Хабари рӯз

Чӣ Покистонро маҷбур ба ихроҷи муҳоҷирин кард?

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”

Бидуни шак, сарозер шудани муҳоҷирин ба дохили Афғонистон мушкилоти иқтисодиву сиёсиро бештар хоҳад сохт. Бар илова, фақру нотавонӣ ва бесарпаноҳе, ки домангири муҳоҷирини мо дар дохили Афғонистон хоҳад буд, мушкили асосӣ ин аст, ки фарзандони муҳоҷирини афғон, ки дар Покистон ба забони урдуву инглисӣ дарс хондаанд, мутаассифона, дар Афғонистон заминаи дарс ба забони урдуву инглисӣ барояшон мусоид нест.

Ба ҳар сурат аз масоили иқтисодиву амниятии Покистон гузашта, бармегардем ба асли матлаб, ки чаро Покистон муҳоҷирини афғонро ихроҷ кард.

Ҳоло ин савол матраҳ аст, ки ҳадафи давлати Покистон аз иҷрои ин тарҳ чист?

Ба ақидаи ман, аҳдофи сиёсии тарҳи ихроҷи паноҳандагони афғон аз Покистон нигоҳи амиқ ба рӯйкарди стратегии Покистон дар қиболи Афғонистон, нишон медиҳад, ки тарҳи амалиёти ихроҷи паноҳандагони афғон он ҳам бо ин ҳаҷми васеъ ва ҳамзамон бо фасли сарди ҳаво, беш аз ҳар чизе баёнгари вуҷуди як “таниши сиёсии нуҳуфта” миёни давлати Покистон ва ҳукумати Толибон аст.

Ин вазъият далолати возеҳ бар ин матлаб дорад, ки коркарди ҳукумати Толибон барои давлати Покистон ба унвони ҳомии аслии Толибон, мутобиқи таваққӯъ ва матолиботи калони сиёсии Покистон набудааст.

Покистон интизор дошт бо ҳимояту пирӯзии муҷаддади Толибон, масъалаи “муноқишоти марзии Дюранд” ва “манофеъи Ҳинд дар Афғонистон” ба унвони ду чолиши аслии Покистон аз ноҳияи Афғонистон, барои ҳамеша ва ба сурати асосӣ, тавассути Толибон ҳаллу фасл шавад, вале чунин нашуд.

Бо ин нигоҳ, тарҳи ихроҷи паноҳандагони афғон, мумкин аст бо ҳадафи ибрози норизоиятии Покистон аз ҳукумати Толибон бошад, ки агар урду ва истихбороти Покистон ба тадовуми ин роҳбурд, азми ҷиддӣ гирифта бошанд, дар солҳои баъдӣ чашмандози таҳаввулоти Афғонистон ва минтақа ба гунаи дигаре қобили тасаввур хоҳад буд.

Дар як ҷамъбандӣ, бардошт ва тафсири ғолиб дар ҳоли ҳозир ин аст, ки масъалаи ихроҷи паноҳандагони афғон, дар марҳалаи аввал, як аҳруми фишори мақтаъӣ алайҳи ҳукумати Толибон аст, то ҳукумати Толибонро ба посухгӯӣ дар баробари матолиботи асосии Покистон водор кунад.

Аз ин рӯ, агар ҳукумати Толибон натавонад масирро ба сӯи як таомули пӯё ва пойдор ба сӯи Покистон бигушояд, мумкин аст ин навъ фишорҳои Покистон вориди фазаҳои мухталиф дигар шавад.

Дар айни ҳол, тарҳи ихроҷи паноҳандагони афғон аз Покистон, як абзори фишор дар баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ аст то ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои молии байналмилалиро ба таъмини хостаҳои молии Покистон тарғиб кунад.

Вагарна, роҳи ҳалли воқеӣ барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати густурдаи афғонҳо ба Покистон ин аст, ки давлати Покистон монанди дигар ҳамсоягони Афғонистон, бо тағйири стратегияи амниятӣ-сиёсии худ дар қиболи Афғонистон бо ҷилавгирӣ аз даҳшатафканӣ, ҷанги дохилӣ ва фурӯпошии низом дар Афғонистон, барои амнияту суботи пойдор дар ин кишвар талоши асосӣ кунад.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!