустушӯйи мағзӣ мешаванд ва идеологияҳои тундравона ба онҳо талқину тадрис мешаванд? Дар сурате, ки идеологияҳои тундравона ба кӯдакон талқину тадрис шаванд, ояндаи ин кӯдакон чӣ хоҳад шуд?

Омӯзиши муосир дорои чаҳор асли асосӣ аст, ки бояд дар таҳияи нисоби омӯзишӣ ва дар ироаи дарс ин чаҳор асл дар назар гирифта шаванд: тафаккури интиқодӣ, гуфтугӯ, ҳамкорӣ ва халлоқият.

Чорчуби зеҳнии инсон дар кӯдакӣ шакл мегирад. Табъан хонавода, ҷомеа ва ба вижа чигунагии омӯзиш дар мактаб дар нахустин шаклгирии зеҳнияти мо таъсиргузор ҳастанд. Омӯзиш тавре бояд ироа шавад ба кӯдак имкони чорчуби зеҳнии мантиқиву интиқодиро фароҳам кунад, ки кӯдак рӯйдодҳо, масоил ва мавзӯъотро бидуни далелу иллатёбиву тавзеҳ напазирад ва тавоноии пурсиши саволу интиқодро дошта бошад. Агар омӯзиш кӯдакро таслимпазир бор биоварад, кӯдак дучори бандагии зеҳнӣ мешавад. Мутаассифона, Толибон дар мактабҳо мехоҳанд кӯдакон раияту банда бор биёянд. Бинобар идеологияи омӯзишии ин гурӯҳ, рӯҳияи пурсишгарӣ ва интиқодгарӣ гуноҳ аст.

Инсонҳо бо гуфтугӯ ҷомеаҳои демократик, касратгаро ва бомудороро шакл медиҳанд. Агар афроди ҷомеае аҳли гуфтугӯ набошанд, он ҷомеа дучори хушунату ҷанг мешавад, зеро бо гуфтугӯ аст, ки тафоҳум байни афроди ҷомеа сурат мегирад. Мо гуфтугӯро дар кӯдакӣ тавассути омӯзиш дар мактаб бояд ёд бигирем. Бинобар ин, омӯзиш ба кӯдак ин имкони фикрӣ ва маърифатиро бояд фароҳам кунад, то кӯдаки аҳли гуфтугӯ бор биёяд, на аҳли таҳаккум, зӯр ва султа ё итоату бандагии фикрӣ ва рафторӣ.

Оё фикр кардаед чаро инсон нисбат ба ҷонварони дигар барои рафъи мушкилот дар зиндагии худ ба роҳиҳалҳои муваффақона даст ёфтааст? Шояд ҳар кадоми мо назарҳои мутафовите дошта бошем, аммо он чи инсонро дар зиндагӣ муваффақ карда ва тавониста мушкилотро рафъ кунад ва иҷтимоъҳои бузургро шакл бидиҳаду мудирият намояд, бино бар ҳамкорӣ будааст. Ҳамкориеро, ки инсон тавониста бисёр ба сурати густурда эҷод кунад, ҳеҷ ҷонвари дигар натавониста ба чунин ҳамкорие даст ёбад. Бино бар ин, инсон бо ҳамкорӣ мушкилоти башариро ҳал кардааст. Ин ки инсон нисбат ба ҷонварони дигар дар ҷаҳон имтиёз дорад, натиҷаи фарҳанги ҳамкории инсон дар сутӯҳе густурда аст. Омӯзиш бояд ҷанбаи ҳамкориро дар фикри кӯдак тақвият кунад, то кӯдак битавонад бо дигарон ҳамкорӣ кунад ва дигаронро барои ҳамкорӣ бо худ фаро бихонад. Аммо нисоби омӯзишии Толибон инсонҳоро ба кофир, мусулмон, душман в… дастабандӣ мекунад ва даҳҳо таъбири манфӣ ҷинсиятӣ, фарҳангӣ, эътиқодӣ, мазҳаби ва... дар бораи инсонҳо ироа мекунад, ки ба ҷойи ривоҷи фарҳанги ҳамкорӣ ба ривоҷи нафрат ва таассуби инсонҳо аз якдигар ва душманӣ бо якдигар мепардозад.

Халлоқияти устувор бар тафовути фикру нигариш аст. Эҳтиром ба тафовуту ҳимоят аз тафовути фикру нигариш дар халлоқияти асл аст. Агар аз тафовути фикру нигариш ҳимоят нашавад, халлоқияте сурат намегирад, зеро дар набуди тафовут ҳама бо ҳам яксон мешаванд. Толибон тафовути фикриро аз нисоби омӯзишӣ ҳазф кардаанд ва мехоҳанд кӯдаконро тавре бор биоваранд, ки ҳама бидуни фикру тафовути фикрӣ,  аммо дорои идеологияи эътиқодӣ яксон бошанд ва ҳатто дар зоҳир низ шабеҳи ҳам бошанд.

Бино бар ин, нисоби омӯзишии Толибон инсони галавор, ҳамсон ва тобеъ парвариш медиҳад. Агар диққат кунем ихтироъҳо ва кашфҳои илмӣ ва дидгоҳҳои мутафовити ақлониву фалсафӣ барои дарки касратгароии фарҳангиву иҷтимоӣ натиҷаи халлоқият, ҷустуҷӯгарӣ ва кунҷковии инсон аст. Омӯзиш бояд аз тафовути фикрӣ ҳимоят кунад ва имкони халлоқиятро дар кӯдак тақвият кунад, то кӯдак кунҷкову ҷустуҷӯгар бор биёяд. Агар афроди ҷомеа дар шеваи зиндагӣ, дар рафтори иҷтимоӣ, дар кору шуғл, дар робитаи хонаводагӣ ва иҷтимоӣ ва дар тахассус халлоқият надошта бошанд, ба ин маъно аст, ки низоми омӯзишӣ, нисоби омӯзишӣ ва хадамоти омӯзишӣ дар кишвар дучори мушкил будааст.

Ин чаҳор асл бино бар солу сатҳи фикрии кӯдак дар таҳияи нисоби омӯзишӣ боястӣ дар назар гирифта шаванд. Дар нисоби омӯзишии мо қаблан низ ин чаҳор асл ба сурати дақиқ дар назар гирифта нашуда буданд, аммо талош вуҷуд дошт, ки ин чаҳор асл дар нисоби омӯзишӣ ниҳодина шаванд. Мутаассифона, бо рӯи кор омадани Толибон ин чаҳор асли омӯзишӣ аз нисоби омӯзишӣ канор гузошта шуданд ва Толибон нисоберо ироа карданд, ки аз асос мухолифи ин чаҳор асли омӯзишӣ аст. Бинобар ин бояд нигарон бошем ва диққат дошта кунем, ки фарзандон мо зери султаи Толибон чӣ меомӯзанд?!


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!