Хабари рӯз

Аҳдоф, равишҳои тактикӣ ва стратегияи умумии гардонандагони "Формати машваратии Маскав" чист?

Нависанда: Ғавс Ҷонбоз, огоҳи масоили сиёсӣ ва дипломати собиқи Афғонистон

(Ин навиштаро як сол қабл дар остонаи иҷлоси навбатии "Формати машваратии Маскав роҷеъ ба Афғонистон" навишта будам. Дар он иҷлос намояндагони гурӯҳи Толибон иштирок надоштанд... Инак, бо гузашти тақрибан як сол, ба таърихи 29 сентябри соли равон (2023) қарор аст ҷаласаи "Формати Маскав" дар шаҳри Қазони Русия доир гардад. Толибон эълом доштаанд, ки дар кори иҷлос иштирок менамоянд ва ҳайаташон ҳамин имрӯз (26 сентябр) ба Маскав мувосилат кард. Дар ин навишта кӯшиш шуда аҳдоф, равишҳои тактикӣ ва стратегияи умумии гардонандагони "формат" ба таҳлил гирифта шавад. Мутолиаи матлабро ба азизон машвара медиҳам. Мамнун!)

Замир Кобулов, намояндаи хоси Русия барои Афғонистон эълом дошта, ки иҷлоси "Формати машваратии Маскав барои Афғонистон" қарор аст дар авосити моҳи ноябри соли равон (2022) дар Маскав баргузор гардад.

Дар воқеият, эъломияи фавқ замоне сурат гирифта, ки аз Маскав анҷоми ҳаракати тоза дар истиқомати Афғонистон интизор мерафт. Тадвири иҷлоси анқариби "Формати Маскав" метавонад паёмадҳои ғайримутараққиба ҳам барои афғонҳо ва ҳам барои бозигарони "Бозии Бузург" дар минтақа ва фароминтақа дошта бошад. Ба таври мисол, бархе аз алоим нишон медиҳад, ки омодагиҳо барои анҷому инъиқоди муомилаи дувум миёни Амрикову Толибон ба марҳалаи ниҳоии хеш расида, ва ин муҳим, Маскавро ба шиддат нигарон сохтааст.

Лекин, саволи асосӣ ин аст, ки Русия дар майдончаи муҳосибашудаи сиёсат чӣ чизи малмусеро метавонад ба ҳайси монеъ (ё тақобул) дар баробари фаъолиятҳои Амрико ва инъиқоди муомилаи эҳтимолии "Доҳаи дувум" қарор диҳад. Албатта, ҳар гоҳ Русия ба ростӣ мехоҳад монеъи анҷоми "Доҳаи дувум" шавад, ва ҳарфҳояш дар ҳадди тамсилу лаффозии сиёсӣ ва миёнтиҳӣ набошад. Иддае аз нозирин, махсусан дар дохили Федератсияи Русия ба он боваранд, ки изҳороти Кобулов ин бор паштвонаи амалӣ дошта ва ибтикори амалро дар дасти худ хоҳад гирифт.

Аз ин рӯ, бисёр муҳим аст бидонем, ки Кобулов ва тимаш иҷлоси анқариби "Формати Маскав"-ро рӯи кадом дастури кор ва барои дастрасӣ ба кадом аҳдоф баргузор менамояд.

Дар робита ба иҷлоси анқариб, огоҳони умур бештар аз ду ривоят ёдоварӣ менамоянд:

Ривояти аввал, ин иҷлос бештар як гирдиҳамоии бюрократӣ ва протоколӣ буда ва ба ҳадафи гузоришдиҳӣ аз "корҳои анҷомёфта" ба мақомоти болотар дар худи Русия баргузор мешавад, ки маъмулан дар поёни ҳар сол сурат мегирад;

Иҷлоси ахири “Формати Маскав” дуруст дар ҳамин рӯзҳои соли пор дар Маскав баргузор шуда буд (Ин ҷо ҳадаф иҷлоси соли 2021 аст - нависанда). Иҷлоси соли гузашта ҳеҷ гуна армуғоне ба Афғонистон ва Русия дар пай надошта ва кадом асаре болои вазъияти Афғонистон нагузошт. Иҷлос бештар ба лаффозиҳои мутадовили дипломатӣ, аз қабили: "иштироккунандагон мусаммаманд...", "усули пазируфташуда бояд риоят гардад..." ва соири масоил, ки дар воқеият бештар мутазодд будан ва маҳдуд будани стратегияи Русияро дар ҷиҳати Афғонистон намоён месохт, буд.

Дур аз имкон нест, ки ҷаласаи анқариби "Формати Маскав" низ такрори мукаррарот буда, бидуни ибтикори тоза, орӣ аз ҷуръат ва оянданигарии сиёсӣ баргузор шавад. Дар ин сурат, иҷлоси нокоми сиёсии Маскав талаққӣ хоҳад шуд ва барои Маскаву сиёсати Русия дар кул дар ҷиҳати Афғонистон авоқиби манфӣ дар пай хоҳад дошт. Аз ҷониби дигар, адами муваффақияти Русия, мавозеъи Амрикоро, ба шумул сару сомон бахшидани муомилаи тозаи Амрикову Толибон ҳар чӣ бештар таҳким хоҳад бахшид.

Ривояти дувум, иҷлоси анқариби Формати Маскав барои Русия натоиҷи мусбату пешрафти қобили мулоҳиза дар ҷиҳати Афғонистон дар пай хоҳад дошт. Маскав кӯшиш хоҳад кард то дастури кори иҷлосро маънидор тартиб намояд ва ибтикори амалро аз даст надиҳад.

Муҳимтар аз ҳама ин ки, иҷлос нишон хоҳад дод, ки оё тими вазорати хориҷаи Русия қодир аст ибтикори амалро аз амрикоиҳо "биқопад (бигирад)" ва дар муомилаи ҷадид, ки Вашингтон бо Толибон ба роҳ андохта, сабқат биҷӯяд?!

Вақте ба касолати "дипломатияи Замир Кобулов" хира шавӣ, душвор аст ба муассирияти он бовар намоӣ, бо ин ҳама, омили ҳузури кадом "мӯъҷиза"-ро наметавон аз назар дур дошт.

Ҳини инъиқоди "муомилаи аввал" миёни Амрикову Толибон дар Доҳа, дар феврали 2020, Замир Кобулов ва маъмуринаш барои комёбии он раванд сахт кӯшиданд, ва ба Халилзод, намояндаи хоси вазорати хориҷаи Амрико барои Афғонистон, кӯмак менамуданд то "муллоҳои хашин" розӣ шаванд.

Ин ки Кобулов ва тимаш акнун аз кадом абзору имконот кор хоҳанд гирифт то на танҳо муомилаи тозаи Вашингтону Толибон бар ҳам бихӯрд, ва дар иваз он, Маскав дар ҷойгоҳ беҳтари қарор гирад, бузуди маълум хоҳад шуд.

Дар ин миён, бархе аз алоим нишон медиҳад, ки формати машваратии Маскав дар ҳоли таҳаввул (гузор) аз василаи сиёсати Русия дар ҷиҳати Афғонистон ба манбаъи тадвину таъйини сиёсати ин кишвар дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ қарор дорад.

Оқои Кобулов дар мақолае, ки ба таърихи 3 ноябри соли 2022 дар яке аз рӯзномаҳои марказии Русия "Независимая газета" ба нашр расонда, дар ҳақиқат абъоди ташкили як "Шӯрои ҷадиди машваратӣ ва ҳамоҳангкунанда"-ро ироа медорад.

Дар шӯрои ҷадид, намояндагони хоси иддае аз кишварҳо гирди ҳам хоҳанд омад ва зоҳиран бештар рӯи масоили марбут ба на танҳо Афғонистон, балки тамоми минтақа, дар он табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Русия ба мурури густариши буҳрони Украина таваҷҷуҳу тамаркузи ҳар чӣ бештарашро ба ҳавзаи Осиёи Марказӣ мабзул медорад. Ҳамин чанд рӯз пеш (ҳадаф соли 2022 аст - нависанда) Русия иҷлоси фарохеро таҳт унвони "Русия ва ҷумҳуриятҳои Осиёи Миёна" фаро хонд ва тайи он як бори дигар таъкид намуд, ки ин ҳавза, минтақаи манофеъи ҳаётӣ ва стратегиаш мебошад.

Нозирон ҳанӯз шак доранд, ки оё шӯрои дар ҳоли эҷод, пешниҳодот ва ибтикороти созанда ва бомӯҳтаворо дар робита ба Афғонистон ироа хоҳад дошт ё хайр?! Лекин тавре ки дар боло низ ишора шуд, формати дар ҳоли тадвин, метавонад нақши пайванд додани ҳар чӣ бештари кишварҳои Осиёи Марказиро бо Русия аз тариқи масъалаи Афғонистон бозӣ намояд. Ба ибораи дигар, Русия талош дорад формати машваратии Маскавро ҳар чӣ зудтар дохили "стратегияи Осиёи марказии Русия", созад.

Аз ҷониби дигар, фуқдони иттиҳоди назар дар бораи гурӯҳи Толибон дар миёни нухбаҳои тарози аввали Русия кадом падидаи тоза набуда ва инҷониб борҳо дар навиштаҳоям ба он ишора намудаам.

Дар ин замина, ду тарзи дид (ихтилофи дидгоҳи усулӣ)-ро дар робита ба гурӯҳи Толибон дар табақоти фавқонии ҳокимияти Русия метавон мушоҳида намуд:

- аввал, мавзеъгирие, ки аз он Николай Патрушев (сектори амниятӣ-низомӣ дар кул) муншии Шӯрои амнияти Русия (фарди муқтадир дар умури амниятӣ ва истихборотии Русия, ва аз ҳамкорони наздики раиси ҷумҳур Путин); Ва

- Дувум, мавқифу равише, ки Замир Кобулов, намояндаи хоси Русия барои Афғонистон ва тими вазорати хориҷаи ин кишвар дар қиболи Толибон ихтиёр намудаанд.

Николай Патрушев мавзеъгирии сарсахтонаи худро мавриди Толибон як бори дигар ба таърихи 3 ноябри соли ҷорӣ (2022) дар иҷлоси солонаи масъулини Шӯрои амнияти кишварҳои мустақил ва муштаракулманофеъ ба шарҳи зайл иброз дошт:

"Толибон, монанди Алқоида ва ДОИШ тавассути Амрико эҷод шуда ва ҳанӯз ҳам аз ин гурӯҳҳо барои таъмину дастрасӣ ба манофеъ ва аҳдофи геополитикии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истифода мешавад."

Баракси оқои Патрушев, Замир Кобулов дар тозатарин изҳороташ (рӯзномаи "Независимая газета" муаррихи дувуми ноябри 2022) гурӯҳи Толибонро аз ДОИШ ҷудо медонад. Кобулов аз таъмили фишори Амрико болои Толибон ёдоварӣ намуда ва Вашингтонро муттаҳам месозад, ки аз шантажу вазъи таҳримоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва таҳдиди анҷоми ҳамалоти тайёроти бидуни сарнишин ба зидди Толибон кор мегирад. Кобулов ҳамчунон Вашингтонро ба ҳимоят аз ДОИШ ва эҷоди мавонеъ дар роҳи эҷоди "зарфиятҳои зиддитеррористӣ"-и режими Толибон муттаҳам сохт.

Ба ин тартиб, метавон ба хубӣ мушоҳида намуд, ки Патрушев ва Кобулов дар робита ба бардошт аз мавқифи сиёсии Толибон ва низоме, ки онон дар Кобул ба миён овардаанд, бо якдигар тазоди ошкор доранд.

Бисёр дилчсп аст дида шавад, ки талошҳои "Формати Маскав" барои тадвини мавзеъгирии воҳид кишварҳои минтақа дар ҷиҳати Толибон ва режимашон, ба куҷо хоҳад анҷомид, дар ҳоле ки дар табақоти фавқонии ҳокимияти Русия ва соири кишварҳои минтақа дар ин робита иттифоқи назар дида намешавад.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!